Главная / Биология / Сабзиш ва таксимшавии хучайра

Сабзиш ва таксимшавии хучайра

Олимон сохти хучайраро бо ёрии микроскоп омухта, мушохида карданд, ки хучайраи аксари узвхои растани кобилияти сабзида ба камол расидан ва таксим шуда афзоиш карданро дорад. Дар натича хучайрахои нав ба вучуд меоянд.

Таксимшавии хучайра одатан хеле мураккаб мегузарад. Сараввал, ядрои хучайра калон шуда, дар он хромосомахо, ки чисмчахои ода- тан зугуташакл ё силиндрианд ва аломатхои ирсиро аз хучайра ба хучайраи нав бавучудомада мегузаронанд, дучанд мешаванд ва ба хуби аён мегарданд 16 .

Баъди чойивазкунихои мураккаб нисфи хромосомахо ба як кутби хучайра ва нисфи дигараш ба кутби дигари он чой иваз мекунанд. Дар кутбхо ду ядрои нав пайдо мешавад, ки микдори хромосомахои хар кадоми онхо ба микдори хромосомахои дар ядрои пеш ба так- симшави шуруъкардаи хучайраи модари баробар аст.

taqsimshavii-hujayra

Дар ин вакт дар дохили (ё мобайни) ситоплазмаи хучайраи таксимшудаистода пластинка (лавхача) пайдо мешавад. Вай хучайраро ба ду кисми баробар таксим мекунад ва дар хар кадоми ин кисмхо яке аз ядрохои бавучудомада чойгир мешавад. Тамоми моддахои зиндаи хучайра низ дар байни ин ду хучайраи чавон (нав пайдошуда) баробар таксим мешаванд. Хамин тавр, дар натичаи таксимшави аз як хучайраи модари ду хучайраи чавон (духтари) ба вучуд меояд .

Таксимшавии хучайра дар баъзе холатхо ва дар баъзе организмхои растаниги бе чойивазкунии мураккаби хромосомахо низ руй доданаш мумкин аст. Дар ин холатхо ядро ва ситоплазма бево сита ба ду хисса чудо шуда, ду хучайраи навро ба вучуд меоваранд.

Хучайрахои чавон аз хучайрахои пир бо баъзе аломатхояшон фарк мекунанд. Андозаи онхо хурд буда, асосан аз ситоплазма пур мебошанд ва инчунин, бисёр вакуолахои хурд доранд. Ядрои хучайраи чавон дар мобайни хучайра чой гирифтааст. Хучайраи калон (пир) одатан як вакуолаи калон ва ситоплазма дорад. Дар ситоплазма ядро чойгир аст, ки ба лифофаи хучайра чафс аст.

Хамин тавр, таксимшавии хучайра аз таксимшавии ядро огоз меёбад ва микдори хромосомахои хар кадом ядрои ду хучайраи чавон (нав) ва ядрои хучайраи аввала (то таксимшави) баробаранд. Хучайрахои чавони аз нав бавучудомада месабзанд, дарозруя мешаванд, ба андозаи хучайрахои болиг расида, худашон хам ба таксимшави шуруъ мекунанд. Хамаи узвхои растани (реша, поя, барг, гул ва гайрахо) бо туфайли таксимшави ва калоншавии хучайрахо месабзанд ва кад мекашанд 17 .

  1. Хучайра чи тавр таксим мешавад?
  2. Дар вакти таксимшавии хучайра бо ядро чи ходиса руй медихад?
  3. Хучайрахои чавон аз хучайрахои пир чи фарк доранд?
  4. Сабзиши узвхои растаниро чи гуна метавон шарх дод?

Инчунин кобед

prishi-ot-potseluev-na-litse-3

Собун барои доги руй

Агар шумо ба сини балогат расида ба гирифтори доги руй шуда бошед пас барои тоза …