Главная / Биология / Сабзиши тухми растани

Сабзиши тухми растани

Тухми чанинаш зиндаву солим метавонад сабзида, нашъунамо кунад ва растании навро ба вучуд оварад. Дар баъзе холатхо аз осеби хашаротхои зараррасон, магорбанди ё дар натичаи микдори зиёди обашро гум кардан ва сабабхои дигар чанин нобуд мегардад. Инчунин, чанин дар натичаи солхои дуру дароз нигох дош- тани тухми низ нобуд мешавад. Нобуд шудани тухми боиси коби- лияти сабзишашро гум кардани тухм мегардад.

Дар шароити барои сабзиш мувофик тухм (дон) пеш аз хама обро чаббида варам мекунад. Дар ин ваъзият тухмхои варамидаи гайри кобили сабзиш одатан мепусанд, тухмхои чанинашон солиму коби- ли сабзишбуда неш зада месабзанд.

%d0%b5%d0%b3%d1%87%d1%8c%d1%88-%d0%ba%d1%84%d1%8b%d0%b5%d1%84%d1%82%d1%88

Масалан, хангоми нешза- нии дони лубиё пусташ кафида, аз решачаи чанини инкишофёфта решаи асоси (чавон) пайдо мешавад. Вай зуд сабзида дар замин мустахкам мегардад. Сипас, поячаи чанин бо авч сабзида, тухмпалла ва мугчаро ба руи хок мебарорад. Аз онхо пояи асоси ва баргхои лубиё инкишоф меёбанд. Тухмпаллаи нахуд ва баъзе растанихои дигар бошад, ба берун набаромада дар зери хок мемонад. Появу барги онхо одатан аз мугчачаи чанин ташаккул меёбанд.

Барои фахмидани он, ки кадом шароитхо ба сабзиши чанин (ё тухм) мусоидат мекунанд, тачрибахо кумак мерасонанд.

Ду зарфи шишагини стакани якхеларо гирифта, ба хар кадоми онхо ба микдори баробар дони (тухми) босифагу кобили сабзиш- будаи гандум, нахуд, чав ё чуворимаккаро меандозанд. Тухми ста- кани якумро хушк гузошта, ба дохили стакани дуюм каме об илова мекунанд. Хар ду стаканро бо лавхачаи шишагин пушонида, ба чои гарм мегузоранд. Дар стакани якуми беоб тухм тагйир намеёбад.

Дар стакани дуюми обдор пас аз 3-4 руз тухмхои гузошташуда неш мезананд.

tuxmii-rastaniХамин тавр, барои сабзиши тухм (дон) об хатман зарур аст. Зеро чанини сабзидаистода моддахои гизоии таркиби донро метавонад факат дар шакли махлули обиашон истифода барад. Барои сабзи- ши тухми растанихои гуногун ба микдори гуногун об лозим аст. Масалан, дони нахуд (ё мушунг) назар ба вазнаш такрибан якуним маротиба зиёдтар об мечаббад. Бинобар он тухми нахуд ва раста- нихои ба об зиёдтар эхтиёчдоштаро пеш аз кишт тар мекунанд. Тухми чуворимакка баробари нисфи вазнаш об талаб мекунад, аммо барои арзан барин растании хушкитобовар об факат баро- бари чоряки вазнаш лозим аст.

Барои гузаронидани тачрибаи дуюм боз ба ду стакан каме дони чавдор, гандум ё чав меандозанд. Ба стакани якум аз сатхи тухм хеле баланд об мерезанд. Тухми стакани дуюмро факат тар мекунанд. Да- хони стаканхоро бо лавхачаи шишагин пушида, ба чои гарм мегузо- ранд. Дони дар стакани обаш камбуда пас аз 3-4 руз неш мезанад. Дони стакани пуроб бошад, факат варам мекунад ва насабзида нобуд ме- гардад, чунки оби стакани пуроб хаворо (оксигени хаворо), ки ба- рои нафаскалши тухм хатмаи зарур аст, фушурда баровардааст.

Умуман, тухми растанихои гуногун ба хаво эхтиёчи гуногун дорад. Масалан, дони шоли ва арзанак дар шароити хеле кам будани хаво, хатто дар зери об метавонад саб- занд. Вале тухми аксари растанихои гулдор нисбати оксигени хаво сер- талаб буда, дар мухити оби сабзи- да наметавонад.

Барои тачрибаи сеюм бошад, боз ду стаканро гирифта, ба онхо тухми нахуд, лубиё ё гандумро ба микдо- ри баробар дохил мекунем. Тухмхои хар ду стаканро тар карда, онхоро бо лавхачаи шишагин мепушонем. Сипас, яке аз стаканхоро дар чои нисбатан гарм, дигарашро дар чои хунук (масалан, дар яхдон ё зери барф) нигох медорем. Вакте ки дони стакани чои гарм сабзид, онро бо дони ба чои хунук гузоштаамон мукоиса мекунем. Мушохида нишон медихад, ки тухм дар шароити  хунуки неш назадааст.

Хамин тарик, барои сабзидани тухм се шароит: об, хаво ва гарми бехад зарур аст. Агар яке аз ин шароитхо ба таври каноат- бахш (кифоякунанда) набошад, тухм ба сабзиш шуруъ намекунад. Масалан, агар об ва хаво кифоя бошаду гарми нарасад, тухм на- месабзад ва окибат нобуд мешавад. Вале тухми баъзе растанихо, чунончи, дони чавдор хатто хангоми як дарача будани гарми (харо- рат) хам сабзида метавонад. Тухми аксари растанихо хангоми 10- 15 дарача ва ё зиёдтар будани гарми хубтар месабзанд 24 .

  1. Барои сабзидани тухми растанихо кадом шароитхо хатман заруранд?
  2. Чаро тухми хушк намесабзад?
  3. Чаро тухмиро ба замини нам бояд кишт?
  4. Дар кадом харорат тухм хубтар месабзад?

Инчунин кобед

prishi-ot-potseluev-na-litse-3

Собун барои доги руй

Агар шумо ба сини балогат расида ба гирифтори доги руй шуда бошед пас барои тоза …