Главная / Илм / Сабир

Сабир

sabir_aloe-660x330Сабир — Ин растаниро ба руси алоэ меноманд. Дар сарзамини мо гиёхи инро аксар хангоми зимистон дар тубакхо чо дода, дар хонахо парвариш мекунанд ва дар фаслхои дигар мумкин аст дар берун, хатто дар заминхо нашъунамо диханд. Инро баргаш гафс, шахшул, дароз ва нугтез, кисми поёни барги он сербар, бисёр обдор, часпак ва каме хор хам дорад. Таъмаш талх аст. Оби онро фишурда гирифта, дар зарфхои кушода хушк месозанд. Сабир се кисм мебошад: 1. Сабири араби, ки бехтаринаш дар чазираи Сакутар, ки наздики мулки Яман аст, меруяд. Ва дар он чазира давохои кундур, мукл ва дамм-ул-ахвайн бисёр меруянд. Сабири он чо зард ва заъфаронии тира, зудшикан ва аълосифат мебошад. 2. Сабири хинди, ки зарди камранг ва моил ба сиёхи аст. Ин дар бобати давоги аз сабири сакутари сусттар аст. 3. Сабири самикони, ки ба номи дехаи Самикони мулки Начористон машхур аст ва инчунин онро сабири форси хам меноманд. Ин аз хама заифтарин кисмхои сабир аст, сиёхранги тира, шабех ба дурда, дершикан, бадбу, сабук ва дар амалхои табобат хеле камтаъсир мебошад. Инро факат аз берун истеъмол менамоянд.

Куввати сабир баъд аз чудо кардан аз танааш то чор сол боки мемонад ва агар аз чор сол гузарад, то хафтум сол торафт сусттар мегардад. Пеш аз истеъмол бояд, ки онро бисёр ва хуб бисоянд, то ки хангоми хурдан ба патхои меъда бичаспаду хуб амал кунад.

Аммо инро чавонони сафровимизоч, одамони гарммизоч, касоне, ки узвхои даруни сина ва шикамашон сусту заиф бошанд, инчунин мосорико ва чигарашон суст бошанд, иллатхои макъад ва бавосирдоштагон ва шахсоне, ки дар баданашон хун бисёр ва рагхояшон .танг бошад, инчунин дар хавохои бисёр гарм ва бисёр хунук истеъмол нафармоянд. Инчунин хангоме ки дар меъда таом мавчуд бошад, набояд бихуранд, ки мабодо ба таом омехта гашта, онро мурдор гардонад. Мизочаш дар дарачаи дувум гарм ва хушк аст. Вале талхии таъм ва кабзиятнокии он ба мураккаб-ул-кувват будани он далолат мекунад.

Хислатхои шифобахши он: инро бихуранд, гиреххои чигар ва дигар гиреххоро дар бадан мекушояд, бодхои шикамро тахлил медихад; хар як моддаи нодаркори дар меъда, сар, бугумхо ва гайра чамъшударо башаст бо исхол дафъ мекунад, вале дар дигар чохо бошад, таъсираш суст аст. Моддахоро аз чохои чукури бадан мекашад, меъда ва рагхоро аз римхо пок месозад; савдо, балгами гафси шаффоф ва сафровиро пазонида ихроч менамояд: зардпарвинро бо исхолкунандагии худ шифо мебахшад, гирехи чигарро мекушояд, ин бехтарин давоест барои меъда ва поккунандаю кувватбахши он; куввати бинишро зиёда мегардонад ва дигар хисхоро неку ва сара менамояд; молихулиё, беморихои рухи ва аксари иллатхои майнаро, ки вобаста ба меъда бошанд, дафъ мекунад, зеро ки меъда бо онхо комилан ширкат дорад; хоб меоварад.

Агар инро гузошта банданд, решхои тарро бидуни дард хушк мегардонад, носурхои чукурро ба хам часпонида сихат мебахшад, захмхои бехнашавандаро сихат мекунад, хусусан, ки дар макъад бошанд ва намегузорад, ки моддаи онхо бадхол гардад. Агар пеш аз баромадани ришта, яъне дар аввали намоён шудани аломатхои он се руз пайи хам рузи аввал 1,75 грамм, рузи дувум 3,5 грамм ва рузи севум 5,25 грамм аз он бихуранд ва микдореро аз он ба он чо хам бигузоранд, то ки моддаи онро пароканда ва нест гардонад, шифо мебахшад.

6, 75 грамм сабирро бо оби нимгарм бихуранд, башиддат исхоли меъда меоварад ва меъдаро аз моддахои зарарнок пок мегардонад; хамин микдор сабирро бо шахдоб биёшоманд, балгам ва сафроро ба воситаи исхол фуруд меоварад. Гохо ходис мешавад чун субх ва шом чанд хаб (таблетка) бо давохои ислохкунандаи он шилми санавбар ва асали соф хар дуро даромехта ва хамаро бо оби гарм фуру баранд, дарунро меравонад ва таомро дар меъда вайрон намегардонад, инчунин дардхои меъдаро дар як руз бартараф месозад; агар онро бо мустако (мастика) бихуранд, майнаро аз моддахои бегона пок мегардонад; агар бо занбуруги сафеди танаи дарахт бихуранд, барои бугумхои бадан ва дамкутахи дору мешавад ва узвхои даруни синаро аз моддахои бегона пок менамояд. 3,5 грамм сабирро бо оби хунук бихуранд, иллати хун кай кардан ва зардпарвинро сихат мебахшад; агар ин микдори онро бо гули сурх ва мустако бихуранд, хамаи беморихои меъдаро шифо мебахшад; бо талхшувок бихуранд, барои хамаи беморихои савдови, дафъ кардани кирмхои меъда ва рудахо, беморихои сипурзу гурда ва басанда гардонидани ташнаги, ки аз чамъ шудани сафрои балгамнок бошад ва инчунин барои баркарор намудани иштихои гумшуда дору мебошад, инчунин тафсидани забончаи халкро, ки аз пайдо шудани сафро дар меъда ходис шуда бошад, ба ибро меоварад; ва агар бо давохои исхоловар хамрох карда бихуранд, намегузорад, ки зарари онхо ба меъда бирасад.

sabir_aloe-2-300x170Чун сабирро бо талхшувок даромехта, ба кудаки ширмак бихуронанд ва агар ба он хуронидан бинобар талхи душвор бошад, ба модари тифл бихуронанд, таъсираш ба воситаи шири модар ба кудак гузашта, кирми шиками кудакро дафъ мекунад. Агар се руз пайи хам ба микдори 4,5 грамм сабирро бихуранд ва се руз тарк намоянд ва боз се руз биёшоманд, гиреххои гадудмонандеро, ки кухна шуда бошанд, ба тахлил мебарад, яъне гудохта нест мегардонад.

Мнкдори як бор хурдан аз сабир дар як руз 4,5 грамм аст; 5,25 граммн он исхол меоварад ва 10,5 грамми онро бихуранд, баданро аз ахлоти мурдор пок мегардонад. Аммо сабирро аз хад зиёд ва бардавом бихуранд, ба исхоли хунин гирифтор менамояд. Вале сабирро ёфтан душвор гардад, баробари вазни он талхшувок ва ё ним вазни он заъфарон истеъмол намоянд, раво мебошад.

Вале истеъмоли сабир ба дарун, ба рудахо, меъда, чигар ва чигари заиф, инчунин ба макъад зарар дорад, зеро ки сустиовар ва кушояндаи рагхои макъад мебошад ва рудахоро мумкин аст, бихарошад. Давояш: агар ба рудахо зиён кунад, катиро бояд хурд; агар меъда ва чигарро суст гардонад, мустако ва гулисурх бояд истеъмол фармоянд; чун ба макъад зарар оварад, он мавзеъро бо равгани гули сурх ё равгани бунафша чарб намоянд ё чарбии бузро бимоланд, ислох мепазирад.

Сабирро бо асал ва халилаи зард биёшоманд, куввати таъсири онро зиёда мегардонад, зеро хар дуи инхо кувватбахши сабир мебошад. Аммо сабири пастсифатро бе зарурат истеъмол кардан чойиз нест, зеро ки вай то се руз дар меъда мемонад ва хеч поён намефурояд, инчунин гамгин мекунад ва ба изтироб меоварад. Сабирро ба чашм кашанд, чашмро кави мегардонад; шилпуки, хориш ва кутури пилкхои чашмро дафъ мекунад, пилкхои гафсташтаро ба эътидол меоварад, захмхои чукури чашмро пур мегардонад ва онро фарбех месозад, хуни ба тарафи чашм барангехташавандаро катъ менамояд.

Сабирро бо равгани гулисурх сиришта бимоланд, реши чашм, кутур ва дардхои онро, ки аз чониби бини бошанд, дафъ мекунад ва рутубатхои зиёдатии чашмро хушк мегардонад. Ин таркибро ба пешони ва чаккахои сар бимоланд, майнаро аз моддахои зарарноки сафрови пок менамояд ва дарди сарро таскин медикад. Сабирро бо намак ва танакори армани (яъне танакори сурх) даромехта, бар пеши сар бимоланд, назлахои сардро манъ мекунад, майнаро гарм ва рутубати зиёдатии онро хушк месозад; агар бо оби барги зуф ва сирко сиришта бимоланд, решхои тари сари кудаконро шифо мебахшад; ва агар танхо бо оби барги зуф даромехта бимоланд, захмхои гуш ва биниро ба ибро меоварад; бо равгани кадуи ширин якчо карда бимоланд, барои чарохатхои бини даво мешавад; бо мурд (мирт) ва шароб сиришта бимоланд, муйи сар ва ришро сиёх, инчунин шахуши он мавзеъхоро дафъ мекунад ва муйро, ки аз качали (каляра) рехта бошад, аз нав меруёнад; бо асал сиришта бимоланд, узвхои зарба ва латхурдаро, ки хун дар он чо мурда ва кабуд гашта бошад, шифо мебахшад, догхои пустро дафъ мекунад, дарди сар ва назлахоро ба ибро меоварад, варамхои хунукро тахлил медихад; барои доначахои мурчагазак, вабои сурх, милкаки нохун, решхои хабиса, дардхои пушт ва бугумхо даво мешавад; бавосирро нафъ мебахшад; бо шароб ва асал даромехта бимоланд, барои узвхои латхурда, офати мушакхои ду тарафи забон, хунравии милки дандон, варамхои даруни дахан ва суроххои бини, решхои душвор бехшаванда, хусусан, ки дар руйи бини, закар ва макъад бошанд, дору мешавад. Бо оби кашнизи тар ва сирко даромехта бимоланд, сурхбод, шаро (аллергия)- ро, бо шароби ширин сиришта бимоланд, донахои бавосир ва барчаставу овехтаи донахои бавосирро дафъ месозад ва омадани хунро аз онхо катъ мегардонад, кафидани макъадро ба ибро меоварад; бо оби пиёзи гандано сиришта бимоланд, донахои бавосирро меафтонад, аммо бояд ки баъд аз афтодани донаи бавосир он мавзеъро бо омехтаи аз соидани равгани гулисурх ба сурб (кургошим) бимоланд.

Сабирро бо оби гандано ва пусти мор пухта, батакрор бимоланд, донаи бавосирро меафтонад ва дар ин амал назир надорад. Агар сабирро соида батанхои бо асал даромехта бимоланд, часади мурдаро аз вайрон шудан ва бадбу гаштан нигох медорад. Сабирро соида, бо сирко даромехта, бо ин таркиб сарро бишуянд, сабусаки сар ва ширинчаро дафъ мекунад, ба чохои гирдак-гирдак муйрехтаи сар ва риш муй меруёнад.

Сабирро сухта, дудашро ба воситаи найча ва ё бо киф батакрор бикашанд, дамкутахиро дафъ мекунад. Бо соидаи сабир хукна кунанд, барои бавосир фоида дорад. Сабирро хушк карда, куфта бипошанд, захмхоро хушк карда сихат менамояд; барои захмхои закар ва фарчи занон ва узвхои дигари асабони даво мешавад; агар бо куфтаи устухони пусида баробарвазн даромехта бипошанд, решхои хуранда, бавосир, решхои хабисаро нест мекунад. Барги онро аз миёнаш чок карда, ба он куфтаи зардчуба ва афюни махинсоидаро пошида, ба варами каши рон, ки хаёрак меноманд, гарм карда банданд, онро тахлил медихад.

Загрузка...

Дар борамон

Инчунин кобед

planet

ЗАМИН – САЙЁРАИ СИСТЕМАМ ОФТОБИ

Сабабхои тагйирёбии фаслхои сол. Аз курси табиатшиноси мо медонем, ки Офтоб ин маркази системаи офтобии мо …