Главная / Илм / ШУТУР (УШТУР) дар Канзи Шифо (Китоб)

ШУТУР (УШТУР) дар Канзи Шифо (Китоб)

shutur-660x330Шутур (Уштур) — ин хайвон зирактар аз хайвоноти дигар аст. Агар ба у ранч расад, дастрас бошад, барги балут ва чу онро мор газад, харчанг ёфта мехураду худро табобат мекунад — ин албатта дар он чохое вокеъ мешавад, ки ин чизхо мавчуд бошанд. Бехтарини шутур яксолаи фарбехи он аст. Мизочаш дар дарачаи дувум гарм ва дар авали дарачаи севум хушк аст.

Хислатхои шифобахши он: хурдани гушти он бохро кувват медихад ва узвхои баданро мустахкам мекунад, олати мардиро башиддат ба харакат меоварад; барои таби дуруздармиёнгиранда, иркуннасо (радикулит), дарди сурини кухна, зардпарвини сиёх ва сузиши пешоб (сузок) дору мешавад. Гушташро сухта, бо сирко ё бо шароб сиришта, ба шукуфахои пуст бимоланд, шифо мебахшад.

Хангоми кушта шудани шутур шушашро гармогарм бимоланд, доги кунчидакро нест мекунад. Чигарашро ба чашм бикашанд, зардоби ба гавхарак фуромадаро, ки чашмро нобино мегардонад, дафъ месозад ва чашмро кави мегардонад. Равганашро бимоланд, барои бавосир фоида мекунад. Агар инро дар хар чое, ки нигох доранд, мор аз он чо мегурезад.

Агар шушашро бардавом бихуранд, кур мекунад. Магзи устухони сокашро ба пашм олонда, баъди пок шудан аз хайз занхо се руз пай дар хам аз таг бардоранд, барои хомила шудан кумак медихад. Саргини хушкашро дар об тар карда, он обро дар бини резанд ё он саргини таршударо дар бини пур кунанд, хуни биниро манъ мекунад; ва агар он саргинро бо давохои муносиб якчо карда бихуранд, ба иллати саръ (припадка) шифо мебахшад. Агар саргини нави онро гузошта банданд, барои ханозер (хукгардан) ва обилаву донахои бар бадан даманда дору мешавад. Ва агар инро бимоланд, озаххоро хушк карда мерезонад.

Кухонашро бихуранд, бачадонро аз чизхои зарарнок пок месозад, хуни бавосирро катъ мекунад ва чохои кафидаи пустро ба хам меоварад. Ширдони бачаашро, ки хануз алаф нахурда бошад, бихуранд, бохро багоят кави мегардонад, олати мардиро ба харакат меоварад, агар ахлоти мани шах шуда бошад, мегудозад ва агар ракик (суюк) бошад, гафс мегардонад; баданро фарбех мекунад.

Кафки дахани онро хангоми мастии он бошад, биёшоманд, девона мекунад. Оби пудинаро дар бинии шутур бичаконанд, мастиаш бархам меравад. Шири шутурро бинушанд, барои истиско дору мебошад, хусусан бо пешоби он якчо карда бинушанд, таъсираш кавитар мегардад. Агар пешобашро ба танхои биёшоманд, низ ин иллатро ба ибро меоварад, пешобро башиддат меронад, зардобро аз бадан дафъ мекунад; барои сурфа, зуком, варами чигар, истиско, зардпарвин, кушодани гиреххои чигар даво мешавад; бохро кувват мебахшад ва мастиро ба зуди дафъ мекунад. Агар онро бибуянд, бастагии сурохи биниро мекушояд, хашмро дур месозад. Агар ин пешобро гарм карда, дар гуш чаконанд, дарди онро таскин медихад ва гаронии гушро дафъ мекунад.

Пешоби шутурро бо хазориспанд якчо чушонида, кам-кам ва бардавом бирезанд, никрисро, ки дард ва варами ангуштони дасту похо мебошад, фолич (шал шудани нимаи бадан ба дарози)-ро шифо мебахшад, узви карахтро ба хис меоварад ва варамхоро тахлил медихад. Пашми махини шутурро ос карда бипошанд, захмхоро пок намуда ва дахани онхоро ба хам оварда сихат мекунад. Агар инро сухта бипошанд, хуни чарохатро манъ месозад; агар ин сухтаро дар бини бирезанд, хуни биниро мебандад. Муйи шутурро ба рони чап бибанданд, беихтиёр равон шудани пешобро ислох мекунад.

Канаи шутурро ба остини каси ошик бибанданд, ишкаш бархам мехурад. Чун гандумро ба араки шутур тар карда, ба хар як парранда ва мург бихуронанд, бехуш мегардад ва агар ба кафки даханаш тар карда бидиханд хам, хамин гуна асар дорад. Гушташ душворхазм, инчунин дар чигар хам носара хазм меёбад, вазнин ва аз хурдани он хуни савдови хосил мегардад. Дар ин маврид агар онро бо намак ва шибит мухарро пухта, бо равгани зайтун чушонида, мурч ва зираи сиёх дохил карда, бо каме хардал (горчица) бихуранд, хислатхои бадаш ислох меёбанд. Ва баъд аз хурдани гушти он сиркои холис, обкома ва сиркои кавар бихуранд, барои одамони тарммизоч сазовор аст. Ва одамони мизочи сарддошта, агар бугумхояшон дардманд набошанд, бо мураббои занчабил бихуранд, безарар мегардад.

Инчунин кобед

ma

Марги Мухаммад (с)

Вакте, ки Азроил (а) барои гирифтани чони хазрати Мухаммад (с) меояд пайгамбар мегуяд каме сабр …