Главная / Маданият ва санъат / СУРУДИ ФАРДО (Шеър)

СУРУДИ ФАРДО (Шеър)

Ман аз бахори навангез бо шумо мардум,
Дуруд хохам гуфт,
Суруд хохам гуфт.

Дар ин бахор нихолони тар чавона кунанд,
Парандагон ба дарахтони сабз лона кунанд.
Дигар зи шохи шачар лонае нахохад рехт
Ва хоки решаи худро башар нахохад бехт!

Хамин ки мегуям,
Хаёлу хобе нест!
Дигар зи мулк ба мулке даруни тайёра
Чанозахои шахидон нагардад овора.
Ба нола дар сари тобутхои рухандуд
Чу шохи тар накунад калби модарон хам дуд.

Арусхои вафодор
Бо сиришки катор,
На руйи раддаи тобути сардеву хомуш
Зи гармии багали ёри чон раванд аз хуш.
Ба чойи мотами чонсузи ин чавонмаргон
Расад навиди арусии ин чавонбаргон.
Бихандад аз дили мардум шукуфахои умед,
Шукуфахои бахорон ба рузгори сафед.
Туйи намонда ба ёд,
Ба ёди тифли худ, эй модари чавонмаргам,
Бихоб осуда,
Мабош ошуфта,
Ки даври баччагии баччаат чи сон бошад,
Ба ин ятимаки бекас ки мехрубон бошад.
Ба ман арус ки чуяд, ки хостгор шавад,
Шаби нахусти аруси, ки пардадор шавад.

Бихоб ором,
Эй модари чавонмаргам,
Ки ман, нихоли ту, акнун дарахти бобаргам
Ва шукри хак,
Ки гузаштаст нек умри сарам,
Хам аз ту ман ду баробар ба син бузургтарам.
Аруси ман, ки туро гоибона модар хонд,
Ба ёди хамсару бепуштибон нахохад монд.
Заифаи дигареро наберагонат низ
Ба ашку нола нахонанд чойи моми азиз.
Наберагони ту умри дароз мебинанд
Ва боз мебинанд
Надидахои туро
Ва боз мечинанд
Начидахои туро.
Чу ман ба ашки алам руйи худ намешуянд,
Ба дарду гусса ба фарзанди худ намегуянд,
Ки мо ба ёд надорем руйи модарро,
Ки мо ба ёд надорем буйи модарро.
Агарчи чисми ту худ хоки хуфтае кайхост,
Валек дасти ту аз хоки маркадат болост.

Ту, рухи модари берузии чавонрафта,
Мабош ошуфта.
Зи родио нарасад баъд аз ин хабар ин сон;
«Ки танкхои аду кард дехае вайрон.
Ба зери чарх фуру рехт хонахо аз хам,
Ба зери хок нихон гашт манзили одам.
На кас бимонад саломат, на ошёна бимонд,
Ба боги булбули хушлахча чугз лона бимонд!…»
Ва у ки мешунавад ин хабар, наменолад,
Ба марги гайр чу дар марги хеш менолад,
Ки руйи куштаи мардум насозад инсоне
Бинои ишку амони.
Ва хоки мурча кучову кучо гулистонхо,
Дарахт сабз нагардад ба хуни инсонхо.

Дигар ба гуш наояд гиреву гурриши тир,
Садои мурги чаман ояду суми нахчир,
Ки дар чахони башар мерасад бахори дигар,
Ба чойи ахди хатар рузу рузгори дигар.
Сахар зи хим-хими баргу чакомаи мургон
Ба гуш мерасад армони дудаи инсон,
Ки бо бародари хеш у бародари бикунад,
Замин ба насли башар гохвора хохад монд,
Башар зи махд кадам бар ситора хохад монд.

Ту, рухи модари бебахти ман, бихусб ором,
Ки аз бахори наве ман ба мардуми айём
Дуруд хохам гуфт,
Суруд хохам гуфт.

Муаллиф: Аскар Хаким 

Инчунин кобед

neft

Конун дар бораи нафту газ

Конуни Чумхури Tочикистон  “Дар бораи нафту газ” 18 марти соли 2015, №1190 кабул карда шудааст, …