Главная / Илм / ШУРИШИ САНЧАР

ШУРИШИ САНЧАР

Шуриши Санчар. Истилои давлати карохони аз тарафи Мухаммади Хоразмшох

Чунон ки кайд карда шуд, хануз дар нимаи аввали асри ХII дар Бухоро хонаводаи олинасаб – намояндагони рухониёни дарачаи олии ислом, ки унвони «Садри чахон»-ро гирифта буданд, нуфузи калоне пайдо намуданд. Гайр аз микдори зиёди заминхои вакф, ба дасти рухониён гузаштани даромади муассисахои тичорати, бозор, андози заминхои зироатии гирду атрофи шахр, хамчунин молиёти пешаварон ва точирон сарвати садрхоро хеле афзуд. То чи андоза сарватманд шудани садрхои Бухороро аз хамин чо хам донистан мумкин аст, ки яке аз садрхо Мухаммад ибни Ахмад бо оидоти худ метавонист 600 нафар факехро нигохдори кунад. хангоме ки у ба Макка сафар намуд, барои таъминоти рох зиёда аз сад уштур бор хамрохи худ бурд. Вале у дар ивази хирсу оз ва рафтори нокобиле, ки дошт, лакаби «садри чаханнам»-ро гирифта буд.

Сарвати садрхои Бухоро сарчашмаи дигаре низ дошт. Онхо бо бахонаи ба гурхонхои карахитои пардохтани хирочи солиёнаи мамлакат халки захматкашро берахмона истисмор ва бо хар васила горат мекарданд. Зимнан, кисмати зиёди сарвате, ки ба ин тарика чамъовари мешуд, ба худи садрхо мерасид.

Албатта, хамаи ин беадолати ва горатгарихо хисси нафрат ва адовати оммаи васеъро нисбат ба садрхо ба вучуд наёварда натавонист. Дар соли 1206 ахолии Бухоро бо рохбарии Санчар ном устои сипарсоз бар зидди хукумати садрхо киём намуданд.

Кувваи асосии шуриши Санчарро пешаварони шахр ташкил мекарданд. Сарчашмахои таърихи дар бораи чи гуна сар задани шуриш ва вусъати минбаъдаи вай маълумоти хеле кам медиханд. Мо дар хусуси он ки шуришчиён пас аз галаба чанд вакт шахрро дар дасти худ нигох доштанд ва кори ташкилии онхо чи гуна ба рох монда шуда буд, чизе намедонем. Факат хамин кадар маълум аст, ки Санчар баъд аз ишгол кардани шахр, чи навъе ки вакоеънигорони дарбор менависанд, одамони номдор, яъне ашрофи феодалиро хеле «тахкир» кард. Садрхо бо як холати ифтизохомез аз шахр ронда шуда, молу мулки онхо ба дасти шуришиён даромад.

Садрхои рондашуда аз Карахитоихо мадад хостанд.

Дар чунин вазъият Мухаммади Хоразмшох, ки барои аз Карахитоихо гирифтани Мовароуннахр фурсат мечуст, вокеаи Бухороро барои ичрои накшахои худ мавкеи мусоид дарёфта, бо кувваи бузурги харби ба суи Бухоро харакат намуд. Шуришиён, ки барои мудофиаи шахр хеч як чорачуи надида ва, хатто бо барзгарони ободихои атроф муттахид нагардида буданд, хамлаи куввахои харбии Хоразмшохро дафъ карда натавонистанд. Дар соли 1207 султон Мухаммад кабл аз он ки Карахитоихо ба Бухоро расанд, шахрро забт намуд. Садрхои Бухоро хокимияти худро аз нав баркарор карда, мутеи Мухаммади Хоразмшох гардиданд. Тасарруфи шахри Бухоро факат мукаддимаи максади ба пеш гузоштаи султон Мухаммад буд. Барои тамоман тобеъ намудани Мовароуннахр ба у лозим меомад, ки аз байни хокимони худи ин сарзамин муттафик пайдо кунад.

Дар сарчашмахои хатти рочеъ ба вокеахои ин давра маълумоти эиёде мавчуд аст. Вале фикрхо аксаран мухолифи якдигаранд.[1] Барои равшан кардани бисёр масъалахо, холатхо ва таърихи вокеахо махз мадракхои сиккашиноси кумак мерасонанд.[2]

saforiyon-768x588Хокими Самарканд ва сарсулолаи исмии Карохониён — Усмон ибни Иброхим буда, дар Фаргона бародари у — Кадархон хукмрони мекард. Усмон дар худуди асрхои ХII–ХIII ба тахти падар нишаста, пас аз чанде унвони дабдабаноки «султони бузурги султонон»-ро кабул намуд. Вазъияти у дар байни Мухаммади Хоразмшох ва Карахитоихо чунон буд, ки гуё дар «миёни обу оташ» карор гирифта бошад. Вале у то як муддат хеле мохирона аз ин вазъият берун меомад. Чунин ба назар мерасад, ки Мухаммади Хоразмшох, дар аввалхо фикри бархам додани сулолаи Карохониёнро надошт, у факат дар рафти мубориза бо Карахитоихо сиёсати худро дар ин бобат тагйир дод. Муносибати байни Карохониён ва Мухаммади Хоразмшохро метавон ба се мархила чудо кард: аввал муносибати муттафикона, сони муносибати тобеият ва, нихоят, таъкиб ва нест кардани хокимони Карохони.Пас аз забти Бухоро Мухаммади Хоразмшох бо Усмони Самарканди, бе он ки ба мулки у даъвое кунад, иттиход баст. Усмон мисли пештара ба номи худ бо хамон унвону лакабхое, ки хатто аз унвонхои Мухаммади Хоразмшох дабдабаноктар буд, сикка задан гирифт.

Дар хамин вакт иттифокчиён, яъне Мухаммади Хоразмшох ва Усмон аз Карахитоихо шикаст хурданд. Мухаммади Хоразмшох мачбур шуд ба мамлакати худ баргардад, Усмон бошад, дубора бо Карахитоихо наздик шуда, духтари худи гурхонро ба зани хост. Аммо чавоби рад гирифта, боз ба тарафи Мухаммади Хоразмшох майл намуд, вале ин бор на ба сифати иттифокчи, балки хамчун шахси мутеъ пазируфта шуд. Ин буд, ки Усмон дар соли 1209/10 сиккаро ба ду ном зарб кард: дар як тарафи сикка ном ва унвони Мухаммади Хоразмшох ва дар тарафи дигари он номи худро сабт намуд.

Ин хиёнати Усмон гурхонро ба хашм оварда, боиси ба Самарканд хамла овардани у гардид. Карахитоихо Самаркандро гирифта ва як микдор боч ситонида, аммо ба сабаби нооромихои чиддии дар шарки мамлакати худ баамаломада мачбур шуданд, ки шахрро тарк карда, пас гарданд.

Яке аз сабабхое, ки то як андоза барои муваффакият пайдо кардани Мухаммади Хоразмшох имконият ба вучуд овард, мавриди хучуми кабилаи найманхои мугул карор гирифтани давлати карахитои буд. Найманхо хатто хазинаи гурхонро горат карданд. Усмон ин нокоми ва нобарорихои кори Карахитоихоро дида, аз сари нав ба тарафи Мухаммади Хоразмшох гузашта, боз ба ду ном сикка зад ва ба ин васила тобеияти худро тасдик намуд. Мухаммади Хоразмшох мустахкам кардани садди мудофиаи Самаркандро фармуда ва дар назди Усмон намояндаи худро гузошта, худ ба кувваи аскар ба тарафи шарк равона шуд ва дар мухорибаи водии Талас бар кушуни Карахитоихо голиб омада, сипахсолори ононро асир намуд.

Агарчанде ин мухориба такдири Карахитоихоро ба кулли хал накард, вале дар айни хол обру ва эътибори Мухаммади Хоразмшохро хеле зиёд намуд. Пас аз ин номи уро дар хуччатхои расми бо унвони «Искандари дувум» ё худ «Султон Санчар»[3] ёд карданд.

Мухаммади Хоразмшох аз ин чихат хам Мовароуннахрро ба осони фатх намуд, ки ахолии ин сарзамин умедвор буданд, пас аз ронда шудани Карахитоихои «бутпараст» ва истикрор ёфтани хокимияти Хоразмшохиёни хамдин вазъияти онхо бехтар хохад гардид. Ин умедвории халкро султон Мухаммад дар рохи расидан ба максади худ хеле хуб истифода намуд. хангоме ки у дар соли 1207 Бухороро ишгол кард, зохиран, ба аскарони худ фармон дод, ки ба ахоли хеч гуна чавру зулм накунанд. хатто рохбари шуришиён — Малик Санчар, ки бар зидди садрхо ва гурхони карахитои баромада буд, низ дар аввал саломат монда, факат пас аз чанд вакт ба дарёи Ому гарк карда шуд.

Вале ахолии Мовароуннахр ба зуди тамоми сахтихои хокимияти хоразмшохи «мусулмон»-ро хис карданд. Усмон, пас аз он ки Мухаммади Хоразмшох бар Карахитоихо галаба кард, ба духтари Мухаммад хонадор шуда, як соли тамом дар Хоразм монд. Сипас у ба Самарканд баргашта, аз алами тобеият ба хоразмихо ва махрумият аз истиклол боз ба Карахитоихо гуфтугузор сар кард. Ба ин тарика, у аз сиёсати пешинаи худ, ки ба тарафи зуру тавоно майл кардан буд, ин дафъа ру гардонид. Ин дафъа манфиати хокими карохони ба манфиати халк мувофикат намуд: зулму истибдоди хоразмихо дар муборизаи умуми онхоро ба хам муттахид сохт.

Чабру зулми хокими дар Самарканд гузоштаи Мухаммади Хоразмшох то дарачае сахт буд, ки халки шахр токат наёварда, дар соли 1212 ба мукобили ин ситамгарони нав шуриш карданд. Онхо медонистанд, ки барои мубориза бурдан бо Мухаммади Хоразмшох кувваи кофи надоранд, бинобар ин Карахитоихоро ба ёри даъват намуданд. Лекин Мухаммади Хоразмшох аз ин ходиса хабардор гардида, фавран ба Самарканд омад ва шуришро дар як сурати берахмона фуру нишонд. Катлу горати ахолии шахр се руз давом кард. Дар натичаи ин вахшоният хазорон одамони бегунох нобуд шуданд. Усмон хам кушта шуд.

Султон Мухаммад, пас аз он ки ба ахолии саркаши Самарканд чунин рафтор кард, ин шахрро ба икоматгохи худ табдил дода, дар он чо ба сохтани масчид ва касри подшохи шуруъ намуд. Вай барои мустахкам гардидани мавкеи худ дар Мовароуннахр фармуд, ки дар вилоятхои чудогонаи Осиёи Миёна хокимони карохониро ба катл расонанд.

У Фаргонаро, ки бародари Усмон Кодирхон хукмрони мекард, низ ишгол намуд. Пас аз ин хам дар соли 1213 дар Узганд — пойтахти калонтарин мулки Карохониён ва дар Самарканд – пойтахти давлати карохони сикка ба номи Мухаммади Хоразмшох  зада шуд, ки ин маънии тамоман аз байн рафтани сулолаи Карохониёнро дошт.

Ба мавчудияти сулолаи Карахитоихо сардори найманхои бодиянишин — Кучлук хотима гузошт. Кучлуки найман душмани муктадире буд, вале фикру зикри хоразмшохи чохталаб ва шухратпараст ба мулкхои хамсояи чануб ва гарби худ банд буд, у орзу дошт, сарзаминхои Афгонистон ва Эронро забт намуда, бо худи халифа ситезачуи кунад. Чун вай дар худ иктидори дар ду чабха чангиданро намедид, аз тарси он ки Кучлуки найман ба истилои вилоятхои шимолу шарки давлати у саъй хохад кард, ахолии Шош, Исфичоб ва як кисми Фаргонаро ба махалхои дигар кучонида, амр намуд, ки ин нохияхоро холи гузоранд.

Дар айни замон Мухаммади Хоразмшох Эрон ва Афгонистонро ба тахти тасарруфи худ дароварда, аз халифа талаб намуд, ки умури идораи Багдодро хам ба ихтиёри у вогузорад. Вале у ба ин хам каноат накарда, умуман аз тахти хилофат маъзул гардидани халифаро эълон намуда, ба чои вай Саид Алоулмулки Тирмизиро халифа хонд ва соли 1217 ба тарафи Багдод лашкар кашид. Вале аз ин барояш чизе хосил нашуд. Дигар маълумот ва ахбороти сарчашмахо доир ба муносибати байни халифа ва султон ихтилофоти зиёде доранд. Баъзе сарчашмахо хабар медиханд, ки султон Мухаммад халифаро мурда эълон карда, такрибан дар тамоми шахрхои мамлакати худ аз хутба номи уро баровард. Кисми дигари сарчашмахо, баръакс, бо халифа рохи муросо ва мусолимат чустани Хоразмшохро таъкид мекунанд. Муаррихон бештар тарафдори фикри дувум мебошанд.[4] Аммо мадракхои сиккашиноси нишон медиханд, ки фикри аввал ба хакикат наздиктар аст: хам пеш аз лашкар кашидани Мухаммади Хоразмшох ба Багдод ва хам пас аз он номи халифа дар сиккахои баъзе шахрхо ёд шудааст ва дар сиккахои баъзеи дигар шахрхо не.[5] Аз ин чихат сиккахои Тирмиз – зодгохи Алоулмулк хеле чолиби диккат аст: дар ин чо баъди халифа эълон шудани Алоулмулк ва пас аз юриши Багдод номи халифаи «маъзул» дар сиккахо дида намешавад (хол он ки пештар мавчуд буд), вале номи Алоулмулки Тирмизи хам дар ягон сикка сабт нагардидааст. Обрую эътибори халифаи Багдод дар байни мусулмонон нихоятдарача баланд буд. Бинобар ин султон Мухаммад дар сиёсати худ собиткадамона ва то охир дар рохи азли халифа мубориза карда натавонист. Вай аз ин талоши худ чизе бурд накард, балки бисёр чизхоро аз даст дод. В.В.Бартолд дуруст кайд мекунад, ки дар чамъият ягон синфе набуд, ки такягохи Мухаммад бошад. Феодалхо, рухониён, мардум — хама бо сабабхои гуногун аз у норози буданд. хатто аскарони кироя, ки тамоми галабахои уро таъмин карда буданд, дар охир аз итоати у сар кашиданд. Давлати бузурги Мухаммади Хоразмшох аз дарун махкам ва устувор набуд ва бинобар ин дар натичаи зарбахои истилокорони мугул ба осони аз по афтод.

[1]Бартольд В.В., 1963 а, с. 420 ва мобаъд.

[2]Давидович Е.А., 1957, б, с. 93–108.

[3] Искандари Маrдуни ва охирин намояндаи маъруфи силсилаи салчуrи султон Санчар дар назар дошта мешавад.

[4]Бартольд В.В., 1963 б, 437–440.

[5]Давидович Е.А., 1953 6, с. 51–53.

Инчунин кобед

ma

Марги Мухаммад (с)

Вакте, ки Азроил (а) барои гирифтани чони хазрати Мухаммад (с) меояд пайгамбар мегуяд каме сабр …