Главная / Илм / ШУНГБЕД дар Канзи Шифо (Китоб)

ШУНГБЕД дар Канзи Шифо (Китоб)

shungbed-02-660x330Шунгбед — ин дарахтро бинобар монанд будани тухмаш забони гунчишк хам меноманд, ба руси ясень согдийский мегуянд. Инчунин дар точики содда карда, инро «шунг» хам мехонанд, ки дарахташ дар хама чохои Осиёи Маркази, хусусан дар чохои салкинтар бештар меруяд. Баргаш монанди барги бодом, самараш дар хушачахо аз хам чудо-чудо, ки тухмаш дар гилоф ба андозаи забони гунчишк нугтези пахн ва дарозак аст. Руйи тухмаш тира, дарунаш ба зарди сафеди мезанад. Таъмаш моил ба тезиву талхи. Кувваташ то дах сол боки мемонад.

Мизочаш дар охири дарачаи дувум гарм ва хушк аст, вале ба кавли баъзехо дар дарачаи якум тар аст. Ба хар хол рутубат ва тари дорад. Хислатхои шифобахши он: тухмаш дафъкунандаи бодхои дарун, вале баргаш кабзиятовар аст. Агар тухмашро бихуранд, дарди пахлу ва тихигохро таскин медихад; дилтапак (дилбози), зик-ун-нафас ва сурфаи кухнаро, ки хама аз сарди  бошанд, дафъ мекунад; дарди рудахо, дарди камар, дарди бачадон ва беихтиёр рафтани пешобро шифо мебахшад; санги гурда ва хичакро майда карда мерезонад, узвхои таносулро кувват мебахшад, куввати бохро ба харакат меоварад ва зиёда мегардонад.

Тухми онро куфта, бо асал ва заъфарон хамир сохта, занхо баъд аз пок шудан аз хайз аз таг бардоранд, барои хомила шудан кумак медихад. Вале хурдани тухмаш ба одамони гарммизоч дарди сар меоварад. Агар ин тавр зарар кунад, кашниз бихуранд ё инро бо кашниз якчо биёшоманд, безиён мегардад. Микдори як бор хурдан аз тухми он ба танхойи дар як руз то 10,5 грамм аст ва агар бо ёридихандааш истеъмол кардани бошанд, 7 грамм ошомидан кифоя аст.

Ба чойи тухми ин дарахт барои афзунии бох, ба вазни он чавзи бавворо бихуранд, чоиз аст, инчунин тухми тударии сурхро хам бо хамон вазн ё бо магзи чормагз бихуранд, равост. Баргашро куфта, гузошта банданд, захмхоро аз чирку рим пок мегардонад, дар онхо гушти солим меруёнаду сихат мебахшад. Пусти дарахташро куфта гузошта банданд, барои куфтагихо ва лат хурдани узвхо даво мешавад.

shungbed
Тухми шунгбед

Инчунин кобед

ma

Марги Мухаммад (с)

Вакте, ки Азроил (а) барои гирифтани чони хазрати Мухаммад (с) меояд пайгамбар мегуяд каме сабр …