Главная / Гуногун / СУХБАТИ АБУАЛИ СИНО БО ПОДШОХ

СУХБАТИ АБУАЛИ СИНО БО ПОДШОХ

Чунин мегуянд, ки Абуали Сино дар даргохи подшохе як муддат хизмат карда будааст. Рузе он подшох ба одамонаш фармон додаст, ки тахти уро ба берун  бароранд. Вакте ки тахтро  бардошта ба берун мебурданд, Абуали Сино дар назди подшох будааст.

tabibПодшох ва Абуали Сино муддате дар хавои кушод бо хам сухбат кардаанд. Дар ин вакт аз дур сиёхие намоён шудааст, ки он ба сакко монанд будааст. Подшох таачуб  кардааст, ки он чи бошад. Абуали Сино ин таачуби подшохро бартараф  намуда гуфтааст:

– Подшохам, он сиёхи марди аспсаворе мебошад, ки дар хурчин асал дорад ва гох-гох аз он лесида меояд.

Подшохро таачуб зиёд шудааст ва аз Сино пинхони шахсеро барои фахмидани он, ки оё Абуали рост мегуяд, ба суи он сиёхи омадаистода равон кардааст. Дар хакикат он шахс хабар овардааст, ки гуфтаи Сино рост аст. Подшох хайрон шуда, ба Сино гуфтааст:

-Хайр, ту донисти, ки он сиёхи савораест, пас аз кучо фахмиди, ки вай дар хурчин асал дорад?

– Ман, – гуфтааст Аьуали Сино, – дидам, ки магасхо уро ихота кардаанд ва аз хамин фахмидам, ки дар кучои вай шириние хаст.

Подшох Синоро ситоиш карда, ба у тухфа додаст.

 

Инчунин кобед

кумитаи андози Точикистон

Кумитаи андози назди Хукумати Чумхурии Точикистон

Кумитаи андози назди Хукумати Чумхурии Точикистон (минбаъд – КА). Асоси Фаъолият – тибки Карори Хукумати …