СОИБИ ТАБРЕЗИ

Яке аз бузургтарин симохои адабию фархангии садаи XVII, адиби навовару эчодкори тозакор Мирзо Мухаммадалии Соиб – фарзанди Мирзо Абдуррахим аст, ки бо эчодиёти ганиву гуногунчилои худ на танхо ба адабиёти асри хеш, балки ба чараёни минбаъдаи адабиёт низ таъсири амику дакик гузоштааст.

соиби табрезиМирзо Мухаммадалии Соиб соли 1603 дар шахри Исфахон по ба арсаи хасти ниходааст. Аз нигохи баромади ичтимои Соиб аз табакаи бозаргонони чомеъа буда, ачдоди у асосан аз Табрез будаанд ва дар рузгори шох Аббоси Кабир бо ташаббуси ин сиёсатмадор онхо бо гурухе аз хампешагонашон ба Исфахон кучонида шудаанд. Дар ин бора худи Соиб баъзе ишорахо низ намудааст:

Соиб аз хоки поки Табрез аст,

Хаст Саъди гар аз гили Шероз.

Азбаски Соиб аз табакаи бозаргонон буд, ба у муяссар шудааст, ки хамаи илмхои чории замони худро фаро бигирад ва чунин хам кардааст. Хусусан, илмхои фалсафа, хикмат, «Куръон»-у тафсир, хадису фикх, сарфу нахв, лугат, адабиёт, калом, мантик, кофия, аруз, бадеъ ва гайраро ба хуби омухтааст.

Ба хусус, дар илми хат бахраи комил дошт, зеро назокати ин хунарро аз устоду амаки худ-Шамсуддини Табрези (Шамси Сони), ки лакаби Ширинкалам дошт, омухта будааст. Ин аст, ки «Хамса»-и Низомии Ганчави, «Куллиёт»-и Шамси Табрези ва бисёр асархи дигар ба калами у китобат шудаанд.

Ба кавли сарчашмахо, гуё муосирони Соиб, бузургон Хаким Рукно, Масехи Коши, Хаким Шифои аз силки устодони Соиб дар чодаи илми шеъру адаб бошанд, вале ахли тахкик ин фактро тасдик накардаанд, зеро худи Соиб мегуяд:

Татаббуи[1] сухани кас накардаам харгиз,

Касе накарда ба ман фанни шеърро талкин.

Ба зури фикр бар ин тарз даст ёфтаам,

Садаф зи обилаи даст ёфт дурри санин[2].

Соиб дар овони чавони ба зиёрати Макка ва Мадина рафта, пас аз адои хач дар ватан бисёр наистода, муддате дар Кобул истикомат ихтиёр мекунад. Соиб дар Кобул бо хукмрони он чо Зуфархон наздики пайдо менамояд. Зеро хоким дар симои Соиб шахси донишманду эчодкори сохибистеъдодеро дармеёбад. Худи Зуфархон низ табъи шоири дошта, сухану суханварро аз ин сабаб хеле хуб кадршиноси мекард. Ин аст, ки Зуфархон Соибро хатто устоди хеш мехонад. Баъдтар бо дастгирии Зуфархон Соиб ба дарбори Султони Хинд – Шохичахон низ рох меёбад. Аз ишорахои шоир чунин ба мушохида мерасад, ки у дар Хиндустон шухрати беандоза пайдо карда будааст:

Пеш аз ин харчанд шухрат дошт дар мулки Ирок,

Сайри мулки Хинд Соибро баландовоза кард.

Ва ё ин ки:

Миллахулхамд, ки буъд аз сафари хач,

Соиб, Ахди худ тоза ба султони Хуросон кардам.

Ё худ:

Баландном нагардад касе, ки дар ватан аст,

Зи накш сода бувад, то акик дар Яман аст.

Дили рамидаи мо шиква аз ватан дорад,

Акики мо дили пурхуне аз Яман дорад.

Ё худ дар чои дигар низ ба ин маъни чунин ишорае дорад:

Шаш сол беш рафт, ки аз Исфахон ба Хинд

Афтодааст тавсани азми маро сафар.

Чун овозаи шеъраш пахн шуд, шох Аббоси Сони уро ба Исфахон хонд ва хатто бо унвони маликушшуаро сазовораш донист. Пас аз у шох Сулаймон низ Соибро кадршиноси кардааст. Ба кавли тазкиранависи точик Мухаммадбадеъ Малехои Самарканди, Соиби Табрези муддате сайри диёри Мовароуннахр низ намуда, бо ахли шеъру адаби каламрави мазкур низ ошнои доштааст.

Соиби Табрези баъдхо хидмати дарборро низ истеъфо дода, беш аз дах сол берун аз дарбор ба эчод пардохтааст.

Поёни умри у низ дар Исфахон гузашта, соли 1677 олами фониро падруд гуфтааст ва оромгохаш дар Исфахон буда, онро рамзи «Анчумани адабии Соиб» гуфтаанд.

Соиби Табрези фарзандони хешро низ дар рохи сухандустию маърифатхохи парвариш намуда, яке аз писарони шоир, ки шахсияти шинохтае дар каламрави онрузаи диёраш будааст, Мирзо Рахими Соиб ном дошта, дар шеъру адаб маъруфу эътирофшуда будааст.

Эчодиёти Соиби Табрези

Эчодиёти Мирзо Мухаммадалии Соиби Табрези хеле бою рангин ва серпахлу буда, чолибан дар эчодиёти у газал мавкеи аввалиндарача дорад. Дар мачмуъ ба калами Соиб 120 хазор байт тааллук дошта, аз он чумла маснавии «Кандахорнома» низ ба у нисбат дода мешавад. Гузашта аз он, Соиби Табрези ба забони турки низ эчод карда будааст.

Мухимтарин хусусияти таркиби девони Мирзо Мухаммадалии Соиб он аст, ки у ашъори худро-лирикаи хешро табакабандии ачоиб мекунад. Яъне ашъори ишкии худро, ки дар он нозу истигнои маъшука, васфи зебоихои вай, хусну чамоли уро васф кардааст, тахти унвони «Миръот- ул-чамол» (оинаи хусн) меорад. Ашъоре, ки дар он чузъиёти хусни зохирии махбуба: чашму абру, холу зулф, асбобхои ороиши мисли шонаву оина ситоиш карда мешавад, онро «Ороиши нигор» меномад ва ё худ шеърхои ба васоити шодию нишот, хушгузаронии умр, рузгор, зиндаги, яъне маю майгусори, бодапаймои ва гайра бахшидаи худ, ин адиби мутафаккир унвони «Майхона»-ро гузоштааст. Инчунин, ашъори дидактики-тарбияви ва ахлокиро бо мавзуъхои дигари хаётию фалсафи ва чанбаъхои дигари ичтимоидоштаро «Вочиб-ул-хифз» ном ниходааст. Бояд гуфт, ки худи хамин падида дар таърихи адабиёти точик доир ба мураттабсозии девони ашъор нодир буда, дар чунин шакл корбаст намудани он хоси Соиби Табрези аст. Ба ашъори дар боло зикргардида бахши касоид илова шуда, ба ин восита «Куллиёт»-и Соиб фарохам омадааст.

Мирзо Мухаммадалии Соиби Табрези на танхо дар навъхои лирики: касида, газал, китъа, рубои ва г. табъи баланд доштааст, у хусусан дар эчоди газал шухрати махсус пайдо намудааст. Инчунин, мутафаккир дар эчоди осори манзуми калонхачм низ табъи баланд доштааст. Аз ин ру, аз у маснавихои «Кандахорнома» ва «Махмуд ва Аёз» низ ба ёдгор аст.

Дар ин чо як нуктаи дигарро месазад хотиррасон созем, ки Соиб аз замони хеш то рузгори кунуни на танхо дар Шарк, балки дар олам хамчун намояндаи мактаби сабки хинди шухрат дорад.

То кунун оид ба рузгору фаъолияти адабии у ба чуз кайду ишорат, маколахо, муаррифиномахо, баёзхову тазкирахои муосири адабиёти точик, инчунин фаслхои чудогонаи таъриххои адабиёти форси низ бахшида шудаанд, ки арзиши нихоят гарони илми-тадкикоти ва оммави доранд. Зеро дар онхо дар баробари адабиёти даври шоир, оид ба чараёни зиндагии Соиб, пахлухои рузгори у, лахзахои хаёти адиб, камолоту эчодиёти вай, таркиби девони адиб, сахми у дар тахаввули адабиёти асраш ва таърихи минбаъдаи адабиёт, хусусиятхои эчоди, мавзуъхои ашъор, сабки гуфтору шеваи баён, хунари эчоду махорати суханвари, тарзи таълифу истеъдоди сухангустари ва г. маълумоти зарури дода шудааст. 

Мавзуъхои асосии газалиёту мусамматхои мухаммаси Соиби Табрези

Соиб яке аз шоирони тавонои газалсарост, ки дар тахаввулоти жанри мазкур сахми арзанда дорад. У дар рушди мусаммати мухаммас низ хеле кавипанча мебошад. Мусамматхои мухаммасхои у аз нигохи мавзуъ ва мухтаво, инчунин аз чихати хусусиятхои шакли асосан суннати бошад хам, дар хунари эчод навоваронаанд. Чунончи, мусаммати мухаммаси аввали девони шоир, ки аз нигохи унсурхои шакли низ тозакорихо дошта, хеле хунармандона эчод шудааст ва аз чахор банд иборат аст:

Тулуи субхи содик сар зад аз иирохаии мино,

Насими рухравар мевазад аз гулшани мино,

Суроги духтари раз кардаам аз маскани мино,

Агар ин бор меомад ба дастам гардани мино,

Чу дурди май нахохам дошт дасти аз гардани мино.

Маро савдои ишки у зи хобу хур бароварда,

Сарамро муншии такдир аз дафтар бароварда,

Барои куштани ман осмон махзар бароварда,

Ду субхи содиканд аз як гиребон сар бароварда,

Яди байзои соки бо баёзи гардани мино.

Банди сеюми мусаммати мухаммаси мазкур бо назардошти мавзуъ ва мазмуну мухтаво ишки буда, тавъам бо маю соки идома мекунад, ки байтеро аз он метавон зикр намуд:

Чу донистам, ки гаштам ошику шайдои бетобаш,

Ба бедори тавонам дид он махро на дар хобаш…

Тозакори дар шакл аз он иборат аст, ки дар банди чахорум тахаллуси адиб ба хайси радифи мураккаб оварда шудааст. Албатта, ин холат хам таъкиди маъно ва хам бори гояви бардоштани унсури шакли ва нихоят таъмини охангноки дар бандро низ дорад:

Ба куфри зулфи чонон тоза шуд имон маро,

Соиб, Нигохи гарми оташ мезанад дар чон маро,

Соиб, Ду мисраъ дилнишин афтод дар девон маро,

Соиб, Ду чиз афтод хуш аз базми майхорон маро,

Соиб, Зи по афтодани соки, ба сар галтидани мино.

Мусаммати мухаммаси мазкур хеле хунармандона эчод шудааст. Холати хеле табиии соки, чом, мино, ошик, махбуба ва чузъиёти дигари марбути он басо хунармандона, мушохидакорона ва устодона ба тасвир гирифта шудаанд. Хадаф висол ва хушгузаронии умр буда, бахрабардори аз хаёт, ганимат донистани рузгор шарти асосии он дониста мешавад. Хар чахор банди мусаммати мухаммаси зикршуда дар як вазн:

Хазачи мусаммани салим таълиф шудааст.

Ба хамин тарик, дар девони шоир 8 мусаммати мухаммаси аз чахор то 7- банди буда, дар мачмуъ 42 банд мебошанд ва 210 мисраъ ё ин ки 105 байтро ташкил медиханд. Хамаи мусамматхои мухаммаси Соиб дар мавзуъхои ишки, маю бода, бахору зебоихои табиат ва гайра эчод шудаанд. Аз тарафи дигар, хеле сабук бошад хам охангхои ичтимоиро низ фаро гирифтаанд. Вале охангхои хеле кавии ичтимои, ки дар газалиёти шоир дида мешаванд, дар мусамматхои мухаммаси у дучор намеоянд.

Чунончи, банди аввали мусаммати мухаммаси дуюми девонро барои намуна зикр менамоем:

Гах ба ман теги тагофул он париру мезанад,

Гохам оташ бар чигар аз тундии ху мезанад,

Ру матоб, ай дил, агар тег он чафочу мезанад,

Хар ки худро бар дами шамшери абру мезанад,

Чун хилоли ид бар хуршед пахлу мезанад.

Мусаммати мухаммаси мазкур дорои панч банд (басту панч мисраъ) буда, ишкист ва махбуба аз хама чихат (хам захиран ва хам ботинам) бартари дорад. Махбуба чафочу, берахм, бемехр, пурноз, фохир, ношикебо, бадзабон аст. Ошик баръакс: чафокаш, шикебо, содик, халим, ботавозуъ, хоксор, хушмуомила, захматкаш мебошад.

Мусаммати мухаммаси зикршуда мураддаф (ридфи сода) ва дорои кофияи мукайяд буда, кофияхо бо харфи рави («у») интихо ёфтаанд. Аз нигохи вазн бошад, хамаи бандхо (5 банд) дар як вазн-Рамали мусаммани махзуф (баъзан максур) эчод шудаанд, ки афоъили он чунин аст:

**************

яъне: фоъилотун, фоъилотун, фоъилотун, фоъилун ё фоъилон.

Умуман, мусамматхои мухаммаси Соиб аз нигохи мавзуъ, мазмуну мухтаво махдуд буда, асосан аз баёни ишку исёнхои калбии инсон, васфи хусну чамоли махбуба, ситоиши маънавиёти маъшука ва якчоя бо холати ошик дар иртиботи масъалахои мазкур бо авзои замон ва гайра иборат мебошад. Вале аз нигохи хунари эчод дар сатхи газалиёташ эчод шудаанд. Ин чихат барои муайян намудани пояи шоирии Соиб хеле хуб мусоидат мекунад.

Кисмати асосии девони Соиби Табрезиро газал фарохам овардааст. Албатта, чун газал ба забон гирифта мешавад, хатман ишк фароруи инсон меистад. Мо аз ин чихат мавзуи мазкурро дар ашъори Соиб хеле хуб эхсос менамоем. Аз силки чунин газалхо метавон газали зеринро чун намуна зикр намуд, ки тобиши хеле кавии фалсафи низ дорад, чунончи:

Зихи руят бахори зиндагони,

Ба лаълат зинда номи бенишони,

Бадомузи хавас ошик нагардад,

Намеояд зи гулчин богбони.

Ба харфи ишк саргармам, ки бошад

Хаёти шамъ аз оташзабони.

Ду зулфат шохрохи лашкари Чин,

Ду чашмат хобгохи нотавони.

Макун чун Хизр бар худ рохро дур,

Ки наздик аст рохи чонфишони.

Шароби кухнаву ёри куханро Ганимат дон чу айёми чавони.

Агар ошик намебудем, Соиб, Чи мекардем бо ин зиндагони?!

Аз мухтавои газали мазкур пайдост, ки мавзуи марказии он ишк буда, дар он васфи махбуба, чузъиёти зебоихои хусни у, то андозае дур афтодани ошик ва тадричан ба хичрон гирифтор шуданаш, шикебоии ошик, нози махбуба, дури чустани у аз ошик, вале ин хамаро аз гардиши рузгор, аз хукми такдир, аз печидагихои зиндаги дидани ошик ба назар мерасад.

Дар баробари ин хама, то хадде мохияти андарзи гирифтани образи лирикии ошик ба мушохида мерасад, ки яке аз сифатхои хеле нозуки сабки сухани Соиб, хосса услуби газалсароии уст.

Дар ашъори Соиб охангхои тасаввуфию ирфони низ хеле кавист, зеро боре сари ин масъала уро муосирин имтихон низ кардаанд. Нафаре аз шогирдон боре мисраи зеринро ба санчиши устод мефиристад:

Аз шишаи бе май маи бешиша талаб кун,

Соиб фавран мисраи мазкурро чунин комил месозад:

Хакро зи дили холи аз андеша талаб кун.

Аз тарафи дигар, у дар ин чода то ба хадде ба ашъори Чалолуддини Балхи, Шамсуддин Мухаммад Хофизи Шерози, Бобофигонии Шерози асосан ру овардааст ва чун дар газал пайгири ин тоифа аст, маълум мешавад, ки табъу саликаи солиму баланд дорад ва аз тарафи дигар, ирфону тасаввуф дар газали у макоми асоси дорад. Чунончи, дар ин газалиёти, ки дар пайравии Хофиз эчод шудааст, мегуяд:

То манзили ман бодияи бехабари буд,

Хар мавчи саробам ба назар болу паре буд.

Чун сарв дар ин бог зи озодагии хеш,

Боре, ки маро буд ба дил, бесамари буд.

З-он руз, ки шуд дидаи ман боз чу иаргис,

Авроки дилам сарфи иарешоииазари буд.

Буд аз дами шамшер дами субхи нишотам,

То чавшаии довудии ман бехабари буд.

Расвоии шамъ аст зи иирохаии фоиус,

Дар парда сухаи гуфтаии маи пардадари буд.

Аз ачз чу шабиам иафитодем дар ии бог,

Афтодагии мо гули равшаигухари буд.

Ёре, ки губор аз дили гамдидаи мо бурд,

Бемиииату бемузд иасими сахари буд.

Чуи иартави хуршед, ки дар оииа уфтод,

Аз умр хамии бахраи маи чилвагари буд.

Соиб, чи тавои кард ба таклифи азизои

В-ариа тарафи Хоча шудаи бебасари буд.

Газали мазкур, ки хеле хунармандона эчод шудааст, мураддафу мукаффо буда, аз нигохи вазн низ чолиб аст. газал дар бахри Хазачи мусаммани ахраби макфуфи махзуф эчод шудааст, ки аркони он чунин аст:

———————————–

яъне: мафъулу, мафоъилу, мафоъилу фаъулун ё мафоъил.

Дар газали мазкур бевафоии дунё, назарфиребии он, гузашти умр мисли лахзае нигаристан ба оина таъбир карда мешавад, ки хадаф хушдор додан аз тагофул варзидан мебошад. Гузашти умри ройгон монанд ба чизест, ки ба дами шамшер мувочех мегардад ва аз рахои дигар илочу чорае надорад ва хадафи эчодкор он аст, ки барои бахра бардоштан аз умр, аз зиндаги кореро метавон интихоб кард, рохеро метавон пеш гирифт, то ин ки дар охир лабу ангушти хайрат нагази. Яъне ин рохи ирфон, маърифати Хак мебошад.

Дар таълимоти ирфонии у рохи мазкур рохи камолот, рохи мукаммали ва чавонмардона аст, ки агар зарра ба он макон худро расонад, зарра нахохад монд ва ё шабнам агар комёб шавад, офтоб хохад гашт:

То дида махви руи ту шуд, комёб шуд,

Шабиам ба офтоб расад, офтоб шуд.

Як чашм хоби талх чахои дар бисот дошт,

Ои хам иасиби дидаи шури хубоб шуд.

Аз шарми зулфу руи ту дар иофи охувои

Сад бор мушк хуи шуду хуи мушки иоб шуд.

Аз рафтаии хубоб чи иарвост бахрро,

Ишки туро аз ии чи ки олам хароб шуд.

То чехраи ту дар араки шарм гута зад,

Хар орзу, ки дар дили ман буд, об шуд.

Оби хаёти Хизр гилолуди миннат аст.

Хуш вакти ташнае, ки диёри сароб шуд.

Соиб зи файзи чозибаи ишк окибат,

Бо офтоб зарраи ман хамрикоб шуд.

Агар каме амиктару дакиктар зехн монда шавад, гумон карда мешавад, ки чанд байти аввали газали мазкур давоми мантикии газали боло бошад. Зеро давоми он рох дар ин газал тавзех дода мешавад.

Газали боло ишки буда, ифодахои шоир, охангхои дигари ичтимои: хоби талх, бисоти чахон, дидаи шури хубоб, шарми зулфу ру, сайри хубоб, харобии олам, араки шарм, об шудани орзу, хамрикоби офтоб ва гайра хеле сахт омезиш дода шудааст.

Дар тасвири ошикона, ки васфи чузвиёти чамоли махбуба аст, бо чузъиётхои пуртазоди хаёт ба киёс гирифта мешавад.

Вале масоили нохамвори рузгорро бо печидагихои сершумори зиндаги ишк мувофики мурод сохтааст.

Газал бо хусусиятхои шакли низ кобили кабул аст: он мураддаф буда, радифи сода (шуд) дорад, ки бори гояви бар ухда дорад ва то андозае барои охангноки ба кофия низ тахким мебахшад.

Кофияхои газали боло мукайяд буда, бо харфи рави – «б» интихо ёфтаанд.

Газал дар бахри Музореи мусаммани ахраби макфуфи махзуф эчод шудааст, ки афоъили он чунин аст:

———————————-

яъне: мафъулу фоъилоту мафоъилу фоъилун.

Дар баробари мавзуъхои ишки, маю мусики, бахору васфи табиат ва гайра дар газалиёти Соиб мавзуъхои дигар: дустию рафокати инсонхо, дастгирии хамдигар, ёри ба дармондагону бечорагон, химояи ахли мехнату фукаро, васфи илму дониш, хираду акл, маърифату маънавиёт, мувофикати кавлу амал, гуфтору кирдор ва гайра манзур мегардад. Дар баробари ин амалу кирдорхои зишт, кабохати инсони, авомфиребиву мардумозори, танбалию пурхури, хобу хашм, бадтинатию сиёхдили, муфтхуриву дилозори, такаббуру хавобаланди, худхохиву худписанди, гаммозиву чохили, дунхиммативу пасттинати, мумсикиву бахили, золимпешагиву хакимардумхури, чафокориву бепарвои ва гайраро сахт ба зери танкид мегирад. Ба ин маъни, ки шахси пастхиммат ба сарманзили максуд нахохад расид, мегуяд:

Ба хеч чо нарасад хар ки химматаш паст аст,

Пари шикаста хасу хори ошёна шавад.

Хол он ки агар шахс химматбаланду саховатманд бошад, барояш дар ду олам мушкилие садди рох нахохад шуд. У мегуяд:

Ба химмат метавони катъ кардан осмонхоро,

Чаро бо ин чунин тече нихон зери сипар боши?

Яке аз хусусиятхои хеле мухимми лирикаи Соиб ва хусусан, газалхои у он аст, ки дар газал аз саромадони он Чалолуддини Балхи, Хусрави Дехлави, Саъдии Шерози, Хофизи Шерози, Урфии Шерози, Бобо Фигонии Шерози, Назириву Файзи ва дигарон ба неки ёд мекунад, нозукихо ва латофату лахни сухани онхоро хеле хуб омухтааст ва аз ин ру, хамин чихат аз баландии табъу тавоноии шоир Соиб гувохи медихад.

Ба ин маъни, донишманди Хинд Шиблии Нуъмони дар «Шеър-ул- ачам» казоват мекунад, ки: «Соиб, агарчи тамоми устодону хамасронашро ба адаб ёд мекарда, лекин ба баъзе асотиди (устодхои) сухан нихоят акидаманд будааст. Зиёда аз хама, ба Хоча Хофиз иродат меварзад ва ин далели умдаест бар завки салими у…»

Соиби Табрези дар газалхои чавобия низ кавипанча аст. Аввал ин, ки у ба газалиёти газалсароёни дарачаи аввали таърихи адабиёт даст мезанад ва чавобияхое руи кор меорад, ки агар аз газали аввал баланд набошад, паст хам нест. Масалан, яке аз газалсароёни хеле маъруф – Бобо Фигонии Шерози газале дорад бо матлаъи зерин:

Ба буят субхдам нолон ба гулгашти чаман рафтам,

Ниходам руй бар руи гулу аз хештан рафтам…

Соиби Табрези ба ин газал чунин чавобия дорад:

Ба буят субхдам гирён чу шабнам дар чаман рафтам,

Ниходам руй бар руи гулу аз хештан рафтам.

«ташбехи шабнам шеърро рух дода ва даъвиро комилан собит кардааст».

Яке аз далелхои осори пешиниён ва хосса ашъори гузаштагонро хеле нозук донистани Соиб он будааст, ки у аз ашъори бузургон дар шакли мунтахаб баёзе мураттаб намуда будааст ва албатта, барои он ки ин корро сомон бидихад, ашъору девон ва куллиёти бисёр саромадони суханро такрор ба такрор санчидаасту мутолиа намудааст ва бешубха, ин кор бетаъсири мусбат нест. Зеро баёзи мураттабнамудаи Мирзо Мухаммадалии Соиб дорои бисту панч хазор байт буда, беш аз хаштсад нафар шоирро фаро гирифтааст.

Соиб аз шуарои гузашта, чунон ки каблан зикр шуд, ба Шайх Саъдии Шерози ва махсусан газалиёти у таваччухи махсус дорад, чунончи: байти Саъди:

Киёмат мекуни, Саъди, бад-ин ширин сухан гуфтан,

Мусаллам нест тутиро дар айёмат шакархои.

Аз Соиб:

Дар ин айём шуд хатми сухан бар хомаи Соиб,

Мусаллам буд, гар з-ин пеш бар Саъди шакархои.

Дар газалиёти Соиб ишки байни инсонхо, шуру валвалахои калбии инсони, хиссиёти латифи одами, нози ошику истинчнои махбуба, тараннуми мухаббати поки ошикон хеле мавкеъ дорад. У дар ин чода аз пешиниён ба ашъори Саъди бештар ру меорад. Тафовути тасвири Соиб дар он аст, ки дар ин чо чолибан байтхои газал чанбаи ирсолимасали мегиранд. Масалан, ба ин газали Соиби Табрези зехн монед:

Онро, ки чашми масти ту беихтиёр кард,

Осудааш зи пурсиши рузи шумор кард.

Рахме накард бар чигари оташини мо,

Машшотае, ки лаъли туро обдор кард.

Нагзошт чашм боз кунад дил губори чашм,

Ин гарди шухчашм чи бо ин савор кард.

Аз дил мапеч руй, ки шаккарсухан нашуд,

Хар тутие, ки пушт бар оинадор кард.

Беинтизор домани хуршедро гирифт,

Чун шабнам он ки оинае бегубор кард.

Дар коми шер бистари рохат фикандааст,

Хар кас, ки хоби амн дар ин рузгор кард…

Ин он газал, ки Саъдии Шероз гуфтааст,

«Музд он гирифт, чони бародар, ки кор кард».

Ачоибии баёни Соиб хатто дар лирикаи сирф ишки он аст, ки баёни у тамоман тобиши ичтимои мегирад ва дар девони Соиб шеърро, ки дур аз охангхои ичтимои бошад, пайдо намудан муяссар намегардад. Ишки у мухаббати андарзомез аст, ки аз нохамворихои зиндаги, печутобхои рузгор, пастиву баландихои хаёт, шебу фарозхои умр, гиру дорхои олами инсони, дороиву нодорохо маншаъ мегирад, сарчашма пайдо мекунад. Намунаи казовати боло газали зерини Соиб метавонад бошад:

Соки аз чоме агар хотири мо шод кунад,

Бех аз он аст, ки сад майкада обод кунад.

Чашми хуфтаст гизоле, ки надорад шухи,

Ману он сайд, ки хун дар дили сайёд кунад.

Охир, ай подшахи хусн, чи инсоф аст ин,

Ки дар айёми ту ишк ин хама бедод кунад.

Ёди айёми чунун бар сари ман борад санг,

Кудаконро чу зи мактаб касе озод кунад.

Мотами вокеии Лайливу Мачнун дорад,

Хар дарое, ки дар ин бодия фарёд кунад.

Бар забонаш ба чуз аз номи худо н-ояд хеч,

Хар ки наззораи он хусни Худодод кунад.

Хандаи кабк шавад нолаи хунин, Соиб,

Бесутун ёд чу аз рафтани Фарход кунад.

Газали мазкур низ ишки буда, бо кавитарин охангхои ичтимои кобили вукуъ шудааст, ки танхо як ишораи сабуке метавон бар мухтавои он намуд, то хадафи эчодкор ошкортар гардад. Масалан, дар кутохтарин муддат, ки хуршед ба шабнам рух намуд, шабнам бо хуршед гуё мепайвандад. Яъне бухор шуда ба хаво меравад. Вале ойинаи бегубори шабнам хамин маъниро дорад, ки шабнам болои чизе афтода бошад, аз сабаби софу пок буданаш, ранги хамон предметро мегирад. Яъне бо у мукобилу мухолиф нест ва гайра.

Хусусиятхои шаклии газал низ хубу чолиб аст, зеро мураддаф (радифи сода) ва мукаффо буда, зеро кофияхои он мукайяд аст, зеро бо рави (харфи «р») интихо мёбад. Бори гояви дар газали боло бештар бар ухдаи радиф карор гирифта, хадафи кофия таъкиди маъно ва таъмини охангноки мебошад. Аз нигохи вазн низ газали зикршуда чолиб аст. Газал дар бахри Музореи мусаммани ахраби макфуфи махзуф (ё максур) эчод шудааст, ки афоъили он чунин мебошад:

————————————

яъне: мафъулу фоъилоту мафоъилу фоъилон.

Замони Соиб низ мисли асрхои пешина асри газал, айёми газал, замони газал буда, рушду инкишофи навъи адабии мазкур конуниятхои инкишофи адабиёти бадеиро то андозае муайян намудааст. Аз ин ру, як хусусияти газали Соиб, газалсароии у ва адабиёти даврони ин шоири баландпоя аз доираи лирикаи сирф ишки берун баромада, ба масъалахои рузгору зиндаги, ба хаёти чомеъа пайвастани газал аст ва ин чанбаъ пас аз асри XIV, пас аз Хоча Хофиз руи кор омадааст. Ба андешаи мо, ин тамоил махсусан тавассути ашъори Соиб ривочу равнак пайдо намуда, боиси таваччухи муосирони шоир ва ахли калами минбаъда низ шудааст.

Беш аз ин гуфтан мумкин аст, ки ин хусусияти лирикаи ишки, яъне дахолату фарогирии иллату нуксонхои рузгор ва танкиди он яке аз чиддитарин тахаввулот дар таърихи инкишофи навъи адабии газал буд, ки тавассути ашъори Соиб хукми суннати касб кард. Чунончи:

Эмин аз душмани хомуш шудан мумкин нест,

Хатари рохравон аз саги гофилгир аст.

Ё ин ки:

То шави чашму чароги ин чахон чун офтоб,

Пушиши хар тангдасту фарши хар вайрона бош.

Шоир онхоеро, ки аз номи падар, мансабу кори у ифтихор доранд, сахт кохиш мекунад. Ба кавли у, бояд худи шахс боиси пахн гардидани шухрати хеш дар рузгор бошад:

Гавхарнамои чавхари зотии хеш бош,

Хокаш ба сар, ки зинда ба номи падар бувад.

Соиб аз шуарои кабли тачрибаи хислатхои хамидаи инсониро аз кабили: халкдусти, некукори, мардумнавози, илмдусти, хунаромузи, ёри ба дармондагону ниёзмандон, нафърасони, хоксориву фурутани, шикастанафсиву нармдили, дурандешиву олихиммати, саховатмандиву хайрхохи, мехнаткаринию суботкори, шикебоию бурдбори ва гайраро пазируфта, онро бо тобишхои нав пешкаши мардум намудааст:

Дона бехтар дар замини нарм боло мекашад,

Сарфарози бештар, чун хоксори бештар.

Ё ин ки:

Шабнам ба офтоб расид аз фитодаги,

Бингар, ки аз кучо ба кучо метавон расид.

Ва ё:

Даъвии дониш бувад, Соиб, ба нодони далел,

Хар ки нодон мешуморад хешро, донотар аст.

Ё ки:

Хоксори на биноест, ки вайрон гардад,

Селхо очизи кутохии ин деворанд.

Аз ин ру, Хазрати Соиб ба ин масъалахо акидаи хоссаи худро дорад ва агар оддитар карда гуем, у дар ин чода истиклоли андеша дорад. Ба андешаи у:

Пок кун аз гайбати мардум дахони хешро,

Ай, ки аз мисвок доим мекуни дандон сафед.

ва аз ин ру гайбатро сарчашмаи аъмоли бад мехисобад. Ба назари шоир, махсусан забонро бояд эхтиёт кард, зеро бурротарин шамшер аст, ки дигар ба хам намеояд:

Хар киро теги забон нест ба фармон, Соиб, Окибат куштаи шамшери забон мегардад.

Дигар аз кавитарину мухимтарин хусусиятхои лирикаи Соиб чанбаи андарзи, мохияти мавъизати касб намудани он аст. Албатта, ин яке аз хусусиятхои сабки хинди буда, махз тавассути ашъори Соиби Табрези таквият пайдо намуд. Чунончи:

Умр рафту хор-хораш дар дили бетоб монд,

Мушти хошоке дар ин вайрона аз селоб монд.

Икди дандон дар канорам рехт аз тори нафас,

Риштаи хушке зи чандин гавхари ноёб монд.

Танпарасти фурсати молидани чашме надод,

Руи матлаб дар никоби пардахои хоб монд.

Дил зи беишки даруни синаам афсурда шуд,

Доги ин кандили равшан дар дили мехроб монд.

Акл аз кори дили саргашта сар берун набурд,

Дар дили бахри вучуд ин катраи ноёб монд.

Корвони Юсуф аз Канъон ба Миср овард руй,

Давлати бедор рафту пои мо дар хоб монд.

Ахли дарде, Соиб, аз олам дучори мо нашуд,

Дар дили мо хасрати ин гавхари ноёб монд.

Газали мазкур комилан ба мавзуъхои ичтимои бахшида шудааст. Хадаф ва муроди шоир пушаймони аз умри бархадар рафта ва тагофулварзи буда, кахрамони лирики аз рузгори сипаришудааш пушаймон аст. Максад аз хор- хори умр хасрат аст, ки дар дил мондааст ва мурод аз селоб гузашти ноайёни рузгор мебошаду мушти хошок чисми фарсудаи рузгордида. Шоир чузъиёти ин тасвирро низ хеле таъсирнок баён кардааст: риштаи истехкоми лаззатхои модди – дандонхо, фарсудашавии риштаи гавхархо ва гусастани он-рехтани дандонхову холи мондани дахон. Хадаф аз танпарасти – хавою хавасхо, неъматхои инчахонист, ки чуяндагонаш мунтахо пушаймонанд. Вале чи илоч?

Максад аз дили беишк-фармудахои нокарда ва акнун он чисми афсурдаи кафаси сина доги кандилест, ки танхо чойро холи кардаасту осораш (догаш) пайдост.

Аз сабаби ин ки мо аз ахли дард-хабибони Хак дур мондем, пас аз ин гавхари ноёб-файзи эшон бахравар нагаштем. Аз ин ру, мо хасратзадагонем.

Газал радифдор (радифи сода-монд), дорои кофия (кофияхои мукайяд) буда, хар кадом ба чуз аз вазифаи адаби-бадеи, инчунин бори гояви бар ухда доранд. Газал дар бахри Рамали мусаммани максур эчод шудааст ва аз ин чост, ки мохияти панду андарзи дорад. афоъили газали мазкур чунин аст:

яъне: фоъилотун, фоъилотун, фоъилотун, фоъилон.

Хатто аз хамин газали зикршуда хам киёс кардан мумкин аст, ки лирикаи ишки тавассути ашъори Соиби Табрези чанбаи бисёр кавии ичтимои-эътирози касб намудааст ва он кариб ба кулли ашъори шуарои ин ахд ва хосса Соиб хос аст. Чун Сайидо, ки яке аз пайравони Соиб аст ва пайравии у ба эчодиёти Соиб бесабаб нест, ин мавзуъхоро ба олитарин дарача расонидааст. Ин аст, ки Соиб мегуяд:

Дар коми аждахо нарави то хазор бор,

Соиб, гули мурод начини зи руи ганч.

Ё худ:

Аз тири охи мазлум золим амон наёбад,

Пеш аз нишона хезад аз дил фигон камонро.

Ва ё:

Гиряи шамъ аз барои мотами парвона нест,

Субх наздик асту дар фикри шаби тори худ аст.

Соиб, дар баробари васфи хислатхои хамида, дар хамин поя сифатхои разилаи инсониро сарзаниш мекунад ва аз чумла у худхохиву танпарвари, фиребгарию чохили, нодонию мардумозори, суханчинию авомфиреби, бодахориву бадмасти, кибру гурур, такаббуру худписанди, дуруггуиву гайбаткуни, зиёнкориву фиску фучур, бепарвоиву бухтонкори, гафлатварзиву хакимардумхури, тамаъкориву дунхиммати, сифлагиву бехаёи ва гайраро сахт накухиш намуда, боиси хама гуна футуру пастравихо гардидани чомеъаро таъкид менамояд, ки дар сифатхои зикршуда мебошад:

Садои оби равон хобро гарон созад,

Зи хушнамоии умр аст хоби гафлати мо.

Ва ё:

Дар номаи мо харфи насанчида набошад,

Аз чайби садаф суфта барояд гухари мо.

[1]     Татаббуъ-пайрави

[2]     Санин-сайкал

Загрузка...

Дар борамон

Инчунин кобед

46

Адабиёт ва илм дар асри XVI

Вазъияти сиёсие, ки аз аввали асри XVI дар Мовароуннахр ва Хуросон фарохам омад, ба хаёти …