Главная / Биология / СОХТ ВА ВАЗИФАИ ХУЧАЙРА

СОХТ ВА ВАЗИФАИ ХУЧАЙРА

Равандхои биохимиявие, ки дар хучайра ба амал меоянд, бевосита ба сохтори хучайраи зинда вобаста буда, хар яки онхо ягон вазифаро ичро мекунанд. Чунин сохтори хучайрахоро органоид меноманд ва онхо хамчун увзхои томи организм вазифаи махсусро ичро мекунанд.

hujayrai-odam

Олимон зимни тадкикотхое, ки бо ёрии асбобхои хозиразамон гузаронидаанд, имкон пайдо карданд, ки нозукихои сохти хучайраро омухта, хамаи организмхои зиндаро аз чихати сохтор ба организмхои

бехаста – беядро (прокариотхо) ва хастадор – ядродор (эукариотхо) чудо кунанд. Ба гурухи прокариотхо бактерияхо  ва обсабзхои сабз, ба гурухи эукариотхо занбуругхо, растанихо ва хайвонот мансубанд.

Организмхои прокариоти хусусиятхои сохтори кадимаро нигох дошта, хеле содда мебошанд, барои хамин онхоро ба олами алохида чудо мекунанд. Организмхои эукариоти пардаи хастаи дошта, сохташон мураккаб аст; дорои кароргохи энергетики – митохондрия мебошанд. Бо ибораи дигар, сохти хамаи хучайрахои хастадор (эукариотхо) мураккаб буда, кобилияти аз худ кардани оксигенро доранд ва энергияи зиёд хосил мекунанд.

 

Инчунин кобед

prishi-ot-potseluev-na-litse-3

Собун барои доги руй

Агар шумо ба сини балогат расида ба гирифтори доги руй шуда бошед пас барои тоза …