Главная / Биология / СОХТИ ХУЧАЙРАВИИ ОРГАНИЗМИ РАСТАНИ

СОХТИ ХУЧАЙРАВИИ ОРГАНИЗМИ РАСТАНИ

Шиносои бо асбобхои калоннишондиханда

Растанихо организмхои зиндаанд. Барои дуруст донистану дарк кардани равандхо ё ходисахои барои хаётгузаронии растанихо хатман зарур мебояд бо сохтори дохилии узвхои растани аз наз- дик шинос шавем.

Помидори сурхтоби нимхом, тарбуз, лиму ё себи мулоимро пора (ё дукафон) кунед. Магзи ин мевахо аз катакчахо (ковокихои) ни- хоят хурд-хурд иборат аст. Ин холигихо хучайрахоанд. Агар онхоро дар зери асбобхои калоннишондиханда — пурбин ё микроскоп (зар- рабин) бинем, баръало аниктар аён мешаванд.

Пурбин асбоби оддитарини калоннишондиханда аст. Кисми асо- сии он шишаи пурбин мебошад, ки ду тарафаш барчаста буда, дар чанбарак устувор карда шудааст Ое. Пурбин ашёро аз 2 то 25 ма- ротиба калон нишон медихад. Пурбинро ба даст гирифта онро ба ашёи тахкикшаванда чунон наздик меоваранд, ки акси он харчи ка- лонтар ва равшантар намоён гардад.

soxti-hujayra

Микроскоп асбоби пурбиншакле аст, ки акси ашёро садхо ва хатто хазорхо маротиба калон нишон медихад. Кашфу такмили аввалини мик- роскоп дар асри XVII ба вукуъ омадааст. Кашшофи микроскопе, ки ашёро такрибан 270 маротиба калон нишон медод, олими холланди Антони ван Левенгук буд. Дар соли 1665 бошад, олими англис Р. Гук дар зери микроскопи худ ихтироъкардааш буридаи нихоят тунуки пукро гузошта, мушохида кард, ки он аз катакчахои (пуфакчахои) нихоят хурд- хурди ба орухона шабохатдошта иборат аст. У онхоро хучайра номид. Агар пурбин вобаста ба имконияташ ашёро 2-25 маротиба калон кунад, микроскопи мактаби онро то 200 маротиба, микроскопи биологи (рав- шани) бошад, то 3600 маротиба калон инъикос мекунад. Микроскопхои электроние, ки дар солхои 30-уми асри XX ихтироъ шудаанд, акси ашё- ро даххо ва садхо хазор маротиба калон нишон медиханд.

Кисми асосии микроскопи равшани, ки шумо бо он дар мактаб машгулият мегузаронед, аз шишаи пурбин иборат буда, он ба най- чаи биниш ё тубус (тубус калимаи лотини буда, маънояш “найча” аст) гузошта шудааст 13 . Дар кисми болои найча окуляр, ки аз чан- барак ва ду шишаи пурбин иборат аст, чой гирифтааст. Номи “оку- ляр” аз калимаи лотинии “окулус” гирифта шуда, маънояш “чашм” мебошад. Хангоми тавассути микроскоп дидани ашё, чашмро то хадди даркори ба окуляр наздик мебаранд.

Дар кисми поёни тубус объектив чойгир шудааст, ки аз чанбарак ва якчанд шишаи пурбин иборат аст. Номи “объектив” аз калимаи лотинии “объектум” гирифта шуда, маънояш “ашё” аст.

Бо ёрии микроскоп хучайраи тамоми узвхои растаниро дидан мумкин аст. Барои тайёр кардани препарат (буридаи тунуки ягон узви растани) аз ягон узви растани бо теги тез порчаи тунукеро бурида мегиранд. Ба лавхачаи шишагини тоза як катра об чакон- да, порчаи буридаро ба он гузошта болояшро бо шишаи руйпуши нафис мепушанд. Агар аз канораи шишаи руйпуш об дамида ба- рояд, онро бо обчинак мечаббанд. Хамин тавр, препарат тайёр мешавад ва онро дар зери микроскоп дидан мумкин аст 14 .

Дар вакти бо микроскоп кор кардан риояи чунин коидахо хатмист: пояи микроскопро ба тарафи худ нигаронида, аз канори миз 5-10 см дур гузоред. Тавассути ойинача рушноиро чониби сурохии миз- чаи ашёгузор равон кунед.

Препарати тайёркардашударо дар болои мизчаи ашёгузор гузош- та, онро бо ду сикконак махкам кунед.

Тубусро бо ёрии винт ба поён охиста харакат дода, ба препа- рат то 1-2 мм наздик баред.

Ба окуляр нигохкунон тубусро то равшан намудор шудани акси ашё охиста боло бардоред,

Пас аз мушохида кардани препарати тайёркардашуда хулосахо- ятонро дар дафтаратон кайд карда, сипас микроскопро нагзакак тоза карда дар гилофаш гузоред.

  1. Кадом асбобхои калоннишондихандаро медонед?
  2. Пурбин чи гуна сохт дорад ва он ашёро чанд маротиба калон нишон медихад?
  3. Аввалин микроскопро ки ихтироъ кард?
  4. Сохти микроскоп чи гуна аст?

Инчунин кобед

prishi-ot-potseluev-na-litse-3

Собун барои доги руй

Агар шумо ба сини балогат расида ба гирифтори доги руй шуда бошед пас барои тоза …