Главная / Илм / ШОХИТАРА дар Канзи Шифо (Китоб)

ШОХИТАРА дар Канзи Шифо (Китоб)

shohitara-660x330Шохитара — ин исми точикист ва маънояш султони гаёххост. Ин растани ду навъ аст: якеро баргаш монанди баргхои кашниз реза ва андак хокистариранг. Гулаш бунафш ва реза; дигареро барг аз он васеътар, сабзранг ва гулаш сафед аст. Таъми хар ду навъаш хам талх бо каме тези. Мизочаш мураккабкувват, дар гармиву сарди муътадил ва дар дарачаи дувум хушк аст. Ба кавли баъзехо дар дарачаи дувум гарм аст. Вале Шайхурраис дар дарачаи якум сард гуфтааст.

Хислатхои шифобахши он: агар инро биёшоманд, гирехи чигар ва сипурзро мекушояд; меъдаро кави ва аз олоиш пок мегардонад, хар се ахлотро (балгам, савдо ва сафроро) ба исхол дафъ мекунад, хусусан савдо ва моддаи сафро, инчунин савдои сухтаро бештар хорич менамояд, хунро соф мекунад, пешобро меронад, иштихоро бармеангезад. Хушки он барои кувват бахшидан ба меъда кавитар мебошад; барои табхои кухна, беморихои савдови ва аз балгами шур бошанд, даво мешавад; буни дандонро мустахкам месозад. Агар инро бо сирко биёшоманд, кайи сафрови ва бехузур (бечо) шудани дилро, ки аз зиёд гаштани балгам дар сари меъда бошад, дафъ мекунад; меъда ва рудахоро аз моддахои нодаркор ва зарарноки бандшуда пок месозад. Инчунин бо шахдоб биёшоманд, таъсири дар боло гуфташударо дорад.

Оби баргхои тару тозаи онро бо шакар биёшоманд, меъда ва рудахоро аз моддахои бегона пок мегардонад, гирехи чигар ва сипурзро мекушояд, меъдаро кувват мебахшад; зардпарвин, кутур, хориш, шукуфаи пуст, инчунин сабусаки сар, ки аз хуни мурдори сафровии сухта ходис шуда бошад ё аз балгами бисёр ва тезии ахлоти сухтаи сафрови ва савдови ба амал омада бошад, онхоро аз сар ва чохои дигари бадан ба воситаи пешоб, саргин ва арак дафъ мекунад.

shohitara-2-300x300Араки шохитара, яъне оби мукаттари онро, ки ба воситаи анбик гирифта бошанд, биёшоманд, исхолро мебандад ва гиреххоро дар узвхои бадан мекушояд. Оби гиёхи тару тозаи шохитараро дар офтоб гафс гардонанд, инро усораи шохитара мегуянд. Усораи инро ба чашм кашанд, чашмро кави ва обравии бисёри онро манъ мекунад. Ин усораро бо шилми хар як навъи бодом даромехта, муйи мижаро, ки чаппа руида, ба даруни чашм мехалида бошад, канда, баъд бикашанд, он муй дигар намеруяд. Агар ин усораро дар об хал карда, он таркибро дар дахан гардонанд, чарохати ком ва забон, инчунин тафси онро дафъ мекунад, милки дандонро аз моддахои бегона пок ва онро мустахкам месозад.

Гиёхи хушки онро куфта гузошта банданд, кутури пуст ва хориши онро дафъ мекунад. Куфтаи гиёхи хушки онро бо оби тараш сиришта бимоланд ва ё онро як шабонаруз дар об тар карда, бо он об сар ва ришро бишуянд, ришки сар ва сабусаки онро дафъ месозад. Инчунин онро дар об чушонида, бо он об бардавом бишуянд, низ хамин таъсирро дорад. Табиб Ибни Мосавия гуфтааст, ки гиёхи тари онро куфта гузошта банданд, газидани занбурро даво мебошад.

Мизочи тухмаш дар гармиву сарди муътадил аст. Хаким Мухаммад ибни Ахмад ва Чолинус тухми инро аз кисмхои дигари гиёхаш кавитар донистаанд. Ба кавле истеъмоли шохитара аз дарун барои шуш зарар дорад ва давои ин зиёнаш косни хурдан аст.

Микдори як бор хурдан аз шохитараи тар дар як руз аз 10,5 то 17,5 грамм аст; аз оби гиёхи тараш аз 125 то 250 грамм аст, ки бояд бо обе, ки халилаи зард дар он тар карда шуда бошад ва бо шакар ширин сохта биёшоманд. Ва агар гиёхи хушки онро дар об чушонида, он обро нушидани бошанд, аз 17,5 то 35 граммашро дар об андозанд ва аз тухмаш то 17,5 грамм ошомидан раво мебошад. Агар шохитара ёфт нашавад, ба чойи ин баробари нисфи вазни он сано, баробари сеяки он халилаи зард истеъмол фармоянд, равост. Бояд шохитараро бо халилаи зард, ки ислохкунандаи зарари он аст, биёшоманд. Зеро шохитара ба танхои истеъмолаш ба сипурз зарар дорад ва халила инро ислох мекунад. Оби барги тару тозаи онро бояд соф нокарда истеъмол кунанд.

Инчунин кобед

ma

Марги Мухаммад (с)

Вакте, ки Азроил (а) барои гирифтани чони хазрати Мухаммад (с) меояд пайгамбар мегуяд каме сабр …