Главная / Гуногун / ШОХИДИ КАСБИ

ШОХИДИ КАСБИ

Руз рузи хуб – эха, хуб чи! – оличаноб буд – на тасфону на сард, балки атрогини нарму форам. Вале табъи муфаттиши чавон хира. Дар андомаш ифодаи ранчиш накш баста буд. Гуё касе уро сахт хакорат карда бошад. Наметавонист лахзаякеро бе фикру хаёл гузаронад. Чехраи чабрдида аз пеши назараш дур намерафт, аз хар тараф ба гушаш овози илтичодори кахромези вай мерасид:

– Ёбед, ёбед лаънатиро!

Вай ба парвардаи чиноии руи миз бо нафрат нигарист. Сипас онро гирифта, ба галадони миз хаво дод. Хамин парванда уро ба кучаи сарбаста андохт, ки ду хафта боз аз он баромада наметавонад.

Хамин дам дари кабинет гушхарош садо баровард. Ба кабинет зане сар халонд, ки сурати модиёнааш кам монда буд.

– Мумкин дароям?

Муфаттиш як лахза истоду чандон хафаву дилтангиашро пинхон надошта гуфт:

– Дароед.

– Ассалому алайкум, – зан ягон чилсола менамуд, бачуръат, нагмахои бетакаллуфонаи ба фурушандахои магоза хос дошт. – Шумо муфаттиш?

Муфаттиш хам ба салом, хам ба савол ибораи “писанд накард!”-ро аз дил гузаронду бо як каллачунбони чавоб дод.

Ин ба зан хуш наомад ва бедимог бо овози баланд пурсид:

– Чог зада будед?

– А?! – як кад парид муфаттиш. – Чи?! Чог…

– Э, бубахшед, ин конуни забон кабул шуду хамаро гаранг карда монд. Акнун на точикиро нагз медонему на русиро. Ман гуфтани будам, ки чег зада будед?

Муфаттиш лахзае ба афту андоми зан нигариста, баъд гуфт:

– Не, ман шуморо чег назадаам.

– Чи хел чог… э, мебахшед, чег назадед? – бо тунди гуфт зан ва ба руи миз назди у рузномаеро монд.

– Ин чист?

– Рузнома.

– Кур наям, – кадаре оташин шуда, гуфт муфаттиш, – чи лозим он ба ман?

– О, дар ин чо эълон додаед, ки касе шохиди вокеаи кучаи Шайтонраха бошад, ба фалон чо биёяд. Пурсида-пурсида, базур ёфтаму у мегуяд, ки чог… э, мебахшед, чег назадаам.

Чехраи муфаттиш кушода шуд. Чашмонаш дурахшиданд. Табъаш равшан гашт.

– Хаминро пештар гуед, намешуд, – аз хурсанди дар куртааш начунчида мехрубонона гуфт у. – Ман шохид гуед. Ку, ана, ба он курси нишинед.

Шохид «уф-ф» – гуён, нишасту утокро як аз назар гузаронд ва баъд писхандомез баланд гуфт:

– Ха, бад не!

Пасон тааччуби муфаттишро дида, табассумкунон илова намуд:

– Кахрат наояд, шумо муфаттишхо дар кабинетхои озода нишаста, чашм ба рохи шохидон, ба кори осон одат кардаед. Рост-дия, кахратон наояд. Лекин холо хеч кас шохид шудан намехохад. Одамон мугамбир шудаги, кор надоранд, ки об аз боло меояд ё аз поён. Лекин онхоро хам фахмидан мумкин. Охир, ба ин кор хам хунар даркор. Гузашта аз ин, имруз шохид шудан хатарнок аст. Ха, киммати чонро дорад. Рост-дия, кахратон наояд.

– Рост, – беихтиёр хандид муфаттиш: чавони газгушти руяш ялаккосии абрусиёхи хушбурут, ки дар тан костюми сафед дошт.

Зан суоломез ба руи у дида духт.

– Рост, – боз як бори дигар гуфт муфаттиш ва зуд парвандаро аз галадони миз берун кашид. Ва онро ба руи миз гузошта, хушхолона:

– Ху-у-уш! – гуён, онро кушод.

– Охо, парвандаи бехосият будааст-ку?! – гарданашро гоз барин дароз карду гуфт шохид.

Муфаттиш аз когаз чашм канда, ба у нигарист ва бо мароку хайрат пурсид:

– Чи хел бехосият?

– О, раками сенздах, – ба парвандаи чиноии руи миз ишора карда, чавоб дод шохид.

– Охо, чашмонатон тез-ку-а…

– Ха, ман укобчашм, – гуфт шохид аз шавк шукуфта. – Дар кухи Коф мурчая мебинам. Чи, бовар намекунед? Не, намекунед?!

– Боварам меояд, – ночор ризо шуд муфаттиш ва илова намуд: – Лекин раками сенздах, ин дар русхо…

– Э, холо хама як шудаги, – даст афшонд шохид. – Хатто фарки дусту душман намондааст. Хайр, бало ба пасашон. Иншоолло бо ёрии ман ин парвандаро кушода, сохиби боз як ситора мешавед.

– Боз чи хел ситора?

– Ситораи сари китф.

Муфаттиш ба у як нигохи тунд афканда, пурсид:

– Медонед-а? – ва чавоби уро интизор нашуда, афзуд: – Хакикат, хакикат ва танхо хакикатро бояд гуед.

– Медонам, чаро надонам, – бо як такаббури посух дод шохид. – Сад дар сад медонам. Медонам, ки бад-ин поя расидам-да.

– Ба кадом поя? – бо хайрат пурсид муфаттиш.

– Пояи шохиди касби, – бо ифтихор посух дод шохид. – Ха, ман шохиди атак-патак не, – ба сакф ишора намуда, баланд илова намуд: – Шохиди касби!

Саволи «шохиди касби чи бошад?» – мисли гурги гуруснае ба торхои асаби муфаттиш дандон мезаданд. «Пурсам, напурсам?» – гуён меандешид, ки шохид дахони халтаи гапро кушод.

– Апаат як бор ду бор шохид шудаги не, ки надонад. Панч панча барин медонам. Чун рузи равшан медонам. Ха, эха, апаат бо чунин пурсандахо ру ба ру нишаста, сухбат кардааст, ки шумо ба онхо дастобрез намешавед.

Ин сухани шохид ба иззати нафси муфаттиш сахт расид, дар чояш як чунбид. Дар дил «э, апа нашуда, мур» – гуён, ба у руй оварда, танбехомез гуфт:

– Аз мавзуъ дур наравед!

– Дур наравам? – аз чои нишасташ бархост шохид. – О, ман дар наздатон-ку. Ё наздиктар шинам-ми? Хайр, майлаш.

– Э, не, не, – бо харрос гуфт муфаттиш. – Чоятон чудо соз. Ха, соз.

– Соз, ки бошад, пурсед, – гашта ба чояш нишаст шохид ва афзуд: – Хакикат, хакикат ва боз хакикат…

Муфаттиш аз сергапии у асаби шуда, бо тунди нидо зад:

– Шуд!

– Шуд?! Чи хел шуд? – даступо хурд шохид. – Равам-ми?

– Не! Шинед!

– Не? Валлох шуморо фахмидан душвор. Яке шуд мегуед, яке не мегуед? Чи кор кунам?

– Ба саволхо кутох ва аник чавоб дихед!

– Шуд! Кутох ва конкрет…

– Вокеаро дидед?

– Дидам, чи хел набинам. Холо чи хеле ки шуморо мебинам, ана хамин хел дидам. Дидам, ки чи тавр одам ба одам ситамро раво дид. Бар чони чавонаш чавр кард. Эх, кош намедидам! Намедидаму намесухтам! Эх, кош хобе мебуд! Дарего, хобе набуд, хакикат буд! Э, бар падарашон лаънат!

– Бар падари ки? – бо хайрату газаб пурсид муфаттиш.

– Ронандахо-дия! Аз паси ин ронандахои бедарду холабегам одамони бегунох курбон, муфаттишхо сактаи дил…

– Э, нафаси хунук набароред. Ба тарафи рост… не чап туф кунед-е!

Шохид се бор ба тарафи дасти чапаш туф карда, боз ба сухан огозид:

– Хамон руз, ана хамин руз барин рузи хуб буд. Лекин ман гамгин, сари хам кадам мезадам. Майнаам орухона. Бар гарданам як бори гарон бор будаги барин вазн медод. Ба кучо мерафтам, намедонистам. Аз худ бехуд будам. Чува гуед? Бо акотон гапам гурехт. Ха, хеле хафту хашт кардем. Чува гуед? Саланг – саланг бекор мегардад. Боз болои сухта намакоб шабхо ба хона намеояд. О, акалан ба ман ахамият медод… Боз болои сухта намакоб гуед, ба фитнаи хамсоя, ки зери багалаш санге суи ман дошт, гуш додааст. Ана, баъд гуед, шубха мебарад. Шубхааш ба алам мекашад. Аламаш бар ситам бадал гашт. Дар куча рафта истода, аз Худои бахшояндаю мехрубон пузиш мехостам, ки чонаки уро бигирад…

– Аз мавзуъ дур наравед, – чигот андохт муфаттиш. – Гуфтам-ку: кутох ва аник!

– Ха, хуб муфаттишчон. Ха, зик мерафтам, ки як тараккос шуд. Хаёл кардам, ки ягон чоя кафонданд. О, холо таркондан мода шудаги-ку. Як кад паридам, хушёр шудам. Ба рости, тарсидам. Бинам зад…

– Чи зад?

– Шумо ба миёни сухан лагад назанед-дия, – норозиёна гуфт шохид. – О, гапама гум мекунам.

– Хуб, – гуфт муфаттиш, – давом дихед.

– Ха, ба кучо омада будам?.. Ха, зад. Мошин зад. Сахт зад. Э, не, дуруг гуфтам. Э, забонам дар гур. Мебахшед-дия. Бахшидед?.. Не, бахшидед?!

– Ха, бахшидам, бахшидам, – аз чояш хеста, назди тиреза рафт муфаттиш. – Давом дихед.

– Ха, хуб, – гуфт шохид. – Не, не, бачая назад. Велосипеда зад. Ха, велосипеда зад.

– Набошад, бачая, ки зад? – хайрон шуд муфаттиш.

– Мошин зад.

– О, холо гуфтед, ки мошин бачая не, велосипеда зад.

– Ха, рост. Сад фоиз рост. О, бача дар тори велосипед буд-да. Ха, мошин велосипеда зад, бача парид. Ха, ягон дах… не, не бист… не, бисти чи, биступанч метр парид. Ва пайкари бачаи бечора чун халтаи холи руи рох афтид. На биг гуфту на миг. Лахзае зехнам кунд шуду сарам гич. Намедонистам чи кор кунам. Як дил кардам, ки гурехта равам. Рост-дия, ба ман чи? Лекин вичдонам нагузошт. Тозон ба сараш рафтам. Сари муе намечунбид. Хамин лахза аз осмон афтид ё аз замин руид, муйсафеде пайдо шуд. «Оллоху акбар» – гуён, ба сурахони даромад. Бача чунбид. «Э, холо намурдааст, чон дорад» – гуфтам. Боз аз кучое як чавон пайдо гашт. Як мошин дошта, хостем уро зудтар ба табобатхона барем. Хи-хи-хи!…

– Чаро механдед?

– Охир, хамин дам ачоиб коре шуд. Хи-хи-хи! Чавон, ки кариб чонаш мебаромад, чашм кушоду «Сникерс», «Марс» гуфт. «Чи?» – нафахмида, пурсидам ман. «Кандома гун доред» – илтичоомез гуфт у. Бинем: руи рох пури «Сникерс»-у «Марс». Чавон аз афташ бизнесмени хурд будааст. Дар кафои велисопедаш як кутти канд доштааст, ки вакти мошин задан руи рох пош хурдаанд ширинворихо. «Э, ту канда мон, гами чоната хур» – гуфтам ба у. «Не, бе кандом мара балниса набарен» – нолид у. «Э, ин то кандоша дар огуш нагирад, чонаш намебарояд, аз афташ» – гуфт чавони ба ёри омада ва ба чидани кандхо огозид…

«Э, чогат хушк шавад» – дар дил гуфт муфаттиш ва пурсид:

– Яъне ки шумо вокеаро пурра дидед?

– Хо, хо, бо ана хамин ду чашми сарам дидам.

– Ачиб! – гуфт муфаттиш.

– Чи ачиб?

– Он ки чаро то имруз хапу дам шиштед?

– Чаро хапу дам шиштам?

Шохид даранге кард ва чашмонаш аз гояти ранчиш танг гардид ва ба руи муфаттиш чашм андохту бо садои баланд пурсид:

– Намедонед?

Муфаттиш бо гояти дилтанги садо зад:

– Донистан мехохам.

Шохид лахзае сукут варзид ва сипас дар холе ки дастонаш меларзиданд, лаб ба сухан боз кард:

 – Барои он, ки аз чонам сер нашудаам. Ха, холо зиндаги кардан мехохам. Охир, холо ман чавон, аз сад гулам яктояш нашкуфтааст. Мефахмед? Вакте ки чабрдидаро ба мошин андохтему мошин рафт, нафаси осуда кашида ба рох даромадам. Ногох сари рохамро як бурдангал гирифт.

– Бурдангал? Ин кист?

– Бурдангала намедонед? Яъне одами филмонанд.

– Фахмидам. Давом дихед.

Бурдангал мушташро нишон дода:

– Диди?! – гуфт.

Тез максади уро фахмидаму гуфтам:

– Не, не, на уштури сафедро дидам, на сиёхашро.

– Гуфти, мурди! – тахдид кард у ва гайб зад. – Фахмидед?

– Тарсидед? – пурсид муфаттиш.

– Э, вой-е, – нолид шохид. – Чи хел наметарси?!

– О, вай гург набуд, ки шуморо хурад. Ё дев набуд, ки шуморо ба пушти кухи Коф барад.

– Астагфирулло! Ман чи мегуям, шумо чи мегуед! Э, вай тану туш, сикаву сурата медидед, шояд тар мекардед…

– Чи-и-и?!

– Э… бубахшед… Чи хел ба шумо бузургии уро тасвир кунам… Ха, шумо дар пеши вай чумчук!

Ин сухани шохид ба иззати нафси муфаттиш сахт расиду нидо дод:

– Шуд!

– Боз шуд?!

– Не! Идома бидихед.

– Савол бидихед.

– Чи хел мошин буд?

– Майда.

– Майда? Чи хел майда?

– Мошини сабукрав.

– Рангаш?

– Рангаш сип-сиёх буд. Берахмии ронандаи хайвонро дида, дилам чун мошинаш барин сип-сиёх шуда, чашмонам сиёхи зад.

– Тамгааш?

– Чияш?

– Ана вай… намудаш?

– О, маркааш гуед-да. ГАЗ-24-10. Ха, ГАЗ-24-10. Ман хамаи мошинхоя медонам. Кадомаша нишон дихед, гирри карда, тамгаша мегуям. Шиносхоям хайрон мешаванд, ки чи хел хамаи ина медонам. Маро «мошиншинос» мегуянд.

Муфаттиш сигарет даргиронд.

– Нагз не, ха, нагз не, – бини инч кард шохид.

– Чи нагз не?

– Дар хузури зан напурсида, сигарет дуд додан.

Муфаттиш, албатта, дами шохидро нахурд. Раги муфаттишиаш таранг шуду гуфт:

– Ин чо коргохи ман аст. Чи коре, ки кунам, аз шумо намепурсам.

– Хуб, гап нест.

– Ракамашро надидед? – сигаретро бо нуги забон хеле мохирона аз ин кунч ба он кунчи лаб бурда, пурсид муфаттиш.

– Раками чиро?

– Раками мошинро.

– Дидам, чи хел набинам. Бинам, ки заду гурехт, номард. Ман хам анои не. Ха, гирри ба кунаш нигох кардам. Дур рафта бошад хам, дидам. Чашмам тез-да. Ха, гуфтам-ку, мурчая дар кухи Коф мебинам…

Токати муфаттиш ток шуд ва сахту баланд гуфт:

– О, чашмам сиёхи зад, гуфтед-ку!

– Рост, сиёхи зад, – рози шуд шохид. – Аввал сиёхи заду баъд тез равшан шуд.

«Кош намешуд» – гуфт дар дил муфаттиш ва ба «ту» гузашта, дуг зад:

– Сафсата нагу, ба саволхо фахмо чавоб дех. Фахмо?!

– Фахмо, – гуфт шохид, – гап нест.

– Раками мошинро диди?

– Ха, дидам, – бо бовари гуфт шохид. – Чунон ки холо шуморо мебинам.

– Чанд?!

– Чи «чанд»?

– Ракамаш?! – гарданбандашро суст кард муфаттиш.

– Ха, ракамаш, – лаб инч кард шохид ва баъд бо чиддият гуфт: – Бисту яку дах!

Муфаттиш охи бадард кашид, дар пешонаи хамвораш чинхо пайдо шуда, ба хамдигар печиданд. Дуди сигарет дар болои сараш «лангар» партофта буд.

– Ракамаш?!

– Бисту яку дах!

Ин дам муфаттишро хун чушиду:

– Уй! – гуён, каламро партофта, аз чояш бархост. Ин су-он су чанд кадам заду боз ба чояш нишаст.

– Уй! Точикия мефахми ё не?!

– Мефахмам.

– Ман тамгаашро не, ракамашро мепурсам. Фахмиди? Ра-ка-маш?!

– О, гуфтам-ку?! Бисту яку дах!

– Уф-ф… – гарданбандашро сусттар кард муфаттиш. Баъд бо кахр даст афшонда, пасмондаи сигаретро ба хокистардон зер карду барои сигарети дигар гирифтан даст ба киса бурд. Куттии сигаретро бароварда, руи миз хаво дод.

– Ман тамга не, ракамашро мепурсам. Хо-о, дар пешу акибаш чоркунча хаст-ку!

– О, ман хам ракамашро мегуям: бисту яку дах. Ха, боз аз пешу акиб харфхо хам дошт… Ха, “П” ва “ДБ”. Ха, мегуянд, ки раками «П» – яъне шофёр пиёниска. Хамин гап рост-ми?

Муфаттиш хастахолона ох кашид. Вокиан хам у хаста шуда буд. Вай ба миз дида духта, охиста гуфт:

– Ба ту чавоб.

– Чи?

– Бирав.

– Кучо?

Муфаттиш бо чехраи гирифта ба у нигарист.

– Хар чо ки хохи бирав. Ту озод.

Шохид рост ба чашми у нигарист.

– Яъне, ки пурсиш тамом?

Муфаттиш ба миз нигарист.

– Ха, тамом.

Шохид хурсандона «аха» гуфту аз чояш хест. Лекин нарафт. Чашм ба муфаттиш рост меистод. Муфаттиш ба у эътибор намедод. Ба андеша гарк буд. Шохид як сулфаи сохта кард. Муфаттиш сар бардошт. Хайрон ба руи шохид нигарист. Чашмони шохид ким-чиро интизор буданд. Муфаттиш нафахмид, ки чиро. Вале напурсид.

– Гуфтам-ку: ту озод, – гуфт ба у. – Бирав.

Шохид бо дили нохохам охиста тоб хурд. Тарафи дар рафт. Рафтанаш он кадар дилпурона набуд, чи хеле ки омаданаш буд. Назди остона истод. Ба кафо гашт. Муфаттиш сар бардошт. Ва бо диккат ба шохид нигох кард. Шохид саволомез ба муфаттиш нигарист. Лахзае чашмаки ман – чашмаки ту карданд. Сипас шохид хушомадомез бо табассуми малех дида ба руи мизи у духт. Муфаттиш базур табассум намуда:

– Чавоб, чавоб, рав, – гуфт.

– Намедихед? – бо хамон чехраи табассумомез пурсид шохид.

– Чи?

– Пул.

– Пул? – назари хайратомез ба шохид духт у. – Чи хел пул?

– О…

– Чи “о”?

– О, хар бор пас аз саволу чавоб ба ман пул медоданд.

– Аъ?! Наход?.. – ба мисли кудаке, ки дар болои гунох ба даст афтидааст, лолу хайрон пушти сар хорид муфаттиш.

Ва ногох майнааш рушан шуда, маънои «шохиди касби»-ро фахмид.

– Рост?! – тааччубомез овард муфаттиш. Ва аз чояш хесту садо кард:

– Сержант! Хо, сержант!

– Лаббай, рафик лейтенант!

– Мехмон… шохидро гуселонед! Чаккон!

Шохид бесариштаву бесаранчом гашт.

– Лозим не, ман худам роха медонам, – гуфт ва саросема аз коргох баромад. Дар рохрав таги дилаш як дашном дод.

– Лаънати ду соат вактама хурд?! – бо овози баланду хашмгинона гуфт у ва дархол аз гояти оташини худ ба худ гап заданашро пай бурда, саросема ба атроф нигарист. Не, касе наменамуд.

Муфаттиши чавон худро боз дар хамон кучаи сарбаста дид!

 27 марти соли 1998

 13 феврали соли 1999

Инчунин кобед

кумитаи андози Точикистон

Кумитаи андози назди Хукумати Чумхурии Точикистон

Кумитаи андози назди Хукумати Чумхурии Точикистон (минбаъд – КА). Асоси Фаъолият – тибки Карори Хукумати …