Главная / Гуногун / ШИТОБ СУИ МАРГ

ШИТОБ СУИ МАРГ

Чун фарёди ягона хуруси махалла, ки дар ошёнаи нухуми бинои ру ба ру мезист, аз фарорасии марги шаб дарак дод, бобои Сафар бо тарс аз болин сар бардошт.

«– Ох! Дар хоб мондам!» – хитоб кард дар дил у ва чанд лахза руи чогах гаранг нишаст. Сипас бо шитоб берун баромада, лаби нахр рафт. Хоби дидаашро ба оби равон бозгуфта орзу кард, ки окибаташ нек шавад. Баъд дасту ру шуст, тахорат кард. Ба хона баргашта, чойнамоз густурд, намози бомдодро хонд. Пас аз адои намоз розу ниёзашро ба Худо арз карду аз чо бархост. Ва назди тиреза рафта, ба берун нигарист.

Рузи

бе хуршед,

сарду тира,

губору гуссабор

тавлид ёфта буд.

Дар хавли ороми хукм меронд. Чунон оромие ки хатто дар дили бобои Сафар ташвише ру зад. Ва у «окибаташ ба хайр шавад» – гуён аз берун чашм канда, кафо гашт. Дар ин субхи тираву сард у намедонист, ки «ман дар чи хаёламу фалак дар чи хаёл». Лахзае нагузашта, масъала ранги дигар гирифт.

Ногох овози холаи Сокина баромад ва оромии рузи истирохат дар як он ба ким-кучое гайб зад. Вай гиряи талху дилхарош карда, ким-кихоро дуои бад мекард. Хуш аз сари бобои Сафар парид. То хол ягон бор овози уро нашунида буд. То хол вай ба хама мехрубон, суханони гарму нарм мегуфт, аз забонаш канду асал мерехт. Сухани бад, чангу чанчолро намедонист. Гапи сахташ: «Ай хонат ободе!» буд. Холо оху фигони холаи Сокина ба осмон дакка мезад.

– Ба у чи шуда бошад? – баланд аз худ пурсид бобои Сафар ва хаёлоти у дар як он ба кучохое дакка нахурд. – Наход ки шавхараш…

Дилаш хала зад. Кафаси синаашро дошта истод. Дилаш даме сузиш кард. Сипас бо маром кори худро давом дод. Саросема либос пушид. Аз хона баромада, назди лифт омад. Он кор намекард. Ба поён шитофт, то аз асли вокеа вокиф гардад. Дар майдончаи ошёнаи сеюм се зан баланд-баланд гап мезаданд.

– Тавба, пириву хартози хамин бошад? – мегуфт зани кадпасти гафсе.

– Ха, пояш ба лаби гур расида акнун «тую тамошо» медихад, – гуфт дигари, ки аз зани аввала ками надошт.

Бобои Сафар истод. Нафас рост кард.

– Нахандед! – кавокашро овезон карда, дуг зад бобои Сафар. – Хар зогеро догест!

Дар як дам хамсояхо-занону мардону кудакони бисёре дар сахни хавли чамъ омаданд. Галогула, шуру магал, туфаланг. Кудаке чирос зада, гирист. Холаи Сокина «Э, вой хонаам дар пуштум шуд-е!» – гуён, мегиристу худро хар су мезад. Ба суолхои касе посух намедод. Аз чашмонаш катрахои шашкатор шорида, дили хамагонро пора мекард. Аз оху вох сухт у. Халкаш кок, базур-базур нафас мекашид. Дар ин асно бобои Сафар расида омад.

– Э, бас кунед-е! Кани, яктараф истед! – гуфт у. – О, каме хаво расад.

Ва у дар ру ба руи холаи Сокина диккак нишаст.

– Ха, чи шуд, хохар? – бо дилсузи пурсид у.

– Вой, хонем! – гуён, холаи Сокина кафхояшро бо хам зад. Ва чашмонаш пушида шуданду калавида, ба замин афтод. Аз хуш рафт.

Яке бо хаячон пурсид:

– Наход ки мурда бошад?!

Бобои Сафар чавоб нагуфт, ин су-он су чашм давонд. Пас хитоб намуд:

– Мавчи, гуш кун, нафас мекашад!

Мавчи гуш ба руи синаи холаи Сокина гузошт. Лахзае гуш дод. Ва сар бардошту хурсандона нидо кард:

– Зинда! Дилаш мезанад!

– Об! Об биёред! – дод зад бобои Сафар.

Яке тапар-тупур давида рафт. Хама дар банди изтироб. Бо тахайюр ба холаи Сокина дида духта буданд. Ногох аз гушае Гурези майзада дарди чашм барин пайдо шуд. Ширакайф буд у. Болидарух, бо лабони пурханда хушу сармаст рох мепаймуд. Парвои оламу одам надошт.

– Аз субх кайфаш таранг! – бо нафрат гуфт касе.

Гурез наздик омада истод.

– Иъ-е… Чи гап? – суол дод у, ки аз нихояти хумор чашмонаш чун чашми хурус танг шуда буданд.

Касе ба у чавоб надод. Нигохаш дар як нукта карор надошт. Окибат нигохаш ба холаи Сокина карор гирифт. Дахонашро инч карда, хандиду бо ангушташ нишон дода, ба гап даромад:

– Иъ-е… Бевая кайфаш таранг-ку… Зур-ку… Ништяк-ку…

– Бас! – дод зад як чавон ба сари Гурез. – Маст шуда боши, рав, хоб кун!

Гурез чашмони хуморию бетаваччух ва нигохи сарду берангашро ба чавон нигаронда гуфт:

– Ман… маст? Хо-о-об равам?.. Э, ман… онаи зори тура… нишон медихам…

– Дафъ шав ночинс! – боз дод зад чавон ва дастонашро мушт карда, ба Гурез хамла кард. Гурез «э… эъ…» – гуён, акибноки гурехт.

Об оварданд. Бобои Сафар ба руи холаи Сокина як панча об зад. Ягон раги холаи Сокина начунбид. Нишонае зохир накард. Холо хам бедаму дуд буд. Бобои Сафар боз ба руяш як панча об зад. Сипас паси гардану пушти гушашро каме молиш дод. Хамаи ин кушишхо натичае надод. Бобои Сафар асабию саросема шуда, чи кор карданашро надониста, ба чор су нигарист. Дар ин асно зани харобае, ки сару либоси камбагалона дошт, бо шишачаи спирти навшодир расида омад. Шишачаро кушода, пахтаеро тар карду ба назди бинии холаи Сокина бурд.

– Хозир парида мехезад, – мамнунона гуфт зан.

Холаи Сокина чунбид. Як нолиш карду чашм кушод. Охиста сар бардошт. Хуш дар сар надошт. Бобои Сафар уро беозор бардошта шинонд. Мондаги обро хост ба у нушонад.

– Не, ана инро нушонед, – гуфт зани миёнсоле ва ба бобои Сафар пиёлаи пур аз моеи тирарангеро дароз кард.

Бобои Сафар пиёларо гирифта:

– Ин чи? – пурсид.

– Киёми гиёхи шифобахши кухи, – бо ифтихор чавоб дод зан.

Бобои Сафар киёмро ба холаи Сокина нушонд. Киём мисли оби зулоли чуйбор сард ва бомазза буд. Холаи Сокина онро бо як нафас нушид.

– Ох, ташаккур!..

– Боз биёрам? – пурсид зан. – Дар хона хаст.

– Не, не, ташаккур, – гуфт холаи Сокина.

Сипас охи пурсуз кашид ва боз оби дидагонаш бари руяш шорид.

Вай гирист.

Аз бедодии замон, бемехри, сарддили, беинсофи, макру фиреб, хиллаву сехр, шурии кисмат, зиндагии номард гирист.

Талх гирист.

Бо алам, бо дард гирист.

– Чи шуд? Чи гап? – дилсузона пурсид бобои Сафар.

– «Сайд» – и «сайёдон» шудам, – дасти маломат ба зону заду нолид холаи Сокина.

– Сайд? – бо хайрат ба руи холаи Сокина зехн монд бобои Сафар. – Сайёдонаш ки?

– Ки мешуд, «гурезахо»-и ночавонмард, – посух дод холаи Сокина ва бо таассуф илова намуд: – Кош онхоро рох намедодам.

– Вах, рум сиёх! Рост меги?

– Ба шумо дуруг, ба Худои таъоло рост.

– Хоната руфта, бурданд?

– Пок покиза, – бо таассуф гуфт холаи Сокина.

– Ха, якта – нимта палидхое ёфт мешаванд, худро «гуреза» нишон дода, ба корхои нохалафона даст мезананд.

Бобои Сафар гиребонашро гирифта, тавба кард ва ох аз чигар баровард, оби дидагонашро бо руймолак тоза намуд.

Холаи Сокина бо сузу бо алам вокеаро кисса кард.

 

*       *       *

 

Холаи Сокина аз кор баргашта, тагйири либос накарда, хурок пухту ба беморхона рафт. Шавхарашро хабар гирифта омад. Шом шуда буд. Ба хона даромада, тагйири либос карда, дасту руй шуст. Дастурхон кушод, вале аз гулуяш чизе нагузашт. Ба андеша рафт. Так-таки дар уро як кад паронд. Сар бардошту суи дар нигарист. Так-так такрор шуд.

«– Рустамчон будагист, – дар дил гуфт у. – Вай хеч гох тугмаи зангро пахш намекунад».

– Хозир, хозир, – овоз баровард у ва рафта, дарро кушод.

Дар остона ду зану як бача меистод. Сарлучу пойлуч. Гирён. Хунук хурда буданд, чун барги бед меларзиданд.

– Ки шумо? Чи лозим?

Оне, ки ба сол хеле калон метофт, ба гап даромад.

– Оташи чонгудози чанг бехонумонамон кард. Бе касу ку монда, ру чониби шахр оварда, бегохи ба ин чо расидем. Ду мард аз пасамон шуд. Чи кунем? Кучо равем? Пушту панохе надорем. Мачбур ба хамин чо даромадем.

Хикояти хузнангез ва овози аз шикастадили лабрези зан холаи Сокинаро моту мабхут гардонд.

Зан боз ба гап даромад.

– Илтичо мекунам, курбони сари бачахот. Дорам надорам, дар ин дунё хамин як хохару як бача дорам. Дигар мондаги зурётама куштанд. Кир карданд. Хама буду шудам хамин хохару хамин бачам. Тахтам, бахтам, сари сахтам хаминхо. Садкаи хар як тори муятон шавам. Як шаб рох дихед, ки шабамона руз кунем. Он тарафаш Худо подшох. Боз ягон савобчу ёфт мешудагист, ки ёри расонад.

Холаи Сокина ба риккат омада, чи гуфтанашро намедонист.

– Хаво гарм мешуд, дар куча хам хоб мекардем, – гириста, мегуфт зан.

Бача гиря мекард.

Зани ёштар хам гиря мекард.

Оби чашмашон шаш катор.

Холашон зор.

– Шумо хам модар хастед, – оби чашмонашро пок кардаву бини кашида гуфт зан, – бояд маро бифахмед.

Дили холаи Сокина сухт, бирён шуд. Беихтиёр оби чашмонаш равон гашт.

– Хонаи чангчу бисузад, – бо овози ларзон гуфт у ва гурезахоро ба хона рох дод.

Об гарм карда, ваннаро тайёр намуд.

– Мархамат, оббози кунед, мондагиатон мебарояд, – гуфт у.

– Не, не, лозим не, – рад намуд зан. – Мо ба чангу хок одат кардаги.

– Ха, мо гандахоро бало намезанад, – гуфт зани ёштар.

Вале холаи Сокина ба чону холашон намонда, онхоро ба оббози рози кард.

– Хазор рахмат! – гуфт зан, ки нав аз ванна баромада, муйхои тарашро хушк мекард. – Гуё нав аз модар таваллуд шудам. – Дар се – чор соли охир бори аввал оби гармро дидам.

Холаи Сокина гурезахоро ба сари дастархон шинонда, нону намак дод.

Занак гириста – гириста, наклхое кард, ки холаи Сокина ба дахшат афтод.

– Ё тавба! – гиребон гирифт у ва онхоро дилбардори карда гуфт:

– Худо хохад, хамааш хуб мешавад.

– Ха, гапатон рост, – гуфт зан. – Зеро шумо барин одамони нек бисёранд. Садкаи хар як тори муятон шавам!

Баъд ба холаи Сокина як пиёла чой дод. Холаи Сокина хамон пиёлаи чойро нушиданаша ёд дораду халос.

 

*       *       *

 

– Доруи хоб додаанд, палидхо! – нидо кард касе.

– Надонам, – гуфт холаи Сокина. – Як замон бедор шавам, ки руз шудааст. Сарам вазнин. Аз чой хестам. Чанд кадам мондам. Аммо сарам гирд гашт, чашмонам сиёи зад. Ба руи замин афтидам. Базур хеста, дасту руямро шустам. Каме ба худ омадам. Бинам, аз «гурезахо» на пай хасту на хайдар. Хонаам хам хоп-холи. Ёфтаву тофтаро пок-покиза руфта бурдаанд. Хонахо пас аз кофтуков намуди хузнангезе гирифта буданд.

Холаи Сокина лаб фуру баст. Хомушии гароне ба вукуъ пайваст. Хомушие ба миён омад, ки шаввоси оби чуй, садохои мургон шунида мешуданд. Хазон мерехт. Боди сабо онхоро аз чое ба чое мекучонд.

– Ё тавба! – гиребон гирифта, пичиррос зад бобои Сафар. – Наход аз газаби Худо натарсанд?!

Ин пичирроси у гуё яхи забони хамаро об кард. Бо кахру газаб, нафрату адоват ашхосеро, ки аз фочиаи ба сари миллат омада, фоида меситонанд, дашном медоданд, нафрин мекарданд, лаънат мехонданд.

– Ух, своличхо!

– Ах, разилхо!

– Ночинсхо!

– Нокасхо!

– Палидхо!

Хама якбора бо нигохи саволомез ба бобои Сафар нигаристанд. Вай бошад, гуё махз хаминро интизор буд, ки ду даст суи само ба дуо бардошт.

Хама бахри дуо даст бардоштанд.

Бобои Сафар нидо кард:

– Эй худо! Мо аз ту адл, хак металабем! Пулу моли Сокинаи паршикастаро дар танашон захр бигардон! Омин!

Хама: «Омин!” – гуфтанд ва даст ба руй кашиданд.

Ва боз садохои норозиёна баланд шуданд. Ва боз бо кахру газаб, нафрату адоват ашхосеро, ки аз фочиаи ба сари миллат омада, фоида меситонанд, дашном медоданд, нафрин мекарданд, лаънат мехонданд.

Ин чамъомади сергалогула ба гирдихамойии фавкулода монанд буд. Тафовут факат дар он буд, ки дар гирдихамойи агар як кас гап зада, дигарон гуш кунанд, дар ин чо хама гап мезаданду як кас – холаи Сокина гуш мекард.

Ногох касе аз акиб бо овози баланд дод зад:

– Ин чи бетартиби!

Хама ба акиб гашта, марди паканаи шикамкалонеро диданд. Мард ношинос буд.

– Чаро гирдихамойи?! Чи мехохед?! Ха?!

Овозаш дагал, хирри.

– Ин гирдихамойи не, – ба пеш баромада, гуфт бобои Сафар.

– Пас ин чист?!

Бобои Сафар ру ба руи у меистод. Мард фарбех буд ва хаш-хаш нафас мекашид. Ва кахру газаб аз чашмонаш мерехт. Бобои Сафар бо як навъ тарси хайратомез ба марди ношинос чашм духт. Чамоат низ хайрон буд.

– Бубахшед, шумо кистед? – пурсид бобои Сафар.

– Худи ту кисти?!

– Ман?.. Ман нафакахур, ана, дар хамин бино зиндаги мекунам.

– Дар хамин бино, ки зиндаги куни, чаро маро намешиноси?!

– Бори аввал мебинам шуморо, – гуфт бобои Сафар.

– Чи, ту милисаи махалларо намешиноси?!

– Шумо милисаи махаллаи мо? – бо тааччуб пурсид бобои Сафар.

– Ха!

Бобои Сафар хурсанд шуд ва вокиаро мухтасар накл намуда, аз у хохиш кард, ки хар чи зудтар чора бинад.

– Айби худаш. Ки гуфт, ки одамони шубханокро ба хонааш рох дихад. Пароканда шавед! Ба номи нохия дог наоред!

– Парвандаи чинояти намекушоед? – охиста пурсид бобои Сафар.

– Чи, чи?! Дигар кор надорем, ки ба хар як майда – чуйда парвандаи чинояти мекушоем. Чунин дуздонро доштан – бодро дар дашт доштан аст. Нишондихандахои нохия вайрон мешавад, номаш ба руйихати сиёх меафтад.

– Астагфуруллох!

Одамон магал бардоштанд.

– Бас! – дод зад милиса. – Девонаги накунед!

Одамон таккон хурданд

– Ташаббускори ин хама бетартиби ту будагисти?! – ба сари бобои Сафар дуг зад сохиби конун.

Бобои Сафар таккон хурд. Чун муи ба оташ афтода дар худ печиду садое набаровард.

– Ку, пеш даро! – боз ба сари у дуг зад милиса.

– Ба кучо?

– Гапа бисёр накун! – бо тунди гуфт милиса. – Баъд мефахми!

Сипас ба одамон гуфт:

– Пароканда шавед!

Дар чехраи мардум осори хайрат, тарсу бим хувайдо гашт. Нафасхо дар сина хабс шуда, сукути сангине фазоро фаро гирифт.

Хазон мерехт. Боди сабо онхоро аз чое ба чое мекучонд.

Рузи

бе хуршед,

сарду тира,

губору гуссабор

шитоб дошт.

Шитоб суи марг!

25 октябри соли 1992

23 апрели соли 1995

Инчунин кобед

кумитаи андози Точикистон

Кумитаи андози назди Хукумати Чумхурии Точикистон

Кумитаи андози назди Хукумати Чумхурии Точикистон (минбаъд – КА). Асоси Фаъолият – тибки Карори Хукумати …