Главная / Гуногун / СИСТЕМАИ ОПЕРАТСИОНИИ MS DOS

СИСТЕМАИ ОПЕРАТСИОНИИ MS DOS

Маълумотхои умуми. MS DOS абревиатураи калимахои англисии Micкosoft Disk Opeкating System буда, ба забони точики – системаи оператсионии дискии Майкрософт тарчума карда мешавад. Аввалин версияи ин система соли 1981 аз тарафи фирмаи амрикоии Майкрософт сохта шудааст, ки он барои идора кардани компютерхои IBM PC пешбини карда шуда буд.

Дар аксарият компютерхое, ки солхои охир истехсол карда шудаанд, версияи 6.22-юми системаи MS DOS истифода бурда мешавад. Ин версия соли 1994 сохта шуда, дар он якумин маротиба истифодабарии харфхои алифбои руси пешбини карда шудааст. Дар таркиби системаи Windows 95 хамчун зерсистема версияи 7.0-уми системаи MS DOS истифода бурда мешавад, ки он соли 1995 сохта шудааст.

ms-dos

Тавре ки мо медонем, СО бо огози кори компютер кори худро сар мекунад ва барои чобачогузории информатсия дар диск, ташкили диалоги байни одаму МЭХ, ба кор даровардани дигар программахо ва идоракунии кори онхо пешбини карда шудааст. MS DOS барои IBM PC СО аз хама кухнатарин ба хисоб меравад ва аслан ин система бо ин компютер дар як вакт сохта шудааст. Дар катори MS DOS, дар бозори таъминоти программави, хамчунин системахои оператсионии фирмахои дигар низ пешкаши компютерхои IBM PC гардидаанд. Масалан, PC DOS – модели фирмаи IBM, DR DOS – фирмаи Digital Research (холо Nowell DOS – фирмаи Novell) ва гайрахо аз кабили чунин СО ба хисоб мераванд, ки аз MS DOS кам фарк доранд.

Хангоми дар идоракунии кори компютер истифодабарии СО MS DOS, бояд командахои матнии ба забони англиси навишташуда аз клавиатура дохил карда шаванд. Истифодабарандаи компютер ин командахоро бояд ё аз ёд донад ва ё онхоро аз маълумотномахо истифода бурда тавонад. Албатта чунин тарзи кор душвор ва хеле нокулай аст. Бинобар барои осонии кор бо MS DOS одатан аз кабати програмавии Norton Commander(Нортон Коман-дер) истифода мебаранд. Бисёрихо бар он акидаанд, ки ба чои MS DOS якбора омузишро аз Norton Commanderсар кунанд. Аммо на бояд фаромуш кард, ки Norton Commander танхо яке аз программахои хидмати барои MS

DOS аст ва хамаи функсияхои он дар асоси функсияхои ин СО сохта шудаанд. Тасаввур кунед, ки дар компютери шумо кабати программавии Norton Commanderумуман нест ё бо ягон сабабе, масалан, бо таъсири вирусхо, аз кор баромада аст. Агар шумо дар ин маврид командахои MS DOS-ро надонед, пас хулоса бароред, ки ин охирин кори  устакилонаи шумо дар компютер аст. Бе донистани командахои DOS шумо на Noкton Commander-ро ба компютератон гузошта метавонеду на онро ба кор омода сохтан. Барои бовирусхои компютери мубориза бурдан, бозихои компютериро танзим намудан, программахои хачман калонро хурд намуда аз як компютер ба дигар компютер кучонидан ва гайра, донистани командахои MS DOS хатмист.

Албатта, шумо гуфта метавонед, ки компютерхои хозиразамон дар асоси CO Windows кор мекунанд-ку? Пас омузиши MS DOS чи зарурат дорад? Вале хамин ки дар кори компютератон проблемае пайдо шуд, он гох ба хуби дарк менамоед, ки донистани MS DOS чи кадар ба шумо кумак расонидааст.

Хамин тарик, омузиши командахои аз хама асосии MS DOS ба шумо имконият медихад, ки хангоми истифодабарии IBM PC аз вазъиятхои душвортарин бароед ва хатто ба чунин вазъиятхо рох хам надихед. MS DOS ба шумо тарзи танзимкунии компютерро омухта, сатхи дониши компютериатонро ба сатхи истифодабарандаи касби наздик мегардонад.

Саволхо:

  1. Мафхуми MS DOS-ро чи хел мефахмед?
  2. Дар компютерхои IBM PC ба гайр аз системаи оператсионии MS DOS боз кадом системахоро истифода мебаранд?
  3. Командахои MS DOS-ро дар халли кадом масъалахо истифода мебаранд?

Супориш:

  1. Матни мавзуъро бодиккат хонед ва онро накл кунед.

Инчунин кобед

кумитаи андози Точикистон

Кумитаи андози назди Хукумати Чумхурии Точикистон

Кумитаи андози назди Хукумати Чумхурии Точикистон (минбаъд – КА). Асоси Фаъолият – тибки Карори Хукумати …