Главная / Гуногун / СИСТЕМАИ ОФТОБИИ САЙЁРА

СИСТЕМАИ ОФТОБИИ САЙЁРА

Шом. Офтоб паси уфук поён омадааст. Каме торик аст. Вале осмон хамоно рушан буда, ранги гулобию кабуд дорад.

Аз хама аввал дар тарафи болоии чапи Офтоб ситорачаи нукрагин ноаён рушан шудааст. Бо мурури вакт вай боз хам рушантар дурахшид. Дигар ситорахо то хол пайдо нашуда буданд. Ин як худаш рушан туда, хатто милт-милт намекунад.

Ниматорики фаро расида, ситора ба таври хиракунанда рушан мегардад. Вай охиста, гуё ки аз акиб мондан аз Офтоб, ки паси уфук меравад, тарсида, ба поён мефарояд.

Фаро расидани торики дар осмон хазорхо ситорахо медурахшанд, вале ситораи дустдоштаи мо паси уфук пинхон мешавад. Рузи дигар шомгахон вай дубора медурахшад. Хамин тавр моххо мегузаранд. Бо гузашти вакт ин ситора ба назар хуб намоён нашуда, баъдан тамоман нопайдо мегардад. Пас аз он ки муддате чанд мегузарад, вай дубора дар осмон дар шуъохои барвакти сахари шуруъ ба дурахшидан мекунад.

Вай шуруъ ба боло рафтан карда, гуё рохро танхо ба Офтоби болораванда нишон медихад. Харчанд хама ситорахо барвакт аз байн рафтаанд, вай хамоно аз рушнои кардан бознамеистад. Вай вакте аз байн меравад, ки агар Офтоб баланд мебарояд.

Ин ситораи зебои нукрагин чиро нишон медихад?

Чаро вай аз дигар ситорахо рушантар аст? Чаро вай дар осмон гохо пеши Офтоб ва гохо аз паси Офтоб харакат мекунад?

Хазорхо одамон мафтуни он туда, онро Ситораи шомгохи ва ё Ситораи бомдоди меноманд.

Одамони даврони кадим онро Нохид ва киргизхо Чолпон меномиданд.

Нохид чист?

Нохид ин ситора нест. Нохид яке аз сайёрахо аст.

«Планета» вожаи юнони буда, маънояш «ноустувор, парешон» мебошад.

Панч адад сайёрахо- «ситорахои парешон»-ро одамон бо чашмони одии худ дидаанд. Инхо: Уториди (Тир), Нохид (Зухра), Миррих, Муштари, Зухал мебошанд. Онхоро тавассути телескоп дидан осонтар аст. Сайёрахое, ки бо чашми одй дидан номумкин аст: Уран (соли 1781 кашф шудааст), Нептун (соли 1846 кашф шудааст), Плутон (соли 1930 кашф шудааст).

Дар байни онко хамчунин сайёрае хаст, ки мо дар он зиндагй мекунем. Ин Замин аст. Худи сайёрахо рушнои намедиханд. Ба назар чунин мерасад, ки онхо танхо ба он хотир медурахшанд, ки рушноии офтобро инъикос мекунанд.

Акнун мебинем, ки сайёрахо чй тавр харакат мекунанд . Хамаи онхо дар гирди Офтоб давр мезананд. Аз дур чунин ба назар мерасад, ки онхо гуё хеле суст харакат мекунанд.

planeta

Хатто метавон фикр кард, ки онхо бе харакат истодаанд. Хар сол ин сайёрахо кадом рохро тай мекунанд?

Азбаски сайёраи Уторид «чусту чолок» аст, вай метавонад хар як сол чахор маротиба дар гирди Офтоб давр занад.

Сайёраи Нохид (Чолпон) дар гирди Офтоб ду маротиба давр мезанад. Сайёраи Замин як маротиба давр мезанад. Миррихи «танбал» танхо ними гирди Офтобро давр мезанад. Дигар сайёрахо бошанд, боз хам камтар. Масалан, Плутон дар гирди Офтоб дар 250 соли мо як маротиба давр мезанад.

Ягон сайёра харгиз бо дигараш барнамехурад. Дар кайхон хар яке аз онхо рохи худро, мехвари худро ва мадори худро доро мебошад. Хамаи онхо ба Офтоб чазб мешаванд. Онхо мисли оилаи бузург мебошанд. Дар ин оила хамеша низоми намунавй пойдор аст. Офтоб

Дар системаи офтобй сайёрахои кучак, ки байни мадорхои Миррих ва Муштарй харакат мекунанд, мавчуд мебошанд ва онро астероидхо меноманд. Инхо чисмхои начандон калони осмони мебошанд. Аз хама бузургтарини онхо: Тсерера дорой кутри наздик ба 1000 километр, Паллада и Веста, ки кутрашон наздик ба 540 кило­метр мебошанд.

Инчунин кобед

кумитаи андози Точикистон

Кумитаи андози назди Хукумати Чумхурии Точикистон

Кумитаи андози назди Хукумати Чумхурии Точикистон (минбаъд – КА). Асоси Фаъолият – тибки Карори Хукумати …