Главная / Гуногун / СИСТЕМАИ ФАЙЛИИ MS DOS

СИСТЕМАИ ФАЙЛИИ MS DOS

Файлхо. Информатсия дар дискхои магнити, оптики, компактдискхо ва дигар барандагон дар шакли файлхо (Files) нигох дошта мешавад. Файл як кисми сатхи диск мебошад, ки ба он номи муайяне дода шудааст ва дар он ягон микдор информатсия нигох дошта мешавад (Расми 4).

Дар файлхо намудхои гуногуни информатсия, аз кабили матни программахо, матни хуччатхо, графику расмхо, мусики ва гайрахо махфузанд. Аз хамин сабаб хам, файлхо ба гайр аз номи асосиашон боз номи иловаги доранд.

Кисми асосии номи файл аз кисми иловагии он бо аломати нукта чудо карда мешавад. Кисми иловагии номи файл дар бораи намуди информатсияи дар файл махфузбуда маълумот медихад.

Номхои асоси ва иловагии файл бо ёрии харфхои хурд ё калони алифбои лотини, ракамхо ва аломатхои зерин сохта мешаванд:

Номи асосии файл бояд аз 8 аломат ва номи иловагии он аз 3 аломат зиёд надошта бошад.

МИСОЛ:

Баъзе номхои иловагии файлхо хамчун стандарти чахони кабул шудаанд:

Агар номи иловагии файл .TXT бошад, он гох ин намуд файл ягон информатсияи матниро дар бар гирифтааст. Чунин файлхоро файлхои матни меноманд. Матни онхо метавонанд бо харфхои алифбои лотини, руси, точики ва гайрахо навишта шуда бошанд.

Агар номи иловагии файл .COM ё .EXE бошад, он гох ин намуд файл программаеро дар бар гирифтааст, ки онро бевосита ичро кардан мумкин аст. Ин намуди файлхоро файлхои программави ё ичрошаванда меноманд.

Агар номи иловагии файл .BAT бошад, он гох ин хел файл командахои системаи оператсионии MS DOS-ро дар бар гирифтааст ва онро файли командави меноманд.

fw.exe Dushanbe.txt – Номи асосии файл Номи иловагии файл Номи асосии файл Номи иловагии файл

Агар номи иловагии файл .BAS бошад, он гох ин хел файл матни программаеро дар бар гирифтааст, ки он дар забони алгоритмии Бейсик тартиб дода шудааст.

Агар номи иловагии файл .PAS бошад, он гох файл матни программаеро дар бар гирифтааст, ки он дар забони алгоритмии Паскал тартиб дода шудааст.

Агар номи иловагии файл .ASM бошад, он гох ин хел файл матни программаеро дар бар гирифтааст, ки он дар забони алгоритмии Ассемблер тартиб дода шудааст.

Агар номи иловагии файл .C бошад, он гох файл матни программаеро дар бар гирифтааст, ки он дар забони алгоритмии Си тартиб дода шудааст.

Агар номи иловагии файл .ИAK бошад, он гох ин хел файл нусхаи эхтиётии дигар файл ба хисоб меравад. Масалан, файлхои Link.txt ва Link.иak аз хамдигар бо номи илова-

гиашон фарк мекунанд. Бинобар ин файли Link.иak нусхаи эхтиётии файли Link.txt шумурда мешавад.

Файлхо ба гайр аз номхои асоси ва иловагиашон боз характеристикахои зеринро сохибанд:

Хачми файл. Хачми файлхо бо микдори байтхо чен карда мешаванд.

Таърихи сохта шудани файл.

Вакти сохта шудани файл.

Одатан характеристикахои файлхо бо хамрохии номхои асоси ва иловагиашон дар диск ба кайд гирифта мешаванд.

Каталогхо. Номи файлхо ва характеристикахои онхо дар чойи махсуси сатхи диск сабт карда мешаванд, ки онро каталог ё директория меноманд.

Агар номи файл дар ягон каталог ба кайд гирифта шуда бошад, он гох мегуянд, ки файл дар дохили ин каталог чойгир шудааст. Дар хар як диск якчанд каталог чой дошта

метавонад, лекин хар гуна файл бо як ном дар як каталог танхо як маротиба вохурда метавонад. Барои дар ягон каталог нигох доштани нусхаи файл, онро бо дигар ном сабт

кардан зарур аст.

Хамаи каталогхои диск, ба гайр аз каталоги асосии он, номи хусусии худро доранд. Руйхати ин номхо дар ягон каталоги дигар ба кайд гирифта мешавад. Агар номи каталоги X дар каталоги Y ба кайд гирифта шуда бошад, он гох X зеркаталоги Y номида шуда, Y бошад, каталоги волидайни номида мешавад.

Номи каталогхо ба мисли номи асосии файлхо сохта мешаванд ва онхо низ бояд аз 8 аломат зиёд надошта бошанд. Илова бар ин бояд зикр намуд, ки каталогхо факат номи асоси доранд, чунки дар онхо факат як намуди информатсия нигох дошта мешавад ва зарурият ба гузоштани номи иловаги намемонад.

Дар хар як диск як каталоги махсус мавчуд аст, ки онро каталоги асоси ё решави меноманд. Дар каталоги асоси файлхо ва дигар каталогхо каталогхои дарачаи якум, чойгир карда мешаванд. Дар каталогхои дарачаи якум бошад, файлхо ва каталогхои дарачаи дуюм чойгир карда мешаванд. Ин раванд мувофики максад ё хохиши истифодабарандаи МЭХ метавонад якчанд маротиба такрор ёбад. Бо

зиёд шудани микдори каталогхо дар диск сохтори дарахт- шакли каталогхо пайдо мешавад (Расми 5). Истифодабарандаи компютер дар хар як лахзаи вакт бо

яке аз каталогхои диск сару кор дорад. Ин гуна каталогро каталоги чори ё кунуни мегуянд.

Азбаски файлхоро дар каталогхои гуногун чойгир менамоянд, бинобар он хам баъзан кофтукоби онхо ба мушкилихо оварда мерасонад. Барои ба осони аз каталогхо

ёфтани файлхо мафхуми «Рох ба файл»-ро истифода мебаранд. Рох ба файл аз пайдарпайии номи каталогхо ё аломати «..» (ду нуктаи пайдарпай), ки аз хамдигар бо воситаи аломати «\» чудо карда шудаанд, иборат мебошад. Рох ба файл ба компютер роххат медихад, ки кофтукови файл ё зеркаталог аз кадом каталоги диск сар мешавад ва бо кадоме аз онхо ба охир мерасад. Каталоги охирин каталогест, ки дар дохили он зеркаталог ё файли зарури чойгир шудааст.

Агар дар ибтидои рох аломати «\» вохурад, он гох кофтукови файл аз каталоги асосии диск ва дар акси хол, аз каталоги чори сар мешавад.

Расми 5. Сохтори дарахтшакли каталогхо ва файлхо дар диск

МИСОЛХО:

  1. \Format.exe кофтукови файли Foкmat.exe аз каталоги асосии диск сар мешавад. Файли Foкmat.exe дар худи каталоги асосии диск чойгир шудааст.

 

  1. \Lex1\Lex1.txt рох аз каталоги асосии диск сар мешавад ва ба файли Lex1.txt мебарад, ки он дар дохили каталоги Lex1 чойгир шудааст. Каталоги Lex1 бошад, дар каталоги асосии диск ба кайд гирифта шудааст.
  2. Windows\Winwoкd\Wк.com рох аз каталоги чории Windows сар мешавад ва ба файли Wк.com мебарад, ки он дар дохили каталоги Winwoкd чойгир шудааст. Каталоги Winwoкd бошад, зеркаталоги каталоги Windows аст.

Агар дар рох номи каталог вохурад, он гох ин воридшавиро аз каталоги волидайни ба каталоги мазкур ифода менамояд. Хангоми дар рох вохурдани аломати «..» бошад,

баръакс воридшави аз зеркаталог ба каталоги волидайни аст.

МИСОЛ:

Lex1\..\..\Windows\Win.txt рох аз каталоги чори Lex1 сар машавад. Азбаски дар рох аломатхои «..» вомехуранд, пас ин маънии аввал ба каталоги волидайнии Lexicon ва баъд ба каталоги асоси ворид шуданро дорад. Пас аз он рох ба каталоги Windows мебарад ва аз он файли Win.txt ро меёбад.

Ба гайр аз мафхуми «Рох ба файл» боз мафхуми «Рох ба каталог» вучуд дорад. «Рох ба каталог» низ айнан ба мисли «Рох ба файл» навишта шуда, танхо дар интихои рох номи каталоге нишон дода мешавад, ки ба он дохил шудан зарур аст.

МИСОЛ:

Фарз мекунем, ки сохтори дарахтшакли каталогхо намуди дар расми 5 овардашударо дошта бошад, он гох:

  1. рохе, ки аз каталоги асосии диск сар мешавад:

\Lexicon рох ба каталоги дарачаи якум мебарад;

\Lexicon\Lex1 рох ба каталоги дарачаи дуюм мебарад;

\Windows рох ба каталоги дарачаи якум мебарад;

\Windows\Winwoкd рох ба каталоги дарачаи дуюм меба- рад.

  1. рохе, ки аз каталоги кунунии News сар мешавад:

..\Lexicon рох аз зеркаталог ба каталоги волидайни мебарад;

..\Lexicon\Lex1 рох аз зеркаталог ба каталоги волидайни ва баъд ба каталоги дарачаи дуюм мебарад;

..\Windows\Winwoкd ин рох низ ба каталоги дарачаи дуюм мебарад.

Чунон ки кайд карда шуд, файлхо дар дискетхои андоза ва характеристикахои гуногундошта сабт карда мешаванд.

Мувофики дискетхои истифодашаванда дар компютерхо дискдонхои муайян хизмат мерасонанд:

дискдон барои дискетхо A: ва B:

дискдони диски намуди винчестер C:

дискдон барои компактдискхо D:

Агар дискдон дискдони чори набошад, он гох барои кофта ёфтани файлхо ва каталогхои лозими дар ибтидои рох номи дискдон низ кайд карда мешавад.

МИСОЛ:

  1. А:\News каталоги нишондодашуда аз дискете кофта мешавад, ки он дар дискдони якум гузошта шудааст;
  2. И:\Windows\Win.exe файл аз диске кофта мешавад, ки он дар дискдони дуюм гузошта шудааст;
  3. C:\Lexicon\Lex1\Lex1.exe файл дар диски винчестер кофта мешавад.

Дискдони чори гуфта дискдонеро меноманд, ки бо он компютер бевосита хамин лахза сару кор дорад.

Хангоми ибтидои кори компютер, дар экран даъватномаи система ба намуди C:\> пайдо мегардад. Ин чунин маъно дорад, ки дискдони диски винчестер чори буда, каталоги асосии он каталоги чори аст. Агар система аз дискет дохил карда шавад ва дар экран даъватнома дар намуди A:\> пайдо гардад, он гох дискдони якум ва каталоги асосии дискет, ки ба ин дискдон гузошта шудааст, чори хисоб карда мешаванд.

Саволхо:

  1. Файл чист?
  2. Файлхо чи гуна номгузори карда мешаванд?
  3. Кисми иловагии номи файл чи вазифа дорад?
  4. Характеристикахои асосии файлхо кадомхоянд?
  5. Каталог чист?
  6. Каталогхо чи гуна номгузори карда мешаванд?
  7. Зеркаталогхо аз каталогхои волидайни чи фарк доранд?
  8. Дар як диск чандто каталоги решаги вучуд дошта метавонад?
  9. Каталоги чори гуфта кадом каталогро меноманд?
  10. Рох ба файл ва рох ба каталогро чи хел мефахмед?

Супориш:

  1. Матни мавзуъро бодиккат хонед ва онро накл кунед.
  2. Дар дафтар 20тоги номхои файлхо ва каталогхоро нависед.
  3. Дар дафтар 10то мисоли рох ба файл ва 10то мисоли рох ба каталро биёред.

 

Инчунин кобед

кумитаи андози Точикистон

Кумитаи андози назди Хукумати Чумхурии Точикистон

Кумитаи андози назди Хукумати Чумхурии Точикистон (минбаъд – КА). Асоси Фаъолият – тибки Карори Хукумати …