Главная / Гуногун / СИСТЕМАХОИ ОПЕРАТСИОНИ

СИСТЕМАХОИ ОПЕРАТСИОНИ

Системаи оператсиони – мачмуи программахои ба хам алокаманд буда, хангоми ба кор даровардани компютер кори худро огоз менамояд. Системаи оператсиони (СО) имконият медихад, ки командахо бо ёрии клавиатура ё муш ба компютер дохил карда шаванд, матни хуччатхо, расмхо ва дигар информатсия бо номхои муайян дар диск сабт карда шаванд, программахои амали аз винчестер, дискетхо ё воситахои дигар ба хотира чег зада шуда, ба кор омода сохта шаванд. Махз ба воситаи СО хамаи кисмхои компютер ва захирахои он, аз кабили хотираи фаври, микдори чой дар дискхо ва гайрахо идора карда мешаванд. СО диалоги байни компютер ва инсонро ташкил менамояд. СО байни истифодабаранда, программахои амали ва кисмхои компютер робитаи хеле кулайи кориро (интейрфейс) мухайё месозад.

sistemahoi-operacioni

Дар компютерхо СО гуногун истифода бурда мешаванд. Хайати программахои системавии хар як СО аз тарафи созандагони он муайян карда мешавад. Дар компютерхои фарди одатан системахои оператсионии диски (DOS) истифода бурда мешаванд.

Дар кори DOS низ, ба мисли хар як программаи дилхох, се мархиларо чудо намудан мумкин аст: дохилкунии информатсия, коркарди информатсия ва хоричкунии натичахо. Информатсия бо ёрии клавиатура ё муш дохил карда мешавад. Коркарди информатсияро протсессор ба ухда мегирад. Хангоми хоричкунии натичахо бошад, экран ё принтер, ё диск ва ё дигар тачхизот хизмат расонида метавонанд.

Новобаста аз программаи амалии истифодашаванда дохилкуни ва хоричкунии информатсия бо ёрии тачхизоти якхела анчом дода мешавад. Функсияи якуми СО – таъмини ягонаги ва стандартии истифодабарии кисмхои дохилкунихоричкунии информатсия барои программаи дилхох мебошад. Хангоми ичрои дохилкуни ва хоричкунии информатсия СО бо кисмхои компютер садхо ва хатто хазорхо амалиёти элементариро мегузаронад, ки тартиби ичрои онхо аз назари истифодабарандаи компютер пинхон мемонад.

Функсияи дигари СО ба хотираи фаврии компютер чег задан ва ба кор даровардани программахои амали ба шумор меравад. Пас аз итмоми кори ин программахо СО хотираро аз онхо холи намуда, онро барои кабули программахои навбати тайёр менамояд.

Хангоми омодаги, ичрошави ё анчоми кори программахои амали истифодабаранда ба компютер баъзекомандахоро дохил мекунад ва чавобхои муайянро кабул менамояд. Дигархелтар карда гуем, байни компютер ва инсон робитаи диалоги баркарор карда мешавад, ки инро функсияи сеюми СО номидан мумкин аст.

Дар баъзе СО якбора якчанд программахо дар алохидаги ё алокаманди кор карда метавонанд. Ташкили кори ин программахо ва идоракунии онхоро низ СО ба ухда дорад, ки онро функсияи чорум гуфтан мумкин аст. Хулоса, тамоми фаъолияти компютерро СО таъмин ва идора менамояд.

Дар компютерхои фардии IBM PC яке аз системахои оператсиони – MS DOS ё MS Windows, ё OS/2, Waкp, ё дистрибутивхои GNU/Linux, ё ИSD истифода бурда меша-

ванд. СО гуногун ба компютерхо талаботи гуногунро (зудкории протсессор, хачми хотираи фаври ва дискхо) пешниход менамоянд. Танхо хаминро хотиррасон карданием, ки як кисми программахои СО дар хотираи доимии компютер, кисми дигарашон дар дискетхо ё винчестер ва ё дигар барандагони

информатсия нигох дошта мешаванд.

Саволхо:

  1. Системаи оператсиони чист?
  2. Вазифахои асосии системаи оператсиони кадомхоянд?
  3. Дар кори системаи оператсиони чанд мархиларо чудо намудан мумкин аст? Ин мархилахо чи ном доранд?
  4. Кадом системахои оператсиониро медонед?

Супориш:

  1. Матни мавзуъро бодиккат хонед ва онро накл кунед.
  2. Доир ба системахои оператсиони, вазифахои онхо ва тарзи корашон фикратонро дар дафтар баён намоед.

Инчунин кобед

кумитаи андози Точикистон

Кумитаи андози назди Хукумати Чумхурии Точикистон

Кумитаи андози назди Хукумати Чумхурии Точикистон (минбаъд – КА). Асоси Фаъолият – тибки Карори Хукумати …