Главная / Илм / ШИР дар Канзи Шифо (Китоб)

ШИР дар Канзи Шифо (Китоб)

shir-660x330Умуман ширро бо чизхои турштаъм, шур, бо гушт, бо тухми мург ва мохи, бо турб ва пиёз, бо мевахои тар, сабзахо, донхо ва монанди инхо хурдан раво нест, инчунин, аз болои шир ин чизхоро истеъмол кардан ва аз болои ин чизхо шир ошомидан чоиз нест. Зеро беморихои гуногунро ба амал меоварад. Мизочи ширхо умуман мураккаб-ул-кувват бо хастии харорат ва рутубат аст. Ба кавли як катор табибон, дар дарачаи якум гарм ва дар дувум тар аст.

Хислатхои шифобахши он: хамаи ширхои хайвонот поккунанда ва дафъкунандаи ахлоти сухта аз бадан мебошанд, кувватбахш ва фарбехкунандаанд ва мувофики аъзои таносуланд. Фатво медиханд, ки шир барои одамони гарммизоч ва хушкмизоч мувофик мебошад, ба шарте ки агар дар меъдаи онхо моддаи сафро набошад.

Агар бичаконанд, дарди чашм ва аксари беморихои чашмро шифо мебахшад. Шири хар як хайвонро бимоланд, варами макъадро тахлил ва дардашро таскин медихад; захми хичакро ба ибро меоварад; варамхои зери ноф ва бачадонро тахлил медихад. Агар биёшоманд, рутубатхои аслии баданро нигох медорад, умрро дароз мекунад, баданро фарбех мегардонад; бохро ба харакат меоварад, хусусан шири говмешро (буйволро) бо шакар биёшоманд, таъсираш дар ин бобат зиёдтар аст. Бар зидди хамаи захрхои каттол подзахр мебошад ва доруи хамаи давохои бадбу ва хурандаи узв мебошад.

Агар ширро бимоланд, догхои баднамои баданро пок мегардонад. Ширро биёшоманд, ранги рухсорро неку мекунад, хусусан агар одамони гарммизоч ва кокбадан бо шакар бихуранд, баданро фарбех мегардонад ва агар ширбиринч пухта тановул намоянд, дар ин бобат боз хам хубтар аст. Оби панирро бимоланд, доги кунчидак ва дигар догхои пустро дафъ мекунад ва агар инро бинушанд хам, хамин таъсирро дорад. Оби панирро бо халила биёшоманд, кутур ва хоришро шифо мебахшад.

Табибони Хиндустон нушидани шири хомро, ба гайр аз шири занон ва шири хар, пайдокунандаи беморихои гуногун медонанд. Шири гови навдушида, ки хануз гармии пистон дар он боки бошад, бисёр фоидабахш ва аз кабили оби хаёт донистаанд. Вале шири бузи чушонидаро бехтар медонанд. Тарики чушонидани он ин тавр аст, ки ба микдори чоряки шир оби ширини холис дохил карда, бо оташи мулоим бичушонанд, то он ки об бухор шуда раваду шир бимонад. Пас баъд аз хунук шудан бинушанд. Низ хар як ширро баъд аз душида шуданаш, 2-4 соат гузашта бошад, хурдани онро бад медонанд. Шири хайвоноте, ки бачааш нав мурда ё аз шикамаш афтода бошад, бисёр логар ё бемор ва ё хомила ва ё навзоида бошад, низ носара ва пайдокунандаи беморихои бисёр мебошад, инчунин дар рузхои аввали гирифтани таб нушиданаш зарарнок аст, вале дар охирхои таб фоиданок; кабзияти шикам, сузиши чашм, хушкии майна, логари ва сустии бадан, инчунин, пириро дафъ мекунад, узвхри пешоб ва аъзои таносулро муфид аст.

Чун дар шир хамон микдор об андохта бинушанд, пешобро бисёр меронад, мачрохои шошаро пок мекунад. 

а.) Шири хар. Мизочи ин хунуктар ва рутубатноктар назар ба хамаи ширхои дигар аст, яъне то дарачаи дувум хунук ва дар севум гарм аст. Бехтаринаш шири хари солим аз он аст, ки нав зоида бошад. Агар куррааш мода бошад, боз хам хубтар аст. Бояд ки гарм-гарм ва хунук нокарда бинушанд. Хислатхои шифобахши он: ошомидани ин барои бадан бисёр сарди меоварад, рутубатро меафзояд, фарах мебахшад, дарунро аз моддахои бегона пок мекунад, гиреххоро мекушояд, дили гарммизочро кави мегардонад, инчунин ба дигар моддахои мавчудаи бадан ба зуди табдил меёбад; барои одамони гарммизоч ва хушкмизоч, агар дар меъдаи онхо сафро набошад, мувофик ва форам аст.  Рехтан ва чаконидани он дар бини, гуш ва тораки сар ба майна нами мебахшад ва инчунин, хушкии он ва бехобиро дафъ мекунад; дарди сар ва беморихои майнаро, ки ин хама аз хушки бошанд, шифо мебахшад; хуни биниро манъ мекунад, дарди гуш ва дарди чашмро, ки аз гарми бошанд, таскин медихад: сузиши чашм, обрави, шилпуки, пардаи афтодаи дудранг ва монанди ин беморихои чашмро ба ибро меоварад, хусусан агар бо сафедии тухми мург ва равгани гули сурх даромехта бичаконанд, нуктахои сурх, пардаи дудранги ба чашм афтодаро зудтар дафъ мекунад. Агар латтаи покизаи пахтагинро ба он шир тар карда, ба чашм, пеши сар, ба гуш гузошта банданд, барои беморихои номбаршуда даво мебошад.

Бо шири хар гаргара кунанд ё онро дар дахан гардонанд, дарди гулуи бадтарин ва дигар дардхои гулу, варамхои милки дандон ва забончаи халк, инчунин, варами гадудхои бодомшаклро шифо мебахшад; милки дандонро мустахкам мекунад, дарди дандонро таскин медихад. Кахрабо ва сандарусро махин ос карда, бо шири хар сиришта, дар бини бирезанд, хуни биниро манъ мекунад.

Агар шири харро бинушанд, барои беморихои узвхои даруни сина, сил, дик (бемории логаркунанда), захмхои шуш, таб ва иллатхои гарму тез, логари аз гарми ва хушки, сурфа, душвории нафаскаши, тафс, назлахои тез ва хун кай карданро шифо мебахшад (хусусан, бо кахрабо ва шилми бодом ва катиро биёшоманд, хун кай карданро ба зуди манъ мекунад), дарунро мулоим мегардонад; инчунин, барои истиско (водянка)-и гарм, сахтии сипурз, тафсидани хун ва сафро шифо мебахшад.

Агар бо шири хар хукна (клизма) кунанд, исхоли хунинро мебандад, чарохати рудахо ва бачадонро сихат мекунад. Инро бо чакрарез дар сурохи закар бичаконанд, сузиши пешоб (сузок)-ро шифо мебахшад; ва агар бо равгани каду даромехта бичаконанд, захми рохи пешобро сихат мекунад.

Хурдани ин шир зарархои давохои каттолро дафъ мекунад. Ин ширро бо заъфарон даромехта гузошта банданд, варамхои зохири ва ботиниро тахлил медихад. Ошомидани шири хар ба одамони сардмизоч ва тармизоч, дарди сари аз хунуки, чарх задании сар, чаранги гушдоштагон зарар дорад, хусусан, инро нушида, дархол хоб кунанд, хиккак (хикичок) мекунад, оруги дуднок меоварад. Хамаи ин зарархояшро гулканди асали бихуранд, ислох месозад.  Микдори як бор нушидан аз шири хар дар як руз аз 50 то 150 грамм аст, ки бояд бо шакар, катиро, равгани тухми каду, оби ширинбияи бо чуш гафсгардонидашуда ва монанди инхо биёшоманд.

Вале истеъмоли ширашро барои бемори харро бо хурокхои муносиби онхо парвариш кардан даркор аст, масалан, барои хун кай кардан, сил, дик бо кашнизи тар, барги хино, туршак (шавель), шоххои авсач, барги зуф, коху, чави дар об таркардашуда ва гайра. Барои пок кардани бадан, тахлили варамхо ва кушодани гиреххо бо карафс, арпабодйён, дармана, буймодарони махинбарг, чави дар об таркардашуда ва бо тухми карафс даромехта додан даркор аст. Ба чойи шири хар шири буз ё шири занонро истеъмол фармоянд, раво мебошад.

б) Шири гов. Бехтарини он аз шири гови чавони фарбех ва сихат аст.

Мизочаш муътадил дар гарми, сарди ва тари мебошад. Хислатхои шифобахши он: шири навдушидаи говро, ки хануз сард нашуда бошад, биёшоманд, чавхари майнаро кувват мебахшад ва онро намнок мегардонад, рутубатхои аслии баданро нигох медорад; нисён (фаромушхотири), молихулиё ва васвосро дафъ мекунад; ранги рухсорро неку мегардонад ва беморихои биниро фоида дорад. Бо мудовамат чаконидан ва молидани он аксари бемори ва иллатхои чашмро, хатто беилочро хам шифо мебахшад. Агар бо анзарут даромехта бимоланд, нохунак ва пардаи ба чашм афтодаро, ки монанди дуд дар карнияи (сиёхии) чашм намоён мешавад, инчунин, ширнокро, ки гушти зиёдатии дар болои пилк пайдо мешавад, дафъ мекунад.

Агар ин шири навдушидаро гармогарм биёшоманд, дилро кави мёгардонаД, гамро дур мекунад, васвос, дилтапак (дилбози), захми шуш ва силро, ки бе таби модди (бе савдо ва бе балгам) бошад, инчунин харошида шудани рудахоро шифо мебахшад; дарунро мулоим мекунад, мани пайдо менамояд, бохро кувват мебахшад, баданро фарбех мегардонад. Хурдани ширбиринч, ки бо шакар нагз пухта бошанд, дарунро мулоим мекунад ва барои кулинчи ахлоти фоида дорад.

Ширеро, ки дар он чанд бор охани тафсонро хунук карда бошанд, биёшоманд, исхолро мебандад. Шири говро бо баробари вазни он оби ширини холис даромехта биёшоманд, пешобро башиддат меронад ва роххои пешобро пок мегардонад, хусусан бо камтар (то як грамм) зок ва 3,5 грамм набот ос карда дохил намуда бошанд, таъсираш кавитар мегардад.

Ошомидан ва молидани шири гов барои кутур, хориш, шукуфаи пуст ва махав даво мебошад. Агар касе захр хурда бошад ё уро чонварони захрнок газида бошанд (масалан: мор, каждум, гунда за гайра), батакрор ширро нушида кай кунад, то он ки захр аз бадан батамом дафъ гардад, тарёки захр мешавад. Бо шири гов ширбиринч пухта бардавом бихуранд, умрро дароз мегардонад, ранги руйро неку мекунад.

Ширро бо магзи чормагз ва ё бо хурмо бихуранд, гурда ва баданро фарбех мекунад, ранги руйро неку месозад, бох ва маниро зиёда мегардонад. Микдори як бор нушидан аз шири гов аз 150 то 300 грамм аст. Вале инро аз хад зиёд бихуранд, дар гурда ва хичак санг пайдо мекунад, шапушро дар бадан ба хам мерасонад, ба иллати пес гирифтор месозад ва дар меъда хар як модда, ки зиёд бошад, ба хамон мубаддал мегардад. Барои дафъи зарараш шакар ва асал хурдан даркор аст. Агар ширро бо ин хар ду, яъне бо асал ва шакар биёшоманд, дар меъда шах шудани онро манъ мекунад.

Агар шири гов дар меъда шах гардад, аъзошикани ва ларзаро ба амал меоварад, араки сард медамад, бехуш мекунад, аклро бечо мегардонад. Агар ба дарди гулу гирифтор намояд, давои он индов, сиркоасал, инчунин, сиркоро бо пудина даромехта, хурда, кай кардан аст ё 4,5 грамм панирмоя хурдан аст, ки шири шахшударо тахлил дихад.  Хакимони Хинд гуфтаанд, ки шири гови сафедро бинушанд, сафроро, шири гови сурхро бинушанд, балгамро ва шири гови зардро бинушанд, хар сеи ин моддахоро аз бадан дафъ мекунад.

в) Шири буз. Ин муътадилтарин шири хайвонот аст дар мизоч.

Хислатхои шифобахши он: инро биёшоманд, назлахоро манъ мекунад. Агар бо ин гаргара кунанд ё инро дар дахан гардонанд, варамхои забончаи халк, ком ва варами забонро тахлил медихад. Агар инро дар бини ва гуш бичаконанд, майнаро иамнок месозад. хушкии он, бехоби ва дарди гуши аз гарми бахамрасидаро дафъ мекунад. Ва латтаеро дар ин шир тар карда, ба пеши сар бигузоранд хам, чунин хосиятро дорад.

Шири бузро бо катиро ва шилми бодомд ё бо исфанохи шустаги биёшоманд, барои хун кай кардан, сурфа, сил ва захми шуш, инчунин хунравихо аз узвхои ботини даво мешавад, ки микдори шир аз 110 то 220 грамм бо яке аз шилмхо аз 1,75 то 3,5 грамм биёшоманд, барои беморихои номбурда дору мебошад ва инчунин, иллатхои узвхои даруни сина, дил, дилтапак (дилбози), гам, васвос ва тарсончакиро дафъ мекунад, ба шарте ки шир навдушида бошад ва гармогарм биёшоманд. Бояд буз хам чавон, фарбех ва беиллат бошад. Хусусан дар ин бобат шири бузи сурх бехтар аз шири бузхои ранги дигар будааст.

Шири бузро гармогарм биёшоманд, дарунро мулоим мекунад, пешобро меронад, захми хичакро бартараф мекунад. Вале шири буз ба одамони сардмизоч ва тармизоч зарар дорад, бодангез аст, боиси оруг ва хиккак (хикичок) мегардад. Дар вакти аз шири буз панир тайёр кардан, оби панири онро гирифта бинушанд, барои манъ кардани исхоли сафрови, беморихои аз сафрои сухта ходис гашта, иллатхои савдови, зардпарвин ва барои одамони гарммизоч даво мебошад, бар бадан об медавонад.

Шири буз барои табхои дик (логаркунанда) ва табхои гарми кухна даво мешавад.Агар ба шири буз зарпечак дохил карда биёшоманд дар ин холат обияти он бархам мехурад ва ба чойи рондан дарунро мебандад. Тухми райхонро куфта, дар шири буз пухта гузошта банданд, варамхо, пучак, чиртак ва донахоро мепазонад ва мекафонад. Мегуянд, ки шири буз ба узвхои даруни шикам зарар дорад — давояш катиро хурдан аст.

г)  Шири занон. Бехтарини ин шир шири чавонзанони сихат ва муътадилмизоч аст ва агар духтар зоида бошад, боз хам хубтар. Мизочи шири занон дар дарачаи дувум сард ва тар аст, агар духтар зоида бошад, мизочи шираш боз хам сардтар мегардад. Хислатхои шифобахши он: ошомидани шири занон майна ва халкумро намнок мегардонад, бастагии рохи биниро мекушояд; сил, дик (иллати логаркунанда), хушкии узвхои даруни сина, захми шуш, сурфаи хушк ва хун кай карданро шифо мебахшад.

Агар инро дар бини бирезанд, хушкии майна, варами пардахои майна ва худи майна, дарди сари гарми аз хушки, бечо шудани акл, молихулиё, девонаги, аз бисёрии сафро ва хун ходисшуда, бехоби ва монанди инхоро дафъ мекунад. Инчунин, латтаро дар он тар карда, пай дар пай ва пеши сар гузоранд ва чун латта гарм гардад, латтаи дигарро хамин тавр ба кор баранд, беморихои номбаршударо даво мебошад.

Агар инро дар чашм чаконанд, дарди чашмро, ки аз гарми бошад ва захми даруни чашмро шифо мебахшад, инчунин, дагалии пилки чашмро ислох мекунад; бо анзарути махин соидашуда даромехта чаконанд, нохунак, шилпуки, гушти зоиди дар болои пилк овезон ва монанди инхоро дафъ менамояд. Агар ин шири занонро дар гуш чаконанд, барои дарди он, ки аз гарми ходис шуда бошад, захм ва варами гарми онро шифо мебахшад.

Микдори як бор нушидан аз шири занон дар як руз аз 50 то 150 грамм аст, ба шарте ки гармогарм ва хунук нокарда биёшоманд ва агар аз пистон макида бихуранд, бехтар аст. Зеро ки бинобар нозуки ва латофати хислаташ он зуд вайрон мегардад. Ба чойи шири занон шири хар биёшоманд, равост. Агар зани хомила бар руйи шапуш аз пистоии худ шир бидушад, агар шапуш бимирад ё дар зери он бимонад, зан ба духтар хомила аст, вале агар шапуш намирад ва зинда барояд, хомила ба писар аст.

Инчунин кобед

ma

Марги Мухаммад (с)

Вакте, ки Азроил (а) барои гирифтани чони хазрати Мухаммад (с) меояд пайгамбар мегуяд каме сабр …