Главная / Гуногун / СИНО ВА ЧАВОНИ ДАРДМАНД

СИНО ВА ЧАВОНИ ДАРДМАНД

Пас аз Лукмони Хаким Абуали ибни Сино ном табиб гузаштааст. Вай дар давраи бачагиаш рамапои карда мегаштааст.

Дар хамон давраи бачагии Абуали ибни Сино ду уламои забардаст будааст. Онхо мактабхои калон-калонро  бо азобу машаккат хонда, олими зур шудаанд. Як руз онхо нишаста ба хамдигарашон гуфтаанд, ки «Моён азоб кашида мактабро тамом кардем, акнун мехохем, ки бе азобу машаккат аз руи илму хикматамон бахузур зиндагони карда гардем». Бо хамин максад як руз дар рох мерафтанд, ки аз пешашон як одами муйсафед баромадааст. Баъди салому алек муйсафед гуфтааст:

– Сафар ба хайр бачахо?

Онхо гуфтаанд:

– Мо мактабхои замони хозираро бо азоб хонда тамом кардем, акнун мехохем, ки аз руи илму хикматамон кор карда, осуда умр ба сар бурда гардем.

Баъд ин муйсафед гуфтааст, ки:

– Шумоён ба фалон чо меравед, дар як дашт як кух хаст, дар паси кух як дашт, дар пеши дашт як гор хаст. Ба хамон гор даромада чил руз чилла мешинед. Баъди чил руз аз даруни гор як мори зард мебарояд. Морро баромадан баробар дошта, сарашро мебуреду ба дег андохта чушонда мехуред, он вакт хамаи гуфтахоятон ичро мешавад.

Баъд аз ин он ду нафар бисьёр рох гашта хамон горро ёфтаанду ба даруни гор даромада, дар он чо чил руз чилла шиштаанд. Пас аз чил рузи чилла дар соати гуфтагиаш аз даруни гор  як мори зарди бадхайбат пайдо шудааст. Он ду кас якбора ба мор хучум карда, онро кушта гирифтаанду даррав ба дег андохта алов кардаанд. Аммо вакти пазам-напазами мор он ду касро алов суст кардаасту хоби хардуяшон хам бурда мондааст. Як махал Абуали ибни Сино рамаро хай карда омада истода будааст, ки нохост чашмаш ба даруни гор афтодааст. Вай зехн монда дидааст, ки дар даруни гор ду кас хобу дар наздашон оташ милт-милт мекунад. Абуали ибни Сино охиста-охиста боз дарунтар даромада, дидааст, ки дар дег як хасиб барин чиз чушида истодааст. Вай охиста дегоро бардоштаасту аз гор берун баромадааст. Баъд аз оби шурбо як чумча хурдааст, ки аклу хушаш тамоман дигар шудааст. Ибни Сино оби бокимондаи шурборо хам пок-покиза хурдааст. Пас аз ин Сино чи будани дуньёро фахмидааст. Вай донистааст, ки замин чи хел осмон чи хел, ситора чи хел, хок чи хел, гиёх чи хел ва гайра.

Аз хамин чо хеста рамахоро ба сохибаш супоридаасту рост ба Бухоро омадааст. Ба Бухоро омадаасту як камтар дар хамин чо хондааст-ми, нахондааст-ми, духтури калон шудааст. Духтури калон шуда касалхона ташкил карда, тамоми чулоку тамоми калу шалро сихат кардан гирифтааст. Кадом дарде, ки набошад дору дода сихат  мекардааст. Охиста-охиста дар руи дуньё машхур шудааст. Дар хамин вакт як бача аз Тошканд ба касалии бисьёр ганда гирифтор шудаасту ягон табиб вайро сихат карда натавонистааст. Баъд бача фахмидааст, ки дар Бухоро як Абуали ибни Сино гуфтаги табиби зур пайдо шудааст. хешу таборашро чамъ карда гуфтааст, ки:

– Манро пеши хамон табиб баред, хамон табиб бинад, ё мемурам ё мезиям. Тамоман дар азоб мондам-ку аз дасти ин дард.

Аз хамон чо даррав ба аробаю пароба, ба уштуру пуштурхо савор кунонда, ба Бухоро гирифта оварданд. Хешовандони бача диданд, ки Абуали ибни Сино дар Бухоро ба хар кучо кату чою чалол карда, табиби карда гаштааст. Баъд онхо хам касалашонро бурдаанду Абуали  Синоро чег зада оварда гуфтаанд:

-Хамин касали моро хам кабул кунед.

Абуали ибни Сино омада дидаасту як бор «мешавад» гуфта кабул кардааст. Онхо касалро партофта, монда рафтаанд. Як чанд махал ба пеши касал Абуали ибни Сино наомадааст. Худ ба худаш бача фикр карда гуфтааст, ки: мабодо ин фиребгару нагмачи набошад? Хамин кадар катхоро дар ин чо оварда монданаш ё барои анчом ё барои тилло набошад? Модарам маро оварда ба вай супорид, вай ягон бор ба тарафи ман намебиёяд, намепурсад, ин чи хел табиб будааст?

Бача боз чанд вакти дигар истодааст, Абуали ибни Сино боз назди вай меомадаасту ягон дору накарда, боз гашта мерафтааст.

Баъд бача ба модараш хат кардааст: «Ин табиб набудааст, фиребгар будааст, манро чег зада гиреду баред. Ин як дарди ман сад дард шуд».

Баъд модараш одамхояшро фиристодааст, одамхо омада касалро ба шутур бор кардаанду бо чи азобу укубатхо ба Тошканд гирифта рафтаанд. Дар Тошканд як руз дар болои суфа хоб карда будааст, дили бача бисьёр шир хостааст, вай ба модараш гуфтааст, ки:

– Ба ман ним коса шир пухта биёр.

Модараш ним коса ширро пухта овардаасту ба болои сараш мондааст. Бача «баъд мехурам» гуфта, касалии худашро фикр карда, хафа шуда истода будааст, ки аз поёнии суфа як мори зард баромада хамон ширро хурдаасту гашта ба даруни шир кайт кардааст. Кайт карда боз аз суфа фаромада ба рохаш монда  рафтааст. Бача дар дилаш гуфтааст, ки: «Дуньё дар назар торик шуд. Аз ин хел азоб мурданам бех аст. Биё, хамин захри мор ба шир аралаш шуд. Хамонро якбора хураму мурам, аз дуньё халос шавам».

Баъд ширро гирифтаасту хурдааст. Хурдан баробар чунон баданаш ларзида, дар баданаш як гарми пайдо шуда, як арак кардааст, арак карда, хобаш бурдааст. Як шабонаруз маст хоб рафтааст. Баъд аз як шабу як руз якбора ба хуш омада дидааст, ки тамоми дарди дар баданаш будаги нест шудааст.

– Э, ман нагз шудам, – гуфта модарашро чег задаст.

Ба модараш:

– Кани, манро камтар бардор, мехезам-ми, – гуфтааст.

Модараш аз култуки бача андак бардоштааст, ки бача хестааст. Хамин тавр бача охиста-охиста сихат шуда рафтааст.

Баъд бача як шаб хешу таборхояшро чег зада гуфтааст, ки:

– Абуали ибни Сино гуфта, таъриф мекунанд, бекор гап будааст. Вай табиб хам набудааст, факат халкро фиреб мекардааст. Раваму худашро дар байни бозори Бухоро дошта, як шарманда кунам, чи мегуед-а?.

Баъд хамаи хешовандон рози шудаанд. Бача як махал аробаю пароба, шутуру путур карда, ба пеши Абуали ибни Сино рафтааст. Вай ба бозори Бухоро даромада, дар як кунч пойда истодааст. Абуали ибни Сино аз даруни бозор майда-чуйда карда баромада истода будааст, ки якбора чашмаш ба хамин бача афтидааст.

-Э бача, ин чо биё, – гуфтааст Абуали ибни Сино.

Бача хеч гап назада давида ба пеши Сино омадааст.

– Ту, – гуфтааст Абуали ибни Сино, – захри мори афъиро аз кучо ёфта хурди, ки аз дард халос шуди? Аёнро баён кун.

Бача гуфтааст, ки:

– Модарам ширро пухта овард, як мори зарди бадхайбат омаду ширро хурду захраралаш карда партофт. Ман хамонро хурдаму аз дард халос шудам.

Абуали ибни Сино гуфтааст:

-Хамон вакт ки модарат туро оварда ба дасти ман супорид,  ман донистам, ки ба гайр аз захри мори афъи дигар ягон хел чиз ба дарди ту таъсир намекунад. Он вакт мори афъиро ман наёфтам, якчанд чойро кофтам, пайдо накардам. Дар айни кофтукови ман ту кахр кардию баромадию рафти. Хайр, тагдират дар хамин будааст, мана, худ аз худ хамин мор омаду дар шират захр андохту ту онро хурдию нагз шуди.

Хамин хел хардуяшон хеле сухбат кардаанд.

Баъд бача хайрухуш карда ба Тошканд рафтааст. Вай фахмидааст, ки Абуали Сино хакикатан хам табиби машхури руи дуньё будааст.

 

Инчунин кобед

кумитаи андози Точикистон

Кумитаи андози назди Хукумати Чумхурии Точикистон

Кумитаи андози назди Хукумати Чумхурии Точикистон (минбаъд – КА). Асоси Фаъолият – тибки Карори Хукумати …