Главная / Чамъият / СИЛОХ Конуни Чумхурии Точикистон

СИЛОХ Конуни Чумхурии Точикистон

Конуни Чумхурии Точикистон

ДАР БОРАИ СИЛОХ

(Ахбори Мачлиси Олии Чумхурии Точикистон, с. 2013, №3, мод. 182; с. 2014, №7, к. 2, мод. 402;  Конуни ЧТ аз 8.08.2015 с., № 1217)

Конуни мазкур муносибатхои чамъиятиро вобаста ба гардиши силохи гайринизоми, хизмати, чанги, хамчунин лавозимоти чангиро дар худуди Чумхурии Точикистон танзим намуда, ба химояи хаёт ва саломатии шахрвандон, моликият, таъмини амнияти чамъияти, хифзи мухити зист ва захирахои табии, тахкими хамкории байналмилали дар мубориза бо гардиши гайриконунии силох равона карда шудааст.

siloh

БОБИ 1.

МУКАРРАРОТИ УМУМИ

 Моддаи 1. Мафхумхои асоси  

  1. Дар Конуни мазкур мафхумхои асосии зерин истифода мешаванд:

силох – васила ва ашёе, ки амалан барои зарба задан ба хадафи зинда ва ё нишони дигар, додани ишорахо (сигналхо) таъин шудаанд;

силохи оташфишон – силохе, ки барои бо гулулаи аз хисоби кулохаки (заряди) борут ё кулохаки дигар харакати самтнокгирифта ба тарзи механики аз масофа ба хадаф зарба задан таъин шудааст;

кисмхои асосии силохи оташфишон – мил, кулангдон, тирдон, чахорчуба, куттии мил;

силохи шикории оташфишони муштарак – силохи шикории оташфишоне, ки дорои ду ва ё зиёда аз он милхои гуногун буда, яке аз онхо ва ё хамаи онхо рахпеч ва ивазшаванда мебошанд;

силохи хаводиханда – силохе, ки барои бо гулулаи аз хисоби кувваи мушакхои инсон ва ё василаи механики харакати самтнокгирифта аз масофа ба хадаф зарба задан таъин шудааст;

силохи ишоракунанда – силохе, ки амалан барои додани ишорахои (сигналхои) чароги, дуди ё овози таъин шудааст;

силохи пневматики – силохе, ки барои бо гулулаи аз хисоби энергияи моддаи фишурдаи газмонанд харакати самтнокгирифта ба хадаф зарба задан таъин шудааст;

силохи гази – силохе, ки барои зарбазании муваккати ба хадафи зинда бо истифодаи моддахои ашковар ё гашовар таъин шудааст;

силохи сард – силохе, ки барои зарба задан ба хадаф бо ёрии кувваи мушакхои инсон хангоми бархурди бевосита бо объекти зарбазани таъин шудааст;

гардиши силох ва кисмхои асосии силохи оташфишон (минбаъд – силох) – истехсол ва сохтани силох, хариду фуруши силох, фурухтан, сохиб шудан ба он, ба дигарон додан, коллексиякуни, банамоишгузори, бахисобгири, нигох доштан, интикол додан, бо худ гирифта гаштан, истифода бурдан, супоридан, гирифтан, мусодира кардан, нобуд кардан, ба худуди Чумхурии Точикистон ворид намудан ва аз худуди Чумхурии Точикистон содир намудани силох ва кисмхои асосии он;

лавозимоти чанги – тачхизоти аслиха, ки барои зарба задан ба хадаф ва ичрои вазифахое таъин гардидаанд, ки барои зарба задан ба он мадад мерасонанд ва дорои кулохаки тарканда, хаводиханда, тарфгари (пиротехники), зада баровардан ва ё кулохаки якчояи онхо мебошанд. Ба лавозимоти чанги патронхои силоххои оташфишон ва гази низ дохил мешаванд;

патрон – василае, ки барои тирпаррони аз силох таъин шудааст ва бо ёрии гилза гулула, кулохаки хаводиханда ва воситаи тахрикдихандаро муттахид  менамояд;

патрони чарохатрасон – василаест барои тирпаррони аз силохи оташфишони суфтамил ё силохи оташфишони бемили зарбааш махдуд, ки бо ёрии гилза воситахои тахрикдиханда, кулохаки хаводиханда ва тачхизоти хаводихандаи чарохатрасонро муттахид менамояд ва барои катли инсон пешбини нашудааст;

патрони гази – василаест барои тирпаррони аз силохи гази ё силохи оташфишони зарбааш махдуд, ки бо ёрии гилза воситахои тахрикдихандаи дорои моддахои ашковар ва гашоварро муттахид менамояд ва барои катли инсон пешбини нашудааст;

патрони нурафкану садодиханда – василаест барои тирпаррони аз силохи оташфишон, силохи оташфишони зарбааш махдуд, силохи гази ё ишоракунанда, ки бо ёрии гилза воситахои тахрикдиханда ва тачхизоти нурафкану садонокро муттахид менамояд ва барои зарба задан ба хадафи зинда ё нишони дигар пешбини нашудааст;

патрони ишоракунанда (сигнали) – василаест барои тирпаррони аз силохи оташфишон ё силохи ишоракунанда, ки бо ёрии гилза воситахои тахрикдиханда, кулохаки хаводиханда ва тачхизоти хаводихандаро барои додани ишорахои (сигналхои) чароги, дуди ва овози муттахид менамояд ва барои зарба задан ба хадафи зинда ё ягон хадафи дигар пешбини нашудааст;

зарбазанак – чузъи силох, ки воситаи тахрикдихандаи патронро ба кор медарорад;

сараки зарбазанак – чузъи зарбазанак, ки ба воситаи тахрикдихандаи патрон зарба мезанад;

вохиди энергетикии Чоул (минбаъд – Чоул) – вохиди ченаки кор ва энергия дар сохаи физика, ки барои муайян намудани кувваи зарбазании силох истифода мешавад.

  1. Махсулоте, ки ба сифати махсулоти хочагию маиши ва истехсоли сертификатсия шудаанд, гулулахои варзишии таркибан силохмонанд (минбаъд – махсулоти таркибан силохмонанд) ба силох мансуб нестанд.

 

Моддаи 2. Конунгузории Чумхурии Точикистон дар бораи силох

 

Конунгузории Чумхурии Точикистон дар бораи силох ба Конститутсияи (Сарконуни) Чумхурии Точикистон асос ёфта, аз Конуни мазкур, дигар санадхои меъёрии хукукии Чумхурии Точикистон, инчунин санадхои хукукии байналмилалие, ки Точикистон онхоро эътироф намудааст, иборат мебошад.

 

Моддаи 3. Намудхои силох

 

Силох аз руи таъиноти худ барои истифодабари аз тарафи субъектхои дахлдор, инчунин аз руи хусусият ва тавсифоти асоси ба намудхои зерин чудо мешавад:

– силохи чанги;

– силохи хизмати;

– силохи гайринизоми.

 

Моддаи 4. Силохи чанги

 

  1. Ба силохи чанги силохе мансуб аст, ки барои ичрои вазифахои чанги ва оперативии хизмати таъин гардида, дар асоси карори Хукумати Чумхурии Точикистон бо он Вазорати мудофиаи Чумхурии Точикистон, Вазорати корхои дохилии Чумхурии Точикистон, Кумитаи давлатии амнияти миллии Чумхурии Точикистон, Кумитаи холатхои фавкулодда ва мудофиаи граждании назди Хукумати Чумхурии Точикистон, Гвардияи миллии Чумхурии Точикистон, Агентии назорати давлатии молияви ва мубориза бо коррупсияи Чумхурии Точикистон, Агентии назорати маводи нашъаовари назди Президенти Чумхурии Точикистон, Хадамоти гумруки назди Хукумати Чумхурии Точикистон, Сарраёсати ичрои чазои чиноятии Вазорати адлияи Чумхурии Точикистон, Агентии таъмини амволи махсуси назди Хукумати Чумхурии Точикистон, вохидхои дигари харби (минбаъд -ташкилотхои давлатии харбикунонидашуда) ва бонкхо мусаллах гардонида шудаанд.
  2. Ба шахсони вокеи сохиби силохи чанги будан, ба истиснои силохи мукофоти, манъ аст.
  3. Тартиби гардиши силохи чанги ва лавозимоти чангии онро Хукумати Чумхурии Точикистон мукаррар менамояд.

 

Моддаи 5. Силохи хизмати

 

  1. Ба силохи хизмати силохи оташфишони суфтамил, силохи рахпечи кухтохмили дорои энергияи милаш на бештар аз сесад Чоул ва силохи оташфишони суфтамили дарозмил ва бемили худмухофизати мансубанд, ки барои истифода аз чониби шахсони мансабдор ва кормандони макомоти давлати бо максади худмухофизаткуни ё ичрои ухдадорихои конунан ба зиммаашон гузошташудаи вобаста ба хифзи хаёт ва саломатии шахрвандон, хифзи мухити зист, захирахои табии, моликият, борхои киматбахо, хатарнок ва муросилоти махсус таъин гардида, гирифта гаштан ва нигох доштани онхо бо конунгузории Чумхурии Точикистон ичозат дода шудааст.
  2. Ба шахсони вокеи сохиби силохи хизмати будан, ба истиснои силохи мукофоти, манъ аст.
  3. Силохи мукофоти тибки тартиби мукаррарнамудаи Хукумати Чумхурии Точикистон гирифта мешавад.
  4. Тартиби гардиши силохи хизмати ва лавозимоти чангии онро Хукумати Чумхурии Точикистон мукаррар менамояд.

 

Моддаи 6. Силохи гайринизоми

 

  1. Ба силохи гайринизоми силохе мансуб аст, ки барои истифодаи шахрвандон бо максади худмухофизаткуни, машгулияти варзиши ва шикор таъин шудааст.
  2. Силохи гайринизоми ба намудхои зерин чудо мешавад:

1) Силохи худмухофизати:

– силохи оташфишони суфтамили дарозмил, аз чумла силохи дорои патрони чарохатрасон;

– силохи оташфишони бемили зарбааш махдуд – таппонча, револвер бо патронхои чарохатрасон, гази ва нурафкану садодиханда ;

– силохи гази – таппонча ва револверхои гази бо патронхояшон, пошдихандаи механики, василаи дорои аэрозоли бо моддахои ашковар ё гашовар мучаххаз, ки Вазорати тандурусти ва хифзи ичтимоии ахолии Чумхурии Точикистон барои истифодаи онхо ичозат додааст; (КЧТ аз 26.07.14 с., № 1105)

– василаи мадхушкунандаи электрики, шарораи зарядгардон.

2) Силохи варзиши:

– силохи оташфишони милаш рахпеч;

– силохи оташфишони суфтамил;

– силохи сарди тегдор;

– силохи хаводиханда;

– силохи пневматикии вохиди энергияи милаш зиёда аз се Чоул.

3) Силохи шикори:

– силохи оташфишони милаш рахпеч;

– силохи оташфишони суфтамил, аз чумла силохи шакли милаш номудаввар бо дарозии кисмати рахпечаш на зиёда аз яксаду чил миллиметр;

– силохи оташфишони муштарак (суфтамил ва рахпеч), аз чумла бо милхои рахпечи иловагии ивазшаванда;

– силохи пневматикии вохиди энергияи милаш на зиёда аз бисту панч Чоул;

– силохи сарди тегдор.

4) Силохи ишоракунанда.

  1. Аз силохи гайринизоми набояд тирпарронии бефосила ба амал бароварда шавад ва гунчоиши тирдони он набояд аз дах патрон зиёд бошад. Тирхои патронхои силохи гайринизоми набояд дилаи аз маводи сахт сохташуда дошта бошанд.
  2. Тартиби гардиши силохи гайринизоми ва лавозимоти чангии онро Хукумати Чумхурии Точикистон мукаррар менамояд.

 

Моддаи 7. Кадастри давлатии силохи хизмати, гайринизоми ва лавозимоти чангии он

 

  1. Кадастри давлатии силохи хизмати, гайринизоми ва лавозимоти чангии он (минбаъд-Кадастр) мачмуаи расми мебошад, ки аз тарафи Агентии стандартизатсия, метрология, сертификатсия ва нозироти савдои назди Хукумати Чумхурии Точикистон пешбурд ва нашр карда шуда, маълумоти  мураттабгардида дар бораи силохи хизмати, гайринизоми ва лавозимоти чангии гардишашон дар худуди Чумхурии Точикистон ичозатдодашударо дар бар мегирад.
  2. Ба Кадастр маълумот дар бораи силохи сард ва силохи хаводиханда, хамчунин силохи гайринизомии камшумори дар худуди Чумхурии Точикистон сохташаванда, ба худуди Чумхурии Точикистон воридшаванда ва аз худуди Чумхурии Точикистон содиршаванда дохил карда намешаванд.
  3. Тартиби пешбурд ва нашри Кадастрро Хукумати Чумхурии Точикистон мукаррар менамояд.

 

Моддаи 8. Сертификатсияи силохи хизмати, гайринизоми ва лавозимоти чангии он

 

1.Тамоми намудхои силохи хизмати, гайринизоми ва лавозимоти чангии онхо, ки дар худуди Чумхурии Точикистон сохта мешаванд, аз дигар давлатхо ба худуди Чумхурии Точикистон ворид карда мешаванд ё аз худуди Чумхурии Точикистон содир карда мешаванд, бояд хатман сертификатсия карда шаванд.

  1. Сертификатсияи силохи хизмати, гайринизоми ва лавозимоти чангии он бо тартиби мукарраркардаи конунгузории Чумхурии Точикистон аз руи аризахои силохсозон, инчунин шахрвандон ва шахсони хукуки, ки ба худуди Чумхурии Точикистон силох ворид мекунанд, гузаронида мешавад, агар дар бораи эътирофи тарафайни натичахои сертификатсияи силох бо давлате, ки силох дар он чо сохта шудааст, созишнома набошад.
  2. Агентии стандартизатсия, метрология, сертификатсия ва нозироти савдои назди Хукумати Чумхурии Точикистон дар асоси натичахои сертификатсияи силох дар бораи мансуб донистани он ба силохи хизмати ё гайринизоми карор кабул менамояд.
  3. Тамоми намудхои силохи хизмати, гайринизоми ва лавозимоти чангии онхо, ки дар худуди Чумхурии Точикистон сохта мешаванд, ба худуди Чумхурии Точикистон ворид карда мешаванд ва аз худуди Чумхурии Точикистон содир карда мешаванд, хамчунин махсулоти таркибан силохмонанд тибки конунгузории Чумхурии Точикистон бояд тасдики хатмии мутобикат ба талаботи конунгузории Чумхурии Точикистон дар сохаи бамеъёрдарории техники ва стандартониро дошта бошанд.
  4. Сертификати мутобикат хамчун асос барои гардиши силохи хизмати ва гайринизоми, лавозимоти чангии он дар худуди Чумхурии Точикистон хизмат мекунад. Тасдики мутобикати силохи хизмати ва гайринизоми, лавозимоти чангии он ба талаботи конунгузории Чумхурии Точикистон дар сохаи бамеъёрдарории техники ва стандартони аз руи тартиби муайяннамудаи Хукумати Чумхурии Точикистон амали карда мешавад.

 

Моддаи 9. Махдудиятхое, ки барои гардиши силохи хизмати, гайринизоми ва лавозимоти

                     чангии он мукаррар карда мешаванд

 

Дар каламрави Чумхурии Точикистон манъ аст:

1) Гардиши силохи зерин ба сифати силохи хизмати, гайринизоми ва лавозимоти чангии он:

– силохи оташфишони шикори ва оташфишони суфтамил, дарозмили худмухофизатии гунчоиши тирдонаш бештар аз дах патрон, дарозии милаш камтар аз панчсад миллиметр ва дарозии умумии худи он камтар аз хаштсад миллиметр буда, сохти он имконият медихад, ки дарозиаш аз хаштсад миллиметр кам карда шавад ва дар баробари ин имконияти тирпаррони аз байн намеравад, ба истиснои силохи варзиши;

– силохи оташфишоне, ки шаклаш ба ашёи дигар монанд аст;

– шашпархо, кастетхо ва дигар ашёи зарбазани поракунанда, силохи сард ва хаводиханда (сурикенхо, бумерангхо, арбалетхо, камонхо ва тирхои онхо), ба истиснои гулулахои варзиши;

– патронхои дорои тирхои зирехшикан, оташзананда ё тарконанда, инчунин патронхои сочмадор барои таппончахо ва револверхо;

– силох ва дигар ашёе, ки зарбаи онхо ба истифодаи шуоъхои радиоактиви ва омилхои биологи асос ёфтааст;

– силохи гази, ки дорои моддахои асабхаробкунанда, фалачкунанда, захролудкунанда ва дигар моддахои сахттаъсир буда, инчунин кодир аст аз хисоби таъсири моддахои ашковар ё гашовар ба саломатии одами дар масофаи бештар аз як метр дуристода зарари миёна расонад;

– таппонча ва револверхои гази ё ишоракунанда, ки сохташон имкони аз патронхои чарохатрасон, тирдор ва сочмадор тирпаррони карданро медихад; (КЧТ аз 26.07.14 с., № 1105)

– силохи сарди тегдор ва кордхо, ки тег ва дами онхо дар сурати зер кардани тугма ё фишанг пеш мебароянд ва сабт шуда, ба кор дароварда мешаванд ва ё аз хисоби кувваи вазн ё харакати босуръат ба таври автомати сабт шуда, омодаи истифода мегарданд ва дар ин холат дарозии
тегашон бештар аз хаштоду панч миллиметрро ташкил медихад.

2) Берун аз объекти варзиши нигох доштан ё истифода бурдани силохи оташфишон ва пневматикии варзишии вохиди энергияи милаш бештар аз хафтуним Чоул, силохи сарди тегдор ва силохи хаводиханда.

3) Фурухтан ё ба силохи гайринизоми насб кардани асбоби тирпарронии беовоз ва нишонгираки шабона, ба истиснои нишонгиракхои шикори, ки тартиби истифодаи онхоро Хукумати Чумхурии Точикистон мукаррар менамояд.

4) Фиристодани силох ва лавозимоти чанги.

5) Дар вакти гузаронидани мачлисхо, гирдихамоихо, рохпаймоихо, намоишхо, пикетгузорихо ва дигар чорабинихои оммави силох гирифта гаштани шахрвандон.

6) Бо максади худмухофизаткуни аз тарафи шахрвандон гирифта гаштани силохи оташфишони суфтамили дарозмил ва силохи сард, ба истиснои холатхои хамлу накл ва интикол додани силоххои зикргардида.

 

Моддаи 10. Ичозатномадихи ба фаъолияти истехсол, сохтан, хариду фуруш, коллексиякуни ё

                        банамоишгузории силох ва лавозимоти чангии он

 

  1. Дар каламрави Чумхурии Точикистон истехсол, сохтан, хариду фуруш, коллексиякуни ё банамоишгузории силох ва лавозимоти чангии он бояд бо гирифтани ичозатнома бо тартиби мукаррарнамудаи конунгузории Чумхурии Точикистон ба рох монда шаванд, ба истиснои истехсол ва сохтани он аз чониби ташкилотхои давлатии харбикунонидашуда.
  2. Аз силохи оташфишони милаш рахпеч, ки бо максади коллексиякуни ва банамоишгузори чамъовари карда мешавад, барои ташаккули махзани давлатии тиру гилзахо бо тартиби муайяннамудаи Хукумати Чумхурии Точикистон тирпарронии санчиши гузаронида мешавад.
  3. Хариду фуруши силохи гайринизоми, хизмати ва лавозимоти чангии он, боздоштан ва бекор кардани амали ичозатнома мутобики Конуни мазкур ва дигар санадхои меъёрии хукукии Чумхурии Точикистон амали карда мешаванд.

 

БОБИ 2.

СУБЪЕКТХОЕ, КИ БАРОИ СОХИБ ШУДАН БА СИЛОХ ХУКУК ДОРАНД 
ВА ТАРТИБИ ГИРИФТАНИ ОН

 

Моддаи 11. Субъектхое, ки барои сохиб шудан ба силох хукук доранд

 

Хукуки сохиб шудан ба силохро дар каламрави Чумхурии Точикистон инхо доранд:

– ташкилотхои давлатии харбикунонидашуда;

-Ташкилоти чамъиятии мададгори мудофиаи Чумхурии Точикистон;

– иттиходияхои чамъиятии варзиши ва шикорчиги;

– муассисахои тахсилоти умуми;

– шахсони вокеи ва хукукие, ки бо коллексиякуни ё банамоишгузории силох машгуланд;

– шахрвандони Чумхурии Точикистон;

– шахрвандони хоричи;

– бонкхои Чумхурии Точикистон;

– Хазинаи сарватхои давлатии назди Вазорати молияи Чумхурии Точикистон;

– нозирони давлатии хифзи мухити зист;

– Нозироти давлатии хифзи чангал;

– Муассисаи давлатии обухавошиноси;

– Хадамоти алокаи фелдегери.

 

Моддаи 12. Хукуки ташкилоти давлатии харбикунонидашуда барои сохиб шудан ба силох ва

                       тирпарронии санчиши аз он

 

  1. Ташкилоти давлатии харбикунонидашуда хукук дорад ба силохи чангие, ки бо карори Хукумати Чумхурии Точикистон барои мусаллах кардани хамин ташкилот таъин гардидааст, инчунин силохи дигаре, ки ба Кадастр дохил карда шудааст, сохиб шавад.
  2. Аз силохи оташфишони милаш рахпечи дар ихтиёри ташкилоти давлатии харбикунонидашуда буда барои ташаккули махзани давлатии тиру гилза бо тартиби муайяннамудаи Хукумати Чумхурии Точикистон тирпарронии санчиши гузаронида мешавад.

 

Моддаи 13. Тирпарронии санчиши аз силохи оташфишони гайринизомии милаш рахпеч

 

  1. Барои ташаккули махзани давлатии тиру гилза хангоми дароз намудани мухлати рухсатномаи нигох доштан ва гирифта гаштани силох аз тарафи макомоти корхои дохили баъд аз таъмири кисмхои асосии он, иваз ё коркарди механикии сараки зарбазанак, хамчунин хангоми ба сохибияти шахси дигар додани силох аз силохи оташфишони гайринизомии милаш рахпеч тирпарронии санчиши гузаронида мешавад.
  2. Тартиби гузаронидани тирпарронии санчиши аз силохи оташфишони гайринизомии милаш рахпеч ва талаботи бахисобгирии тирхо ва гилзахое, ки ба махзани давлатии тиру гилза супорида мешаванд, аз тарафи Хукумати Чумхурии Точикистон мукаррар мегарданд.

 

Моддаи 14. Хукуки сохиб шудан ба силох аз тарафи корхонахо, муассисахо ва дигар

                        ташкилотхое, ки конунгузории Чумхурии Точикистон онхоро муайян кардааст

 

  1. Корхонахо, муассисахо, дигар ташкилотхо ва макомоти давлатие, ки конунгузории Чумхурии Точикистон муайян кардааст, баъди аз макомоти корхои дохили гирифтани рухсатнома хукук доранд ба силохи хизмати ва гайринизоми сохиб шаванд. Шакли рухсатномаро Вазорати корхои дохилии Чумхурии Точикистон мукаррар мекунад.
  2. Силохи сохибишуда бояд ба кайд  гирифта шуда, ба Кадастр дохил карда шавад. Хангоми ба кайд гирифтан ба корхона, муассиса ва дигар ташкилот барои нигох доштан ва истифода бурдани ин силох дар асоси хуччатхое, ки конуни будани сохибият ба силохро тасдик мекунанд, ба муддати панч сол рухсатнома дода мешавад.
  3. Силохи сохибишуда бояд дар мухлати дах руз баъд аз сохиб шудан ба он дар макомоти корхои дохили ба кайд гирифта шавад, хамчунин  хангоми дар худуди давлати дигар ба силох сохиб шудан, баъд аз ворид шудан ба Чумхурии Точикистон он дар хамон мухлат ба кайд гирифта мешавад. Хангоми бакайдгири ба корхона, муассиса ё дигар ташкилот барои нигох доштан ва истифода бурдани ин силох ба мухлати се сол дар асоси санадхои тасдиккунандаи конуни будани сохибият ба он рухсатнома дода мешавад. Мухлати амали рухсатнома тибки тартибе, ки барои гирифтан ва сохиб шудан ба силох пешбини шудааст, дароз карда мешавад.
  4. Ба кормандони корхонахо, муассисахо ё дигар ташкилотхое, ки конунгузории Чумхурии Точикистон муайян менамояд, аз руи карори рохбари хамин корхона, муассиса ё ташкилот баъди аз тайёрии дахлдор гузаштани корманд ва дар сурати набудани мамониат ба гирифтани рухсатномаи сохиб шудан ба силохи гайринизоми, силох дода мешавад. Кормандони мазкур ухдадоранд дар асоси тартиби мукарраршуда аз муоинаи тибби ва тайёрии коршоями дар шароити истифодаи силохи оташфишон гузаранд.
  5. Тартиби гузаронидани муоинаи тибби ва барномаи тайёриро мутобикан Вазорати тандурусти ва хифзи ичтимоии ахолии Чумхурии Точикистон ва Вазорати корхои дохилии Чумхурии Точикистон муайян мекунанд. (КЧТ аз 26.07.14 с., № 1105)

 

Моддаи 15. Хукуки сохиб шудан ба силох аз тарафи бонкхо

 

  1. Бонкхои давлати ва тичоратии Чумхурии Точикистон бо максади ичрои ухдадорихои ба онхо вогузоршуда оид ба мухофизати чойхои нигохдории маблагхои пули ва сарватхо, хамчунин хангоми хамлу накли онхо хукук доранд дар асоси рухсатнома бо тартиби мукаррарнамудаи  Вазорати корхои  дохилии Чумхурии Точикистон ба силох сохиб шаванд.
  2. Номгуи бонкхои тичоратии Чумхурии Точикистонро, ки барои сохиб шудан ба силох хукук доранд, Хукумати Чумхурии Точикистон муайян менамояд.

 

Моддаи 16. Хукуки сохиб шудан ба силох аз чониби Хазинаи сарватхои давлатии назди

                        Вазорати молияи Чумхурии Точикистон

 

Хазинаи сарватхои давлатии назди Вазорати молияи Чумхурии Точикистон бо максади ичрои ухдадорихои ба он вогузоршуда оид ба мухофизати чойхои нигохдории сарватхои фонди давлатии металлхои киматбахо ва сангхои киматбахои Чумхурии Точикистон, хамчунин хангоми хамлу накли онхо хукук дорад  дар асоси рухсатнома бо тартиби мукаррарнамудаи Вазорати корхои дохилии Чумхурии Точикистон ба силох сохиб шавад.

 

Моддаи 17. Хукуки Ташкилоти чамъиятии мададгори мудофиаи Чумхурии Точикистон

                       барои сохиб шудан ба силох

 

  1. Ташкилоти чамъиятии мададгори мудофиаи Чумхурии Точикистон хукук дорад бо максади тайёр намудани мутахассисон барои Куввахои Мусаллах, дигар вохидхои харби ва макомоти хифзи хукуки Чумхурии Точикистон, инкишофи намудхои техники ва харбиву амалии варзиш, инчунин омодасозии ахоли барои мухофизати Ватан бо тартиби мукаррарнамудаи Хукумати Чумхурии Точикистон ба силохи варзишию шикори ва лавозимоти чангии он сохиб шавад.
  2. Афсарон ва хизматчиёни харбии Ташкилоти чамъиятии мададгори мудофиаи Чумхурии Точикистон барои ичрои вазифахои худ аз чониби Вазорати мудофиаи Чумхурии Точикистон бо силох ва лавозимоти чанги таъмин карда мешаванд.

 

Моддаи 18. Хукуки шахрвандони Чумхурии Точикистон барои сохиб шудан ба силохи

                        гайринизоми

 

  1. Шахрвандони Чумхурии Точикистон, ки ба синни бистуяксолаги расидаанд, баъди гирифтани рухсатнома барои сохиб шудан ба  намуди мушаххаси силох дар макомоти корхои дохилии махалли истикомат хукуки сохиб шудан ба силохи худмухофизати, силохи варзиши, силохи шикори ва силохи ишоракунандаро доранд.
  2. Шахрвандони Чумхурии Точикистон хукук доранд ба силохи газии худмухофизати, гайр аз пошдихандахои механики ва василахои дорои аэрозоли бо моддахои ашковар ва гашовар мучаххаз дар асоси рухсатнома сохиб шаванд. Рухсатномаро макомоти корхои дохилии чои истикомати шахрванд медихад.
  3. Шахрвандони Чумхурии Точикистон хукук доранд пошдихандахои механики, василахои дорои аэрозоли бо моддахои ашковар ва гашовар мучаххаз, василахои мадхушкунандаи электрики, шарораи зарядгардон, силоххои пневматикии вохиди энергияи милашон на зиёда аз хафтуним Чоул ва калибрашон то чоруним миллиметрро, ба истиснои таппончахои пневматики, бидуни гирифтани рухсатнома  сохиб шаванд.
  4. Шахрвандони Чумхурии Точикистон хукук доранд таппончаи пневматики ва силохи оташфишони суфтамили дарозмили худмухофизатиро бо максади худмухофизаткуни дар асоси рухсатномаи макомоти корхои дохили сохиб шаванд.
  5. Шахрвандони Чумхурии Точикистон хукук доранд ба силохи оташфишони суфтамили шикори барои шикори хаваскорона ва касби тибки рухсатнома сохиб шаванд.
  6. Шахрвандони Чумхурии Точикистон, ки ба фаъолияти касбии бо шикор алокаманд машгуланд ё шикорчиёни хаваскоре, ки  на кам аз панч сол силохи хусусии шикории оташфишони суфтамил доранд ва коидахои шикор, сохиб шудан, ба хисоб гирифтан, нигох доштан, гирифта гаштан, интикол ва истифода бурдани силохро вайрон накардаанд, хукуки сохиб шудан ба силохи шикории оташфишони муштарак ва силохи шикории оташфишони милаш рахпечро доранд. Тартиби сохиб шудан, ба хисоб гирифтан, нигох доштан, гирифта гаштан, интикол додан ва истифода бурдани силохи шикории оташфишони муштарак ва силохи шикории оташфишони милаш рахпеч аз тарафи Вазорати корхои дохилии Чумхурии Точикистон муайян карда мешавад.
  7. Шумораи умумии силохи шикории оташфишони милаш рахпеч ва силохи оташфишони суфтамили сохибинамудаи шахрванди Чумхурии Точикистон набояд аз ду донаги зиёд бошад, ба истиснои холатхое, ки силоххои номбаршуда объекти коллексиякуни бошанд ё хамчун мукофот гирифта шуда бошанд.
  8. Барои сохиб шудан ба силоххои дар кисми 7 моддаи мазкур номбаршуда, ба истиснои холатхое, ки силоххои мазкур объекти коллексиякуни бошанд ё хамчун мукофот гирифта шуда бошанд, рухсатнома дода мешавад.
  9. Шахсоне, ки бори аввал силохи оташфишони суфтамили дарозмили худмухофизати, силохи оташфишони бемили зарбааш махдуди худмухофизати, таппончахо ва револверхои гази, силохи ишоракунандаро сохиб мешаванд, ба истиснои шахсоне, ки рухсатнома барои нигох доштан ва бо худ гирифта гаштани силохро доранд, ухдадоранд дар махалли зисташон аз санчиши донистани коидахои муносибати эхтиёткорона бо силох тибки тартиби муайяннамудаи Вазорати корхои дохилии Чумхурии Точикистон гузаранд.
  10. Шахсоне, ки бори аввал силохи оташфишони суфтамили варзиши ё шикориро сохиб мешаванд, хангоми гирифтани хуччати тасдиккунандаи хукук ба шикор ухдадоранд дар махалли зисташон дар ташкилотхое, ки ба онхо ин хукукро Хукумати Чумхурии Точикистон додааст, тибки барномаи бо Вазорати корхои дохилии Чумхурии Точикистон мувофикашуда аз санчиши донистани коидахои муносибати эхтиёткорона бо силох гузаранд.
  11. Ба силохи сарди шикории тегдор шахрвандоне сохиб шуда метавонанд, ки барои нигох доштан ва гирифта гаштани силохи оташфишони шикори рухсатномаи макомоти корхои дохилиро доранд.
  12. Силохи оташфишони суфтамили дарозмили худмухофизати, силохи оташфишони шикории сохибишуда бояд дар мухлати дах руз баъди сохиб шудан ба онхо дар макомоти корхои дохили ба кайд гирифта шаванд.
  13. Макомоти корхои дохили хангоми бакайдгирии силохи оташфишони суфтамили дарозмили худмухофизати ва намудхои дигари силохи шикории сохибишуда ба шахрванд барои нигох доштан ва гирифта гаштани онхо дар асоси хуччатхое, ки конуни будани сохибшави ба онхоро тасдик мекунанд, ба муддати се сол рухсатнома медиханд.

 

Моддаи 19. Ситонидани пардохтхо барои додани рухсатнома ва дароз намудани мухлати

                       амали он

 

  1. Барои додани рухсатнома оид ба сохиб шудан, нигох доштан ва гирифта гаштани силох, ба Чумхурии Точикистон ворид намудан ва аз Чумхурии Точикистон содир намудани силох ва лавозимоти чангии он, дароз намудани мухлати амали рухсатнома аз шахсони вокеи ва хукуки пардохти яквакта ситонида мешавад.
  2. Хачми пардохти мукарраргардида аз харочоти ташкили ва харочоти дигари марбут ба додани хуччатхо иборат буда, аз тарафи Хукумати Чумхурии Точикистон муайян карда мешавад.

 

Моддаи 20. Шахсоне, ки барои сохиб шудан ба силох хукук надоранд

 

  1. Шахсони зерин барои сохиб шудан ба силох хукук надоранд:

– шахсоне, ки ба синни бистуяксолаги нарасидаанд;

– шахсоне, ки бинобар майзадаги ва нашъаманди дар кайди макомоти тандурусти карор доранд;

– шахсоне, ки бемори ё нуксонхои чисмони доранд ва ин холатхо ба муомилаи дуруст бо силох монеъ мешаванд;

– шахсоне, ки барои содир намудани чиноятхои касдона доги суди доранд;

– шахсоне, ки чазои чиноятиро адо мекунанд;

– шахсоне, ки дар давоми як соли баъди таъини чазои маъмури  такроран хукуквайронкунии маъмури содир намудаанд, ки ба тартиботи чамъияти ё ба тартиботи мукаррарнамудаи идоракуни  тахдид мекунад;

– шахсоне, ки ба макомоти корхои дохили хуччати тасдиккунанда дар бораи гузаштан аз санчиши донистани коидахои муносибати эхтиёткорона бо силохро пешниход накардаанд;

– шахсоне, ки бо хукми суд аз хукуки ишголи мансабхои муайян ё машгул шудан бо фаъолияти касби ё сохибкори дар сохаи гардиши силох махрум шудаанд;

– шахсоне, ки чои доимии истикомат ё шароити нигахдории силохро надоранд.

  1. Номгуи беморихо ва нуксонхои чисмониро, ки дар сурати мавчуд будани онхо рухсатнома барои сохиб шудан ба силох ба шахрванд дода намешавад ва тартиби гузаштани шахрвандон аз муоинаи тиббиро Хукумати Чумхурии Точикистон муайян менамояд.

 

БОБИ 3.

ТАРТИБИ ГАРДИШИ СИЛОХ ВА ЛАВОЗИМОТИ ЧАНГИИ ОН
 

Моддаи 21. Сохтани силох

 

Сохтани силох васл намудани кисмхои он, аз нав сохтан ё таъмир кардани силох бо максади ба он баргардонидани хусусиятхои зарбазани, инчунин тайёр кардани лавозимоти чангиро дар бар мегирад, ки он бо тартиби муайяннамудаи Хукумати Чумхурии Точикистон амали карда мешавад.

 

Моддаи 22. Ба худуди Чумхурии Точикистон ворид намудан ва аз худуди Чумхурии

                       Точикистон содир намудани силох ва лавозимоти чангии он

 

  1. Ворид намудани силох ва лавозимоти чанги ба худуди Чумхурии Точикистон ва содир намудани онхо аз худуди Чумхурии Точикистон бо тартиби муайяннамудаи Хукумати Чумхурии Точикистон амали карда мешаванд.
  2. Ворид намудани силохи хизмати, гайринизоми ва лавозимоти чангии он ба худуди Чумхурии Точикистон ва содироти он аз худуди Чумхурии Точикистон тибки рухсатномаи макомоти корхои дохили бо назардошти талаботи Конуни мазкур амали карда мешаванд.
  3. Силох ва лавозимоти чангии воридшаванда ва содиршаванда бояд тамга ё нишони мутобикати  стандартро дошта бошанд.

 

Моддаи 23. Сохиб шудан, ворид ва содир намудани силохи гайринизоми аз тарафи

                       шахрвандони хоричи

 

  1. Шахрвандони хоричи метавонанд тибки рухсатномахои макомоти корхои дохили дар асоси дархости намояндагихои давлатхое, ки шахрвандони онхо мебошанд, ба силохи гайринизоми сохиб шаванд, ба шарте ки онхо ин силохро аз худуди Чумхурии Точикистон на дертар аз дах рузи сохиб шудан ба он содир намоянд.
  2. Силохи шикори ва варзиширо шахрвандони хоричи метавонанд ба худуди Чумхурии Точикистон ворид кунанд, агар карордод барои шикор ё таклиф барои иштирок дар чорабинихои варзиши ва рухсатномаи дахлдори Вазорати корхои дохилии Чумхурии Точикистон мавчуд бошад. Силох бояд аз худуди Чумхурии Точикистон дар мухлати мукаррарнамудаи карордод ё таклифи зикргардида содир карда шавад.
  3. Ворид намудани тамоми намудхо, навъхо ва намунахои силох ба худуди Чумхурии Точикистон ва истифодаи онхо аз тарафи шахрвандони хоричи бо максади таъмини амнияти шахси, химояи хаёт ва саломатии дигар шахсон, мухофизати моликияти онхо, хамлу накли борхо ва бо дигар максадхое, ки дар кисми 2 хамин модда зикр нагардидаанд, манъ аст, агар бо санадхои хукукии байналмилалие, ки Точикистон онхоро эътироф кардааст, тартиби дигар пешбини нашуда бошад.
  4. Аз тарафи шахрвандони хоричи вайрон кардани мухлати содир намудани силох аз худуди Чумхурии Точикистон, инчунин тартиби ворид намудани он ба худуди Чумхурии Точикистон ва истифодаи он боиси гирифтан ва мусодираи силох мегардад.

 

Моддаи 24. Хариду фуруши силохи хизмати, гайринизоми ва лавозимоти чангии он

 

  1. Хариду фуруши силохи хизмати ва гайринизоми ва лавозимоти чангии онро дар худуди Чумхурии Точикистон шахсони хукукие, ки ичозатнома барои хариду фуруши силохи хизмати, гайринизоми ва лавозимоти чангии онро доранд, амали мекунанд.
  2. Шахсони хукукие, ки хукуки хариду фуруши силохи хизмати, гайринизоми ва лавозимоти чангии онро доранд, ухдадоранд:

– хуччатхои дахлдори таъсис ва бакайдгири, ичозатнома барои истехсолу сохтани силохи хизмати, гайринизоми ва лавозимоти чангии он ё  хариду фуруши онро дошта бошанд;

– сертификати мутобикати силохи фурухташавандаи хизмати, гайринизоми ва лавозимоти чангии он, инчунин рухсатномаи макомоти корхои дохилиро барои нигох доштани чунин силох дошта бошанд;

– аз харидор пешниходи рухсатнома барои харидории чунин намуди силохро талаб намоянд, ба истиснои силохе, ки барои харидориаш рухсатнома лозим нест;

– бахисобгирии силохи харидашуда ва фурухташуда, хамчунин нигохдории хуччатхои бахисобгириро ба мухлати дах сол таъмин намоянд;

– ба макомоти корхои дохили дар мухлати дах руз дар бораи силохи фурухташудаи хизмати ва гайринизоми ва лавозимоти чангии он, дар бораи харидорони он тибки намунае, ки Вазорати корхои дохилии Чумхурии Точикистон мукаррар кардааст, маълумот пешниход намоянд;

– дар рухсатномаи харидор силохи ба у фурухташударо кайд намоянд;

– риояи коидахои нигохдории силохро таъмин намоянд.

  1. Ба шахсони вокеи ва хукукие, ки рухсатномаро оид ба сохиб шудан ба силохи хизмати ва гайринизоми бе тамгаи мутобикати стандарт, инчунин рухсатномаро барои нигох доштан ва гирифта гаштани чунин силох пешниход накардаанд, фуруши силох ва лавозимоти чангии он манъ аст.
  2. Ба шахсони хукукие, ки барои хариду фуруши силохи хизмати, гайринизоми ва лавозимоти чангии он ичозатнома доранд, ичозат дода намешавад, ки дар толори фуруши силох навъхои дигари молхоро, ба истиснои тачхизоти варзиши, шикори, мохигири ва кисмхои эхтиётии силох, чойгир кунанд.
  3. Макомоти корхои дохили вазифадоранд хар семоха мавчудияти силохро дар ташкилотхои дорои ичозатнома барои хариду фуруши силох санчанд.

 

Моддаи 25. Фуруш ё додани силох аз тарафи ташкилотхои давлатии харбикунонидашуда

 

Ташкилотхои давлатии харбикунонидашуда хукук доранд силохи дар ихтиёрашон бударо бо тартиби муайяннамудаи Хукумати Чумхурии Точикистон фурушанд ё ройгон диханд.

 

Моддаи 26. Мукофотонидан, фурухтан, тухфа кардан ва ба мерос гузоштани силох аз тарафи

                       шахрвандон

 

  1. Силохи мукофоти силохе мебошад, ки дар асоси фармони Президенти Чумхурии Точикистон, карори Хукумати Чумхурии Точикистон ё хуччатхои мукофотии рохбарони давлатхо ё хукуматхои давлатхои хоричи, инчунин дар асоси фармонхои рохбарони Вазорати мудофиаи Чумхурии Точикистон, Вазорати корхои дохили Чумхурии Точикистон ва Кумитаи давлатии амнияти миллии Чумхурии Точикистон гирифта шудааст.
  2. Шахрванд хукук дорад силохеро, ки моликияти шахсии у мебошад, ба истиснои силохи чангии мукофоти, бо каблан огох кардани макомоти корхои дохили, ки ба вай барои нигох доштан ва гирифта гаштани он рухсатнома додаст, фурушад.
  3. Тухфа кардан ва ба мерос гузоштани силох бо тартиби  муайяннамудаи конунгузории Чумхурии Точикистон амали мешаванд, агар меросхур ё шахсе, ки ба вай силох тухфа карда мешавад, барои сохиб шудан ба хамин намуди силох рухсатнома дошта бошад.
  4. Дар сурати вафот кардани сохиби силохи гайринизоми он дархол аз тарафи макомоти корхои дохили то хал шудани масъалаи ба мерос гузоштани молу мулк ва гирифтани рухсатнома барои сохиб шудан ба ин намуди силох гирифта мешавад.

 

Моддаи 27. Нигох доштани силохи хизмати, гайринизоми ва лавозимоти чангии он

 

  1. Асос барои нигох доштани силохи хизмати, гайринизоми ва лавозимоти чангии он рухсатномаи макомоти корхои дохили оид ба нигох доштан ва гирифта гаштани силох ба хисоб меравад.
  2. Барои аз тарафи шахрвандони хоричи нигох доштани силохи гайринизомии дар Чумхурии Точикистон сохибишуда дар асоси рухсатномаи макомоти корхои дохили барои сохиб шудан ба он ба мухлати дах руз ичозат дода мешавад.
  3. Ба шахсони вокеи ва хукуки нигох доштан ва истифода бурдани силохи ёфтшуда ё ба онхо додашуда манъ аст, ба истиснои холатхое, ки Конуни мазкур мукаррар намудааст. Чунин силох бетаъхир бояд ба макомоти корхои дохили супорида шавад.
  4. Силохи хизмати, гайринизоми ва лавозимоти чангии он бояд дар шароите нигохдори шаванд, ки хифзи онхо, бехатарии нигохдори ва дастнорасии онхо ба шахсони бегона таъмин карда шаванд.
  5. Талабот оид ба шароити нигохдории намудхои гуногуни силохи хизмати, гайринизоми ва лавозимоти чангии онро Вазорати корхои дохилии Чумхурии Точикистон мукаррар менамояд.

 

Моддаи 28. Истифодаи силох

 

  1. Шахрвандони Чумхурии Точикистон метавонанд силохи дар асоси конуни доштаашонро барои химояи хаёт, саломати ва моликияташон дар холати  мудофиаи зарури ё зарурати нихои  истифода баранд. Пеш аз истифодаи силох шахсе, ки аз тарафи у хатар тахдид мекунад, бояд дакикан огох карда шавад, ба истиснои мавридхое, ки таъхир дар истифодаи силох ба хаёти одамон хавфи бевоситаро ба миён меорад ё метавонад боиси дигар окибатхои вазнин гардад. Хамзамон истифодаи силох дар холати мудофиаи зарури набояд ба шахсони сеюм зарар расонад.
  2. Истифодаи силохи оташфишон нисбат ба занон, шахсони дорои нишонахои баръалои маъюби, ноболигон, ба мукобили хавопаймохо, киштихо ва дигар воситахои наклиёт, ки мусофир доранд, шахсоне, ки гайриконуни сархади Чумхурии Точикистонро гузашта истодаанд ё нияти гузаштани онро доранд, агар ин харакатхо касдона набошанд ё дар натичаи фалокат ва садама ва ё дар зери таъсири бевоситаи омилхои табии содир шуда бошанд, хамчунин дар чойхои чамъшавии одамон манъ аст, ба истиснои холатхои содир шудани хучум, муковимати мусаллахона, хучуми гурухи ё мусаллахона, ки ба хаёти одамон тахдид мекунанд.
  3. Дар мавридхое, ки аз истифодаи силох зарар расонида мешавад, сохиби он ухдадор аст бетаъхир, на дертар аз як шабонаруз аз лахзаи содиршавии ходиса, ба макомоти корхои дохили хабар дихад. Шахсоне, ки дар асоси конуни силох доранд, дар мачлисхо, гирдихамоихо, рохпаймоихо, намоишхо, пикетгузорихо ва дигар чорабинихои оммави бо силох иштирок карданашон манъ аст, ба истиснои шахсоне, ки аз тарафи давлат ваколатдор шудаанд.
  4. Коидахои шикор бо истифодаи силохи оташфишони шикори, хамчунин коидахои истифодаи силохро хангоми машгулияти варзиши ва бо максадхои таълими Хукумати Чумхурии Точикистон мукаррар менамояд.

Моддаи 29. Бахисобгири, гирифта гаштан, нигох доштан, интикол додан ва нобуд сохтани

                         силохе, ки барои коллексиякуни ва банамоишгузори таъин шудааст

  1. Силохи коллексияшуда силохе мебошад, ки он мувофики хулосаи комиссияи экспертии макомоти ваколатдори давлати ахамияти илми, таърихи, бадеи дошта, мувофики хамин Конун барои махфуз доштани он аз чониби шахрвандон, корхонахо, муассисахо ва дигар ташкилотхо ичозат дода шудааст ва он барои ташкили коллексия ва намоиш додан таъин гардидааст.
  2. Коидахои бахисобгири, гирифта гаштан, нигох доштан, интикол додан ва нобуд сохтани силохеро, ки барои коллексиякуни ва банамоишгузори таъин шудааст, Хукумати Чумхурии Точикистон муайян менамояд.
  3. Ба коллексиякуни ва банамоишгузории силох дар худуди Чумхурии Точикистон шахсони хукуки ва шахрвандоне машгул шуда метавонанд, ки бо тартиби мукаррарнамудаи конунгузории Чумхурии Точикистон ичозатнома дошта бошанд.
  4. Коидахои коллексиякуни ва банамоишгузории силох, хамчунин махсулоти таркибан силохмонанд, тартиби истехсол, хариду фуруш, сохиб шудан ба онхо, банамоишгузори, нигох доштан ва интиколи онхоро Хукумати Чумхурии Точикистон муайян менамояд.

 

Моддаи 30. Бекор кардан ва бозпас гирифтани рухсатнома барои сохиб шудан, нигох доштан

                       ё нигахдорию гирифта гаштани силох ва ё ичозатнома барои истехсол, сохтан,

                       хариду фуруш, коллексиякуни ё банамоишгузории силох ва лавозимоти чангии  он 

 

  1. Рухсатнома барои сохиб шудан, нигох доштан ё нигахдорию гирифта гаштани силохро макомоти рухсатномадода дар холати аз тарафи шахс риоя ва ё ичро накардани талаботи Конуни мазкур ё санадхои меъёрии хукукии танзимкунандаи гардиши силох, бекор менамоянд.
  2. Пеш аз кабули карор дар бораи бекор кардани рухсатнома, сохиби он ба таври хатти огох карда мешавад. Дар огохинома меъёрхои хукуки ва коидахое, ки вайрон карда шудаанд ва ё ичро нашудаанд, зикр мегарданд, хамчунин мухлати ислохи онхо муайян карда мешавад.
  3. Рухсатнома барои сохиб шудан, нигох доштан ё нигахдорию гирифта гаштани силох ва ё ичозатнома барои истехсол, сохтан, хариду фуруш, коллексиякуни ё банамоишгузории силох ва лавозимоти чангии он аз тарафи макомоти рухсатномадода ё ичозатномадода дар мавридхои зерин бекор карда мешаванд:

– ихтиёри даст кашидан аз рухсатнома ё ичозатнома ва ё бархам хурдани шахси хукуки ё вафоти сохиби силох;

– кабули карори суд дар бораи махрум кардан аз хукуки махсуси дахлдор дар бораи бекор кардани рухсатнома ва ё ичозатнома;

– ба миён омадани холатхои дар Конуни мазкур пешбинишуда, ки имкони гирифтани рухсатнома ва ё ичозатномаро намедиханд;

– бекор кардани билети шикорчиги тибки талаботи конунгузории Чумхурии Точикистон.

  1. Дар холатхои аз тарафи шахрванд вайрон кардани коидахои сохиб шудан, нигохдори, гирифта гаштан, нобуд кардан, сохтан, хариду фуруш, ба каси дигар додан, интикол додан, хамлу накл ё истифодаи силох ва лавозимоти чангии он, хамчунин аз тарафи шахрванд фиристонидани силох, ки дар Конуни мазкур ва санадхои меъёрии хукукии Чумхурии Точикистон мукаррар шудаанд, рухсатнома ва ё ичозатнома аз тарафи макомоти корхои дохили то кабули карори нихои тибки тартиби муайяннамудаи Конуни мазкур ва конунгузории Чумхурии Точикистон муваккатан гирифта  мешаванд.
  2. Сохибони рухсатнома ё ичозатнома метавонанд аз болои карор дар бораи бекор кардани он ба суд шикоят намоянд.
  3. Рухсатнома барои сохиб шудан, нигох доштан ё нигахдорию гирифта гаштани силох ва ё ичозатнома барои истехсол, сохтан, хариду фуруш, коллексиякуни ё банамоишгузории силох ва лавозимоти чангии он, ки ба шахси хукуки дода шудаанд, дар асоси аризаи макомоте, ки рухсатнома ва ё ичозатномаи мазкурро додаанд, бо тартиби пешбининамудаи конунгузории Чумхурии Точикистон аз тарафи суд бекор карда мешаванд.
  4. Дар мавриди бекор кардани рухсатнома барои сохиб шудан, нигох доштан ё нигахдорию гирифта гаштани силох ва ё ичозатнома барои истехсол, сохтан, хариду фуруш, коллексиякуни ё банамоишгузории силох ва лавозимоти чангии он шахсони вокеи ва хукуки метавонанд баъд аз бартараф намудани холатхои пешбининамудаи Конуни мазкур, ки ба гирифтани чунин ичозатнома ва ё рухсатнома имкон медиханд, мутобики конунгузории Чумхурии Точикистон барои такроран гирифтани онхо мурочиат намоянд.
  5. Дар холати аз рухсатнома ва ё ичозатнома ихтиёран даст кашидан, мухлати мурочиати такрори барои аз нав гирифтани онхо мукаррар карда намешавад.

Моддаи 31. Аз гардиш гирифтани силох ва лавозимоти чангии он 

  1. Аз гардиш гирифтани силох ва лавозимоти чангии он дар холатхои зерин сурат мегирад:

– вайрон намудани коидахои гардиши силох ва лавозимоти чангии он;

– бо тартиби мукарраргардида бекор карда шудани ичозатнома барои хариду фуруш ё сохтани силох ва ё рухсатнома барои нигох доштан ва гирифта гаштани он;

– аз тарафи шахсони вокеи ё хукуки вайрон карда шудани коидахои мукарраршудаи сохиб шудан, ба кайд гирифтан, нигох доштан, гирифта гаштан ва истифодаи силох то кабули карор бо тартиби мукаррарнамудаи конунгузории Чумхурии Точикистон;

– ба чавобгарии чинояти кашидани шахси вокеи;

– вафот кардани шахрванде, ки сохиби  силохи гайринизоми буд, то аз тарафи меросхурон хал намудани масъалаи мероси молу мулк, инчунин вафоти шахрванде, ки дар асосхои конуни силохи чанги ё хизмати дошт;

– дар холатхои дигаре, ки конунгузории Чумхурии Точикистон пешбини кардааст.

  1. Силохи хизмати, гайринизоми ва лавозимоти чангии он, ки аз гардиш гирифта шуда, аз чихати техники барои истифода коршоям мебошанд, бо тартиби мукарраркардаи Хукумати Чумхурии Точикистон фурухта мешаванд.
  2. Тартиби аз гардиш гирифтани силох ва лавозимоти чангии он, чуброни аз гардиш гирифтани силохи оташфишони бемили зарбааш махдуд – таппончахо ва револверхоро бо патронхои чарохатрасон, ки шахрвандон то манъ намудани гардиши онхо бо Конуни мазкур дар ихтиёри худ доранд, Вазорати корхои дохилии Чумхурии Точикистон муайян мекунад. (КЧТ аз 8.08.15 с., № 1217)

 

БОБИ 4.

МУКАРРАРОТИ ХОТИМАВИ

 

Моддаи 32. Назорати гардиши силох ва лавозимоти чангии он

 

  1. Назорати гардиши силох ва лавозимоти чангии он дар худуди Чумхурии Точикистон аз тарафи макомоти корхои дохили ва макомоте амали мегардад, ки барои додани ичозатнома барои сохтани силох ваколат доранд.
  2. Шахсони мансабдоре, ки барои амали намудани назорати гардиши силох ва лавозимоти чангии он ваколатдор шудаанд, хукук доранд:

– силохро дар чойхои сохтан, хариду фуруш, нигохдори ва нобудсозии он аз назар гузаронанд;

– аз шахсони хукуки ва вокеи пешниход кардани хуччатхои дахлдор ва маълумоти хаттиро, ки барои ичро намудани вазифахои назорати заруранд, талаб намоянд;

– дар сурати ошкор намудани вайронкунии коидахои мукарраршуда ба шахрвандон ва шахсони мансабдор барои бартараф намудани он дастур диханд;

– чорахои дигари пешбининамудаи конунгузории Чумхурии Точикистонро андешанд.

  1. Шахсони мансабдори макомоте, ки ба амали намудани назорати гардиши силохи хизмати, гайринизоми ва лавозимоти чангии он ваколатдор шудаанд, хукук доранд:

– силохи дар худуди Чумхурии Точикистон гардишаш манъкардашударо тибки коидахои мукарраршуда ройгон гирифта, нобуд созанд, ба истиснои силохе, ки то мавриди амал карор гирифтани Конуни мазкур расман ба даст оварда шудааст ва дар ихтиёри сохибонаш карор дорад;

– ба суд бо ариза дар бораи беэътибор донистани ичозатнома барои хариду фуруши силох ва ё рухсатнома бораи нигох доштан ё нигохдорию гирифта гаштани он, гирифтани ичозатнома ва ё рухсатномаи зикргардида, силох ва лавозимоти чангии он, мачбуран бегона кардани силох ва лавозимоти чангии он мурочиат намоянд, хамчунин чорахои дигари пешбининамудаи конунгузории Чумхурии Точикистонро андешанд.

  1. Назорати гардиши силох ва лавозимоти чангие, ки дар ихтиёри субъектхои дар моддаи 11 Конуни мазкур зикршуда карор доранд, тибки тартиби муайяннамудаи Хукумати Чумхурии Точикистон амали карда мешавад.

 

Моддаи 33. Хамкории байналмилалии Чумхурии Точикистон дар сохаи гардиши силох ва     лавозимоти чангии он 

 

Чумхурии Точикистон мутобики санадхои хукукии байналмилалие, ки Точикистон онхоро эътироф кардааст, дар асоси принсипхои хамкории байналмилалии хукуки хамкориро бо давлатхои хоричи ва ташкилотхои байналмилали дар сохаи гардиши силох ва лавозимоти чангии он амали менамояд.

Моддаи 34. Чавобгари барои риоя накардани талаботи Конуни мазкур

 

Шахсони вокеи ва хукуки барои риоя накардани талаботи Конуни мазкур мувофики конунгузории Чумхурии Точикистон ба чавобгари кашида мешаванд.

 

Моддаи 35. Дар бораи аз эътибор сокит донистани Конуни Чумхурии Точикистон

                      «Дар бораи ярок»

 

Конуни Чумхурии Точикистон аз 1 феврали соли 1996 “Дар бораи ярок” (Ахбори Мачлиси Олии Чумхурии Точикистон, с. 1996, № 4, мод. 57; с. 2001, №4, мод. 152; с. 2003, №4, мод. 143; с. 2004, №12, к. 1, мод. 695; с. 2005, №3, мод. 115; №12, мод. 645; с. 2006, №7, мод. 338; с. 2007, №5, мод. 360; с. 2009, №7-8, мод. 492; с. 2011, №12, мод. 841; с. 2012, №4, мод. 257) аз эътибор сокит дониста шавад.

 

Моддаи 36. Тартиби мавриди амал карор додани Конуни мазкур

 

Конуни мазкур пас аз интишори расми мавриди амал карор дода    шавад.

 

Президенти

Чумхурии Точикистон   Эмомали РАХМОН

 

ш. Душанбе, 19 марти соли 2013,

№ 939

 

Инчунин кобед

Обро дар Душанбе кисман санахои 14, 15-ум октябр катъ мекунанд

Дар робита ба корхои таъмир дар кисматхои гуногуни Душанбе, обро бо навбат махкам мекунанд Шахрдори …