Главная / Чамъият / СИЁСАТИ ДАВЛАТИ ДАР СОХАИ САНОАТ : КОНУН

СИЁСАТИ ДАВЛАТИ ДАР СОХАИ САНОАТ : КОНУН

КОНУНИ ЧУМХУРИИ ТОЧИКИСТОН ДАР БОРАИ СИЁСАТИ ДАВЛАТИ ДАР СОХАИ САНОАТ

(Ахбори Мачлиси Олии Чумхурии Точикистон, с. 2017, № 5, к. 1, мод. 272)

Конуни мазкур максад, вазифа ва принсипхои асосии сиёсати давлати, хусусият ва механизмхои амали намудани дастгирии давлатии субъектхои фаъолият дар сохаи саноатро мукаррар намуда, ба ташаккул ва устувор намудани иктидори саноатии Чумхурии Точикистон равона гардидааст.

БОБИ 1. МУКАРРАРОТИ УМУМИ

Моддаи 1. Мафхумхои асоси

Дар  Конуни мазкур мафхумхои асосии зерин истифода мешаванд:

– сиёсати давлати дар сохаи саноат – мачмуи чорахои таъсиррасонии давлати ба фаъолият дар сохаи саноат, ки ба рушди мутаносиб ва устувори иктидорхои саноати, таъмини пешрафти истехсоли махсулоти саноатии ракобатпазир ва ганигардонии бозори истеъмоли равона шудаанд;

– саноат – сохаи иктисодиёти милли, ки ба рушди куввахои истехсолкунанда таъсири халкунанда мерасонад;

– фаъолият дар сохаи саноат – мачмуи намудхои фаъолияти иктисоди, ки ба истехсоли махсулоти саноати дахл доранд;

– субъектхои фаъолият дар сохаи саноат – шахсони хукуки ва сохибкорони инфироди, ки фаъолиятро дар сохаи саноат амали менамоянд;

– истехсолоти саноати – истехсолоте, ки дар рафти он ашёи хом, масолехи асоси ё нимтайёр бо истифодаи тачхизоти саноати ба махсулоти тайёр мубаддал мегардад;

– махсулоти саноати – молхое, ки дар натичаи амалисозии фаъолият дар сохаи саноат истехсол мешаванд;

– инфрасохтори саноати – мачмуи объектхои молумулкии гайриманкул (китъахои замин, бино, иншоот), шабакахо (барки, газтаксимкуни, гармидихи, обтаъминкуни, корези, наклиёти, алокаи барки), ки барои амалисозии фаъолияти саноати заруранд;

– иттиходияи (ассотсиатсияи) субъектхои фаъолият дар сохаи саноат – ташкилотхои гайритичоратие, ки аз чониби субъектхои фаъолият дар сохаи саноат бо максади хамохангсозии фаъолияти онхо таъсис дода шуда, хукук ва манфиатхои конунии онхоро химоя мекунанд;

– Шурои миллии назди Хукумати Чумхурии Точикистон оид ба рушди саноат – макоми машваратию  маслихати, ки бо максади мусоидат ба амалисозии сиёсати давлати дар сохаи саноат таъсис дода мешавад.

 

Моддаи 2. Конунгузории Чумхурии Точикистон дар бораи сиёсати давлати дар сохаи саноат

Конунгузории Чумхурии Точикистон дар бораи сиёсати давлати дар сохаи саноат ба Конститутсияи  Чумхурии Точикистон  асос ёфта, аз  Конуни мазкур, дигар санадхои меъёрии хукукии Чумхурии Точикистон, инчунин санадхои хукукии байналмилалие, ки Точикистон онхоро эътироф намудааст, иборат мебошад.

Моддаи 3. Максад ва вазифахои сиёсати давлати дар сохаи саноат

  1. Максади сиёсати давлати дар сохаи саноат аз инхо иборат аст:

– рушди босубот ва инноватсионии саноат;

– афзунгардони ва таъмини ракобатпазирии иктисодиёти милли ва дар асоси он хал намудани вазифахои ичтимоии давлат, таъмини амнияти милли;

– гузариши иктисодиёти кишвар аз шакли тавлидкунандаи ашёи хом ба истехсолкунандаи махсулоти нихои;

– мусоидат ба шугли ахоли, ташкили чойхои нави кори.

  1. Вазифахои сиёсати давлати дар сохаи саноат аз инхо иборатанд:

– таъсис ва рушди инфрасохтори саноати ва ичтимои;

– фарохам овардани шароити баробар ва ракобатпазири ба субъектхои фаъолият дар сохаи саноат;

– афзун гардондани истехсоли махсулоте, ки хиссаи калони арзиши изофа дорад ва дастгири намудани содироти чунин махсулот;

– хавасмандгардонии татбики натичахои фаъолияти зехни, технологияхои илмбор, воридотивазкунанда, манбаъсарфакунанда ва аз чихати экологи бехатар,  азнавкунии техникии иктидорхои истехсоли;

– таъмини бехатарии саноати, дастгирии истифодаи окилона ва самараноки иктидорхои биоиклимии кишвар, захирахои гидроэнергетики ва сарчашмахои алтернативии энергия, захирахои табии, мехнати ва молияви;

– мусоидат намудан ба рушди минтакахои озоди иктисоди, савдои наздисархади, ташкили мачмаахои саноати, марказхои инжиниринги, паркхои технологи ва марказхои хурди технологи, бюрои конструкторию технологи, коркардхои илмию тадкикоти ва конструкторию тачрибави;

– мусоидат намудан ба азнавсозии тарх, диверсификатсия ва тачдиди истехсолот бо назардошти номгуйи махсулоти истехсолшаванда ва талаботи бозор.

Моддаи 4. Принсипхои асосии сиёсати давлати дар сохаи саноат

Принсипхои асосии сиёсати давлати дар сохаи саноат инхо мебошанд:

– волоияти конун ва шаффофияти иттилооти;

– бартарии шарикии давлат ва бахши хусуси;

– пешгуи, мониторинг, назорат, хамохангсози, хавасмандгардони ва дастгирии фаъолият дар сохаи саноат, азнавкунии саривактии истехсолоти саноати, вобастагии татбики чорахои хавасмандгардони ба ноил шудан ба нишондихандахои хадафи;

– мувофикатии чорахои ташкили, хукуки, илми, молияви, иттилооти дар сохаи саноат;

– хамгирои ва ракобатпазирии истехсолоти саноати, тамоюл ба ичрои фармоишхои давлати, тахкими истехсолоти ивазкунандаи воридоти ва ба содирот нигаронидашуда.

Моддаи 5. Мониторинги вазъи амалисозии сиёсати давлати дар сохаи саноат

  1. Мониторинги вазъи амалисозии сиёсати давлати дар сохаи саноатро макоми ваколатдори давлати дар сохаи саноат анчом медихад.
  2. Барои татбики мониторинги вазъи амалисозии сиёсати давлати дар сохаи саноат метавонанд бо тартиби мукаррарнамудаи конунгузории Чумхурии Точикистон иттиходияи (ассотсиатсияи) субъектхои фаъолият дар сохаи саноат, иттиходияхои чамъиятии дигар ва муассисахои илмию тадкикоти чалб карда шаванд.
  3. Иттилоотонии макомоти давлати, шахсони вокеи ва хукуки оид ба натичаи мониторинги вазъи амалисозии сиёсати давлати дар сохаи саноатро макоми ваколатдори давлати дар сохаи саноат тавассути системаи ягонаи давлатии иттилооти, ки маълумот дар бораи вазъи сохахои гуногуни саноат ва пешгуии рушди онхоро дар бар мегирад, амали месозад.

Моддаи 6. Салохияти Хукумати Чумхурии Точикистон оид ба сиёсати давлати дар сохаи саноат

Салохияти Хукумати Чумхурии Точикистон оид ба сиёсати давлати дар сохаи саноат аз инхо иборат аст:

– тахия ва тасдики дурнамо, консепсия, стратегия ва барномахои рушди сохаи саноат, аз чумла барномаи истехсоли махсулоти воридотивазкунанда ва содиротшаванда;

– муайян намудани сохахои афзалиятноки саноат;

– муайян намудани макоми ваколатдори давлати дар сохаи саноат, ваколатхои макомоти дигари давлати оид ба амалисозии сиёсати давлати дар сохаи саноат;

– тасдики тартиби ташкил ва таъмини фаъолияти системаи ягонаи давлатии иттилооти дар сохаи саноат;

– мукаррар намудани тартиби ташаккул ва татбики лоихахои сармоягузори оид ба дастгирии молиявии сохахои саноат;

– мукаррар намудани талабот ва нишондихандахо (индикаторхо) нисбати субъектхои фаъолияти саноати барои татбики чорахои хавасмандгардонии пешбининамудаи конунгузории Чумхурии Точикистон;

– фарохам овардани шароити зарури барои чалби сармоягузории ватани ва хоричи ба сохаи саноат, мукаррар намудани механизмхои молияви ва иктисодии хавасмандгардонии истехсолкунандагон;

– дастгирии молияви ва молумулкии субъектхои фаъолият дар сохаи саноат, аз чумла ташкилотхое, ки сугуртаи карзхои содироти ва сармоягузориро аз таваккал амали месозанд;

– содагардонии расмиёти фаъолияти иктисоди беруна тибки конунгузории Чумхурии Точикистон;

– мусоидат ба таъсиси корхонахои муштарак ва хамгироии саноати кишвар ба иктисодиёти чахони;

– мукаррар намудани тартиби чойгиркунии фармоиши давлати ба истехсоли махсулоти саноатии ватани;

– муайян намудани самтхои асосии рушди инфрасохтори саноати, равияхои афзалиятноки тадкикоти илмию техники, технологи ва инноватсиони;

– амали намудани салохияти дигар вобаста ба сохаи саноат тибки конунгузории Чумхурии Точикистон.

Моддаи 7. Ваколатхои макоми ваколатдори давлати дар сохаи саноат

Ба ваколатхои макоми ваколатдори давлати дар сохаи саноат мансубанд:

– амали намудани сиёсати давлати дар сохаи саноат, хамохангсозии фаъолияти макомоти дахлдори давлати, макомоти ичроияи махаллии хокимияти давлати, макомоти худидоракунии шахрак ва дехот дар ин самт;

– таъмини ичрои дурнамо, консепсия, стратегия ва барномахои рушди сохаи саноат, аз чумла барномаи истехсоли махсулоти воридотивазкунанда ва содиротшаванда;

– тахия ва таъмини ичрои лоихахо ва накшахои рушди сохаи саноат;

– тахлил ва чамъбасти нишондихандахои молияви, иктисоди, ичтимои ва нишондихандахои дигар оид ба вазъи сохаи саноат, инъикос намудани онхо дар хисоботи харсолае, ки ба Хукумати Чумхурии Точикистон пешниход мегардад;

– ташкил ва таъмини фаъолияти системаи ягонаи давлатии иттилооти дар сохаи саноат;

– омодасози ва чопи маърузаи харсола дар воситахои ахбори омма оид ба вазъ ва рушди сохаи саноат ва чорахои хавасмандгардонии субъектхои фаъолият дар сохаи  саноат;

– пешниходи номзадии субъектхои фаъолият дар сохаи саноат ба макомоти дахлдор барои дастгирии молиявии давлати, амалигардонии чорахои дигари дастгирии давлатии субъектхои фаъолият дар сохаи саноат;

– амалисозии вазифахои фармоишгари давлати, дастгирии таъсиси инфрасохтори саноати ва ичтимои бо тартиби муайяннамудаи конунгузории Чумхурии Точикистон;

– бо тартиби мукарраргардида тахия ва амали намудани барномахои чалби сармоя ба саноат, диверсификатсия ва махсусгардонии истехсолоти саноати;

– мусоидат ба рушди хамкории байналмилали ва фаъолияти иктисодии берунаи субъектхои фаъолият дар сохаи саноат;

– мусоидат ба истехсоли махсулоти ватании босифати ракобатпазир ва пешбурди он дар бозори чахони;

– амали намудани ваколатхои дигар дар сохаи саноат мутобики конунгузории Чумхурии Точикистон.

Моддаи 8. Ваколатхои макомоти махаллии хокимияти давлати, макомоти худидоракунии шахрак ва дехот дар сохаи саноат

  1. Ваколатхои макомоти махаллии хокимияти давлати дар сохаи саноат аз инхо иборатанд:

– тахия ва амали намудани барномахои махаллии рушди саноат ва инфрасохтори он;

– дастгирии субъектхои фаъолият дар сохаи саноат ва фарохам овардани шароити зарури барои фаъолияти устувори онхо;

– пешниход намудани маълумот ба субъектхои фаъолият дар сохаи саноат оид ба захирахои мехнати ва талабот ба ташкили чойхои нави кори;

– бо тартиби пешбининамудаи конунгузории Чумхурии Точикистон мусоидат намудан ба чалби сармоягузори барои таъсиси истехсолот ва рушди сохаи саноат, инчунин фуруши молхои саноатии ватани;

– амали намудани назорат ба фаъолияти мачмуи саноати, марказхои инжиниринги, паркхои технологи, марказхои хурди технологи, бюрои конструкторию технологи, инфрасохтори саноати ва истифодаи босамари захирахои табии ва мехнати, хифзи мухити зист тибки талаботи санадхои меъёрии хукукии Чумхурии Точикистон;

– амалисозии ваколатхои дигар дар сохаи саноат мутобики конунгузории Чумхурии Точикистон.

  1. Макомоти худидоракунии шахрак ва дехот дар худуди дахлдор мутобики конунгузории Чумхурии Точикистон корхонахои коммунали ва корхонахои дигари саноатиро таъсис медиханд, ба эхё ва рушди саноати хурд, аз чумла колинбофи, адрасбофи, дузандаги, зардузи, косиби, охангари ва намудхои дигари хунархои халки мусоидат менамоянд.

Моддаи 9. Шурои  миллии  назди  Хукумати Чумхурии Точикистон оид ба рушди саноат

  1. Шурои миллии назди Хукумати Чумхурии Точикистон оид ба рушди саноат аз чониби Хукумати Чумхурии Точикистон таъсис дода мешавад.
  2. Шурои миллии назди Хукумати Чумхурии Точикистон оид ба рушди саноат вазифахои зеринро амали менамояд:

– оид ба масъалахои рушди сохаи саноат ба Президенти Чумхурии Точикистон, Хукумати Чумхурии Точикистон ва дигар макомоти давлати тавсияю пешниходхоро омода месозад;

– бахисобгири, тахлил ва чамъбасти пешниходхои субъектхои фаъолият дар сохаи саноатро оид ба масъалахои рушди сохаи саноат амали менамояд;

– маълумотхоро оид ба вазъи саноат тахлил мекунад, пешниходу тавсияхоро оид ба кабули чорахои зарури, аз чумла накша, лоиха, барнома, консепсия, дурнамо, барнома ва пешгуихои рушди саноатро тахия менамояд;

– номзадии субъектхои фаъолият дар сохаи саноатро, ки барои гирифтани кумаки давлати аз чониби макоми ваколатдори давлати пешниход шудаанд, каблан барраси менамояд ва оид ба мувофикати онхо ба талабот ва индикаторхои мукарраршуда хулоса медихад.

  1. Тартиби ташкил ва фаъолияти Шурои миллии назди Хукумати Чумхурии Точикистон оид ба рушди саноат ва хайати он тибки Низомномаи аз чониби Хукумати Чумхурии Точикистон тасдикшуда муайян карда мешавад.

 

БОБИ 2. ДАСТГИРИИ ДАВЛАТИИ СУБЪЕКТХОИ ФАЪОЛИЯТ ДАР СОХАИ САНОАТ

Моддаи 10. Дастгирии давлатии субъектхои фаъолият дар сохаи саноат

  1. Дастгирии давлатии субъектхои фаъолият дар сохаи саноат бо роххои зерин амали мегардад:

– маблаггузори дар шакли грантхо, мусоидати молияви, кумаки молияви бо максади таъсис ва рушди истехсолоти саноати, инфрасохтори саноати ва ичтимои, чори намудан ва азхудкунии технологияву иктидорхои нав ва истехсоли махсулоти содиротшаванда;

– пешниходи карзхо, аз чумла тарики Фонди рушди саноати Чумхурии Точикистон ё фондхои дигари максадноки давлати;

– дар доираи фармоиши давлати додани афзалият ба махсулоти саноатии ватани, махсулотсупорандагон ва пудратчиёни ватани дар сохаи саноат;

– мусоидат барои татбики лоихахои сармоягузори, ки ба сохтмони иншооти саноати ё азнавтачхизонии техникии онхо равона шудаанд;

– расондани кумаки иттилооти ва машварати, аз чумла оид ба имкониятхои дар доираи шартномахои байналмилалии Чумхурии Точикистон мусоидат намудан барои ба рох мондани робитахо бо доирахои тичоратии давлатхои хоричи, дастгирии фаъолияти илмию техники  ва инноватсионии онхо;

– амали намудани чорахои дигари дастгири, ки  санадхои меъёрии хукукии Чумхурии Точикистон мукаррар намудаанд.

  1. Дастгирии давлатии дар кисми 1 моддаи мазкур пешбинигардида бо тартиби мукаррарнамудаи конунгузории Чумхурии Точикистон амали гардонида мешавад.

Моддаи 11. Хусусиятхои амалисозии дастгирии молиявии субъектхои фаъолият дар сохаи саноат

Хангоми   амалисозии  дастгирии  молиявии  субъектхои  фаъолият дар сохаи саноат илова ба талаботи мукарраршуда ва индикаторхо хусусиятхои зерин ба хисоб гирифта мешаванд:

– дар лоихахо мавчуд будани чорахо оид ба азхудкунии истехсолот ва технологияхои нав, аз чумла инноватсиони, инчунин меъёрхое, ки истифодаи самаранок ва окилонаи захирахо, чорахо оид ба афзун намудани бехатарии саноати ва экологиро дар назар доранд;

– пешниходи маълумот оид ба истифодаи самараноки воситахои молияви ва назорати хатмии истифодаи максадноки онхо;

– шартхои бозпас гардонидани маблаги дастгирии молияви (ба истиснои грант), аз чумла хангоми ноил нашудан ба нишондихандахои нихои, ки хангоми пешниход мукаррар гардида буданд.

Моддаи 12. Фонди рушди саноати Чумхурии Точикистон

  1. Фонди рушди саноати Чумхурии Точикистон ва оинномаи он аз чониби Хукумати Чумхурии Точикистон таъсис ва тасдик карда мешаванд. Тартиби амалишавии дастгирии молиявии субъектхои фаъолият дар сохаи саноатро Хукумати Чумхурии Точикистон муайян менамояд.
  2. Максади асосии фонд дастгирии молиявии субъектхои фаъолият дар сохаи саноат барои амалисозии лоихахо мебошад.
  3. Молу мулк ва дороихои дигари фонд аз хисоби пардохтхои молумулкии муассис, пардохтхои хайриявии ихтиёрии шахсони вокеи ва хукуки, инчунин сарчашмахои дигаре, ки конунгузории Чумхурии Точикистон манъ накардааст, ташаккул меёбанд.
  4. Шурои парасторони фонд аз чониби Хукумати Чумхурии Точикистон бо тартиби мукаррарнамудаи конунгузории Чумхурии Точикистон таъсис дода мешавад.

Моддаи 13. Дастгирии давлатии фаъолияти илмию техники ва инноватсионии субъектхои фаъолият дар сохаи саноат

Дастгирии давлатии фаъолияти илмию техники ва инноватсионии субъектхои фаъолият дар сохаи саноат бо роххои зерин амали мегардад:

– дар доираи фармоиши давлати дар накшаи корхои илмию тадкикотии аз хисоби давлат маблаггузоришаванда чой додани супоришхо оид ба ичрои корхои илмию тадкикоти, тачрибави, конструктори ва татбики амалии онхо дар истехсолоти саноати;

– дар рафти амалисозии лоихахои сармоягузори дар сохаи саноат пешбини намудани маблаггузории корхои илмию тадкикоти, тачрибавию конструктори ва технологи;

– хавасмандгардонии талабот ба махсулоти инноватсиони, аз чумла тарики хариди мол, кор ва хизматрасони барои эхтиёчоти давлати;

– фарохам овардани шароити мусоид барои хамохангсози, махсусгардони ва кооператсияи субъектхои фаъолият дар сохаи саноат хангоми амали намудани фаъолияти илми, илмию техники ва инноватсиони;

– хавасмандгардонии фаъолият оид ба азхудкуни ва дар истехсолот чори кардани натичахои фаъолияти зехни, ки ба раванди афзалиятноки рушди илм, техника ва технология мансубанд.

Моддаи 14. Дастгирии иттилоотиву машваратии субъектхои фаъолият дар сохаи саноат

  1. Дастгирии иттилоотиву машваратии субъектхои фаъолият дар сохаи саноат бо роххои зерин амали карда мешавад:

– нашр ва пешбурди фехрист, маълумотнома, бюллетен, махзани маълумот, сомонахо дар шабакаи иттилоотию телекоммуникатсионии «Интернет», ки дорои иттилооти иктисоди, хукуки, истехсолию технологи ва иттилооти дигар мебошанд ва барои истехсоли махсулоти саноати заруранд, аз чумла иттилоот дар сохаи маркетинг ва хариду фуруши сахмияхо;

– ташкил ва гузарондани намоишхо, ярмаркахо, конфронсхо ё мусоидат барои гузарондани онхо;

– чойгиронии маводи иттилоотию рекламави ё мусоидат намудан барои пахнкунии онхо, ба истиснои маводи сохаи мудофиаи кишвар ва амнияти давлат.

  1. Бо максади дастгирии иттилоотию машваратии субъектхои фаъолият дар сохаи саноат, инчунин аз системаи ягонаи давлатии иттилооти дар сохаи саноат истифода бурда мешавад, ки маълумоти зеринро дар бар мегирад:

– дар бораи вазъи саноат, пешгуии рушди сохахои он, дар бораи барномахои давлати ва махалли, вазъи амалишавии онхо;

– дар бораи субъектхои фаъолият дар сохаи саноат;

– дар бораи пешгуии истехсоли намудхои асосии махсулоти саноати, истехсоли вокеии онхо, тавсифи махсулоти саноати бо назардошти мансубияти сохавии он, инчунин хачми воридот ва содироти махсулоти саноати;

– дар бораи истифодаи технологияхои сарфакунандаи захира ва сарчашмахои баркароршавандаи энергия дар раванди амалисозии фаъолият дар сохаи саноат;

– дар бораи нишондихандахои самаранокии татбики чорахои хавасмандгардони, ки аз хисоби Фонди рушди саноати Чумхурии Точикистон амали карда мешаванд;

– иттилооти дигар, ки номгуи онро Хукумати Чумхурии Точикистон муайян мекунад.

Моддаи 15. Дастгирии субъектхои фаъолият дар сохаи саноат хангоми хариди давлатии мол, кор ва хизматрасони барои эхтиёчоти давлати

  1. Хангоми хариди давлатии мол, кор ва хизматрасони барои эхтиёчоти давлати афзалият ба махсулоти саноатии ватани, махсулотсупорандагон ва пудратчиёни ватани дар сохаи саноат дода мешавад.
  2. Афзалият ба махсулоти саноатии ватани, махсулотсупорандагон ва пудратчиёни ватани дар сохаи саноат дар мавриди мувофикати он ба шартномахои байналмилалии Чумхурии Точикистон бо тартиби мукаррарнамудаи конунгузории Чумхурии Точикистон оид ба хариди давлатии мол, кор ва хизматрасони таъмин карда мешавад.

Моддаи 16. Дастгирии субъектхои фаъолият дар сохаи саноат вобаста ба омузиши касби, такмили ихтисос ва махорати касбии кормандон

Дастгирии субъектхои фаъолият дар сохаи саноат вобаста ба омузиши касби, такмили ихтисос ва махорати касбии кормандон бо роххои  зерин амали мегардад:

– мусоидат намудан ба инкишофи заминаи моддии ташкилотхое, ки ба омузиши касби, такмили ихтисос ва махорати касбии кормандони соха машгуланд;

– мусоидат намудан ба тайёр кардани кадрхои баландихтисоси сохаи саноат ва хамкории бевоситаи муассисахои таълими бо корхонахои саноати, аз чумла гузарондани тачрибаомузии истехсолии донишчуён;

– бо иштироки корфармоён ва иттиходияхои онхо тахия намудани барномахои тайёрии касби ва бозомузи;

– кумаки таълимию методологи ва илмию методи ба субъектхои фаъолият дар сохаи саноат;

– амали намудани чорахои дигари дастгирии субъектхои  фаъолият дар сохаи саноат вобаста ба омузиши касби, такмили ихтисос ва махорати касбии кормандон.

БОБИ 3. МУКАРРАРОТИ ХОТИМАВИ

Моддаи 17. Чавобгари барои риоя накардани талаботи Конуни мазкур

Шахсони вокеи ва хукуки барои риоя накардани талаботи Конуни мазкур бо тартиби мукаррарнамудаи конунгузории Чумхурии Точикистон ба чавобгари кашида мешаванд.

Моддаи 18. Тартиби мавриди амал карор додани Конуни мазкур

Конуни мазкур аз 1 январи соли 2018 мавриди амал карор дода шавад.

 

 

Президенти

Чумхурии Точикистон                                                                                                    Эмомали РАХМОН

 

ш. Душанбе

30 майи соли 2017

№ 1415

 

 

 

КАРОРИ

Мачлиси намояндагони

Мачлиси Олии Чумхурии Точикистон

Оид ба кабул кардани Конуни Чумхурии Точикистон «Дар бораи сиёсати давлати дар сохаи саноат»

 

Мутобики моддаи 60 Конститутсияи Чумхурии Точикистон Мачлиси намояндагони Мачлиси Олии Чумхурии Точикистон карор мекунад:

Конуни Чумхурии Точикистон «Дар бораи сиёсати давлати дар сохаи саноат» кабул карда шавад.

 

Раиси Мачлиси намояндагони

Мачлиси Олии

Чумхурии Точикистон                                                                                               Ш. ЗУХУРОВ

 

ш. Душанбе, 1 феврали соли 2017, № 688

 

 

 

КАРОРИ

Мачлиси миллии Мачлиси Олии Чумхурии Точикистон

Оид ба Конуни Чумхурии Точикистон

«Дар бораи сиёсати давлати дар сохаи саноат»

 

Мачлиси миллии Мачлиси Олии Чумхурии Точикистон Конуни Чумхурии Точикистон «Дар бораи сиёсати давлати дар сохаи саноат» – ро барраси намуда, карор мекунад:

Конуни Чумхурии  Точикистон «Дар бораи сиёсати давлати дар сохаи саноат» чонибдори карда шавад.

 

Раиси Мачлиси миллии

Мачлиси Олии

Чумхурии Точикистон                                                                                       М. УБАЙДУЛЛОЕВ

 

ш. Душанбе,

18 майи соли 2017, № 384

 

Инчунин кобед

Обро дар Душанбе кисман санахои 14, 15-ум октябр катъ мекунанд

Дар робита ба корхои таъмир дар кисматхои гуногуни Душанбе, обро бо навбат махкам мекунанд Шахрдори …