Главная / Илм / САВРИНЧОН дар Канзи Шифо (Китоб)

САВРИНЧОН дар Канзи Шифо (Китоб)

savrinjon-2-660x330Савринчон — ин пиёзаки гиёхест монанди сири (саримсоки) сахрои, санавбаришакл, андак пахнтар, ки се навъ мебошад:

  1. Берун ва даруни пиёзаки он хар ду сафед, таъмаш ширин.
  2. Берун ва даруни пиёзаки он хар ду моил ба тирагии зард ва сурхтоб.
  3. Берун ва даруни пиёзаки он хар ду моил ба сиёхи, вале беруни он тиратар, таъмаш талх.

Бехтарини онхо навъи аввал, ки берун ва дарунаш сафед ва калон-калону, сахт бошад, ба шарте ки бадбу набошад. Ин навъаш дар дорухои ошомидани ба истеъмол меравад. Навъхои дигараш захрнок, хусусан сиёхи он бадтар аст. Бинобар хамин онхои дигар факат аз берун истифода мешаванд, на ба дарун. Зеро ки ду навъи охирин кушанда мебошанд бо иллати гулугир кардан.

Барги он монанди баргхои пиёзи гандано ва аз он кавитар аст, поя дорад. Гули гандано зард, монанди савсани майда, вале гули савринчон сиёхи сурхтоб аст (мисли гули зардак). Ин растани дар куххо меруяд. Кувваташ то си сол боки мемонад.

Мизочаш дар дарачаи севум гарм ва дар дувум хушк аст. Мизочи баъзеи сафеди он дар гарми муътадил мебошад. Хислатхои шифобахши он: агар пиёзаки савринчони сафедро бихуранд, хамаи навъхои балгамро аз чохои дур ва чукури бадан кашида, дафъ мекунад; моддахои зарарноки ба узвхо рехташавандаро манъ месозад, гиреххоро мекушояд; ахлоти часпакро аз чохои чукури бадан, хусусан аз бугумхо кашида берун меоварад, инчунин зардпарвин ва беморихои сипурзро шифо мебахшад. Инро бо сабир (алоэ) бихуранд, иркуннасо (радикулит) ва никрис (подагра)-ро дафъ мекунад; бо занчабил ва мурч бихуранд, куввати бохро багоят бармеангезад, барои иллатхои бугумхо нафъи бисёр дорад.

1,75 грамми онро бо занчабил, пудина ва зира бихуранд, хамчунин бо шири навдушида ва канди сафед то се руз биёшоманд, бохро багоят ба харакат меоварад ва шифобахши иллатхои пайвандхои бадан аст, хусусан хангоми рехта шудан ва фуромадани моддахои зарарнок ба бугумхо, таъсираш пуршиддат мебошад.

Ин пиёзакро куфта, бо заъфарон ва тухми мург сиришта гузошта банданд, дарди устухонро таскин ва варамхои сахтро тахлил медихад; агар бо шароб хамир сохта гузошта банданд, дарди бугумхоро дафъ мекунад.

savrinjonКуфтаи ин пиёзакро бо равгани зарди кухнаи гусфанд, ё бо равгани гови кухна даромехта, дар сурохи пушт бардоранд, донаи бавосирро меафтонад ва дардашро хам таскин медихад. Савринчони хушкро куфта бипошанд, захм ва решхои кухнаро хушк мекунад.

Микдори як бор хурдан дар як руз аз савринчон ба танхои ва бо заъфарон 3,5 грамм аст; агар бо давохои дигар таркиб дода хурдани шаванд, аз 1,75 то 2,25 грамм дохил намоянд. Агар савринчон ноёб бошад, ба чойи он барои дардхои бугумхо баробари вазни он хиноро истифода баранд, раво мебошад.

Вале савринчон ба меъда хеле зарарнок аст, дар рудахо дард пайдо мекунад, меъда ва чигарро заиф мегардонад. Давои ин катиро, шакар ва заъфарон, истеъмол намудан аст. Барои табобати дардхои бугумхо савринчонро бояд, ки бо хамвазни он занчабил ва мурч, ки ёридихандаи он аст дар шифобахши, истеъмол намоянд.

Гулашро бибуянд, гиреххои майнаро мекушояд, инчунин бодхои ин узвро тахлил медихад; дарди сарро, ки сабабаш чамъ шудани моддахои сардмизоч дар он бошад, шифо мебахшад ва озори захри савринчони сурх ва сиёхро дафъ мекунад (агар касе хурда бошад). Агар ин ду навъи раддии савринчонро хурда бошанд, шири навдушидаро ошомида кай кунанд ва дигар тарёкхо, яъне давохои мухолифи захр бихуранд.

Инчунин кобед

ma

Марги Мухаммад (с)

Вакте, ки Азроил (а) барои гирифтани чони хазрати Мухаммад (с) меояд пайгамбар мегуяд каме сабр …