Главная / Маданият ва санъат / ШАВКАТИ БУХОРОИ

ШАВКАТИ БУХОРОИ

Ба худ кардам гуворо талхии айёмро, Шавкат,

Ба ширини Дахони морро тунги шакар карДам.

Яке аз суханварони боистеъдод, навпардозу борикандеш Мухаммадисхок Шавкати Бухорои аст, ки дар таърихи адабиёти точик макоми шоиста дорад. У такрибан солхои 20-уми асри XVII дар хонадони сарроф (заршинос), ки басо илмдусту ихлосманди шеъру адаб будааст, ба дунё омадааст. Аз ин ру, Шавкат хамаи илмхои чории замонро комилан аз худ менамояд. Инчунин, нозукихои касби падарро хам хеле хуб меомузад. Дере нагузашта Шавкат хамчун яке аз шахсиятхои илмию адабии замони худ шинохта мешавад. У махсусан ба шеъру адаб таваччухи бештару хубтар доштааст.

Мухаммадисхок Шавкати Бухорои баъзе ишорахо дорад, ки гуё аз чониби горатгарон зарари басо сахти модди низ дидааст ва яке аз сабабхои тарки диёр намудани шоир гуё хамин амали ночавонмардонаи баъзе аз муосирони у будаанд. Шавкат дар як касидаи худ мегуяд :

Чудо зи силсилаи дустони худ шудаам,

Хаво шавад, чу чудо гашт нола аз занчир.

Матои хонаам азбас тамом горат ёфт,

Кашам ба сафхаи девори хона накши хасир.

Аввалин шахре, ки Шавкат дар он рахти икомат меафканад, Хироти бостони будааст, зеро дар ин бора чунин ишора менамояд:

Ранг аз гули замини Хирот аст фикрро,

Худро наметавон ба замини дигар кашид.

Шоир дар ин шахр аз чониби хокими он Сафикулихони Шомлу кадршиносихо дида, ба ин лахзаи рузгораш низ баъзе ишорахои чолиб мекунад:

Тарки Ватан намудаму кадрам азим шуд,

Гавхар зи фавти сухбати дарё ятим шуд.

Баъд аз чанде Шавкат ба Машхад руи ниёз оварда, аз тарафи вазири Хуросон-Мирзо Саъдуддин Мухаммад илтифоти фаровон мебинад.

Чунончи:

…Худ маро карди зи барки лутфи худ гарми сухан,

Арзи холи хешро кардам ба густохи адо.

Чугзи бепар будам ин дайри харобободро,

Аз ду дасти тарбият доди маро боли хумо.

Андалеби доштам, аммо забонам гунча буд,

Сохти аз хушнасимихо маро достонсаро.

Вале баъдхо Шавкати Бухорои аз Машхад ба Исфахон меояд, ки он ба соли 1678 иттифок афтодааст. Хамчунон аз баъзе ишорахои шоир бармеояд, ки у азми Хиндустон низ кардааст, вале ин кисмати масъала чандон равшан нест, зеро дар ашъори Шавкат охангхои пушаймони аз ин сафар низ ба назар мерасанд, чунончи у мегуяд:

Насибам аз сафари Хинд гайри мехнат нест,

Касе зи мори сиёхи рахаш саломат нест.

Ба буриёи ватан мекунам шакархоби,

Ба махмали сиёхи Хинд хоби рохат нест.

Ё худ дар чои дигар:

Зи бас бувад сафари Хинд сурмаи овоз,

Садо ба рафтани ранги хино намебошад.

Ба хамин тарик, поёни рузгори шоир низ дар Исфахон гузашта, Шавкат такрибан миёни солхои 1107-1111 (солхои 1695-1699) дар хамон чо аз ин олам гузаштааст. Мазораш дар атрофи шахри Исфахон вокеъ мебошад.

Эчодиёти Шавкати Бухорои

Аз зикри мухтасари зиндагиномаи Шавкат бармеояд, ки у аз Бухоро баромада дигар ба ватанаш наомадааст. Шоир тамоми умр дар гариби зиста дур аз диёр олами фониро тарк кардааст.

Бо вучуди азобхои гариби, Шавкати Бухорои тавонистааст аз худ мероси бое боки гузорад. У дар эчоди бадеъ бо тахаллусхои «Нозук» ва «Шавкат» шеър гуфтааст. Шояд дар огоз «Нозук» тахаллус карда, баъдтар «Шавкат»-ро тахаллуси хеш карор дода бошад.

Мероси адабии Мухаммадисхок Шавкати Бухорои, ки ба сифати девони ашъор то ба имруз махфуз мондааст, аз газалиёт, касоид, рубоихо, муфрадот, ашъори пароканда ва мукаттаот иборат мебошад. Дар девони шоир газал пеш аз хама мавкеи аввалиндарача дорад, ки то 744 газалро ба у мансуб медонанд.

Мавзуъ, мазмуну мундаричаи газалиёти шоир асосан чанбахои ичтимоии зиндаги, хаёт, ноадолатихои рузгор, шебу фарозхои олам, печидахои дунёи модди, нооромию бедодгарихои мухити ичтимои, гарибию ранчхои мусофират, нодорию тангии маъиши, бевафоии умр, дунё, мунофикии зимомдорони вакт, макру хиллахои зохирбинон, тангназариву гаммозии одамони ноакл ва гайра мебошад. Мухим он аст, ки дар хамин замина мавзуъхои ишки ва ошубхои калбии инсон, шуру валвалахои ботини, эхсосоти нозуки одами ва гайра баён шудааст. Яъне мавзуъхои ишки чилои аввалиндарача надоранд ва бештар охангхои шиквоию хасбихоли ба чои аввал омадаанд.

Бояд гуфт, ки мавзуъхои ичтимои аслан барои газал гаронихо пеш меоранд, вале шоир тавонистааст, ки дар баёни чунин мавзуъхо хунари худро нишон бидихад:

Кучо аз модари айём осоиш хавас бошад?

Париданхои рангам чунбиши гавхора бас бошад.

Гули чамъияти равшандилон аз риштаи ох аст,

Баёзи субхро шероза аз тори нафас бошад.

Ба зохирбини азбас кор уфтодаст мардумро,

Агар кадди касе кутох бошад, нимкас бошад.

Хадаф дар газали мазкур ганимат шуморидани умр, эхтиёткори, мазаммати зохирбиниву кутохназари аст. Дар ин шеър таъбири халкии «одаму дам» ба кор гирифта шудааст.

Ё худ дар газали дигар мегуяд:

Субхи пирихо расиду ахди хурсанди намонд,

Хандаи дандоннаморо устухонбанди намонд.

Мевахо чун нахли тасвираш ба шохи хайрат аст,

Нахли мижгонро бахоре аз баруманди намонд.

Ай, ки дори мушти хокамро ба каф, посаш бидор,

Бод пуртунд аст, то аз даст афганди, намонд.

Юсуфи моро зи бас гаштанд ихвон рохзан,

Зодгохи Мисри мо чуз номи фарзанди намонд.

Бар сари болини ин мушти гиёх, ай барки ноз,

Омади рузе, ки моро бо ту хурсанди намонд.

Чун тазарви барк аз гарминафасхо сухтем,

Мурги мо, Шавкат, ба доми орзуманди намонд.

Дар газали боло асосан хасби хол ба тасвир омадааст. Он то андозае якчоя бо фалсафаи зиндаги хеле созгор ва басо чолиб баён шудааст. Зеро овони пири бо гусели хамешагии ахди барнои пеш омада, ба он монанд аст, ки агар кафи хок мавриди вазидани бод афканда шавад, шояд ба замин хеч нарасад. Аз тарафи дигар, то дарачае авзои таърихии замон низ мувофики муроди дили инсонхо нест, зеро холат ба он овардааст, ки бародарон рохзану хасманд ва талмехан ишора ба бародарони Юсуф (а.) низ шудааст.

Инчунин, дар маркази хадафи эчодкор, агар хеле чидди зехн монда шавад, пай бурдан осон аст, ки оханги яъсу ноумеди дар симои ошик- кахрамони лирики басо кави садо медихад. Аз ин ру, баробари гузаштани ахди барнои, хурсанди, баруманди, шодию нишот бахори умр низ аз даст рахо мешавад.

Мухтавои хадафи шоир пахлуи хеле нозуки дигар хам дорад. Яъне шоир ба ин восита инсонхоро хушдор медихад, огох менамояд, ки дар гузашти умр, сипари гардидани айём дар гафлат намонанд. Пас казоватхои адиб мохияти ахлокию тарбияви низ доранд.

Бо назардошти хусусиятхои шакли газали зикршуда мураддаф (калимаи намонд радифи сода), мукаффо: хурсанди, устухонбанди, баруманди, афганди, фарзанди, орзуманди буда, кофияхои мазкур мутлак мебошад, зеро пас аз харфи рави-«д», харфи васл-«и» омадааст. Дар калимахои кофия чузви «-анди» решаи кофия буда, харфи «д» равии мутлак, харфи «и» васл, харфи «н» кайд мебошад. Азбаски харфи рави – «д» бо харфи дигар («и»-васл) часпидааст, чунин кофияро кофияи мутлак меноманд. Аз нигохи вазн бошад, газал дар бахри Рамали мусаммани максур эчод гардидааст, ки афоъили он чунин аст:

Яъне фоъилотун, фоъилотун, фоъилотун, фоъилон мебошад.

Дар газалиёти Шавкат ишки хакики-ирфони, илохи низ макоми махсус дорад. Дар чунин газалхо ишк неруи пуртавонтарин ва човидонаву мукаддас аст:

Шер рам мекунад аз шуриши девонаи ишк,

Дидаи дев бувад шамъи парихонаи ишк.

Куфру ислом дар ин рох ду накши кадам аст,

Каъба сангест зи девори санамхонаи ишк.

Ё худ дар газали дигар:

Дар он сахро, ки вахшат рахравонро рохбар бошад,

Саводи манзил аз чашми гизолон шухтар бошад.

Талабгори Худо аз хештан гофил намебошад,

Ки тори чода соликро ба рах мадди назар бошад.

Рохи мукаддасот – тарикати солик суи маърифати сулук рох ба суи човидон аст, ки дар газалиёти ишкии Шавкати Бухорои тасвир шудааст.

Дар газалиёти шоир хислатхои хамидаи инсон: вафодори, росткавли, чавонмарди, инсондусти, илмдусти, адолатхохи, чуду сахо, олихимати, дурандеши, дилчуи, халолкори, поки, садокат, лутфу эхсон, халимию мехрубони, мехнатдустиву хоксори ва гайра сидкан васф мешавад. Баръакс, хислатхои разила мисли: макру дуруг, катлу горат, кутохназариву инсонбадбини, кибру такаббур, худхохиву хавобаланди, фиребгариву харомхури, мансабпарастиву ришваситони, бевафоиву беномуси, кутохандешиву суханчини, нопокиву беадолати ва гайра бо тамоми чузъиёт махкум карда мешавад. Чунончи:

Хирад осуда аз базми мухаббат барнамегардад,

Касе аз бешаи шерон саломат барнамегардад,

Дами теги ачалро шохрохи офият донад,

Дили девонаи мо аз шаходат барнамегардад.

Хадаф аз бешаи шерон парвариши нафси хайфонист, ки касе бо он ру биёварад, хатман пушаймон хохад шуд. Хамчуноне ки аклу хиради инсон дар назди ишк нотавон аст ва гайра.

Ё худ аз газали зерин, ки адиб киёси соддалавхонаеро танкид карда, нигохи пургаразро пешрави мардум набояд кард мегуяд, зеро дар хонаи оина чи кадар одамон кадам зананд хам, бесадо мебошад. Ба хамин монанд дар ин газал намунахои сершуморе паёпай оварда мешавад, ки андешаи мухокимашавандаро, яъне фикри асосии шоирро таквият мебахшанд:

Надорам имтиёз аз содаги аз дуст душманро,

Чароги корвон кардам тасаввур чашми рохзанро

Касе огах зи рафтори сабукрухон намегардад,

Садои по набошад хонаи оина рафтанро,

Як нуктаи мухимро метавон таъкид намуд, ки ин хама танхо ба воситаи акидахои пандуахлокии адиб мавриди арзёби карор гирифтаанд:

Бахти бад хохад зи душман хуни мо,

Теги мо бас толеи вожгуни мо.

Офтоби хоксори гаштаем,

Накши по кавкаб, замин гардуни мо.

Аксаран чунин андешахо бо мавзуъхои ишки хамрох меоянд ва ба ин восита шоир ба ошикон низ панд медихад. Ба ин маъни дар ин газали ишки омадааст:

Кард хусни гулрухон комил дили девонаро,

Партави шамъ оташи манзил бувад парввонаро.

Нест сохибхонаи мо гофил аз мехмони худ,

Аз нигохи мизбон бошад хаво ин хонаро.

Сахтии айём шуд рохи начотам з-ин мухит,

Осиё бошад пуле аз худ гузаштан донаро.

Баски белаълаш шаробам оташи халкардааст,

Шуълаи чаввола донам гардиши паймонаро,

Комати хам нафси пиронро зи хасти монеъ аст,

Халкаи дум гашта занчир ин саги девонаро.

Хонаи танро киёми бандаги дорад ба по,

Як кади одам бувад девор ин кошонаро.

Нарм кун дилро, фиреби неъмати алвон махур,

Орд кун дар осиёе нони пухт ин донаро.

Аслан газали мазкур ишки бошад хам, хадаф дар як байт баён шудааст ва абёти дигар (бачуз матлаъ) комилан масоили ичтимоист, ки дар назари хонанда олами маънавии шоирро бо чавлони андешахои у муаррафи месозад.

Газал мураддаф нест, мукаффост ва хеле оммафахму сода аст. Аз нигохи вазн дар бахри Рамали мусаммани махзуф (максур) эчод шудааст, ки афоъили он чунин аст:

Яъне зебои фарахи дил ва шамъ боиси нурбахшии кошонаи парвона аст. Нохамворихои хаёт боиси хушёршавихост ва ин ба он монанд аст, ки донаи гандум он вакт ба максад мерасад, ки аз осиё гузарад ва гайра.

Шавкат низ чахонро бо дидаи ботин мебинад ва дар айни замон дидаи зохирро воситае мехисобад, ки тавассути он ба олами вокеи, хаводису руйдодхо сару кор гирад. Хаку ботил, хубу бад, росту дуруг, фоиданоку бефоида, зиёновару безиён, раво ё нораво будани онро бояд дидаи ботин казоват бикунад:

Ба нури дил фуруги моху хуршед андаке бошад,

Барои чашми ботин чашми зохир айнаке бошад.

Бувад сохибдилонро бахра аз огохии гафлат,

Ба болидан баданро хобу бедори яке бошад.

Шавкати Бухорои, ки худ бисёр сафархо кардаву азоби гурбатро умре чашидааст, чонибдори гариби нест ва дар Ватан будану дустдори Ватан шуданро насихат мекунад:

Хар кас, ки рафт аз ватан, аз умр бар нахурд,

Фируза чун чудо зи Нишопур гашт, мурд.

Ба назари шоир, навмеди боиси рухафтодагию шикастагист ва шахс набояд ба яъсу ноумеди ру биёрад. Ба ин маъни у мегуяд:

Дар шоми гами хеш маро субхи умед аст,

Гар накши нигин тира бувад, ном сафед аст.

Шавкати Бухорои панд медихад, ки сирри дилро набояд ба хар кас коил шуд. Зеро асрор аз як дахон, ки берун шуд, пахн мешавад ва аз ин ру, он набояд ба касе гуфта шавад. Аз тарафи дигар, инсон бояд худро аз тамаъ ва тамаъкори нигох дорад. Инчунин, мисраъхо агар чуфт шаванд, байтро ташкил медиханд ва шоир мисраъхоро дар алохидаги ба лаб монанд мекунад. Яъне хамин ки ду мисраъ ба хам часпад, байт хосил мешавад. Максади шоир аз бахамоии мисраъхо ва ба хам омадани лабхо пушида нигох доштани дахон аст:

Ба хар кас во макун, банд аз забони арзи матлабхо,

Ба дандони тамаъ зинхор макшо укдаи лабхо.

Сияхбахти чароги ахли дилро мекунад равшан,

Зи мушки судаи шаб тоза гардад доги кавкабхо.

Кунад файзи хамуши сохиби девон суханварро,

Ба хам ояд ду мисраъ, чун ба хам меоварад лабхо.

Шавкати Бухорои дар газалиёти хеш олихиммати, назарбаланди, бетамаъи, худшиноси барин сифатхоро таргиб намуда, чидду чахд ва саъйу талошро сабабхои расидан ба ин ва ё он максад мехисобад:

Мураму то накунад миннати чархам помол,

Пар баровардаму аз дасти Сулаймон рафтам.

Чун манеро нагузоранд зи каф ахли карам,

Накди химмат шудам аз дасти каримон рафтам.

Бод хокам ба сар, оташ ба дилу об ба чашм,

Ки зи тавфи дари султони Хуросон рафтам.

Шоири тавоно Шавкати Бухорои хатто аз баъзе сифатхои калам шиква мекунад, ки калам ба харфи хар кас гуш медихад ва ба амру фармони хар кас сар менихад.

Ё худ барои шоир сарфи бехуда дар мукоиса бо даромади бемасриф, яъне даромаде, ки ба хотири гункуни гирдовари карда мешавад, баробар мебошад.

У мегуяд:

Чун калам ангушт нагзорам ба харфи хеч кас,

Нести кам аз харчи бечо пеши ман дахли бачо.

Шоир барои ба даст овардани ризку рузи, комёб шудан аз хаёт, хуш гузаронидани умр саъйу кушиш ва сафар кардану чахон диданро тавсия менамояд:

Ба гети то ба кай махбус боши, сайри олам кун,

Бувад як чо нишастан, то камар зери замин будан.

Яъне ба акидаи Шавкати Бухорои, шахсе, ки ба чое сафар намекунад, мисли махбус аст, ки ба чуз чои зисташ чоеро намебинад. Дар ин муносибат инсонро ба хуршед нисбат медихад, ки касе аз инсонхо ба офтоб гуфта наметавонад бигуяд, ки имруз бирав ва ё фардо рав. Хуршед аз сабаби пайваста дар сафар буданаш саховатманду нафърасони хама кас ва хар чиз аст. Аз ин ру, шоир сафарро таргибу ташвик менамояд.

Хунари шоирии Шавкати Бухорои махсусан дар эчоди газал ба назар мерасад. Хатто худи шоир хунарманд ва устод будани хешро хануз дар рузгораш хис карда будааст. Зеро дар як катор шеърхои худ ба ин масъала ишорахои сершумор дорад. Шавкати Бухорои то андозае худро хотиматушшуаро ном мебарад ва дар ишора ба ин масъала мегуяд:

Мешавад махбус чун гул маънии рангин зи ман,

Хамчу ман, Шавкат, кучо харфофарин пайдо шавад?!

Шавкати Бухорои шоирест, ки комилан дар сабки хинди газал сурудааст ва умуман дар ин сабк эчод кардааст. Маълум аст, ки яке аз хусусиятхои сабки хинди бо назардошти инкишофи навъхои шеъри он аст, ки газал нисбат ба дигар анвои адаби рушди бештар доштааст. Зеро таркиби асосии девонхои шоирони дар ин сабки адаби эчоднашударо агар варакгардон намоем, мебинем, ки асосан хамаи онхо ба газал ру овардаанд. Аз ин ру, Шавкат низ асосан газал эчод намудаю махз дар ин жанр кувваозмои кардааст. Хатто ифтихороти шоирии уро худаш дар эчоди газал медонад.

Шавкати Бухорои бо ишора ба ин маъни чое мегуяд:

Лаззат зи ворасидани шеърам барад аду,

Ангушт чун нихад ба хадисам, асал хурад.

Шавкат хатто шоирони нисбатан машхуру шинохтаи сабки хинди:

Нозиму Носирали ва Соибро дар сатхи хуб кабул намекунад ва эчодиёти онхоро аз ашъори худ поинтар мехисобад. Албатта, ин казоват муболигави бошад хам, як андоза бехуда нест. Чунончи мегуяд:

Бо парешонихтилотон ошнои мушкил аст,

Шона чаври арраро аз бахри гесу мекашад.

Нозиму Носирали, Соиб надоранд ин намак,

Шавкати нозуксухан му аз дили му мекашад.

Шоир ин чо хунари нозуксуханию адои ширини эчодии худро мавриди баён карор додааст. Аз тарафи дигар, албатта хунари у дар эчоди бадеъ баробари Соиб набошад хам, дар хар сурат газали бохунарона мегуяд. Ба назари Шавкати Бухорои, шеъри у сухани мукаррариву одди, ки дорои вазну кофия ва радиф бошад, нест, балки он порае аз дили эчодкор аст. Чун дар урфият фарзандро чони ширин мегуянд, пас ба назари ин шоир низ шеър фарзанди эчодкор аст. Ба ин маъни у мегуяд:

Зи баски маънии у лахти дил бувад, Шавкат,

Чу шеърхои ту бишкофтанд, хун омад.

Холати эчод аз нигохи Шавкат мухлати тулонии умри эчодкор аст. Яъне шеъри хуб созгор омадани он бо рузгори вокеист. У агар шеъри асил эчод кунад, аввал намунаи насрии онро эчод карда, пас онро ба риштаи назм мекашад:

Кори осон набувад маънии равшан бастан,

Наср то назм шавад, об гухар мегардад.

Дуруст аст, ки у дар эчоди газал асосан ба Толиби Омули пайрави кардааст ва дар иртибот ба ин фармуда ишорахо низ дорад. Чунончи:

Хост то равшан кунад Шавкат чароги табъро,

Равгани маъни зи хоки Толиби Омул кашид.

Ба назари Шавкати Бухорои, эчоди шеър ру овардани эчодкор ба олами зебои, ба дунёи сернакхату рангини хаёт, чахони гуворову рузгори ширин низ хаст. Максади адиб дар ин холат бори эстетики кашидани суханвари, мохияти зебоиофарии каломи бадеи мебошад. Чунончи, дар ин байт гуфтааст:

Пеши мо фикри сухан сайри гулистон кардан аст,

Лафзро аз ранги маъни гул ба домон кардан аст.

Дар хар сурат шеъри Шавкати Бухорои асосан шеъри хикмат, сухани андарзогин, каломи пандунасихатист:

Нашъаи фикрам дигар, Шавкат, ба мавчи хикмат аст,

Хишти хум бояд ба магзи фикри Афлотун задан.

Калимахо, вожахо, таъбиру иборахое, ки Шавкат ба кор мебарад, дар алохидаги кариб ки мушкили надоранд ва оммафахму оддианд. Онхо танхо дар матн мохиятан мураккабу мушкмилфахмтар мешаванд:

Карда наззораи руи ту зи бас хайронам,

Оби оина ба доман чакад аз мижгонам.

Дар ин байт калима, ибораи душворфахме нест. Яъне хамаи калимахо аз нигохи маънии лугави хеч мушкилие надоранд. Аммо мазмуни байт то андозае дастнорас аст, зеро калимахо дар матн чилвахои гуногуни маънои гирифтаанд. Максад хичрон аст. Наззораи ру, хайрон будан киноя аз ба ёд овардани чехраи махбуба буда, оби оина, чакидан ба домон, аз мижгон нола аз фироку хичрон аст. Оби оина – сузиши дил, ба мижгон омадани ашк – хузну гусса ва нола буда, ба домон афтодани он – бенатича, бесамар сомон ёфтани кори ошик аст ва гайра.

Умуман Шавкати Бухорои шоири хуб аст ва махсусан дар эчоди газал табъи нисбатан саршортар дорад. Омузиши эчодиёти Шавкати Бухорои тахкику фарогирии чузъе аз тафаккури бадеии халки точик дар асри XVII, худшиноси ва таърихи ниёгон дар он рузгорон аст. Аз тарафи дигар, гановати таркиби лексикии забони точики ба хунари сухансанчии хаммиллатон дар ин аср ба шумор меравад.

Савол ва супоришхо:

  1. Овони тифли ва чавонии Шавкати Бухорои чи гуна гузаштааст?
  2. Сабаби чалои диёр намудани Шавкат дар чист?
  3. Мероси адабии Шавкати Бухорои аз чихо иборат аст?
  4. Мавзуъ, мазмун ва мундаричави гоявии газалиёти Шавкатро баён кунед.
  5. Газали «Субхи пирихо расиду ахди хурсанди намонд» ба кадом мавзуъ бахшида шудааст?
  6. Мазмун ва мундаричаи газали «Дар он сахро, ки вахшат рахравонро рохбар бошад»-ро баён кунед.
  7. Шавкат дар эчоди газал ба кадом шоирони гузашта таваччух зохир кардааст?
  8. Маком ва пояи шоирии Шавкат дар таърихи адабиёт аз чи иборат аст?

Инчунин кобед

neft

Конун дар бораи нафту газ

Конуни Чумхури Tочикистон  “Дар бораи нафту газ” 18 марти соли 2015, №1190 кабул карда шудааст, …