Главная / Чамъият / САВДО ВА ХИЗМАТРАСОНИИ МАИШИ

САВДО ВА ХИЗМАТРАСОНИИ МАИШИ

Конуни Чумхурии Точикистон

ДАР БОРАИ САВДО ВА ХИЗМАТРАСОНИИ МАИШИ

(Ахбори Мачлиси Олии Чумхурии Точикистон, с. 2013, №3, мод.186; с. 2014, №3, мод.150; Конуни ЧТ аз 8.08.2015 с., № 1216)

 Конуни мазкур муносибатхои чамъиятиро оид ба ташкил, танзим ва назорати савдо ва хизматрасонии маиши, инчунин фарохам овардани шароити зарури барои савдо ва хизматрасонии маиши бо максади конеъ гардонидани талаботи истеъмолкунандагон ба мол, ичрои корхо ва хизматрасонии маиши дар каламрави Чумхурии Точикистон муайян менамояд.

САВДО ВА ХИЗМАТРАСОНИИ МАИШИ

БОБИ 1.

МУКАРРАРОТИ УМУМИ

Моддаи 1. Доираи амали Конуни мазкур

  1. Конуни мазкур муносибатхои макомоти махаллии хокимияти давлати ва субъектхои хочагидорро вобаста ба ташкил ва амали намудани савдо ва хизматрасонии маиши, инчунин муносибатхои субъектхои хочагидорро хангоми  савдо ва хизматрасонии маиши танзим менамояд.
  2. Мукаррароти Конуни мазкур нисбат ба ташкил ва амали намудани муносибатхои Чумхурии Точикистон вобаста ба савдои хоричи, савдо дар биржахои моли, инчунин хариду фуруши когазхои киматнок, объектхои молу мулки гайриманкул, махсулоти таъиноти истехсолию техники, аз чумла кувваи барк ва энергияи гарми татбик намегардад.
  3. Шартхо ва тартиби фуруши молхое, ки муомилоти онхо дар байни субъектхои хочагидор махдуд аст, тибки санадхои меъёрии хукукии Чумхурии Точикистон танзим карда мешаванд.
  4. Муносибатхои вобаста ба ташкили бозорхои чаканафуруши,  фуруши мол дар бозорхои чаканафуруши ва хизматрасонии маиши тибки Конуни мазкур ва дигар санадхои меъёрии хукуки дар сохаи савдо ва хизматрасонии маиши танзим карда мешаванд.

Моддаи 2. Мафхумхои асоси

Дар Конуни мазкур мафхумхои асосии зерин истифода мешаванд:

молхои истеъмоли – махсулоти дар шакли табии ё коркардшудаи дар муомилот буда, ки онро инсон хамчун хурок истифода мебарад (аз чумла, махсулоти хуроки  кудакон, махсулоти хуроки пархези), оби нушокии дар зарфхо чойкардашуда, махсулоти спиртдор, оби чав, нушобахо ва нушокихои гайриспирти, ки дар асоси онхо тайёр карда шудаанд, сакич, иловахои хуроквори ва фаъоли биологи;

хизматрасонии таъиноти истеъмоли – натичаи хамкории бевоситаи байнихамдигарии фурушанда (ичрокунанда) ва харидор (истеъмолкунанда), инчунин фаъолияти шахсии фурушанда (ичрокунанда) чихати конеъ гардонидани талаботи харидор (истеъмолкунанда) хангоми хариду фуруши мол, ташкил ва татбики истеъмоли махсулоти хуроки умуми, хизматрасонии маиши ба ахоли;

махсулоти истехсоли худии корхонахои хуроки умуми –  таом ва махсулоти каннодию кулинари, нушоки, намудхои нимтайёри онхо, ки инсон истеъмол менамояд ва дар корхонахои хуроки умуми мутобики технология ва дастури (ретсепти) тайёркуни тавассути коркарди сард ё гарми махсулоти озукавори истехсол шуда, барои фуруши минбаъда ва ташкили истеъмоли он пешбини шудаанд; (КЧТ аз 14.03.14с., №1075)

савдо – фаъолияти шахсони хукуки ва сохибкорони инфироди оид ба муносибатхои хариду фуруши молхои истехсолгардида, коркард ё харидшуда, инчунин ичрои кору хизматрасонии маиши вобаста ба фуруши махсулот;

фехристи савдо ва хизматрасонии маиши – низоми ягонаи иттилооти давлати, ки маълумотро оид ба субъектхои савдо ва хизматрасонии маиши дар бар мегирад;

савдои чакана –  намуди  савдо вобаста ба хариду фуруши молхои ниёзи истеъмолкунанда дар раванди конеъ гардонидани эхтиёчоти шахси;

савдои хурди чакана – намуди савдои чаканаи мол ва хизматрасони, ки ба шароити махсуси нигохдорию фуруши мол ва хизматрасони тавассути объектхои доими, инчунин бо ёрии объектхои сайёри тахти идоракунии умуми карордошта, аз чумла павилйонхо, дуконхои хурд, автоматхои молфуруши, аробачахои молфуруши, магозахои автомобили, автосистернахо, ки барои фуруш таъин шудаанд;

шабакаи савдо – мачмуи ду ё якчанд объектхои савдо, ки тахти идоракунии умуми карор доранд ва бо тамгаи ягона ё дигар воситахои фардикунони истифода бурда мешаванд;

савдои яклухт – намуди савдои мол барои истифода дар фаъолияти сохибкори (аз чумла, хариду фуруш) ё барои дигар максадхо таъин гардида, ба истифодаи шахси, оилави, рузгор ва дигар намуди истифодаи инфироди вобаста намебошад ва дар объектхои савдои махсусгардонидашуда ё омехта хангоми мавчудияти нуктахои махсус анчом дода мешавад;

хуроки умуми – фаъолияти шахсони хукуки ва сохибкорони инфироди оид ба истехсол, коркард, фуруши махсулоти кишоварзи ва озукавори;

корхонаи хуроки умуми – объекте (тарабхона, кахвахона, ошхона, бар, комбинати хуроки умуми, фабрикаи кулинарии мактаби, сехи озукавори барои мусофирони хавопаймохо, ошхонаи пархези, вагон-тарабхона, кахвахона-автомат, автоматхои обфуруши, буфет, магозаи (шуъбаи) кулинари), ки барои истехсоли махсулоти кулинари, кулчакандхо ва фуруши онхо ё ташкили истеъмол хуроки умуми пешбини гардидаанд; (КЧТ аз 14.03.14с., №1075)

дастури (ретсепти) таом ва махсулоти кулинари –  хуччати асосии меъёрии технологие, ки ба чараёни технологи ва махсулоти тайёр талаботи ягона дошта, муайянкунандаи меъёрхои харчи ашё ва махсулот хангоми тайёр намудани таом ва махсулоти кулинари дар корхонахои хуроки умуми истифода мегардад;

хизматрасонии маиши – фаъолияти шахсони хукуки ва сохибкорони инфироди оид ба ичрои кору хизматрасонии пулаки барои конеъгардонии эхтиёчоти маиши ё дигар эхтиёчоти шахсии истеъмолкунандагон мутобики номгуи хизматрасони (ба истиснои гаравхона (ломбард)  тибки шартномаи пудрати маиши ё шартномаи хизматрасонии маишии пулаки; (КЧТ аз 14.03.14с., №1075)

корхонахои хизматрасонии маиши – ташкилотхои хизматрасон, ки фаъолияти онхо ба конеъгардонии талаботи ахоли ба хизматрасонии маиши нигаронида шудаанд (устохонахо, ателйе, бунгоххои кабул, хушкашуи, хаммом, шустагари, сартарошхона, суратгирхона ва гайра);

маркази логистики – корхонаи махсусгардонидашудае, ки вазифаи асосии он аз чойгиркунони ва нигохдории борхо (молхо), ба чо овардани расмиёти гумруки ва хизматрасонии иттилооти иборат мебошад;

субъекти савдо ва хизматрасонии маиши – шахси хукуки ё сохибкори инфироди, ки мол ё хизматрасониро ба  истеъмолкунанда бо рохи савдои чакана ё савдои хурди чакана пешниход мекунад ва (ё) мефурушад,  хизматрасонии хуроки умуми ва хизматрасонии маиширо ба ахоли анчом медихад, инчунин шахсе, ки хочагии ёрирасони шахси дошта, махсулоти кишоварзии дар он истехсол ё коркарднамудаашро бо тартиби мукаррарнамудаи конунгузории Чумхурии Точикистон савдо мекунад;

объекти савдои чакана, хуроки умуми ва хизматрасонии маиши – объектхои доими ва сайёр, бино ё як кисми бино, иморат ё як кисми иморат, ки барои савдои чакана, хизматрасонии хуроки умуми, хизматрасонии маиши ба ахоли, хисоббаробаркунии музднок бо истеъмолкунандагон хангоми фуруши мол бо тачхизоти махсуси савдою технологи чихозонида шудаанд;

объекти доимии савдо –бино ё як кисми бино, иморат ё як кисми иморат, ки, бо пойдевори чунин бино, иморат ба замин мустахкам пайваст шуда, ба шабакахои таъминоти мухандисию техники васл мебошад; (КЧТ аз 14.03.14с., №1075)

объекти сайёри савдо –бинои муваккати ё конструксияи муваккати,  ки новобаста ба пайваст будан ё набудан ба шабакахои  мухандисию техники дар китъаи замин устувор намебошад; (КЧТ аз 14.03.14с., №1075)

объекти сайёри савдои хурди чакана – гурфа, автосистернахо ва аробачахо, ки барои фуруши мол ва ё махсулоти хуроки умуми ва (ё) хизматрасони пешбини шудаанд;

бозори фуруши чакана – мачмуи молу мулке, ки аз китъаи замини аз худуди хамшафат чудо ва бо объектхои дар он карордошта, аксаран аз объектхои шабакаи савдои хурди чаканаи дорои вазифаи мутамаркази хизматрасони, идоракуни ва мухофизати иборат буда, барои фуруши молхо (ичрои корхо, хизматрасонии маиши) дар асоси нарххои озоди бевосита хангоми бастани шартномахои хариду фуруши чакана ва шартномахои пудратии маиши муайяншуда пешбини гардидаанд;

бозори универсали – бозори фуруши чакана, ки дар он камтар аз хаштод фоизи микдори умумии чойхои савдо барои фуруши як навъи мол таъин гардидааст;

бозори махсусгардонидашуда – бозори фуруши чакана, ки дар он бештар аз хаштод фоизи микдори умумии чойхои савдо барои фуруши як навъи мол таъин гардидааст;

бозори кооперативии кишоварзи – бозори махсулоти кишоварзи, ки он аз чониби ташкилоти мутобики конунгузории Чумхурии Точикистон дар шакли кооперативи истеъмоли ба кайди давлати гирифташуда идора карда мешавад;

бозори кишоварзи – бозори махсусгардонидашуда, ки дар он фуруши махсулоти кишоварзи ба рох монда мешавад;

маъмурияти бозор – шахси вокеи ё хукукие, ки ба субъектхои сохибкори барои савдо ва хизматрасонии маиши шароит фарохам меорад,  чойхои савдо ва хизматрасонии маиширо чудо намуда, фехристи фурушандахои бозор ва фехристи шартномахоро дар бораи пешниходи чойхои савдо ва хизматрасонии маиши пеш мебарад; (КЧТ аз 14.03.14с., №1075)

чойи савдо дар бозор – чой дар бозор (аз чумла павилйон, дуконча, хайма, гурфа), ки аз чониби маъмурияти бозор махсус барои фуруши молхо (ичрои кору хизматрасони) чудо карда ва тачхизонида шуда, ба талаботи мукаррарнамудаи санадхои меъёрии хукуки дар сохаи танзими  савдо чавобгу мебошад;

корти  фурушанда – овезаи сарисинаги оид ба маълумоти асоси дар бораи фурушанда, ки тибки талаботи мукаррарнамудаи Конуни мазкур аз чониби маъмурияти бозор ба фурушанда дода мешавад;

фехристи фурушандахои бозор – номгуи маълумот оид ба фурушандахо, ки аз чониби маъмурияти бозор тартиб дода мешавад;

фехристи шартномахо дар бораи пешниходи чойхои савдо ва хизматрасонии маиши – номгуи маълумот оид ба фурушандахо, пудратчихо ва ичрокунандагон тибки шартномаи басташуда бо маъмурияти бозор. (КЧТ аз 14.03.14с., №1075)

Моддаи 3. Конунгузории Чумхурии Точикистон дар бораи  савдо ва хизматрасонии маиши  

Конунгузории Чумхурии Точикистон дар бораи савдо ва хизматрасонии маиши ба Конститутсияи (Сарконуни) Чумхурии Точикистон асос ёфта, аз Конуни мазкур, дигар санадхои меъёрии хукукии Чумхурии Точикистон, инчунин санадхои хукукии байналмилалие, ки Точикистон онхоро эътироф намудааст, иборат мебошад.

Моддаи 4. Принсипхои  савдо ва хизматрасонии маиши   

Савдо ва хизматрасонии маиши ба принсипхои зерин асос меёбанд:

– таъмини амнияти озукавори;

– асоснок ва объективи будани тадбирхои танзими давлатии  савдо ва хизматрасонии маиши;

– хамгироии механизмхои танзимкуни бо принсипхо ва меъёрхои умумиэътирофшудаи хукуки байналмилали ва созишномахои байналмилалии эътирофнамудаи Точикистон;

– беасос  дахолат накардани  макомоти давлати ба танзими савдо ва хизматрасонии маиши;

– хифзи бозори мол ва хизматрасонии таъиноти истеъмолии Чумхурии Точикистон аз молхои бесифат ва калбаки;

– химояи хукук ва манфиатхои конунии субъектхои савдо ва шахрвандон;

– таъмини муомилоти озоди мол ва хизматрасонии таъиноти истеъмоли дар каламрави Чумхурии Точикистон;

 – дастгирии давлатии корхонахои хуроки умуми ва хизматрасонии маиши.

Моддаи 5. Танзими давлатии савдо ва хизматрасонии маиши  

Танзими давлатии савдо ва хизматрасонии маиши бо роххои зерин амали карда мешавад:

– мукаррар намудани талабот ва коидахои ташкил ва амалигардонии он;

– танзими зиддиинхисории савдо ва хизматрасонии маиши;

– таъминоти иттилооти дар ин соха;

– назорати давлати дар сохаи савдо ва хизматрасонии маиши;

– бамеъёргирии техники, стандартизатсия, тасдики мутобикат ба талаботи санадхои меъёрии техники дар сохаи бамеъёрдарории техники ва стандартизатсия ва бакайдгирии молхо, сертификатсияи дастури (ретсепти) таомхо, махсулоти кулинарию канноди ва дигар махсулоти хуроки умуми. (КЧТ аз 14.03.14с., №1075)

БОБИ 2.

ИДОРАКУНИ ДАР СОХАИ ТАНЗИМИ САВДО ВА ХИЗМАТРАСОНИИ МАИШИ

Моддаи 6. Салохияти Хукумати Чумхурии Точикистон  

Ба салохияти Хукумати Чумхурии Точикистон дар сохаи танзими савдо ва хизматрасонии маиши мансуб мебошанд:

– татбик намудани сиёсати давлати дар сохаи савдо ва хизматрасонии маиши;

– тахия ва тасдик намудани консепсия ва дурнамои давлати дар сохаи савдо ва хизматрасонии маиши, ки ба таъмини амнияти озукавори нигаронида шудаанд; (КЧТ аз 14.03.14с., №1075)

– муайян намудани макоми ваколатдори давлати дар сохаи танзими давлатии савдо ва хизматрасонии маиши;

– тасдики барномахо оид ба самтхои афзалиятноки савдо ва хизматрасонии маиши;

– тасниф ва истифода аз дигар усулхои танзими савдо ва хизматрасонии маиши;

– тасдики коидахои пешбурди савдо ва хизматрасонии маиши, инчунин пешбурди фехристи онхо;

– амали намудани салохияти дигаре, ки конунгузории Чумхурии Точикистон дар сохаи танзими савдо ва хизматрасонии маиши мукаррар намудааст.

Моддаи 7. Ваколатхои макоми ваколатдори давлати дар сохаи  танзими савдо ва  хизматрасонии маиши  

Ба ваколатхои макоми ваколатдори давлати дар сохаи танзими савдо ва хизматрасонии маиши (минбаъд – макоми ваколатдори давлати)  дохил мешаванд:

– тахияи пешниходот оид ба рушди савдо ва хизматрасонии маиши дар Чумхурии Точикистон;

– иштирок дар татбики чорахои таъмини амнияти озукавори;

– тасдики тавсияхои методи оид ба тахияи барномахои минтакавии рушди савдо ва хизматрасонии маиши;

– тахияи пешниходхо ба Хукумати Чумхурии Точикистон оид ба рушди савдо ва хизматрасонии маиши, фарохам овардани шароити мусоид барои истехсол ва фуруши мол (хизматрасонии маиши) ва гани гардонидани бозори истеъмоли бо молхо;

– ташаккул додани махзани  иттилоотии чумхуриявии давлати оид ба бозори молхо ва хизматрасонии таъиноти истеъмоли, инчунин мукаррар намудани санадхои иттилооти, ки  барои ташкили махзани иттилоот дар сохаи танзими давлатии савдо ва хизматрасонии маиши хатман пешниход карда мешаванд;

– сари вакт огох намудани субъектхои савдо ва хизматрасонии маиши оид ба ворид намудани тагйиру иловахо ба конунгузории Чумхурии Точикистон дар сохаи танзими давлатии савдо ва хизматрасонии маиши;

– амали намудани дигар ваколатхое, ки конунгузории Чумхурии Точикистон   пешбини намудааст.

Моддаи 8. Ваколатхои макомоти ичроияи махаллии хокимияти давлати дар сохаи танзими давлатии савдо ва хизматрасонии маиши  

Макомоти ичроияи махаллии хокимияти давлати дар сохаи танзими савдо ва хизматрасонии маиши ваколатхои зеринро доранд:

– гузаронидани мушохидахои иттилоотию тахлилии вазъи бозори молхои муайян ва анчом додани савдо ва хизматрасонии маиши;

– тахия ва татбики чорабинихое, ки ба рушди савдо ва хизматрасонии маиши мусоидат менамоянд;

– тахия ва татбики барномахои минтакавии рушди савдо ва хизматрасонии маиши;

– тасдики накшаи чойгиркунонии объектхои савдо дар махалхо мутобики накшахои рушди минтакахо;

– ташаккули захирахои иттилоотии шахру нохияхо барои таъмини фаъолияти самараноки бозори мол ва хизматрасонии таъиноти истеъмоли;

– бо назардошти шароити махалли мукаррар намудани номгуи намудхои аз чихати ичтимои мухими молу хизматрасони, ки барои фуруш (ё хизматрасони) дар объектхои махсусгардонидашуда хатми мебошанд, ташкили хизматрасони ба гуруххои алохидаи шахсоне, ки аз дастгирии ичтимои  истифода мебаранд;

– мукаррар намудани тартиби чойгиркунонии объектхои савдо ва хизматрасонии маиши бо назардошти шароити махал мутобики Конуни мазкур ва дигар санадхои меъёрии хукукии Чумхурии Точикистон; (КЧТ аз 14.03.14с., №1075)

– мукаррар намудани речаи кории ташкилоту объектхои савдо ва хизматрасонии маишии давлати ва мувофика намудани речаи кории ташкилоту объектхои савдо ва хизматрасонии маишии гайридавлати тибки конунгузории Чумхурии Точикистон; (КЧТ аз 14.03.14с., №1075)

– ташкили омузиш ва пешгуии талабот ба мол ва хизматрасонии таъиноти истеъмоли, мушохидаи иттилоотию тахлилии вазъи бозори молу хизматрасонии таъиноти истеъмоли дар худуди шахру нохияхо;

– ташаккули захирахои иттилоотии давлати дар бораи бозори мол ва хизматрасонии таъиноти истеъмоли дар шахру нохияхо;

– тахияи барнома ва мукаррар намудани талаботи ягона бо максади ороиш додани корхонахои бозори истеъмоли вобаста ба санахои мухими давлати ва ба таври мушаххас чойгир намудани иттилоот бо назардошти шароити махал;

– ташаккули захираи мол бо назардошти эхтимолияти рух додани холатхои фавкулодда;

– хавасмандгардони ва дастгирии татбики лоихахои сармоягузори оид ба сохтмони марказхои логистикии молрасони, кабул ва нигохдории махсулоти кишоварзи, ташаккули гурухи молхо барои фиристодан ба субъектхои хочагидори савдои яклухт ва (ё) чаканаи махсулоти  кишоварзи ва озукавори;

– дастгирии ташкилотхои кооператсияи истеъмоли, хочагихо ва кооперативхои кишоварзи, ки дар махалхо бо хариду фуруш машгуланд;

– хавасмандгардони ба кори фаъолона ва хамкории муштараки субъектхои савдо, молрасони, гузаронидани намоишхо ва ярмаркахо дар сохаи савдо ва хизматрасонии маиши;

– андешидани тадбирхо барои хавасмандгардонии иктисоди ва дастгирии сохтмон, чойгиркунонии объектхои инфрасохтори ичтимои ва таъмини дастрасии субъектхои савдо ва хизматрасонии маиши ба молу мулки давлати;

– тахлили нишондихандахои молияви, иктисоди, ичтимои ва дигар нишондихандахои вазъи савдо дар минтакахои маъмурию  худуди ва самарабахшии тадбирхои андешидашуда оид ба рушди савдо ва хизматрасонии маиши;

– тахия ва тасдики накшаи чойгиркунонии объектхои сайёри   савдо бо назардошти таъмин намудани ахоли бо майдонхои савдо;

– мусоидат ва дастгирии хамачониба оид ба фарохам овардани шароит барои фуруши молхои истехсоли ватани;

– амали намудани дигар ваколатхое, ки конунгузории Чумхурии Точикистон пешбини намудааст.

БОБИ 3.

ОБЪЕКТХОИ САВДО, ХУСУСИЯТХОИ ТАШКИЛИ САВДО,

ХИЗМАТРАСОНИИ МАИШИ,НАМУДХО ВА ЧОЙГИРКУНИИ ОНХО

Моддаи 9. Объектхои савдо ва намудхои асосии савдо

 

  1. Ба объектхои савдо мансубанд:

– объектхои савдо;

– объектхои хуроки умуми.

  1. Ба намудхои асосии савдо савдои яклухт, савдои чакана, хуроки умуми ва дигар намудхои савдо, ки конунгузории Чумхурии Точикистон манъ накардааст, дохил мешаванд.
  2. Хуроки умуми тавассути объектхои хуроки умуми ба рох монда шуда, ба намудхое (ошхона, тарабхона, кахвахона, бар ва гайра) чудо мегардад, ки дорои категорияхои нархгузории иловаги (люкс, оли, якум, дуюм, сеюм) ё бе нархгузории иловаги   мебошанд.
  3. Тартиби чудо намудани объектхои хуроки умуми ба намудхо ва дарачаи мансубияти онхо ба ин ё он категорияи нархгузори  аз чониби сохибони ин объектхо бо тартиби мукаррарнамудаи макоми ваколатдори давлати муайян карда мешавад.

Моддаи 10. Хусусиятхои ташкили хуроки умуми

  1. Субъектхои савдо дар сохаи хуроки умуми хизматрасонии хуроки умумиро оид ба конеъгардонии талаботи истеъмолкунанда ба хурок ва таъмини фарогат амали менамоянд.
  2. Хизматрасонии корхонахои хуроки умумии дорои намуд ва дарачахои гуногун дар шаклхои зерин амали карда мешавад:

– гизогири;

– тайёр намудани махсулоти кулинари ва махсулоти канноди;

– ташкили истеъмол ва хизмат;

– фуруши махсулоти кулинари;

– ташкили фарогат;

– иттилоотию машварати;

– дигар намудхои хизматрасони, ки онхоро конунгузории Чумхурии Точикистон манъ накардааст.

  1. Пешниходи таомнома ба мизочон дар объектхои хуроки умуми хамчун пешниход (офертаи оммави) барои бастани шартномаи хариду фуруши махсулоти хуроки умумии дар таомнома зикршуда эътироф карда мешавад.
  2. Махсулоти истехсоли худи корхонахои хуроки умуми тибки технология ва дастури (ретсепти) тайёркунии таомхо, махсулоти кулинари ва канноди дар асоси дастури (ретсепти) таомхо ва махсулоте, ки барои истифодаи хатми дар корхонахои хуроки умумии хама гуна шаклхои моликият аз чониби макоми ваколатдори давлати  тасдик карда шудааст, тайёр карда мешавад.
  3. Субъектхои савдо дар сохаи хуроки умуми метавонанд хам шахсони хукукии мустакили хама гуна шакли ташкилию хукуки ва хам вохидхои сохтории корхонахои истехсоли бошанд.
  4. Субъектхои савдо дар сохаи хуроки умуми, ки вохиди сохтории корхонахои истехсоли, муассисахо ва дигар  ташкилотхо мебошанд, аз хукук ва имтиёзхои ба дигар вохидхои сохтории чунин корхонахо, муассисахо ва дигар  ташкилотхо пешниходшуда баробар истифода мебаранд.
  5. Ба субъектхои савдо дар сохаи хуроки умуми, ки хизмати муассисахои табобати, талабагон, донишчуён, нафакахурон, маъюбон ва дигар гуруххои аз чихати ичтимои осебпазирро анчом медиханд, дар асоси шартномахо шароити имтиёзноки ичораи бино, хизматрасонии коммунали ва дигар хизматрасони фарохам оварда мешаванд.
  6. Мукаррароти Конуни мазкур ва стандартхо оид ба хизматрасонии хуроки умуми мутобики стандартхои давлатии сохаи хуроки умуми  хамзамон бо дигар стандартхои сохаи хуроки умуми истифода гардида, нисбат ба корхонахои хуроки умумии хамаи шаклхои моликият, намуд ва дарачахои гуногун, инчунин сохибкорони инфироди, ки дар сохаи хуроки умуми фаъолият менамоянд, татбик мегарданд.
  7. Стандартхои зикргардида аз чониби корхонахои хуроки умуми ва сохибкорони инфироди барои ташкили фаъолияти худ, инчунин барои амали намудани сертификатсияи хуроки умуми тибки конунгузории Чумхурии Точикистон бо максади таъмини бехатарии хаёт ва саломатии истеъмолкунандагон ва хифзи мухити зист истифода бурда мешаванд. (КЧТ аз 8.08.15с., №1216)

Моддаи 11. Савдо дар бозор

 

  1. Дар бозор фуруши яклухт ва чаканаи махсулоти озукавори ва гайриозукавори, молхои саноати, махсулоти кишоварзи, мевачоти растанихои худруй, дигар молхои истеъмоли ва гайристеъмоли, инчунин чорво амали карда мешавад.
  2. Савдо дар бозор дар объектхои савдо бо фарохам овардани шароити зарурии хариди мол, ичрои корхо, хизматрасони, нигохдори ва фуруши мол бо истифодаи тачхизоти савдо ва тачхизоти технологии савдо (пештахта, пешдукон, яхдон ва дигар тачхизот), асбобхои ченаки вазн мутобики талаботи санитарию гигиени, зидди сухтор, хифзи табиат ва дигар талаботи мукаррарнамудаи конунгузории Чумхурии Точикистон  амали гардонида мешавад.
  3. Макомоти ичроияи махаллии хокимияти давлати тибки конунгузории Чумхурии Точикистон речаи кории бозорхои давлатиро мукаррар ва гайридавлатиро мувофика менамояд. (КЧТ аз 14.03.14с., №1075)
  4. Фурушанда дар  чойи савдо бояд  дорои чунин мавод бошад:

– овеза бо нишондоди номи ташкилот, иттилоот дар бораи макони чойгиршавии он;

– китоби сабти арзу шикоят ва пешниходот;

– хуччатхое, ки манбаи воридшавии молхоро нишон медиханд;

– хуччатхое, ки сифат ва бехатарии молхоро тасдик мекунанд;

– дафтарчаи тиббии намунаи мукарраргардида;

– корти фурушанда.

  1. Ташкили фуруши мол (ичрои кору хизматрасони) дар бозор ба зиммаи маъмурияти бозор  вогузор карда мешавад.
  2. Дар доираи фаъолияти мазкур маъмурияти бозор хамаруза санчиши талаботи зеринро амали менамояд:

– корти фурушанда бо зикри насаб, ном, номи падари фурушанда ва номи ташкилот;

– чойхои савдои аз чониби онхо ишголкардашуда;

– хангоми ошкор шудани холатхои риоя накардани талаботи зикргардида, тадбирхои бартараф кардани онхоро меандешад ё дар хамон руз  макомоти дахлдори назорати ва санчиширо огох месозад.

  1. Маъмурияти бозор ухдадор аст, ки бахисобгирии маблаг ва молу мулкро ба рох монад, талаботи мукаррарнамудаи конунгузориро хангоми хисоббаробаркуни бо субъектхои савдо дар бозор риоя намояд, субъектхои савдоро дар бораи тагйир ёфтани тарифи пардохт дар мухлати на дертар аз 3 руз  огох намояд.
  2. Аз чониби  ташкилот ва маъмурияти бозор ичро накардани ухдадорихои бо конунгузории Чумхурии Точикистон ба зиммаи онхо гузошташуда (риоя накардани меъёрхои шахрсози ва сохтмон, талаботи бехатарии зидди сухтор, санитарию эпидемиологи, хифзи мухити зист, пешниход накардани иттилоот ба макомоти дахлдори назорати ва гайра) метавонад боиси ба чавобгари кашидани хам  ташкилот, хам шахсони мансабдори он, аз чумла манъ кардани фаъолияти  ташкилот гардад.
  3. Ба зиммаи маъмурияти бозор ухдадории пешбурди фехристи фурушандахои бозор ва фехристи шартномахо дар бораи пешниходи  чойхои савдо ва хизматрасонии маиши вогузор карда мешавад. Иттилоот оид ба фехристхои зикргардида метавонад аз чониби макомоти андоз бо максади назорат дархост карда шавад. (КЧТ аз 14.03.14с., №1075)

Моддаи 12. Меъёрхои хадди акалли таъмини ахоли бо майдонхо   барои бунёди объектхои

                        савдо ва хизматрасонии маиши

 

  1. Максади рушди савдо ва хизматрасонии маиши аз ноил гардидан ба меъёрхои хадди акалли таъмини ахоли бо майдонхо барои бунёди объектхои савдо ва хизматрасонии маиши – меъёрхои асосии арзёбии дастрасии молхои истеъмоли ва гайриистеъмоли, дастрасии хизматрасонии маиши барои ахоли ва конеъгардонии талабот ба чунин молхо ва хизматрасони иборат мебошад.
  2. Меъёрхои хадди акалли таъмини  ахоли бо майдонхо барои бунёди объектхои савдо ва хизматрасонии маиши аз чониби макоми ваколатдори давлати бо тартиби пардохти чунин меъёрхо, ки Хукумати Чумхурии Точикистон тасдик намудааст, тахия карда мешаванд.
  3. Меъёрхои хадди акалли таъмини ахоли бо майдонхо барои бунёди объектхои савдо ва хизматрасонии маиши дар таркиби хуччатхое, ки самти рушди ичтимоию иктисодии вилоятхо, шахрхо ва нохияхоро муайян менамоянд, тасдик гардида, дар хуччатхои банакшагирии худуди, накшахои генерали, барномахои худуди ва минтакавии рушди савдо ва накшахои чойгиркунонии объектхои сайёри савдо ба хисоб гирифта мешаванд.

Моддаи 13. Талабот нисбат ба  чойгиркунонии объектхои савдои  чакана, хуроки умуми ва

                       хизматрасонии маиши

 

  1. Субъектхо барои  фаъолият кардан дар бозори мол ва хизматрасонии таъиноти истеъмоли объектхои асоси ва гайриасосии махсус тачхизонидашудаи доими ва сайёрро истифода мебаранд.
  2. Чойгиркунонии объектхои зерин дар бинои истикомати, дар дохили бинои ба таври иловаги сохташуда, инчунин бинои иловагии дар манзили истикомати сохташуда манъ аст:

– объектхои речаи корашон баъди соати 23.00;

– хаммом ва саунахо;

– объектхои хуроки умуми бо микдори беш аз 50 чойи нишаст ё майдони умумии беш аз 250 метри мураббаъ бо истифодаи дастгохи пахши мусики;

– шустагари ва хушкашуи (ба истиснои бунгоххои кабул ва шустагарихои худхизматрасон бо иктидори то 75 кг дар як рузи кори);

– студияхои сабти овоз;

– махдудиятхои дигаре, ки конунгузории Чумхурии Точикистон мукаррар намудааст.

  1. Дар объектхои савдо, хуроки умуми ва хизматрасонии маиши чойгиркунонии толорхои бизнеси бози, автоматхои бози ва гайра, ба истиснои толорхои бозихои кудакона манъ аст.
  2. Объектхои асоси, гайриасосии доими   ва бозорхои бо асбобу анчоми махсуси савдою технологи чихозонидашуда мувофики хулосаи  комиссияи давлатии кабул ба истифода дода мешаванд.
  3. Хангоми аз чониби субъекти савдои чакана, хуроки умуми ва хизматрасонии маишии гайридавлати кабул намудани карор дар бораи речаи кори  шабонарузии объект чунин реча тибки конунгузории Чумхурии Точикистон аз чониби макомоти ичроияи махаллии хокимияти давлати мувофика карда мешавад. (КЧТ аз 14.03.14с., №1075)

Моддаи 14. Хусусиятхои чойгиркунони ва ташкили  бозор

  1. Бозор аз чониби шахсони вокеи ё хукуки бо тартиби мукаррарнамудаи конунгузории Чумхурии Точикистон дар асоси озмун ва талаботи меъмори ва шахрсози ташкил карда мешавад.
  2. Хангоми зарурати ташкили ин ё он намуди бозор холатхои зерин ба назар гирифта мешаванд:

– зарурати таъмини ахолии махалли муайян бо ин ё он намуди мол;

– мавчудияти китъаи замин барои ташкили бозор;

– бахисобгирии талаботу пешниходи сокинони махалли мазкур.

  1. Хуччатхои ичозатдиханда, ки барои  ташкили бозор заруранд, бо тартиби мукаррарнамудаи конунгузории Чумхурии Точикистон   дода мешаванд.
  2. Тархкаши, азнавтархкаши ва сохтмони бинохои бозор, тачдид ва навсозии бинохо, иморатхо, иншоот ва бинохои дар онхо мавчудбуда аз чониби маъмурияти бозор бо риояи меъёру коидахои меъмори, шахрсози, санитарию гигиени ва иморатсози, талаботи асосие, ки макомоти ичроияи махаллии хокимияти давлати мукаррар намудааст, амали гардонида мешаванд.
  3. Тачхизонидан ва нигохдории бозор, таваккуфгохи воситахои наклиёт, чойхои истифодабарии умум, мавзеъ барои чойгиркунонии воситахои оташнишони  ва аз сухтор огохкунандаи шахрвандон хангоми рух додани холатхои садамави ва фавкулодда, чойи муносиб барои насби маводи иттилоотию маълумоти оид ба коидаю тартиби фаъолият дар бозор, маъмурияти бозор ва рохбари он, дар бораи хифзи хукуки истеъмолкунандагон ва таъминкунандаи робита бо макомоти дахлдори назорати, инчунин ракамхои телефони макомоти  ичроияи махаллии хокимияти давлатии дахлдор (раками телефонхои «Робитаи мустаким») барои мурочиати шахрвандон аз чониби маъмурияти бозор амали гардонида мешаванд.
  4. Дар бозорхои фуруши маводи истеъмоли лабораторияхо (байтори, санитари ва гайра) барои ташхиси маводи фурушии хуроквори ташкил карда мешаванд.
  5. Хангоми фуруши молхо (ичрои кору хизматрасони) бо истифодаи воситахои ченак (тарозу, санги тарозу, зарфхои ченакдор, метрхо ва гайра) бо максади аз чониби харидорон санчидани сахехии нарх, андоза ва вазни молхои харидашуда (ичрои кору хизматрасони) дар чойи муносиби бозор  асбобу анчоми ченкунандаи чавобгуи коида ва меъёрхои метрологи насб карда мешаванд.
  6. Ба макомоти корхои дохили, инчунин бо талаби макомоти назорати ва санчиши ба кормандони онхо барои ичрои ухдадорихояшон бояд  дар бозор утоки доими ва ё муваккати чудо карда шавад.
  7. Маъмурияти бозор вазифадор аст:

– бозорро дар холати дахлдори санитари ва техники, ки хифзи мухити зист, бехатарии эпидемиологи, эпизооти ва экологиро дар мавзеи чойгиршавии он таъмин менамояд, нигох дорад, инчунин барои бартараф ва нест кардани манбаъхои беморихои сирояти ва паразити ё пахншавии ин беморихо хангоми пайдо шудани онхо мусоидат намояд;

– барои ташкили  савдо,  аз чумла барои кабул, нигохдори, фуруши мол (ичрои кору хизматрасони), таъминот бо барку об, гарми ва канализатсия шароити зарури фарохам оварад;

– нигохдории бехатари молеро, ки барои нигохдори супурда мешавад, таъмин намояд;

– талаботи конунгузории Чумхурии Точикистонро дар бораи бехатари аз сухтор ичро намояд;

– дигар талаботи пешбининамудаи конунгузории Чумхурии Точикистонро ичро намояд.

  1. Чойхои савдо дар бозор дар асоси накшае, ки маъмурияти бозор дар мувофика бо макоми ваколатдори давлати оид ба назорати таъмини бехатари аз сухтор, хифзи тартиботи чамъияти, назорати таъмини амнияти санитарию эпидемиологии ахоли, хифзи мухити зист ва  оид ба назорати химояи хукуки истеъмолкунандагон тахия ва тасдик намудааст, чойгир карда мешаванд. Ташкил ва пешниходи чойхое, ки дар накшаи чойгиркунонии нуктахои савдо пешбини нашудаанд, манъ аст.
  2. Ба маъмурияти бозор мутобики конунгузории Чумхурии Точикистон оид ба фаъолияти зиддиинхисори хангоми таксими чойхои савдо ба миён гузоштани шартхои махдудкунанда манъ аст.
  3. Хангоми тартиб додан ва тасдик намудани накшахои чойгиркунонии чойхои савдо дар бозорхои универсали маъмурияти бозор  барои анчом додани фуруши махсулоти кишоварзи ба шахсоне, ки хочагии дехкони (фермери), хочагии ёрирасони шахси доранд, бо богдори, обчакори ва чорводори машгуланд, аз руи микдори муайяннамудаи макомоти ичроияи махаллии хокимияти давлати, ки дар худуди он бозор чойгир аст, чойхои савдо пешбини ва чудо менамояд.
  4. Маълумотеро, ки хангоми бастани шартнома дар бораи чудо намудани чойи савдо пешниход мегардад,  бо хуччат тасдик кардан зарур аст.
  5. Арзиши шартнома оид ба пешниходи чойи савдо аз чониби маъмурияти бозор муайян карда мешавад.
  6. Зимни имконнопазирии истифодаи чойи савдо аз чониби шахсе, ки дар бораи чудо кардани чойи савдо шартнома бастааст, дар холатхои боздоштани мухлати амал ё бекор кардани шартнома ё катъи фаъолияти маъмурияти бозор маъмурияти бозор дар назди ин шахс мутобики конунгузории граждании Чумхурии Точикистон чавобгар мебошад.
  7. Хангоми тартиб додан ва тасдик намудани накшаи чойгиркунонии  чойхои савдо дар бозори кишоварзи ва бозори кооперативии кишоварзи маъмурияти бозор вазифадор аст бевосита ба истехсолкунандагони махсулоти кишоварзи барои фуруши мол ба микдори мукаррарнамудаи макомоти ичроияи махаллии хокимияти давлати, аммо на камтар аз панчох фоиз аз шумораи умумии онхо чойхои савдоро пешбини ва пешниход намояд.
  8. Чойхои савдо дар бозори кишоварзи ба истехсолкунандагони махсулоти кишоварзи, инчунин  ба шахсоне, ки хочагии дехкони (фермери), хочагии ёрирасони шахси доранд, бо  богдори, обчакори, чорводори машгуланд, ба таври соддакардашуда ва бо тартиби мукаррарнамудаи макомоти ичроияи махаллии хокимияти давлати ба мухлати на зиёда аз 6 мох чудо карда мешаванд.
  9. Фурушанда  мол (ичрои кору хизматрасони)-ро дар бозор танхо дар сурати мавчудияти корти  фурушанда, ки зимни бастани шартнома дар бораи пешниходи чойи савдо дода мешавад, ба фуруш мебарорад.
  10. Корти фурушанда хангоми бастани шартнома дар бораи чудо кардани  чойи савдо ба расмият дароварда, ба хар як фурушанда дода мешавад ва дар сари сина насб гардида, нисбат ба хамаи чойхои савдои дар он зикрёфта дар доираи як бозор эътибор дорад.
  11. Дар бозор (ба истиснои бозорхои махсусгардонидашуда ва универсали) фуруши молхое, ки савдои озоди онхо тибки конунгузории Чумхурии Точикистон манъ ё махдуд карда шудааст, инчунин фуруши махсулоти зерин манъ карда мешавад:

– тамоку, нушокихои спирти, махсулоти алкоголи ва оби чав;

– махсулоти консервшудаи истехсоли хонаги, махсулоти кулинарии аз гушт, мохи ва махсулоти каннодии дар хона тайёргардида;

– молхои таъиноти маишии аз нигохи техники мураккаб;

– хомилхои иттилоотии компютери;

– молхои кимиёи барои рузгор, пестисидхо ва агрокимиёхо;

– маснуоти  пиротехники;

– маснуот аз металлхои киматбахо бо сангхои киматбахо, аз металлхои киматбахо бо сангхои нимкиматбахо ва сунъи, сангхои киматбахои сайкалдодашуда;

– автомобилхо, ядакхо ва агрегатхои ракамгузоришудаи онхо.

  1. Назорати риояи коидахои савдо ва ташкили фаъолияти бозорхо, ки Конуни мазкур мукаррар намудааст, тибки конунгузории Чумхурии Точикистон амали карда мешавад. (КЧТ аз 8.08.15с., №1216)
  2. Чойгиркуни, фаъолият ва назорати нуктахои хизматрасонии маиши дар бозор тибки мукаррароти кисмхои 9-15 ва 18-21 моддаи мазкур ба рох монда мешаванд. (КЧТ аз 14.03.14с., №1075)

Моддаи 15. Тартиби чойгиркунони ва ташкили фаъолияти  объектхои савдои чакана, хуроки

                        умуми ва хизматрасонии маиши дар худудхои алохидаи Чумхурии Точикистон

 

  1. Чойгиркунони ва ташкили фаъолияти объектхои савдои чакана, хуроки умуми ва хизматрасонии маиши дар худудхои алохида, аз чумла дар наклиёти рохи охан, наклиёти хавои ва оби, минтакаи гумруки ва муассисахои таълими бо назардошти хусусиятхои хоси гурухи истеъмолкунанда бо тартиби мукаррарнамудаи санадхои меъёрии хукукии Чумхурии Точикистон амали карда мешаванд.
  2. Дар худудхои дар  кисми 1 моддаи мазкур зикргардида метавонанд меъёрхои пешниходи намудхои алохидаи молхо бо махдудкунии шаклхои фуруши мол (хизматрасони), номгуи молхои фуруши (хизматрасони) ва речаи кори объектхои савдои чакана, хуроки умуми ва хизматрасонии маиши чори карда шаванд.

Моддаи 16. Тартиби чойгиркунони ва ташкили кори объектхои  доими ва сайёри савдо, хуроки

умуми,  хизматрасони маиши ва шабакаи савдои хурди чакана

 

  1. Хангоми нокифояги ва ё сатхи пасти таъминоти шабакаи савдои чакана, хуроки умуми ва хизматрасонии маиши ба ахоли, бо назардошти талабот ва таклифхои сокинони махалли мазкур, фаъолияти сохторхои зерин  ичозат дода мешавад:

– объектхои доимии гайриасосии савдои хурди чакана – павилйонхо дуконхо, автоматхои савдо ва дигар бинохои муваккати;

– объектхои сайёри савдои хурди чакана – гурфахо, магозахои автомобили, автосистернахо, аробахо.

  1. Объектхои мазкур дар китъахои замини холии махал тибки накшахои чойгиркунонии онхо бо асосхои зерин чойгир карда мешаванд:

– шартномахои ичораи китъахои замин барои объектхои доимии гайриасоси; (КЧТ аз 14.03.14с., №1075)

– ичозате, ки аз чониби макомоти ичроияи махаллии хокимияти давлати барои объектхои сайёри савдои хурди чакана дода мешавад.

  1. Тартиби тахияи накшахои чойгиркунони ва ташкили кор, аз чумла талабот нисбат ба речаи кор ва махсусгардонии объектхои доимии гайриасоси ва объектхои сайёри шабакаи савдои хурди чакана, тартиби додани ичозат тибки санадхои меъёрии хукукии макомоти ичроияи махаллии хокимияти давлати мукаррар карда мешаванд.
  2. Бо гузашти мухлати ичозат барои чойгиркунони ва ба охир расидани шартномаи ичораи китъаи замин сохиби объекти доимии асоси ё сайёри шабакаи савдои хурди чакана ухдадор аст фаъолияти худро катъ намояд, ба истиснои холатхое, ки бо тартиби мукарраргардида мухлати чойгиркунони ва ичораи китъаи замин тамдид карда шуда бошад. (КЧТ аз 14.03.14с., №1075)
  3. Тавассути объектхои доимии гайриасоси ё сайёри шабакаи савдои хурди чакана молхое фурухта мешаванд, ки шароити махсуси нигохдори ва фурушро талаб намекунанд ва хизматхое расонида мешаванд, ки шароити махсуси хизматрасониро талаб намекунанд.
  4. Дар объектхои сайёри шабакаи савдои хурди чакана фуруши молхои озукавории истехсоли гайрисаноати, ки борбандии саноати нашудаанд ва молхои озукавории зудвайроншаванда хангоми мавчуд набудани тачхизоти яхдонии коршоям манъ аст.
  5. Дар объектхои доимии гайриасоси ва сайёри шабакаи савдои хурди чакана фуруши тамоку,  нушокихои спирти, махсулоти алкоголи ва оби чав, ба истиснои павилйонхои чавобгуи талабот ба объектхои савдо оид ба фуруши чунин махсулот, ки тибки конунгузории Чумхурии Точикистон мукаррар гардидаанд, манъ мебошад.

БОБИ 4.

ТАЛАБОТИ АСОСИ  БА СУБЪЕКТХОИ САВДО ОИД БА ТАШКИЛ

ВА АМАЛИ НАМУДАНИ САВДО ВА ХИЗМАТРАСОНИИ МАИШИ
 

Моддаи 17. Хукук ва ухдадорихои субъектхои савдо ва  хизматрасонии маиши хангоми ташкил

        ва амали намудани савдо ва хизматрасонии маиши

 

  1. Бо савдо ва хизматрасонии маиши  субъектхои пешбининамудаи Конуни мазкур машгул мешаванд, ба шарте ки конунгузории Чумхурии Точикистон тартиби дигареро пешбини накарда бошад.
  2. Субъектхои савдо ва хизматрасонии маиши хангоми ташкил ва амали намудани фаъолияти худ, ба истиснои холатхои мукаррарнамудаи Конуни мазкур ва дигар санадхои конунгузории Чумхурии Точикистон, мустакилона муайян менамоянд:

– машгул шудан бо савдо (савдои яклухт ва (ё) чакана,  хизматрасони дар сохаи хуроки умуми ва ё  маиши);

– шакли савдо (дар объектхои доимии савдо, берун аз объектхои доимии савдо, аз чумла ярмаркахо, намоишхо, дастифуруши, усули фосилавии фуруши мол, фуруши мол бо истифодабарии автоматхо, дигар шаклхои савдо);

– усули савдо (бо истифодабари ва бе истифодабарии объектхои савдо);

– махсусгардонии савдо (савдои универсали ва махсусгардонидашуда, хизматрасони оид ба хуроки умуми ва ё хизматрасонии маиши);

– навъи объекти савдо, ки барои амали гардонидани савдо истифода мегардад (объектхои доимии савдо ва объектхои сайёри савдо);

– асосхо барои истифодабарии молу мулк хангоми савдо ва хизматрасонии маиши (хукуки моликият ва (ё) дигар асосхои конуни);

– нархи  молхои фуруши, хизматрасонии хуроки умуми ва маиши;

– шакли интишори реклама дар объекти савдо ва хизматрасонии маиши ва пешдуконхои он;

– шартхои бастани шартномахои хариду фуруши мол, шартномахои хизматрасонии пулаки.

  1. Тартиб ва шартхои савдо ва хизматрасонии маиши чунин холатхоро дар бар мегирад:

– номгуи (ассортименти) молхои фуруши, махсулоти истехсоли худии корхонахои хуроки умуми ва хизматрасонии маиши;

– речаи кор;

– тарз ва усулхое, ки тавассути онхо савдо ва хизматрасонии маиши амали гардонида мешавад;

– микдор, навъхо, моделхои тачхизоти технологи, асбобу анчоме, ки хангоми савдо ва хизматрасонии маиши истифода бурда мешаванд;

– усули ба маълумоти харидорон расонидани иттилоот дар бораи фурушанда, молхои ба савдо пешниходшуда, хизматрасони;

– кафолати сифат ва мухлати амали он;

– тартиб ва шартхои дигари савдо.

  1. Тартиб ва шартхои савдо ва хизматрасонии маиши, ки дар кисми 3 моддаи мазкур пешбини гардидаанд, нисбат ба корхонахо, муассисахо ва дигар ташкилотхои савдо бо карори макомоти  давлатии дахлдор мукаррар  карда мешаванд.
  2. Субъекти савдо ва хизматрасонии маиши хукук дорад:

– аз макоми ваколатдори давлати иттилооти марбут ба хамаи масъалахои ташкили савдо ва хизматрасонии маиши, аз чумла санадхои меъёрии хукукии танзимкунандаи масъалахои сохаи савдоро дар бораи санчишхои пешбинишудаи фаъолияти онхо (ба истиснои санчишхои амалиёти) талаб намояд ва мувофики масъалахои марбут ба риояи конунгузори оид ба танзими давлатии савдо ва хизматрасонии маиши тавзехоти хатти гирад;

– манфиатхои худро оид ба масъалахои муносибатхои савдо шахсан ё тавассути намояндаи худ муаррифи намояд;

– хангоми гузаронидани назорати давлатии савдо дар сохаи танзими  савдо ва хизматрасонии маиши иштирок намуда, нусхаи хуччатхоро аз руи натичаи назорат талаб намояд;

– бо тартиби мукаррарнамудаи Конуни мазкур ва дигар санадхои конунгузории Чумхурии Точикистон нисбат ба санадхои санчиши макоми ваколатдори давлати ва огохиномахо оид ба санадхои санчиши савдо ва амали (ё беамалии) шахсони мансабдори макоми ваколатдори давлати шикоят намояд;

– хифзи сирри тичоратиро аз шахсони мансабдори макоми ваколатдори давлати талаб намояд;

– иттилоот ва хуччатхоеро, ки ба савдо ва хизматрасонии маиши дахлдор нестанд, пешниход накунад;

– аз шахсони мансабдори макоми ваколатдори давлати ва сохторхои минтакавии он хангоми анчом додани амалхо нисбат ба субъектхои савдо ва хизматрасонии маиши риояи конунгузориро дар сохаи танзими давлатии савдо ва хизматрасонии маиши талаб намояд;

– санадхо (карорхо) ва талаботи макоми ваколатдори давлати ва шахсони мансабдори онро, ки ба конунгузории Чумхурии Точикистон дар сохаи танзими давлатии савдо ва хизматрасонии маиши ва дигар санадхои меъёрии хукуки оид ба масъалахои танзими давлатии савдо ва хизматрасонии маиши мутобикат намекунанд, ичро накунад;

– аз шахсони мансабдори макоми ваколатдори давлати, ки санчиш мегузаронанд, асоси гузаронидани санчишро талаб кунад, бо шаходатномаи  хизматии онхо шинос шавад;

– аз макоми ваколатдори давлати бо тартиби мукаррарнамудаи конунгузории Чумхурии Точикистон чуброни зарарро, ки дар натичаи кабули карор ва амали (беамалии) шахсони мансабдори у расидааст, талаб намояд;

– чихати гузаронидани санчиши савдо ва хизматрасонии маиши мутахассисон, намояндагони ассотсиатсияхо ва дигар ташкилотхои чамъиятиро чалб намояд:

– субъекти савдо ва хизматрасонии маиши дорои дигар хукукхое мебошад, ки конунгузории  Чумхурии Точикистон  пешбини намудааст.

  1. Ба субъектхои савдо ва хизматрасонии маиши химояи судии хукук ва манфиатхои онхо кафолат дода мешавад.
  2. Тартиби химояи хукук ва манфиатхои субъектхои савдо ва хизматрасонии маиши бо Конуни мазкур ва дигар санадхои конунгузории Чумхурии Точикистон муайян карда мешавад.
  3. Ичро накардан ё ичрои номатлуби ухдадорихо оид ба таъмини хукукхои субъектхои савдо ва хизматрасонии маиши боиси чавобгарии пешбининамудаи  конунгузории Чумхурии Точикистон мегардад.
  4. Субъектхои савдо ва хизматрасонии маиши хангоми амали намудани фаъолияти худ ухдадоранд:

– ба харидор дар бораи сифат ва махалли истехсоли мол ва хизматрасони, хусусиятхои истеъмоли, ухдадорихои кафолати ва тартиби пешниходи арзу шикоят, усул ва коидахои истифодабарии махсулот, тарзи нигохдории он, инчунин махалли чойгиршави ва дигар реквизитхои фурушанда ё тайёркунанда (ичрокунанда) иттилооти зарури ва сахех пешниход намоянд;

– асбобхои назоратию ченкунии чавобгуи талаботи низоми давлатии таъмини ягонагии ченакхоро дар чойи муносиби объекти савдо чойгир намоянд;

– хангоми пайдоиши шубхаи харидор нисбат ба хачм, вазн ва андозаи  мол ба у имконият фарохам оранд, ки тавсифи зикргардидаи ченакхоро бо асбобхои назоратию ченкуни мустакилона санчад;

– хангоми фуруши молхое, ки тибки конунгузории Чумхурии Точикистон ба молхои сертификатсияшаванда мансуб дониста шудаанд, бо талаби харидор сертификати мутобикати молро (ё нусхаи онро) пешниход кунанд;

– бо тартиб ва холатхои пешбининамудаи конунгузории Чумхурии Точикистон аз дастгоххои назоратию хазинавии дорои хотираи фискали истифода баранд;

– молеро, ки чавобгуи талабот ва меъёрхои бехатари нест, аз муомилот бароранд;

– дастурхои макоми ваколатдори давлатиро, ки бо тартиби мукарраргардида дода шудаанд, ичро намоянд;

– ба макоми ваколатдори давлати оид ба мохияти масъалахои марбут ба ичрои Конуни мазкур ва риоя накардани коидахои савдо ва хизматрасонии маиши дар рафти аз чониби он гузаронидани тафтиш ва аз руи натичахои он тавзехот манзур намоянд;

– бо тартиби мукарраргардида пешбурди бахисобгирии амалиёти молиро таъмин намоянд, хисоботи пешбининамудаи конунгузориро пешниход намоянд;

– дигар мукаррароти муайяннамудаи конунгузории Чумхурии Точикистонро риоя намоянд.

  1. Корманд намояндаи расмии фурушанда  (ичрокунанда) хисоб мешавад, ба шарте ки аз номи фурушанда (ичрокунанда) ва химояи манфиати он тибки ваколатнома  ва ё конун баромад кунад ё агар он мустакилона ба истеъмолкунандагон ба хайси фурушанда (ичрокунанда) хизмат расонад.
  2. Фурушанда  (ичрокунанда) хукук дорад, ки хизматрасонии истеъмолкунандагонро мустакилона анчом дихад, агар он чавобгуи хамаи талаботе бошад, ки мутобики Конуни мазкур нисбат ба корманд  мукаррар шудааст.
  3. Фурушандагон (ичрокунандагон) барои ичрои корхое, ки бевосита бо хизматрасонии истеъмолкунандагон алокаманданд, бояд кормандони тахассуси дошта бошанд, ки аз чумлаи кормандони хайати корхона буда, ба таври кироя кор мекунанд, тахсилоти дахлдори касби ва омодагии касби, омодагии гигиении касби доранд ва аз ташхиси тибби гузаштаанд.
  4. Дар толори фуруш кормандоне, ки бо хизматрасонии истеъмолкунандагон машгуланд, бояд либоси ягонаи махсус дошта бошанд.
  5. Ба кори савдо ва хизматрасонии маиши  шахсони зерин рох  дода намешаванд:

– агар ичозати дахлдори тибби надошта бошанд, ба шарте ки, мутобики санадхои меъёрии хукукии дахлдор барои пешбурди ин гуна намуди савдо ва хизматрасонии маиши чунин ичозат мукаррар гардида бошад;

– ноболигони то 18-сола, ба истиснои холатхои мукаррарнамудаи конунгузории Чумхурии Точикистон.

Моддаи 18. Тахсилоти касби, тайёри ва бозомузии касби

 

  1. Кормандоне, ки бевосита ба истеъмолкунандагон хизмат мерасонанд, бояд дар сатхи на камтар аз курси тахсилоти бо хуччати дахлдор тасдикшуда  тайёрии касби дошта бошанд.
  2. Кормандон бояд хар се сол як маротиба аз хисоби маблаги фурушанда (ичрокунанда) аз бозомузии касби гузаранд.

Моддаи 19. Муоинаи тибби

 

  1. Кормандон вазифадоранд аз муоинаи пешакии тибби (хангоми кабул шудан ба кор) ва муоинаи даврии профилактикии тибби бо тартиби муайяннамудаи макоми ваколатдори давлати дар сохаи тандурусти гузаранд.
  2. Муоинаи пешакии тибби аз хисоби худи кормандон ё аз хисоби корфармо гузаронида мешавад.
  3. Муоинахои даврии профилактикии тибби аз хисоби фурушанда (ичрокунанда)  гузаронида мешаванд.

БОБИ 5.

ТАРТИБИ ХИЗМАТРАСОНИ БА ГУРУХХОИ АЛОХИДАИ ИСТЕЪМОЛКУНАНДАГОН, НАРХГУЗОРИ, НОМГУИ МОЛХО ВА НАМУДХОИ ХИЗМАТРАСОНИИ АЗ ЧИХАТИ ИЧТИМОИ МУХИМ

 

Моддаи 20. Ташкили хизматрасони барои гуруххои алохидаи истеъмолкунандагон, ки аз хифзи

                       ичтимои истифод мебаранд

 

1.Чихати хизматрасони ба гуруххои алохидаи истеъмолкунандагон, ки аз хифзи ичтимои истифода мебаранд, макомоти ичроияи махаллии хокимияти давлати дар доираи ваколаташон метавонанд объектхои махсусгардонидашудаи савдо ва хизматрасонии маиширо муайян намоянд, ки дар онхо нархи мол (хизматрасони)  нисбат ба чунин моли (хизматрасонии) дар минтака мавчудбуда пасттар аст.

  1. Макомоти махаллии хокимияти давлати дар доираи ваколаташон бо тартиби мукаррарнамудаи конунгузори метавонанд усул ва механизмхои мухталифи дастгирии чунин объектхои савдо ва хизматрасонии маиширо амали намуда, аз чумла барои  субъектхои савдо ва хизматрасонии маиши имтиёзхо фарохам оваранд.

Моддаи 21. Нархгузори дар сохаи савдо ва хизматрасонии маиши

 

  1. Нархи мол (кору хизматрасони) аз чониби субъектхои савдо ва хизматрасонии маиши, ба истиснои талаботи пешбининамудаи санадхои меъёрии хукукии Чумхурии Точикистон оид ба фаъолияти зиддиинхисори, мустакилона муайян карда мешавад. Ба танзими давлатии нарххо танхо тибки санадхои меъёрии хукукии Чумхурии Точикистон ичозат дода мешавад.
  2. Нархи молхое, ки субъектхои савдо мефурушанд ва подоши хизматрасонии маиши, инчунин дигар шартхои шартнома барои хамаи истеъмолкунандагон бояд якхела бошанд, ба истиснои холатхое, ки дар санадхои меъёрии хукуки барои гуруххои алохидаи истеъмолкунандагон фарохам овардани имтиёзхо пешбини гардидаанд.
  3. Субъекти савдо ва хизматрасонии маиши ухдадор аст, ки мавчудияти нархномахои ягона, дакик ва ба расмият даровардашударо барои молхои фуруши бо зикри номи мол, навъ, нархи вазн ё вохиди мол, имзои шахси аз чихати модди масъул ё мухри ташкилот ва санаи тахияи нархнома таъмин намояд.
  4. Хангоми дастифурушии мол фурушанда ухдадор аст бо худ нархномаеро дошта бошад, ки дар он номгуй ва нархи мол зикр гардидааст.
  5. Бо максади танзими давлатии нархи молхо ва намудхои алохидаи молу хизматрасонии аз чихати ичтимои мухим Хукумати Чумхурии Точикистон механизмхои мухталифи нарх ва тарифхои (аз чумла  мукаррар намудани хадди акал ва ё хадди нихои, танзими нархи иловагии (иловапулии) онхо (аз чумла, мукаррар намудани хадди нихои (хадди акал ва ё хадди нихои), мониторинги калкулятсия ва ташаккули нархро барои ин молхо истифода мебарад. Нарх ва тарифхо барои чунин молхо, иловапули ба нарххо мутобики конунгузории зиддиинхисории Чумхурии Точикистон дар асоси санадхои меъёрии хукукии Чумхурии Точикистон мукаррар карда мешаванд.

Моддаи 22. Навъхои молу хизматрасонии аз чихати ичтимои  мухим

 

  1. Дар объектхои савдои чакана, хизматрасонии маиши, ки ба таври дахлдор махсус гардонида шудаанд, навъи молхои аз чихати ичтимои мухим фурухта ва хизматхои аз чихати ичтимои мухим расонида мешавад.
  2. Ба навъхои молхои аз чихати ичтимои мухим инхо дохил мешаванд:

– молхои озукавори – нон, махсулоти нони, биринч, орд, намак, шакар, чой, гушт, шир, махсулоти шири, равгани хайвоноту растани, маргарин, тухм, мохи, ярма, махсулоти макарони, картошка, карам, лаблабу, сабзи ва пиёз;

– молхои гайриистеъмоли – собун, воситахои шустушуии синтетики, хамираи дандон, мисвок, болопуши рахти хоб ва либос, чуроби мардонаю занона, китоб, молхои мактаби, сузан, ришта, гугирд, шамъ ва чарог.

  1. Ба навъхои хизматрасонии аз чихати ичтимои мухим инхо дохил мешаванд:

– барои сартарошхонахо – муйсаргирии одди;

– барои шустагари – шустушуи болопуши рахти хоб;

– барои хаммом ва саунахо – кабули душ;

– барои корхонахои таъмири асбобу анчоми маиши, радиоэлектрони, мошину дастгоххои маиши – таъмири яхдон, асбобхои гармидиханда, телевизор, дарзмол ва чангкашакхо;

– барои ателйе – таъмири махсулоти дарздузи, нассочи бе поракуни, аз нав буридан ва аз нав духтан;

– барои суратгирхона – тайёр намудани сурат барои хуччатхо;

– барои корхонахои таъмири металл – сохтани калид;

– барои корхонахои таъмири пойафзол – хама гуна таъмир, ба истиснои нав ва иваз намудани кисми болои ва пошнаи пойафзол.

БОБИ 6.

ТАШАККУЛЁБИИ ЗАХИРАХОИ ИТТИЛООТИИ ДАВЛАТИ

ДАР СОХАИ САВДО ВА  ХИЗМАТРАСОНИИ МАИШИ

Моддаи 23. Ташаккулёбии захирахои иттилоотии давлати

 

  1. Таъминоти давлатии иттилооти дар сохаи савдо ва хизматрасонии маиши тибки санадхои меъёрии хукукии Чумхурии Точикистон амали карда мешавад.
  2. Дар сомонахои расмии макоми ваколатдори давлати ва макомоти ичроияи махаллии хокимияти давлати хар се мох иттилооти зерин ворид мекунанд:

– дар бораи карорхои кабулнамудаи макоми ваколатдори давлати;

– дар бораи нашри санадхои меъёрии хукуки, ки муносибатхоро дар сохаи савдо ва хизматрасонии маиши танзим менамоянд;

– дар бораи нархи миёнаи намудхои алохидаи мол;

– дигар иттилооти муайяннамудаи макоми ваколатдори давлати.

  1. Макоми ваколатдори давлати пешбурди фехристи савдо ва хизматрасонии маиширо ташкил мекунад ва дастрасии маълумоти онро таъмин менамояд. Фехристи савдо ва хизматрасонии маиши маълумотро дар бораи субъектхои савдо, субъектхои савдои чакана (ба истиснои молистехсолкунандагон) ва дигар субъектхои савдо оид ба вазъи савдо ва хизматрасонии маиши дар бар мегирад.
  2. Барои ба фехристи савдо ва хизматрасонии маиши ворид намудани маълумоти дар кисми 3 моддаи мазкур пешбинишуда, ки ворид намудани чунин маълумотро тасдик менамояд, пешбини намудани тобеият чихати анчом додани амали муайян, кабули карор нисбат ба субъектхои савдо, субъектхои савдои чакана (ба истиснои молистехсолкунандагон), дар хусуси ар  фехристи  савдо  ва  хизматрасонии   маиши  мавчуд  будани иттилоот оид ба хамин субъектхои хочагидор ва (ё) савдо ва хизматрасонии маиши  ситонидани маблаг манъ аст.
  3. Субъектхои савдо ва хизматрасонии маиши, ки ба савдои чакана, яклухт, дигар намудхои фаъолияти савдо, хизматрасонии хуроки умуми ва хизматрасонии маиши машгуланд, ухдадоранд, ки ба макоми ваколатдори давлати барои ташаккули захирахои давлатии иттилооти тибки шакл ва мухлати муайяннамудаи макоми ваколатдори давлати маълумот пешниход намоянд.

БОБИ 7.

МУКАРРАРОТИ ХОТИМАВИ 

Моддаи 24.Чавобгари барои риоя накардани талаботи Конуни мазкур 

Шахсони вокеи ва хукуки барои риоя накардани талаботи Конуни мазкур тибки конунгузории Чумхурии Точикистон ба чавобгари кашида мешаванд.

Моддаи 25. Тартиби мавриди амал карор додани Конуни мазкур

 

Конуни мазкур пас аз интишори расми мавриди амал карор дода шавад.

Президенти

Чумхурии Точикистон      Эмомали  Рахмон

 

ш. Душанбе, 19 марти соли 2013,

№ 943

 

Инчунин кобед

Обро дар Душанбе кисман санахои 14, 15-ум октябр катъ мекунанд

Дар робита ба корхои таъмир дар кисматхои гуногуни Душанбе, обро бо навбат махкам мекунанд Шахрдори …