Главная / Илм / САРВ дар Канзи Шифо (Китоб)

САРВ дар Канзи Шифо (Китоб)

sarv-660x330Сарв — ин дарахти бисёр мавзун, хушкомати баланд аст. Ба забони руси онро «Кипарис» меноманд. Баргаш реза, хазон намешавад, яъне хамешасабз аст. Андозаи самараш хурдтар аз чормагз, санавбаршакл, яъне шаклаш ба дили хайвонот монанд аст, магз надорад; дар вакти хоми сабз ва баъди расидан андак зардтоб ва сахт мегардад. Тухми самараш сафеди зардча, ки ба наск монанд аст, вале аз он нозуктар.

Мизочаш дар дарачаи якум гарм ва дар дувум хушк аст. Мизочи самараш дар дарачаи севум сард ва хушк аст. Мизочи шилмаш гарм, таъмаш тунд ва тез, кариб ба шилми санавбар аст. Хислатхои шифобахши он: баргашро дар об чушонида, он обро бинушанд, душвории шошиданро ислох мекунад ва захмхои рудахоро шифо мебахшад; аз хичак равон шудани моддахои нодаркорро манъ мекунад.

9 грамм барги хушкашро ос карда бо 2,5 грамм шилми бодоми талх бихуранд, хичакро кувват мебахшад; инчунин, дар вакти хоб ба чогах шошидан ва душвории пешоб карданро дармон мегардад. Агар онро дар об чушонида, он обро дар дахан гардонанд, барои дарди дандон ва захми милки дандон дору мббошад, инчунин, ин узвхоро мустахкам мекунад. Онро куфта, бо асал хамир карда, лесида бихуранд, сурфаи кухнаро дафъ мекунад ва меъдаро кувват мебахшад.

Самарашро хуб куфта, бо шароби хушбуй биёшоманд, хунравиро аз дарун манъ мекунад, иллати ростнафасро, ки сохибаш хоб карда нафас гирифта наметавонад, шифо мебахшад, намегузорад, ки моддахои зарарнок ба меъда рехта шаванд, инчунин, захми рудахоро дафъ месозад. Ин самари онро куфта, ба чойи даридаи шикам, ки чурра (дабба) меноманд, гузошта банданд, даббаро тахлил медихад ва даридаи шикамро ба хам оварда сихат мекунад.

Хурдани махсулоти сарв ба шуш зарар дорад. Дар ин холат катиро бихуранд, зиёнаш ислох меёбад. Аррамайдаи чубашро бо шилми бодоми талх якчо карда гузошта банданд, хичакро кави мегардонад, хангоми хоб ба чогах шошиданро ба ибро меоварад. Баргашро сухта, дар об шуста гузошта банданд, барои сухтагии оташ даво мешавад, вале агар онро ношуста гузошта банданд ё бипошанд, реш ва захмхои тарро шифо мебахшад.

sarv-2
Сурат-расми «Сарви баланд»

 Баргашро пухта ба дабба (чурра) гузошта банданд, шифо мебахшад; ба чарохатхо бибанданд, дахани онхоро ба хам оварда сихат мекунад; ба узвхои нотавонгашта гузошта банданд, онхоро ба куввати аслиашон меоварад; ба чое, ки хун мерафта бошад, гузошта банданд, хуни онро мебандад, ба захмхо банданд, онхоро хушк менамояд; инчунин, агар гузошта банданд, варамхоро тахлил медихад ва мондагиро бархам мезанад. Баргашро соида, бо орди чавва об хамир карда гузошта банданд, варами гарми чашмро тахлил медихад; сурхбод, доначахои сузони пуст ва сухтагии оташро шифо мебахшад.

Шилми онро ос карда, дар бини бирезанд, майнаро аз рутубатхои зиёдати пок месозад; агар дар бини бипошанд, бавосири даруни бини, яъне гушти зоиди дар даруни он руидаро дур менамояд. Агар оби самари тару тозаи онро дар офтоб хушк карда, дар бини гузоранд, низ бавосири биниро дафъ мекунад; инчунин, бар макъад бипошанд, бавосири он мавзеъро шифо мебахшад. Ва агар бо гулнор хамрох карда бипошанд, решхои тари сар ва дигар решхои баданро хушк мегардонад, инчунин, решхои решнокро пок месозад.

Самарашро бихоянд, обравии даханро ислох мекунад. Барг ва самарашро куфта, бо мумравгани зайтуни сиришта гузошта банданд, меъдаро кувват медихад. Яке аз хислатхои сарв он аст, ки агар барг ва самари онро дар хона нигох доранд, ба даруни хона пашша намедарояд ва агар дохил гардад, онро мекушад.

Акнун дар бораи самараш муфассал бахс намоем. Ин манъкунандаи хунравихо мебошад, асабхоро кави мегардонад, рутубатхои нодаркор ва зарарнокро дар хар як чойи бадан, ки бошад, хушк мекунад; меъда, чигар, сипурз ва рудахоро кувват мебахшад, зехнро тез мекунад, даханро хушбу менамояд. Агар онро куфта, бо асал ва гулоб сиришта бимоланд, барои дарди нимсар, дарди сари аз хунуки ба амал омада даво мебошад. Ва куфтаи онро бо шароб биёшоманд, мании зудояндаро дер меомадаги мегардонад, дарунро мебандад; барои иллатхои фаромушхотири, сурфаи кухна ва душвор пешоб кардан дармон мешавад.

Куфтаи онро бо решаи тару тозаи сиреш хамир карда, гузошта банданд, чойи даридаи шикамро дар беморихои чурра сихат мекунад. Чун самари онро куфта, бо анчир хамир карда, монанди шамъчаи борик сохта, дар бини гузоранд, гушти зоиди дар даруни бини пайдошударо мехурад. Самари онро дар об чушонида, дар он об то ноф даромада нишинанд, макъади (кутани) баромадаро ба чояш мебарад ва он дигар барнамеояд, инчунин, равон шудани рутубати бисёрро аз бачадон манъ месозад.

Микдори як бор хурдан дар як руз аз самари сарв то 2 грамм аст. Вале хурдани самари сарв боиси зардии рухсора мегардад ва дар мачрохои бадан гирех пайдо мекунад. Ин зиёнаш асал ё равгани бодом бихуранд, ислох меёбад. Агар самари сарв ёфт нашавад, ба чойи он решаи анор ва якуним вазни он самари арчаро истеъмол кунанд, равост.

Инчунин кобед

ma

Марги Мухаммад (с)

Вакте, ки Азроил (а) барои гирифтани чони хазрати Мухаммад (с) меояд пайгамбар мегуяд каме сабр …