Главная / Гуногун / САРРАЁСАТИ КОНСУЛИИ ВАЗОРАТИ КОРХОИ ХОРИЧИИ ЧТ

САРРАЁСАТИ КОНСУЛИИ ВАЗОРАТИ КОРХОИ ХОРИЧИИ ЧТ

Раёсати консулии Чумхурии Точикистон дар асоси санадхои-меъёрии хукукии зерин раводиди Чумхурии Точикистонро тахия менамояд: 

  1. Конуни Чумхурии Точикистон «Дар бораи вазъи хукукии шахрвандони хоричи» аз 1 феврали соли 1996, № 230;
  2. Конуни Чумхурии Точикистон «Дар бораи бочи давлати» аз 28 феврали соли 2004, №19;
  3. Конуни Чумхурии Точикистон «Дар бораи дигар пардохтхои хатми ба бучет», аз 20 июли соли 2006, №226;
  4. Карори Хукумати Чумхурии Точикистон «Оид ба тасдик намудани Коидахо оид ба тартиби барасмиятдарори ва додани раводиди Чумхурии Точикистон ба шахрвандони хоричи вашахсони бешавхрванди» аз 27 феврали соли 2009, № 122;
  5. Карори Хукумати Чумхурии Точикистон «Дар бораи тасдик намудани меъёрхои хирочхо барои анчом додани амалхои аз чихати хукуки мухим ва пардохтхо барои додани ичозат оид ба истифодаи захирахои мавчуда» аз 2 ноябри соли 2007,№546.

Бинои консулгари: Сурога: Чумхурии Точикистон, Душанбе, кучаи Пушкина 34

Сарраёсати консулии Вазорати корхои хоричиРаводидхо ба навъхои зерин таксим шуда, вобаста ба максади вуруд ва будубош дар каламрави Чумхурии Точикистон ба категорияхои зерини шахрвандони хоричи дода мешаванд:

а) дипломати (Д) – ба сарони давлатхо, раисони хукуматхои давлатхои хоричи, аъзои хайати расмии хоричи, агентхои дипломатии намояндагихои дипломати ва шахсони мансабдори консулии муассисахои консули, кормандони макомоти сиёсати хоричи, курерхои дипломати ва консулии хоричи, кормандони намояндагии ташкилотхои байналмилали, ки статуси дипломатии онхоро Чумхурии Точикистон эътироф намудааст, нозироне, ки тибки шартномахои эътирофнамудаи Чумхурии Точикистон дар каламрави Чумхурии Точикистон назоратро ба амал мебароранд ва аъзои оилаи шахсони номбурда, ки дорои шиносномаи дипломати мебошанд.

б) хизмати (Х) – ба аъзои хайати расмии хоричи, кормандони техники-маъмури ва хизматрасонии намояндагихои дипломати, хизматчиёни консули ва кормандони сохаи хизматрасонии муассисахои консулии давлатхои хоричи, кормандони ташкилотхои байналмилали дар Чумхурии Точикистон, шахсоне, ки бо худ почтаи дипломати доранду, шиносномаи дипломати надоранд, консулхои фахрии Чумхурии Точикистон дар хорича, шахрвандони хоричие, ки ба Чумхурии Точикистон бо максади хизмати бо супориши вазорату идорахои давлати хоричи, новобаста аз навъи шиносномахояшон ва инчунин аъзои оилаи шахсони номбурда;

в) сармоягузори (С) – ба рохбарони ширкату корхонахои шухрати чахони дошта, ки бо максади кори ба Чумхурии Точикистон ташриф оварданианд ё ин ки овардаанд ва онхое, ки ба таври вокеи дар сармоягузории иктисодиёти Точикистон иштирок менамоянд, намояндагони зинаи рохбарикунандаи ширкату корхонахои бузург, ки дар бозори Точикистон кор мекунанд ё накшаи реалии рушди лоихахои сармоягузориро доранд, инчунин аъзои оилаи шахсони номбурда;

г) кори (К) – ба шахрвандони хоричие, ки ба Чумхурии Точикистон бо максадхои кори (иштирок дар гуфтушунидхои кори, мачлисхо, симпозиумхо, форумхо, конференсияхо, тендерхо, бастани карордодхо, ташкили корхонахои муштарак, омузиши бозори точик, иштирок дар музоядахо, намоишгоху ярмаркахо, хизматрасонии машварати ва аудити ваг.) ташриф оварданианд ё ин ки овардаанд;

д) мехнати (М) – ба шахрвандони хоричи, ки ба Чумхурии Точикистон барои мехнат, аз он чумла, дар асоси шартномаву созишномахои байналмилали ташриф оварданианд ва аъзои оилаи шахсони номбурда;

е) туристи (Т), аз чумла гурухи – ба шахрванди хоричие, ки ба Чумхурии Точикистон хамчун турист ташриф меоранд ё ба гурухи шахрвандони хоричи, ки ба Чумхурии Точикистон бо максади туристи бо ташкили гурух (на камтар аз 5 нафар ва на зиёда аз 50 нафар) ташриф меоранд.

ж) тахсилии академи (О-1) – ба шахрвандони хоричие, ки дар муассисахои таълимии Чумхурии Точикистон тахсил менамоянд, аспирантхо, докторантхо ва аъзои оилаи шахсони номбурда;

з) тахсили (О-2) – ба шахрвандони хоричие, ки барои тахсил, тачрибаомузии тахсили, коромузи, бо максади дохил шудан ба муассисахои таълими, курсхои муваккати оид ба омузиши забон ташриф оварданианд ё ин ки овардаанд, инчунин аъзои оилаи шахсони номбурда;

и) хусуси (ХС) – ба шахрвандони хоричие, ки ба мехмонии хешовандону шиносон, истирохат, муолича ва дигар максадхои характери шахси дошта ба Чумхурии Точикистон ташриф оварданианд;

к) минтакаи озоди иктисоди (МОИ) – ба шахрвандони хоричи – сармоягузорхо, ки дар каламрави минтакахои озоди иктисоди фаъолияти мехнати ва сохибкориро ба амал мебароранд;

л) наклиёти (Н) – ба шахрвандони хоричи – ронандагони воситахои наклиёт, ки боркашонии байналмилалии бору мусофиронро ба амал мебароранд;

м) барои истикомати доими (ИД) – ба шахрвандони хоричие, ки бо максади истикомати доими ба Чумхурии Точикистон ташриф меоранд, то гирифтани ичозати икомати доими;

н) экипажи киштии хавои (Л) – ба шахрвандони хоричи – хавонавардон, штурманхо, пешхизматони киштии хавои, мухандисхо ва дигар аъзои экипажи киштии хавои;

о) воситахои ахбори омма (Ж) – ба шахрвандони хоричи – мухбирон, наворбардорон, рузноманигорон ва дигар кормандони воситахои ахбори оммаи хоричи, инчунин аъзои оилаи шахсони номбурда;

п) хамсари шахрванди Чумхурии Точикистон (ХШ) – ба шахрванди хоричи, ки хамсари у шахрванди Чумхурии Точикистон мебошад, инчунин ба фарзандони онхо аз никохи якчоя ва пештара, писархонддухтархондшудагони шахсони номбурда;

р) варзишгарон ва гуруххои хунари (ВХ) – ба шахрвандони хоричи, ки ба мусобикахои байналмилали, машкхои амали, чорабинихои фарханги ва тайёри ба Чумхурии Точикистон ворид шуданианд ва ё шудаанд;

с) табшири (ТД) – ба шахрвандони хоричи, аз хисоби кормандони ташкилотхои дини, ки фаъолияти хешро дар Чумхурии Точикистон амали карда истодаанд ё карданианд;

т) башардустона (Б) – ба шахрвандони хоричи, ки бо максади овардан ё хамрохи намудани борхои кумаки башардустона ба Чумхурии Точикистон ташриф оварданианд;

у) тичорати (ТИ) – ба шахрвандони хоричи, ки ба фаъолияти тичорати машгуланд;
Тахти махфуми аъзои оила тибки Коидахои мазкур фахмида мешаванд: хамсар, фарзандон, писархондшудагондухтархондшудагони шахрванди хоричи.
Хуччатхое, ки шахрванди хоричи барои гирифтани раводид пешниход менамояд ва ваколатхои макомоти ваколатдори давлатии Чумхурии Точикистон оид ба мухлати додани раводид

Барои гирифтани раводид ба макомоти ваколатдори давлатихуччатхои зерин дар асл ва як нусха пешниход карда мешаванд:

– шиносномаи хакикии хоричи (дипломати, хизмати, умумишахрванди, шиносномаи Созмони Милали Муттахид, шаходатномаи шахси бешахрванди) ё дигар хуччате, ки шахсиятро муайян мекунад ва чои махсус барои часпонидани стикерхои раводид дошта бошад;

Шиноснома ё дигар хуччате, ки аз чониби шахрванди хоричи пешниход карда мешавад, набояд хакики буданаш ва мансубият ба сохибаш шубханок бошад, кайд, навиштачот, огохи, тозакуни ва ислохкунихои аз чониби макомоти салохиятдори давлати хоричи тасдикнашуда бошад, набояд варакхои кандашуда ва чокшуда дошта бошад, бояд на камтар аз 2 вараки тозаро, ки барои раводид пешбини шудааст, доро бошад, мухлати эътибори он, чун коида, набояд пештар аз 6 мох аз охири мухлати амали раводид ба итмом расида бошад;

– анкетаи раводидии пуркардашуда дар шакли мукарраршудаи Замимаи 2 баКарори мазкур бо сурати часпонидашуда, ки ба талаботи Замимаи 3 ба Карори мазкур мувофик бошад (ба истиснои сарони давлатхои хоричи ва рохбари хукуматхои давлатхои хоричи).

Анкетаи раводид хоно аз даст бо хуруфоти чопи, ё ин ки бо истифода аз воситахои техники ба таври компютери бо забони точики, руси, англиси ва ё забони давлати икомати муассисаи консулии Чумхурии Точикистон пур карда шуда, аз чониби аризадиханда шахсан ба имзо расонида мешавад.

Дар холати пур кардани анкета аз чониби шахси дигар, дар анкетаи раводид бо имзои шахси анкетаро пуркарда ва муносибати уба аризадиханда кайд карда мешавад.

Анкетаи кудакони ноболиг аз чониби намояндагони конунии онхо, ки хамрох сафар доранд, пур шуда, ба имзо расонида мешавад.

Дар холати пур шудани анкетаи раводид аз чониби ташкилоти байналмилали ё гайрихукумати, ки статуси дипломати надорад, дар хоначаи «сана ва имзо» (саволи 31) анкетаи раводид мухр ва имзои рохбари ташкилоти дархосткунанда монда мешавад;

– расид дар бораи пардохти бочи давлати ва хирочи консули (дар холати супоридани хуччатхо – барои барраси ва баъди кабули карори дахлдор дар бораи додани раводид – барои барасмиятдарори);

– нусхаи раводиди аввалаи (кабли) Чумхурии Точикистон. Раводиди кабли асос барои додани раводиди нав мешавад.

– дар холати мурочиати шахрвандони хоричи барои гирифтани раводид ба мухлати зиёда аз се мох, багайр аз навъхое, ки дар зербандхои «а,б,в,т» банди 2.1. ишора шудаанд, маълумотномаи тиббидар бораи ташхиси тиббиба вируси масъунияти бадани одам (ВИЧСПИД) аз муассисахои тиббии Чумхурии Точикистон ё давлати икомати шахрванди хоричи.

Ба гайр аз хуччатхои дар боло номбаршуда, вобаста ба навъи раводид аризадиханда бояд чунин хуччатхои иловагиро пешниход намояд:

а) барои гирифтани раводиди дипломати – ёддошти макомоти сиёсати хоричи, намояндагихои дипломати, муассисахои консулии давлатхои хоричи, ташкилотхои байналмилали ё намояндагии ташкилотхои байналмилали дар бораи додани раводиди дахлдор ба шахрванди хоричи, бо нишон додани максади вуруд ва мухлати будубош дар каламрави Чумхурии Точикистон.

Раёсати консулии ВКХ ЧТ ва муассисахои консулии Чумхурии Точикистон дар хорича раводидхои дипломатиро ба мухлати арзшуда, вале на зиёда аз ду сол медиханд;

б) барои гирифтани раводиди хизмати – ёддошти макомоти сиёсати хоричи, намояндагихои дипломати ё муассисахои консулии давлатхои хоричи, ташкилотхои байналмилали ва ё намояндагихои ташкилотхои байналмилали, мактубхои дархостии макомоти давлатии кишвари икомати муассисаи консулии Чумхурии Точикистон ва ё мактубхои дархостии вазорату идорахои Чумхурии Точикистон дар бораи додани раводид ба шахрванди хоричи, бо нишон додани максади вуруд ва мухлати будубош дар каламрави Чумхурии Точикистон.

Раёсати консулии ВКХ ЧТ раводиди хизматиро ба мухлати арзшуда, вале на зиёда аз ду сол дода метавонад. Муассисахои консулии Чумхурии Точикистон дар хорича раводиди хизматиро ба мухлати арзшуда, вале на зиёда аз як сол медиханд;

в) барои гирифтани раводиди сармоягузори зарур аст, ки хачми сармоя на камтар аз 500 000 доллари ШМА бошад, мурочиатномаи ширкатхои бузурги хоричи ё Кумитаи давлатии сармоягузори ва идораи амволи Чумхурии Точикистон бо тафтиши пешаки аз «Руйхат…». Раёсати консулии ВКХ ЧТ раводиди сармоягузориро ба мухлати то се сол медихад. Муассисахои консулии Чумхурии Точикистон дар хорича раводиди сармоягузориро ба мухлати то ду сол, бо огохикунонии ВКХ ЧТ дар мухлати 24 соат оид ба додани ин навъи раводид, медиханд.

г) барои гирифтани раводиди кори – дархости шахсони хукуки, новобаста аз шакли моликият, инчунин намояндагихои ташкилотхои тичоратии хоричи, бо нишон додани максади вуруд ва мухлати будубош дар каламрави Чумхурии Точикистон. Навъи раводиди мазкур тагйир дода намешавад ва бояд катъиян бо максади вуруди шахрванди хоричи мутобик бошад. Дар холати мувофик набудани максади вуруд ба навъи раводиди мазкур, будубоши минбаъдаи шахрванди хоричи дар Чумхурии Точикистон номатлуб мебошад.

Раёсати консулии ВКХ ЧТ ва муассисахои консулии Чумхурии Точикистон дар хорича раводиди кориро ба мухлати арзшуда, вале на зиёда аз як сол бо инобати тамдиди минбаъдаи он медиханд;

д) барои гирифтани раводиди мехнати – дархости ташкилоти даъваткунанда ё шахрванди Чумхурии Точикистон дар бораи додани раводид, бо нишон додани максади вуруд ва мухлати будубош дар каламрави Чумхурии Точикистон, нусхаи шартномаи (карордоди) мехнати ё шартномаи граждани-хукукии ба ичро расонидани корхо (хизматрасони).

Дар холати дархости шахси вокеи оид ба додани раводиди мехнати ба шахрванди хоричи иловатан огохиномаи макомоти корхои дохилии махалли ба ичро расонидани корхо (хизматрасони) талаб карда мешавад.

Шартномаи мехнати ё шартномаи граждани-хукукии ба ичро расонидани корхо (хизматрасони), ки бар хилофи талаботхои конунгузории граждани ба расмият дароварда шудааст, чихати баррасикабул карда намешавад.

Раёсати консулии ВКХ ЧТ ва муассисахои консулии Чумхурии Точикистон дар хорича раводидхои мехнатиро ба мухлати на зиёда аз се мох медиханд. Тамдид намудани раводиди мехнати аз чониби Раёсати консулии ВКХ ЧТ ва дар асоси ичозатнома барои фаъолияти мехнати, ки аз чониби Хадамоти мухочирати Вазорати корхои дохилии Чумхурии Точикистон дода мешавад ва ба мухлати амали ичозатнома ба амал бароварда мешавад, агар тибки конунгузории Чумхурии Точикистон тартиби дигаре пешбини нашуда бошад;

е) барои гирифтани раводиди туристи – дархости ташкилотхои туристи дар бораи додани раводид ба шахрванди хоричи, бо нишон додани максади вуруд, хатсайри харакат ва мухлати икомат дар каламрави Чумхурии Точикистон, ки барои амали намудани фаъолияти туристи дар Чумхурии Точикистон ичозатнома (литсензия) доранд.

Дар холати мурочиати шахрвандони давлатхое, ки дар Замимаи 1 ба Коидахои мазкур омадаанд, дархости ширкати хоричии туристи, ки дар давлати икомати муассисаи консулии Чумхурии Точикистон аз кайд гузаштааст ё ширкати туристии Чумхурии Точикистон дар бораи додани раводид ба шахрванди хоричи, бо нишон додани максади вуруд, хатсайри харакат ва мухлати икомат дар каламрави Чумхурии Точикистон талаб карда мешавад.

Дар холати сафари фардии шахрванди хоричии давлате, ки дар Замимаи 1 Карори мазкур омадаанд, дархости ширкати туристи талаб карда намешавад. Дар ин холат, шахси мансабдори консули бояд оид ба максади туристии шахрванди хоричи боварихосил намояд. Ба сифати хуччатхое, ки максади туристии шахрванди хоричиро тасдик менамоянд, рохнамои туристи, хатсайри харакат (нусхаи чиптаи хавопаймо ба ду тараф вагайрахо) ва дигар хуччатхо аз руи салохдиди Консул эътироф мешаванд.

Шахрванди хоричи, ки раводиди туристи дорад, бояд аз Чумхурии Точикистон дар мухлати дар раводид муайянгардида хуруч шавад. Раводиди туристиба иваз намудан ба навъи дигари раводид вочиб нест.

Макомоти ваколатдори давлати, ки дар банди 1.6. Коидахои мазкур омадаанд, раводиди яккаратаи туристиро ба мухлати на зиёда аз 45 руз медиханд. Дар холати асоснокии дархост (пешниход кардани хатсайри харакат), раводиди дукарата дода мешавад.

Раводиди туристи танхо дар холатхои истиснои (бемории турист, офатхои табии, холатхои фавкулодда вагайрахо) аз чониби макомоти ваколатдори давлати оид ба додани раводид тамдид карда мешавад.

Шахрвандони хоричи, ки бо раводиди туристи вуруд шудаанд, агар мухлати будубоши онхо зиёда аз 30 руз набошад, аз кайд дар макомоти корхои дохилихамчун шахрванди хоричи озод мебошанд;

ж) барои гирифтани раводиди тахсилии академи – мактуб-дархости муассисахои таълимии Чумхурии Точикистон, ки кайди давлати доранд бо маълумот дар бораи донишчу ва курси тахсили у, нусха аз фармони муассисаи таълими ё илми дар бораи кабул шудани шахрванди хоричи барои тахсил дар таълимотгох, аспирантура, докторантура, нусхаи билети донишчу ва китобчаи имтихони барои донишчуёни муассисахои таълимоти оли ва карордод дар бораи тахсилот, инчунин дархости Вазорати маорифи Чумхурии Точикистон барои тахсилкунандагони хоричи, ки бо рохи созишномахои байналмилали вуруд мешаванд.

Дорандаи раводиди тахсилии академихукуки маш гул шудан ба дигар фаъолият, ба чузъ фаъолияти тахсили ва илми надорад.

Муассисаи таълимие, ки шахрванди хоричиро бо максади тахсил даъват намудааст, дар муддати 3 рузи кори аз рузи муайян намудани худсарона тарк намудани муассисаи таълимотии мазкур аз чониби шахрванди хоричи ва ё бе сабабхои узрнок ба муддати 3 рузи дарси (ки ба 18 соати дарси баробар аст) иштирок накардан дар дарсхо ба ВКХ ЧТ ва макомоти амнияти давлатии махалли кайди муассисаи таълимоти хабар медихад. Дар ин холат, раводиди шахрванди хоричи бекор карда шуда, худи у тибки конунгузории Чумхурии Точикистон ба тарики маъмури аз худуди давлат берун карда мешавад.

Гайр аз ин, муассисаи таълимие, ки шахрванди хоричиро бо максади тахсил давъват намудааст, бо максади хисоботи омориухдадор аст, ки маълумотро дар бораи донишчуёни хоричи ба Вазорати маорифи Чумхурии Точикистон, ВКХ ЧТ ва Кумитаи давлатии амнияти миллии Чумхурии Точикистон на дертар аз 10 рузи таквими пас аз ба анчом расидани соли хониш равон намояд.

Раводиди тахсилии академи аз чониби Раёсати консулии ВКХ ЧТ ба мухлати амали шартномаи тахсилоти, ки тибки конунгузории Чумхурии Точикистон ба расмият дароварда шудааст, вале на зиёда аз 1 сол барои хар як раводиди оянда дода мешавад;

з) барои гирифтани раводиди тахсили – дархости муассисахои таълимоти ва илми дар бораи додани раводид бо ишора намудани максади вуруд ба каламрави Чумхурии Точикистон, аризаи довталаб дар бораи нияти дохил шудан ба муассисаи таълимотии Чумхурии Точикистон ё дархости ташкилоти равонкунандаи донишчуи хоричи ба коромузи, ба барномахои ивазкуни, тачрибаомузии тахсили ва омузиши забон.

Раводиди тахсили аз чониби макомоти ваколатдори давлати ба мухлати на зиёда аз 9 мох дода мешавад. Раводиди тахсили вочиб ба тамдид ва дигаргунсози ба навъи дигари раводид нест. Дар холати дохил шудани шахрванди хоричи ба тахсили академи, «раводиди тахсили» бо тартиби мондани мухри сирешимии «катъ карда шудааст» бекор карда шуда, тибки талаботи банди 5 Коидахои мазкур «раводиди тахсили академи» дода мешавад.

Дар холати ба фаъолияти дигар, ба чузъ тахсилот маш гул шудани шахрванди хоричи, мухлати будубоши шахрванди хоричи бо раводиди тахсили метавонад аз чониби Вазорати корхои хоричи бо дархости макомоти амнияти давлати ва корхои дохилии Чумхурии Точикистон махдуд карда шавад. Дар ин холат, раводиди шахрванди хоричи бо тартиби мондани мухри сирешимии «бекор карда шудааст» бекор карда шуда, у бошад, тибки конунгузории Чумхурии Точикистон ба тарики маъмури аз худуди давлат берун карда мешавад.

и) барои гирифтани раводиди хусуси – огохиномаи Хадамоти мухочирати Вазорати корхои дохилии Чумхурии Точикистон.

Дар холати барои муолича вуруд шудани шахрванди хоричи, дархости муассисаи табобати, ки аз чониби Вазорати тандурустии Чумхурии Точикистон тасдик гардидааст, зарур мебошад.

Дар холатхои истиснои (мурочиати шахрванди хоричи, ки дар хоричи кишвар истикомати доими дораду, дар никохи бакайдгирифташуда бо шахрванди Чумхурии Точикистон мебошад ваг.) раводиди хусуси метавонад дар асоси аризаи шахрванд, бе талаби огохиномаи Хадамоти мухочирати Вазорати корхои дохилии Чумхурии Точикистон, инчунин дар холати дафни (бемории вазнин) хешовандон ва шиносон бо карори рохбари намояндагии дипломати ё муассисаи консулии Чумхурии Точикистон дар хорича ва дар асоси баркияхои байналмилали, ки аз чониби духтур тасдик гардидааст, дода шавад.

Раводиди хусуси аз чониби Раёсати консулии ВКХ ЧТ ва муассисахои консулии Чумхурии Точикистон ба мухлати на зиёда аз 3 мох дода мешавад.

Раводиди хусуси метавонад танхо дар холатхои истиснои (бемории шахрванди хоричи, ходисахои нохуши табии, холатхои фавкулодда ваг) аз чониби Раёсати консулии ВКХ ЧТ ба мухлате, ки барои хуруч шудан аз давлат зарур аст, инчунин дар холати хуруч шуда натавонистани шахрванди хоричие, ки бо максади муолича ворид шудааст, ба мухлате, ки барои муоличаи шахрванди хоричи зарур аст, тамдид карда шавад.

к) раводид барои минтакахои озоди иктисоди – аз чониби Раёсати консулии ВКХ ЧТ ва намояндагихои ВКХ ЧТ дар минтакахои озоди иктисоди дар асоси мактуб-дархости Маъмурияти минтакахои озоди иктисоди ва ичозатнома барои фаъолияти мехнати, ба мухлати амали ичозати фаъолияти мехнати, мутобикан бо тамдиди минбаъда дода мешавад. Раводиди нахустини навъи мазкур аз чониби макомоти ваколатдори давлатии номбурда ба мухлати то 3 мох бе дархости ичозати фаъолияти мехнати дода мешавад.

Аз чониби муассисахои консулии Чумхурии Точикистон дар хорича, бюрои консули дар фурудгоххо ва намояндагихои ВКХ ЧТ дар каламрави Чумхурии Точикистон дар асоси мактуб-дархости шахсони хукуки, новобаста аз шакли моликият, ки нияти ба амал баровардани фаъолияти хешро дар минтакахои озоди иктисоди доранд, ба мухлати на зиёда аз 3 мох бо тамдиди минбаъда дар Раёсати консулии ВКХЧТ ё нуктаи консули дар минтакаи озоди иктисоди дода мешавад.

Навъи мазкури раводид танхо дар каламрави минтакахои озоди иктисоди, ки тибки конунгузории Чумхурии Точикистон муайян гардидааст, амал менамояд ва бо тартиби содда дода мешавад.

Минтакахои истикомати шахрвандони хоричи, ки ин навъи раводидро доранд, бо фармони муштараки Вазорати рушди иктисод ва савдо, Вазорати корхои хоричи, Вазорати корхои дохили ва Кумитаи давлатии амнияти миллии Чумхурии Точикистон муайян карда мешаванд.

Хангоми додани навъи мазкури раводид, аз чониби корманди масъули консулимухри иловаги, бо ишораи ном ва каламрави минтакахои озоди иктисоди гузошта мешавад. Ба шахрвандони хоричие, ки ба Чумхурии Точикистон бо ин навъи раводид тавассути нуктахои гузаргохи сархади давлатии Чумхурии Точикистон вуруд шудаанд, барои расида рафтан ба каламрави минтакаи озоди иктисоди 48 соат мухлат дода мешавад. Хангоми аз давлат хорич шудани шахрванди хоричи тавассути нуктахои гузаргохи сархади давлатии Чумхурии Точикистон хамин гуна мухлат дода мешавад. Мухлати чудошуда аз руи мухри санави, ки аз чониби хадамоти сархади дар сахифаи махсуси шиноснома дар нуктаи гузаргохи сархади давлати гузошта мешавад, муайян карда мешавад. Хангоми хуручи шахрванди хоричи аз каламрави минтакаи озоди иктисоди, аз чониби Маъмурияти минтакаи озоди иктисоди замимаи махсус бо ишораи сана ва вакти хуручи шахрванди хоричи дода мешавад, ки бояд хамеша дар дохили шиносномаи шахрванди хоричи, дар давоми вакте, ки у берун аз каламрави минтакаи озоди иктисодикарор дорад, хамчун далели вакти тарк намудани минтака, бошад.

Хангоми хуручи шахрванди хоричи аз каламрави минтакаи озоди иктисоди бо максади хизмати (барои барасмиятдарории хуччатхо дар муассисахои давлати) аз чониби Маъмурияти минтакахои озоди иктисоди ба мухлати на зиёда аз як хафта шаходатномаи сафари кори дода мешавад.

Шакли шаходатномаи сафари кори аз чониби Вазорати рушди иктисод ва савдои Чумхурии Точикистон тибки конунгузории Чумхурии Точикистон муайян ва тасдик карда мешавад.

Хангоми бе сабабхои узрнок (хамчун сабаби узрнок холатхои форс-мажор – бемории ногахонии шахрванди хоричи, фалокатхои табии, холатхои фавкулодда ваг. эътироф карда мешаванд) вайрон намудани речаи мухлати, шахрванди хоричи тибки тартиби муайяннамудаи санадхои меъёрии хукукии Чумхурии Точикистон ба чавобгарии маъмури кашида мешавад;

л) барои гирифтани раводид ба ронандагони воситахои наклиёти байналмилали – мактуб-дархости шахсони хукуки, новобаста аз шакли моликият оид ба додани раводид бо зикри максад ва мухлате, ки барои амали намудани хамлу накл зарур аст, ичозатнома (литсензия) барои амали намудани хамлу накли байналмилали, ичозатномаи махсус барои борхое, ки хачмашон аз андозаи мукарраргардида зиёд (дар холати хамлу накли чунин бор) ва нусхаи полиси су гуртавии воситаи наклиёт барои холатхои ба вучуд омадани садамахои наклиёти дар роххо, ки дар Чумхурии Точикистон эътироф мегардад, талаб карда мешавад.

Навъи мазкури раводид танхо дар хатсайри муайян, ки аз чониби макомоти салохиятдори чумхури мукаррар гаридааст ва то нуктаи нихои (терминал) амал менамояд ва бо тартиби содда дода мешавад.

Баромад аз хати муайян танхо дар холатхои форс-мажор ичозат дода мешавад (бемории ногахонии шахрванди хоричи – ронанда, фалокатхои табии, холатхои фавкулодда, нуксонхои чиддии воситаи наклиёт). Будубоши шахрванди хоричи –ронанда берун аз хати муайянгайриконунихисобида мешавад. Хангоми маротибаи аввал бе сабабхои узрнок вайрон намудани речаи хати муайян, аз шахрванди хоричи тибки тартиби муайяннамудаи санадхои меъёрии хукукии Чумхурии Точикистон ба чавобгарии маъмури кашида мешавад. Хангоми такроран вайрон намудани речаи хати муайян, раводиди шахрванди хоричи бо рохи гузоштани мухри сирешимии «бекор карда шудааст» бекор карда шуда, у бошад, тибки тартиби мукаррарнамудаи конунгузории Чумхурии Точикистон ба тарики маъмури аз худуди давлат берун карда мешавад.

Навъи мазкури раводид аз чониби макомоти салохиятдори давлатии Чумхурии Точикистон ба мухлати на зиёда аз мухлати амали ичозатномаи (литсензия) аз чониби Хадамоти давлатии назорат ва танзим дар наклиёт додашуда, вале на зиёда аз 1 сол дода мешавад.

Хадамоти давлатии назорат ва танзим дар наклиёт дар холати боздошт ва бекор кардани ичозатномахо (литсензияхо) ухдадор аст, ки дар муддати 3 рузи кори дар ин бора ба ВКХ ЧТ хабар дихад.

м) раводид барои истикомати доими – аз чониби раёсати консулии ВКХ ЧТ дар асоси мактуб-дархости макомоти корхои дохилии Чумхурии Точикистон дар махалли истикомати ояндаи шахрванди хоричи, ки каблан бо макомоти амнияти миллии Чумхурии Точикистон мувофика шудааст, на зиёда за 6 мох дода мешавад.

Муассисахои консулии Чумхурии Точикистон дар хорича раводиди навъи мазкурро дар асоси ариза дар бораи додани раводид бо зикри маълумоти муфассал дар бораи шу гли минбаъда дар Чумхурии Точикистон, будани шароит барои пардохти сафар ва будубош дар Чумхурии Точикистон то дарёфти кори муносиб, имконияти интиколи нафака ба Чумхурии Точикистон, агар аризадиханда онро гирад ва огохиномаи макомоти корхои дохили, ки тибки тартиби мукарраргардида ба расмият дароварда шудааст ба мухлати на зиёда аз 3 мох бо тамдиди минбаъда дар раёсати консулии ВКХ ЧТ медиханд;

н) барои гирифтани раводид ба аъзои экипажи киштии хавои – нусхаи шаходатномаи парвозии аъзои экипажи киштии хавои, инчунин дархости хаттии ширкати хавопаймои ё намояндагии он дар Чумхурии Точикистон.

Аз чониби макомоти салохиятдори давлати дар Чумхурии Точикистон ба мухлати то 1 сол бо тамдиди минбаъда дода мешавад. Аз чониби муассисахои консулии Чумхурии Точикистон дар хоричи кишвар ба мухлати то 3 мох бо тамдиди минбаъда дода мешавад.

о) раводид барои намояндагони воситахои ахбори оммаи хоричи – аз чониби раёсати консулии ВКХ ЧТ дар асоси нусхаи картаи аккредитатсиони, ки аз чониби раёсати иттилооти ВКХ ЧТ дода шудааст, ба мухлати аккредитатсияи мухбири хоричи.

Аз чониби муассисахои консулии Чумхурии Точикистон дар хорича дар асоси ёддошти макомоти сиёсати хоричии давлати икомати корманди воситаи ахбори омма ё мактуб-дархости намояндагии воситаи ахбори омма дар бораи додани раводид бо зикри мухлат ва максади будубош, ба мухлати на зиёда аз се мох бо инобати тамдиди минбаъда дар раёсати консулии ВКХ ЧТ дода мешавад.

п) раводид барои хамсари шахрванди Чумхурии Точикистон – аз чониби раёсати консулии ВКХ ЧТ дар асоси мактуб-дархости макомоти корхои дохилии Чумхурии Точикистон дар махалли истикомати ояндаи шахрванди хоричи, ки бо макомоти амнияти миллии Чумхурии Точикистон мувофика шудааст, ба мухлати то 1 сол бо инобати тамдиди минбаъда дода мешавад.

Муассисахои консулии Чумхурии Точикистон дар хорича раводиди навъи мазкурро дар асоси аризаи хамсари шахрванди Чумхурии Точикистон дар бораи додани раводид бо нишон додани маълумоти муфассал дар бораи шу гли минбаъдаи хамсар – шахрванди хоричи дар Чумхурии Точикистон, нусхаи шаходатномаи никох, ки бо тартиби мукарраршуда ба расмият дароварда шуда, дар Чумхурии Точикистон эътироф мегарад, то дарёфти кори муносиб мабла г доштан барои пардохти сафар ва будубош дар Чумхурии Точикистон, ба мухлати на зиёда аз се мох бо тамдиди минбаъда дар макомоти ваколатдори давлатии Чумхурии Точикистон медиханд.

р) барои гирифтани раводиди варзишгарон ва хунармандон – ёддошти макомоти сиёсати хоричии давлати икомати варзишгарон ва хунармандони хоричи ё мактуб-дархости макомоти давлатии кишвари будубоши варзишгар ва ё хунарманди хоричи дар бораи додани раводид ва ё мактуб-дархости макомоти давлатии Чумхурии Точикистон, ки ба масъалахои варзиш ва фарханг дар Чумхурии Точикистон вобастаанд, бо нишон додани максад ва мухлати будубош ва намуди чорабинии фарханги ё варзиши.

Аз чониби макомоти салохиятдори давлати дар Чумхурии Точикистон ва муассисахои консулии Чумхурии Точикистон дар хорича ба мухлати на зиёда аз мухлати гузаронидани чорабини бо инобати мухлати муайян барои вурудхуруч аз (ба) Чумхурии Точикистон дода мешавад.

с) раводиди табшири – аз чониби раёсати консулии ВКХ ЧТ дар асоси мактуб-дархости ташкилоти дини, ки дар Чумхурии Точикистон бо тартиби мукарраргардида ба кайд гирифта шудааст, маълумотнома дар бораи бакайдгири ва фаъолият аз Вазорати фарханги Чумхурии Точикистон ба мухлати то 1 сол бо инобати тамдид ба хамин мухлат.

Аз чониби муассисхои консулии Чумхурии Точикистон дар хорича дар асоси ёддошти макомоти сиёсати хоричии давлате, ки ташкилоти дини дар он ба кайд гирифта шудааст, хамрох бо мактуб-дархости ташкилотхои дини, ки нияти дар Точикистон фаъолият намуданро доранд, ба мухлати на зиёда аз 4 мох бо инобати тамдиди минбаъда дар макомоти ваколатдори давлати дар Чумхурии Точикистон дода мешавад.

т) раводиди гуманитари (башардустона) – дар асоси ёддошти макомоти сиёсати хоричи ва дигар ташкилотхои интиколдихандаи бори башардустона, новобаста аз шакли моликият, ё мактуб-дархости макомоти давлатии Чумхурии Точикистон, ки ба масъалахои марбут ба расонидани ёрии башардустона вобастабуда, ба мухлати зарурии расонидани ёрии башардустона дода мешавад.

Дар холатхои истиснои (таксим намудани ёрии башардустона байни ахоли, ташкилот, муассиса, назорат аз руи ичроиши таксимот вагайрахо) раводид метавонад ба мухлати зарурии ичрои ин икдом, вале на зиёда аз 6 мох дода шавад.

Раводиди гуманитари метавонад ройгон бошад. Карор дар бораи озод намудани шахрванди хоричи аз пардохти хирочи консули аз чониби рохбари муассисаи консуликабул карда мешавад;

у) раводиди тичорати – аз чониби раёсати консулии ВКХ ЧТ дар асоси мактуб-дархости ташкилоти тичорати, ки дар он шахрванди хоричи фаъолияти тичорати дорад, нусхаи маълумотнома аз макомоти андоз аз махалли фаъолияти тичорати дар бораи набудани карзи пардохти андоз дар давраи маш гул шудан ба фаъолияти тичорати ва нусхаи патент, агар сохибкори инфироди бошад, дода мешавад.

Ба маротибаи аввал навъи мазкури раводид аз чониби раёсати консулии ВКХ ЧТ ва муассисахои консулии Чумхурии Точикистон дар хорича ба мухлати на зиёда аз се мох, бо инобати тамдиди минбаъда дар раёсати консулии ВКХ ЧТ дар асоси нусхаи ичозат барои фаъолияти мехнати (багайр аз хуччатхои дар боло нишондодашуда), ки аз чониби Хадамоти мухочирати Вазорати корхои дохилии Чумхурии Точикистон дода мешавад, мутобикан ба мухлати амали ичозат барои фаъолияти мехнати дода мешавад.

Инчунин кобед

кумитаи андози Точикистон

Кумитаи андози назди Хукумати Чумхурии Точикистон

Кумитаи андози назди Хукумати Чумхурии Точикистон (минбаъд – КА). Асоси Фаъолият – тибки Карори Хукумати …