Главная / Чамъият / ШАРОБХОРИ

ШАРОБХОРИ

Дар Панчруди замони бобохои мо шаробхури вучуд надоштааст. Падарони замони бобоям шаробхориро аслан кабул надоштаанд ва шаробхории писаронашонро хеч гох тахаммул намекардаанд. Аксари падархои замони падарам худашон шароб нахуранд хам, ба шаробхории писаронашон аз паси панча менигаристанд. Аглаб падарони замони ман бо писаронашон хамкадах хастанд.

OLYMPUS DIGITAL CAMERA
OLYMPUS DIGITAL CAMERA

Рузе яке аз амакхоям маро, ки хамрохашон будам, ба мо- шини тагоям савор карда, ба мавзеи хушобухавои истирохатии Куррабанд, ки 5-6 километр чанубтар аз деха, дар рохи Кули Калон вокеъ аст, бурданд. Ман дар сари зонуи амакам менишас- там, тагоям мошин меронданд. Шояд он замон ман 4-5 сола буда бошам. Дар ин мавзеъ дустони амаку тагоям пеш аз мо расида ба пухтупаз ва истирохат машгул буданд. Амаку тагоям низ ба онхо пайваста, дастархон густурданд ва ба зиёфатхури нишастанд. Ман ба бози машгул шудам, онхо хар замон маро даъват карда, чизе барои хурдан медоданд. Тарафи бегох мо боз ба мошин нишаста, ба дех сарозер шудем. Онхо байни худа- шон сухбат мекарданд ва баланд-баланд механдиданд. Гох-гох бо хам руси сухбат мекарданд. Ман маънои калимахои русиро намефахмидам, вале онхо ачиб садо медоданд. Дар зехнам ка- лимахои чолибашро такрор мекардам.

Вакте ба деха расидем, тагоям ману амакамро фуроварда, худашон бо мошин ба хонаашон рафтанд. Амакам ба хона равон шуданд ва ман аз пасашон давида мерафтам. Рохи хонаи авло- дии мо, ки амакам хам он чо мезистанд, аз кутали Усто Сангин боло мерафт. Ман каме акиб мондам. Вакте расида, аз дарвоза даромадам, Бобочонро дидам, ки бо асабоният руи хавли кадам зада, бо садои баланд касеро дашномборон мекарданд:

– Дафъ шавад, ман аз хафт пушти ин хел фарзанд безорам! Харомхур, хонаву дарамро харом кард! Ман чи хел ба чашми мардум нигох мекунам?! Хама мегуяд, ки писари Абдухолик вудка хурдааст! Ман аз ин хел писар безорам! Хе, вудка сарата хурад! Дар чархи мошинат хок! – Бобочон аз хашм якбора асои дасташонро ба тирезаи хона заданд, ки шишахои он шикаста, чарангос зада рехт. Ман, ки фарзанди эркаи хонадон ва хамеша мавриди навозиши бобоям будам, уро хеч гох асабони надида будам, факат хамин кадар фахмидам, ки хамон калимаи русии вудкаи дар мошин чанд бор такрор кардаи тагову амакам са- баби хашми Бобочон шудааст. Аммо ба гуфти шоир Парвини Эътисоми:

Маро дар кудаки шавки дигар буд, Хаёлам з-ин хаводис бехабар буд.

Инчунин кобед

Обро дар Душанбе кисман санахои 14, 15-ум октябр катъ мекунанд

Дар робита ба корхои таъмир дар кисматхои гуногуни Душанбе, обро бо навбат махкам мекунанд Шахрдори …