Главная / Чамъият / САРМОЯГУЗОРИ – КОНУНИ ЧУМХУРИИ ТОЧИКИСТОН

САРМОЯГУЗОРИ – КОНУНИ ЧУМХУРИИ ТОЧИКИСТОН

КОНУНИ  ЧУМХУРИИ ТОЧИКИСТОН  ДАР БОРАИ САРМОЯГУЗОРИ 

(Ахбори Мачлиси Олии Чумхурии Точикистон, с. 2016, №3, мод. 152)

Конуни мазкур муносибатхои вобаста ба амали намудани фаъолияти сармоягузориро ба танзим дароварда, асосхои хукукию иктисодии хавасмандгардони ва дастгирии давлатии сармоягузориро бо рохи пешниходи низоми хукукии баробар ва кафолати химояи хукуки сармоягузорон муайян менамояд.

pul-sarmoya

БОБИ 1. МУКАРРАРОТИ УМУМИ

Моддаи 1. Мафхумхои асоси

Мафхумхои асосие, ки дар Конуни мазкур истифода мешаванд:

                      сармоягузори – аз чониби сармоягузор дар шакли дороихои модди ва гайримодди гузоштани сармоя дар худуди Чумхурии Точикистон бо максади гирифтани фоида;

                      сармоягузор – шахси вокеи ва хукуки, инчунин ташкилот бе таъсиси шахси хукуки, ки дар худуди Чумхурии Точикистон фаъолияти сармоягузориро амали менамояд;

                      фаъолияти сармоягузори – раванди сармоягузори, ки мархилахои тахия, ичро ва идоракунии лоихахои вобаста ба сармоягузориро дар бар мегирад;

                      сармоягузории дарозмухлат – гузоштани сармоя ба лоихаи сармоягузори бо давомнокии зиёда аз дах сол;

                      сармоягузори хоричи – давлати хоричи, шахси хукукии хоричи, ташкилоти хоричи бе таъсиси шахси хукуки, шахрванди хоричи, инчунин ташкилоти байналмилали, ки дар Чумхурии Точикистон тибки конунгузории кишвари будубоши худ сармоягузори менамояд;

                      сармоягузори ватани – шахси вокеи ва хукукии Чумхурии Точикистон, шахрванди Чумхурии Точикистон, ки ба таври доими берун аз худуди Чумхурии Точикистон истикомат дошта, сармоягузориро ба сохахои гуногуни иктисодиёти Чумхурии Точикистон амали менамояд;

                      сармоягузори акаллият – сармоягузоре, ки сармоягузориро дар хачми камтар аз дах фоизи сахмияхои овоздор амали менамояд (камтар аз дах фоизи овозхо аз шумораи умумии овоздихии иштирокчиён);

                      сармоягузорихои мустаким – аз тарафи сармоягузор сохиби, харидори намудани на камтар аз дах, фоизи хисса, хиссахо (сахм) дар сармояи оинномавии ташкилоти тичорати, ки дар худуди Чумхурии Точикистон тибки конунгузории Чумхурии Точикистон таъсис дода шудааст ё аз нав таъсис дода мешавад, инчунин сармоягузори ба воситахои асосии филиали шахси хукукии хоричии дар худуди Чумхурии Точикистон таъсисёбанда;

                      сармоягузории такрори – сармоягузорихо ба объектхои фаъолияти сохибкори дар худуди Чумхурии Точикистон аз хисоби даромад ё фоидаи сармоягузороне, ки аз сармоягузори дар Чумхурии Точикистон ба даст омадааст;

                      бахси сармоягузори – бахсе, ки аз ухдадорихои шартномави байни сармоягузорон, макомоти давлати, шахсони мансабдори Чумхурии Точикистон ва (ё) иштирокчиёни дигари фаъолияти сармоягузори, ки вобаста ба фаъолияти сармоягузор ба вучуд меояд;

                      макоми ваколатдори давлати дар сохаи сармоягузори – макоми давлатие, ки сиёсати давлатиро дар сохаи сармоягузори татбик менамояд;

                      грантхои аслии давлати – молу мулке, ки ба сармоягузор барои истифодаи муваккати ва ройгон чихати татбики лоихаи сармоягузори дода мешавад;

                      имтиёзхои сармоягузори – афзалиятхои хусусияти максаднокдошта, ки тибки конунгузории Чумхурии Точикистон, инчунин дар доираи созишномахо ва шартномахои сармоягузори ба сармоягузорон пешниход мегарданд;

                      равзанаи ягона барои сармоягузорон – шакли марказонидашудаи мусоидат ба сармоягузорон аз чониби макоми ваколатдори давлати дар сохаи сармоягузори чихати пешниходи хизматрасонихои давлати, ки кам намудани иштироки сармоягузоронро дар чамъовари ва омода намудани хуччатхо ва махдуд кардани алокаи мустакими онхоро бо макомоти давлати пешбини менамояд;

                      экспроприатсия – азхудкунии мачбурии муздноки молу мулк аз чониби давлат ба манфиати чомеа;

                      экспроприатсияи бавосита (гайримустаким) – тадбирхои танзимкунандаи давлат, ки максади ба таври мустаким махрум намудани шахсро аз молу мулк надоранд, вале сармоягузорихои он арзиши молияви ва самаранокии худро гум мекунанд;

                      милликунони – ба моликияти давлат даровардани молу мулк бо пардохти арзиши онхо ва чуброни зараре, ки вобаста ба милликунони ба сохибмулк расидааст;

                      реквизитсия – дар холатхои офати табии, садама, беморихои сирояти (эпидемия), талафоти хайвонот (эпизоотия) ва дигар холатхои фавкулода тибки карори Хукумати Чумхурии Точикистон аз молик мутобики тартиб ва шартхои мукаррарнамудаи конунгузори ба манфиати чомеа мачбуран гирифтани молу мулк бо пардохти арзиши он ба молик. 

Моддаи 2. Конунгузории Чумхурии Точикистон дар бораи сармоягузори

Конунгузории Чумхурии Точикистон дар бораи сармоягузори ба Контитутсияи (Сарконуни) Чумхурии Точикистон асос ёфта, аз Конуни мазкур, дигар санадхои меъёрии хукукии Чумхурии Точикистон, инчунин санадхои хукукии байналмилалие, ки Точикистон онхоро эътироф намудааст, иборат мебошад. 

Моддаи 3. Намудхои дороихо, ки ба фаъолияти сармоягузори гузошта мешаванд

Сармоягузор метавонад ба фаъолияти сармоягузори молу мулк ва хукук ба онхоро, ки ба у хамчун моликият ва дигар асоси хукуки мансуб мебошад, гузорад, аз чумла:

                      молу мулки гайриманкул;

                      воситахои пули;

                      сахмияхо, хиссахо дар фонди оинномави ва дигар шаклхои иштирок дар шахси хукуки;

                      хукукхои молумулки;

                      моликияти зехни ва дигар намудхои хукукхои гайримолумулки;

                      дигар объектхои хукукхои граждание, ки дар муомилот бо конунгузории Чумхурии Точикистон махдуд карда нашудаанд. 

Моддаи 4. Шаклхои амали намудани сармоягузорихои хоричи

Сармоягузорони хоричи хукук доранд сармоягузориро дар шаклхои зерин амали намоянд:

– ташкили корхонахо, ки пурра ба сармоягузорони хоричи тааллук доранд, инчунин филиалхо ва намояндагихо, ки ба шахсони хукукии хоричи мансубият доранд ё ба воситаи ба даст овардани хукуки моликияти корхонахои мавчуда;

– таъсиси шахсони хукукии Чумхурии Точикистон бо иштироки шахрвандони Чумхурии Точикистон ё ба даст овардани хисса дар корхонахои мавчуда;

– ба даст овардани сахмияхо, вомбаргхо ва дигар когазхои киматноки мукаррарнамудаи конунгузории Чумхурии Точикистон;

– мустакилона ё бо иштироки шахсони хукукии Чумхурии Точикистон, инчунин шахрвандони Чумхурии Точикистон ба даст овардани хукуки консессияхо барои истифодаи объектхои моликияти давлати ва захирахои табии дар худуди Чумхурии Точикистон;

– ба даст овардани дигар хукукхои молумулки;

– дар дигар шаклхое, ки конунгузории Чумхурии Точикистон манъ накардааст. 

Моддаи 5. Махдудиятхо хангоми амали намудани сармоягузорихо

  1.                 Сармоягузорон хукук доранд сармоягузориро ба иншоот ва намудхои фаъолияти сохибкори, ба истиснои намудхои фаъолият, ки барои фаъолияти сармоягузори бинобар зарурати таъмини манфиатхои милли махдуд ва ё манъ карда шудаанд, амали намоянд.
  2.                 Сармоягузори ба молу мулки шахсони хукукие, ки дар бозорхои молии Чумхурии Точикистон мавкеи хукмфармо доранд, мутобики конунгузории зиддиинхисории Чумхурии Точикистон амали мегардад. 

Моддаи 6. Макоми ваколатдори давлати дар сохаи сармоягузори ва вазифахои он

Макоми ваколатдори давлати дар сохаи сармоягузори аз чониби Хукумати Чумхурии Точикистон муайян карда мешавад, ки вазифахои зеринро ичро мекунад:

– ба сармоягузорон дар таъмини ичрои ухдадорихои макомоти давлатии дахлдор ва шахсони хукуки мусоидат менамояд;

– мурочиати сармоягузорон оид ба масъалахои дар чараёни фаъолияти сармоягузори дар Чумхурии Точикистон бавучудомадаро барраси намуда, робитаи байни макомоти дахлдори давлати ва сармоягузоронро таъмин менамояд;

– иттилоотро дар хусуси имкониятхои сармоягузори, барномахо, лоихахо ва шартхои сармоягузори дар Чумхурии Точикистон тахия ва интишор менамояд;

– оид ба бехтар намудани фазои сармоягузори ва такмили конунгузории Чумхурии Точикистон дар сохаи сармоягузори пешниходхо тахия ва ба Хукумати Чумхурии Точикистон манзур менамояд;

– ба сармоягузорон дар халли масъалахо ва бахсхои бамиёномада, аз чумла бо тартиби то суди мусоидат менамояд;

– бо тартиби мукарраргардида созишномахо ва шартномахои сармоягузориро ба имзо мерасонад;

– вазифахои дигареро, ки ба чалби сармояи мустаким, пешбурди сармоягузори, дастгири ва химояи сармоягузорон дар Чумхурии Точикистон нигаронида шудаанд, амали менамояд. 

БОБИ 2. НИЗОМИ ХУКУКИИ САРМОЯГУЗОРИ 

Моддаи 7. Кафолати баробархукукии сармоягузор

Давлат баробархукукии сармоягузорони хоричи ва ватаниро кафолат дода, ба поймолкунии хукуки сармоягузорон вобаста ба мансубияти шахрванди, миллат, забон, чинс, нажод ва эътикоди дини рох намедихад. 

Моддаи 8. Кафолати хифзи хукуки сармоягузор

  1.                 Конуни мазкур ва дигар санадхи меъёрии хукукии Чумхурии Точикистон, инчунин санадхои хукукии байналмилалии эътирофнамудаи Точикистон хифзи хукук, манфиатхо ва устувории конунгузори дар сохаи сармоягузориро кафолат медихад.
  2.                 Сармоягузор ба чуброни зарари мутобики конунгузории гражданин Чумхурии Точикистон дар натичаи аз тарафи макомоти давлати кабул намудани санадхои ба конунгузории Чумхурии Точикистон мухолиф, инчунин амалхои гайриконунии (беамалии) шахсони мансабдори онхо расонидашуда, хукук дорад.
  3.                 Чумхурии Точикистон устувории шартхои созишномахо ва шартномахоро, ки байни сармоягузорон ва Хукумати Чумхурии Точикистон баста шудаанд, кафолат медихад, ба истиснои холатхое, ки тагйиру иловахо дар шартнома бо созиши тарафхо ворид карда шудаанд.
  4.                 Дар холати ворид намудани тагйиру иловахо ба конунгузории Чумхурии Точикистон ё кабули санадхои меъёрии хукукии нав, ки боиси бадшавии шартхои амалисозии фаъолияти сармоягузори мегарданд, сармоягузороне, ки сармоягузории дарозмухлат мекунанд, дар давоми дах сол аз рузи мавриди амал карор дода шудани ин конунхо барои интихоби шароити ба онхо мусоид хукук доранд.
  5.                 Бадшавии шароити сармоягузори ин ворид кардани тагйиру иловахо ба конунгузории Чумхурии Точикистон ва инчунин кабули санадхои меъёрии хукукии нави Чумхурии Точикистон ба хисоб мераванд, ки холатхои зеринро пешбини менамоянд:

– афзоиши гаронии андоз нисбат ба гаронии андоз аз рузи огози маблаггузории лоихаи сармоягузори;

– чори намудани махдудияти микдори ба хачми сармоягузори ва дигар талаботи иловаги вобаста ба андозаи сармоя, мукаррар намудани дигар холатхои махдудкуни ё манъкуни;

– чори намудани махдудият нисбат ба хиссаи сахми сармоягузори хоричи дар фондхои оинномавии (сармояи оинномавии) шахсони хукуки.

  1.                 Низоми мазкур нисбат ба тагйиру иловахо ба Конститутсияи (Сарконуни) Чумхурии Точикистон ва конунгузории Чумхурии Точикистон, ки ба масъалахои амнияти милли, тандурусти, хифзи мухити зист, маънавиёт ва ахлок алокаманд мебошанд, пахн намегардад.

Моддаи 9. Кафолатхо ва тадбирхои иловагии химояи сармоягузорон

  1.                 Дар баробари кафолатхо ва тадбирхои умумии химояи сармоягузорон, конунгузории Чумхурии Точикистон метавонад кафолат ва тадбирхои иловагии химояи сармоягузориро пешбини намояд.
  2.                 Кафолат ва тадбирхои иловагии химояи сармоягузори метавонанд хангоми амалисозии сармоягузори, ки хачми умумии онхо на камтар аз маблаги хамарзиши панч миллион доллари Штатхои Муттахидаи Америка бо пули миллиро ташкил медихад, пешниход шаванд.
  3.                 Кафолат ва тадбирхои иловагии химояи сармоягузории дар кисми 2 моддаи мазкур пешбинишуда ба сармоягузорон дар доираи созишнома ва шартномахои дахлдор дар асоси конунхои Чумхурии Точикистон «Дар бораи созишномаи сармоягузори», «Дар бораи шарикии давлат ва бахши хусуси», «Дар бораи консессияхо» ва «Дар бораи созишномахо оид ба таксими махсулот» пешниход карда мешаванд. 

Моддаи 10. Кафолати хукуки истифодаи даромадхо

  1.                 Сармоягузорон хукук доранд:

– дар бонкхо ва дигар ташкилотхои карзи дар худуди Чумхурии Точикистон бо пули милли ва (ё) асъори хоричи мутобики конунгузории Чумхурии Точикистон суратхисобхо кушоянд;

– бо салохдиди худ даромади аз фаъолият бадастовардаро баъди супоридани андозхо ва дигар пардохтхои хатми истифода намоянд.

2.Ба сармоягузорони хоричи хукуки ба берун аз худуди Чумхурии Точикистон интикол додани маблаги даромади онхо бо асъори хоричи, ки бо рохи конуни дар натичаи фаъолияти сармоягузори ва истехсоли ба даст омадаанд, кафолат дода мешавад. 

Моддаи 11. Муомилоти асъори

  1.                 Сармоягузорон дар доираи фаъолияти сармоягузори хукуки мубодилаи озоди пули миллии Чумхурии Точикистон ба асъори дигари озодона мубодилашаванда, инчунин хариди асъори хоричи ва дигар амалиёти асъориро мутобики Конуни Чумхурии Точикистон «Дар бораи танзими асъор ва назорати асъор» доранд.
  2.                 Махдудиятхо оид ба интиколи маблаг бо асъори хоричи ба Чумхурии Точикистон ва аз Чумхурии Точикистон ба хорич барои сармоягузорон метавонанд танхо дар асоси конунгузории Чумхурии Точикистон ва бо максади пешгирии конунигардонии (расмикунонии) даромадхои бо рохи гайриконуни бадастомада чори карда шаванд.

Моддаи 12. Кафолати иштироки сармоягузор дар хусусигардонии     моликияти давлати

  1.                 Сармоягузор метавонад дар хусусигардонии иншооти моликияти давлати тавассути ба даст овардани хукуки моликият ба молу мулки давлати ё хисса, хиссахо (сахм) дар сармояи оинномавии ташкилоти хусусигардондашаванда иштирок намояд.
  2.                 Тартиб ва шартхои хусусигардонии моликияти давлатиро Конуни Чумхурии Точикистон «Дар бораи хусусигардонии моликияти давлати» муайян менамояд. 

Моддаи 13. Ошкорбаёни дар фаъолияти макомоти давлати нисбат ба сармоягузорон

                       ва дастраси ба иттилооти марбут ба татбики фаъолияти сармоягузори

  1.                 Давлат ба сармоягузорон дастрасии ройгонро ба махзани санадхои меъёрии хукуки кафолат медихад.
  2.                 Санадхои меъёрии хукукие, ки ба манфиатхои сармоягузорон дахл доранд, тибки тартиби мукаррарнамудаи конунгузории Чумхурии Точикистон нашр, инчунин дар сомонаи расмии макоми ваколатдори давлати дар сохаи сармоягузори чойгир карда мешаванд.
  3.                 Иттилооти дигари марбут ба амали намудани фаъолияти сармоягузори, аз чумла маълумот дар бораи кафолат, афзалиятхо ва имтиёзхои сармоягузори, грантхои аслии давлати, равзанаи ягона барои сармоягузорон, имкониятхои сармоягузори, барномахо, лоихахо ва шартхои амали намудани фаъолияти сармоягузори, хисобот оид ба амалисозии фаъолияти сармоягузори, созишномахои сармоягузории имзошуда дар сомонаи расмии макоми ваколатдори давлати дар сохаи сармоягузори ва дигар макомоти давлати, ки дар фаъолияти сармоягузори иштирок мекунанд, чойгир карда мешаванд.
  4.                 Сармоягузорон, аз чумла сармоягузорони акаллият, бо дастрасии озоди ройгон ба маълумот дар бораи бакайдгирии шахсони хукуки, бакайдгирии амалиётхои молу мулки гайриманкул, ичозатномахои додашуда, инчунин ба дигар маълумоти пешбининамудаи санадхои меъёрии хукукии Чумхурии Точикистон, ки ба амали намудани фаъолияти сармоягузори алокаманданд ва дорои сирри тичорати ва сирри дигари бо конун хифзшаванда намебошанд, таъмин карда мешаванд. 

Моддаи 14. Кафолати хукукхои сармоягузор хангоми экспроприатсия ва реквизитсия

  1.                 Молу мулки сармоягузор милли гардонида намешавад.
  2.                 Экспроприатсия, аз чумла экспроприатсияи бавоситаи (гайримустаким) сармоя дар худуди Чумхурии Точикистон ё кабули чорахои баробар ба экспроприатсияи сармоя манъ аст, ба истиснои экспрориатсия ба манфиати давлат ё чомеа, дар асоси поймол нагаштани хукук, тибки тартиби мукаррарнамудаи конунгузории Чумхурии Точикистон, бо пардохти саривакти, муносиб ва самарабахши чуброн.
  3.                 Сармоягузори ва дигар дороихои сармоягузорон, ба гайр аз холатхои фавкулода, офатхои табии, садама, касалихои сирояти (эпидемия), талафоти хайвонот (эпизоотия), тахти реквизитсия карор намегиранд.
  4.                 Карор дар бораи реквизитсия аз чониби Хукумати Чумхурии Точикистон кабул карда мешавад.
  5.                 Экспроприатсия, экспроприатсияи бавосита (гайримустаким) ва реквизитсияи молу мулки сармоягузор, бо пардохти арзиши молу мулк анчом дода мешавад.
  6.                 Арзиши молу мулк аз рузи кабули карор дар бораи экспроприатсия ё реквизитсия дар асоси нарххои чории бозори ё ба усули дигари нархгузори аз тарафи нархгузорони мустакил бо асъоре, ки сармоягузори шудааст, ё дигар асъори кобили кабули сармоягузор муайян карда мешавад.
  7.                 Аз лахзаи пайдоиши хукук ба чуброн ва то лахзаи пардохти он ба маблаги чубронпули дар хачми меъёри миёнаи солонаи тичорати дар рузи пардохти чубронпули фоизхо бо асъоре, ки бо он сармоягузори анчом дода шудааст ва ё бо ягон асъори дигари ба сармоягузор кобили кабул хисоб карда мешаванд.
  8.                 Шахсе, ки молу мулкаш реквизитсия карда шудааст, хукук дорад пас аз катъ гардидани амали холатхое, ки боиси реквизитсия гардидаанд, баргардонидани молу мулки нигохдошташударо талаб намояд ва дар сурати барнагардонидани он ба суд мурочиат намояд.
  9.                 Сармоягузор метавонад конуни будани максади истифодаи экспроприатсия ва реквизитсия, арзёбии арзиши молу мулки экпроприатсия ва ё реквизитсиягардида ва расмиётеро, ки макомоти давлати хангоми татбики экспроприатсия ва реквизитсия риоя намудаанд, дар судхои Чумхурии Точикистон, инчунин дар суди хаками, суди байналмилалии арбитражи ва арбитражи байналмилалии тичорати мавриди бахс карор дихад. 

Моддаи 15. Додани хукуки сармоягузор ба шахси дигар

  1.                 Сармоягузор метавонад хукук ва ухдадорихои (гузаронидани карз) худро тибки конунгузории Чумхурии Точикистон ба шахси дигар дихад (гузашт кунад). Додани хукуку ухдадорихо аз руи намудхои фаъолияти ичозатномадодашаванда баъди мувофика бо макоме, ки барои амали кардани ин намуди фаъолият ичозатнома додааст, анчом дода мешавад.
  2.                 Додани хисса дар моликияти шахсони хукуки, ки дар бозорхои молии Чумхурии Точикистон мавкеи хукмфарморо ишгол менамоянд, инчунин бо розигии макоми ваколатдори давлатии зиддиинхисори дар холатхои мукаррарнамудаи конунгузории зиддиинхисории Чумхурии Точикистон амали карда мешавад.
  3.                 Чумхурии Точикистон танхо дар он холат хукуки давлати хоричи, макоми ваколатдори он ё агентии сугуртаро аз руи шартномаи сугуртави вобаста ба сармоягузори дар худуди Чумхурии Точикистон эътироф менамояд, ки сармоягузор дар Чумхурии Точикистон сармоягузорихоро вокеан амали карда ва (ё) ухдадорихои шартномавиро дар хачми пурра ба ичро расонида бошад.

 

Моддаи 16. Кафолати хукуки сармоягузор барои ба хорич баровардани молу мулк ва иттилоот

Сармоягузоре, ки дар ибтидо ба худуди Чумхурии Точикистон молу мулк ва иттилоотро дар шакли хуччат ё дар шакли сабтхои электрони ба сифати сармоягузори ворид кардааст, хукук дорад бе мамоният (бе гирифтани ичозатнома, квотакунони ва истифодаи тадбирхои дигари танзими гайритарифии фаъолияти савдои хоричи) молу мулк ва иттилооти мазкурро аз худуди Чумхурии Точикистон ба хорич баъди анчоми мухлати сармоягузори мутобики конунгузории гумрукии Чумхурии Точикистон барорад. 

Моддаи 17. Хукуки сармоягузор барои истифодаи захирахои табии

  1.                 Ба даст овардани хукуки истифодаи китъаи замин ва захирахои дигари табии аз тарафи сармоягузор мутобики конунгузории Чумхурии Точикистон анчом дода мешавад.
  2.                 Хангоми ба даст овардани хукуки моликият ба бино ва иншоот, якчоя бо ин объектхо хукуки истифодаи китъаи замин низ мувофики тартиб ва шартхои пешбининамудаи конунгузории Чумхурии Точикистон ба сармоягузор мегузарад. 

Моддаи 18. Кафолатхо барои сармоягузоре, ки сармоягузории такрориро  анчом медихад

  1.                 Сармоягузор метавонад бо салохдиди худ фоидаи пас аз пардохти андозхо бадастомадаро дар худуди Чумхурии Точикистон такроран сармоягузори намояд.
  2.                 Хангоми амали кардани сармоягузории такрори сармоягузор ба пурраги аз химояи хукуки, кафолатхо ва имтиёзхое, ки Конуни мазкур мукаррар намудааст, истифода менамояд. 

Моддаи 19. Шартномахои консессиони

Хукук ба сармоягузорон нисбати объектхои консессиони дар асоси шартномахои консессионие, ки мутобики Конуни Чумхурии Точикистон «Дар бораи консессияхо» баста шудаанд, дода мешавад. 

Моддаи 20. Сармоягузорихо ба минтакахои озоди иктисоди

Барои амали намудани сармоягузорихо ба минтакахои озоди иктисоди меъёрхои конунгузории Чумхурии Точикистон дар бораи минтакахои озоди иктисоди татбик карда мешаванд. 

БОБИ 3. ДАСТГИРИИ ДАВЛАТИИ САРМОЯГУЗОР ВА САРМОЯГУЗОРИ 

Моддаи 21. Имтиёзхои сармоягузори

Имтиёзхои андози, гумруки ва дигар имтиёзхо ба сармоягузорон бо тартиб ва шартхои мукаррарнамудаи конунгузории Чумхурии Точикистон, созишномахо, шартномахои сармоягузори ва санадхои хукукии байналмилалии эътирофнамудаи Точикистон пешниход карда мешаванд. 

Моддаи 22. Грантхои аслии давлати

  1.                 Грантхои аслии давлатиро Хукумати Чумхурии Точикистон метавонад ба сармоягузорон тавассути макоми ваколатдори давлати дар сохаи сармоягузори дар доираи созишномахои сармоягузори ва дигар шартномахо пешниход намояд.
  2.                 Андозаи грантхои аслии давлати, шартхои истифода ва ба моликият додани он, инчунин баргардонидани гранти асли дар сурати пеш аз мухлат катъ намудани шартнома тибки созишномаи байни сармоягузор ва макоми ваколатдори давлати дар сохаи сармоягузори муайян карда мешаванд. 

Моддаи 23. Равзанаи ягона барои мусоидат ба сармоягузорон

  1.                 Бо максади мусоидат ба сармоягузорон хангоми хизматрасонии давлати макоми ваколатдори давлати дар сохаи сармоягузори равзанаи ягонаро барои сармоягузорон таъсис медихад.
  2.                 Равзанаи ягона вазифахои зеринро амали менамояд:

– кабул ва машваратдихии сармоягузорон оид ба масъалахои хизматрасонии давлати;

– кабули аризаи сармоягузорон барои гирифтани хизматрасонии давлати, мусоидат дар омода ва ба расмият даровардани хуччатхои зарури барои гирифтани хизматрасонии давлати ва пешниходи натичахои хизматрасонии давлати;

– хамрохи намудани лоихаи сармоягузори дар макомоти давлати хангоми гирифтани хизматрасонии давлати;

– мусоидат дар халли масъалахои сармоягузорон дар хамкори бо макомоти давлатии дахлдор;

– мониторинги чараёни пешниходи хизматрасонии давлати, инчунин баррасии дархост ва мурочиатхои сармоягузорон дар макомоти давлати.

  1.                 Тартиби ташкил ва фаъолияти равзанаи ягона барои мусоидат ба сармоягузоронро Хукумати Чумхурии Точикистон мукаррар мекунад. 

БОБИ 4. ТАЛАБОТ НИСБАТИ САРМОЯГУЗОР 

Моддаи 24. Ухдадорихои сармоягузорон

  1.                 Хангоми амали намудани фаъолияти сармоягузори дар худуди Чумхурии Точикистон сармоягузор бояд конунгузории Чумхурии Точикистонро риоя кунад.
  2.                 Бо максади мониторинги ичрои ухдадорихо дар доираи созишномахо ва шартномахои сармоягузори сармоягузор хисоботи семохаро бо шакли тасдикнамудаи макоми ваколатдори давлати дар сохаи сармоягузори пешниход менамояд.
  3.                 Сармоягузор набояд амалеро содир намояд, ки боиси ракобати бевичдонона гардад, ё амалеро (беамалиеро) анчом дихад, ки ба рох надодан, аз байн бурдан ё махдуд намудани ракобат, расонидани зарар ба хукук, озоди ва манфиатхои конунии шахсони дигар равона шудааст.
  4.                 Сармоягузор хангоми амали намудани сармоягузори чихати таъсиси чойхои нави кори ва тайёр кардани кормандони баландихтисос аз хисоби шахрвандони Чумхурии Точикистон тадбирхои зарури меандешад. 

Моддаи 25. Муносибатхои мехнати байни сармоягузор ва шахрвандони Чумхурии Точикистон

Муносибатхои мехнати байни сармоягузор ва кормандон, ки шахрвандони Чумхурии Точикистон мебошанд, бо конунгузории мехнати Чумхурии Точикистон ба танзим дароварда мешаванд.

Моддаи 26. Хукук ва ухдадорихои сармоягузор оид ба чалби кувваи кории хоричи ба Чумхурии Точикистон

  1.                 Сармоягузорон барои чалби кувваи кории хоричи ба Чумхурии Точикистон чихати амали намудани фаъолияти мехнати дар Чумхурии Точикистон тибки созишномахо, шартномахои сармоягузори, конунгузории Чумхурии Точикистон ва санадхои хукукии байналмилалии эътирофнамудаи Точикистон, хукук доранд.
  2.                 Музди мехнат, мукофотпули ва дигар шаклхои чуброн, ки аз тарафи сармоягузор ба корманди хоричи пардохт карда мешаванд, инчунин даромадхои дигари у бо тартиби мукаррарнамудаи конунгузории Чумхурии Точикистон бемамониат берун аз худуди Чумхурии Точикистон бароварда мешаванд. 

БОБИ 5. МУКАРРАРОТИ ХОТИМАВИ 

Моддаи 27. Назорат дар сохаи сармоягузори

Назорат дар сохаи сармоягузори аз чониби макомоти дахлдори давлати бо тартиби мукаррарнамудаи конунгузории Чумхурии Точикистон анчом дода мешавад. 

Моддаи 28. Халли бахсхои сармоягузори

  1.                 Бахсхои байни иштирокчиёни фаъолияти сармоягузори мувофики шартхои пешбининамудаи созишнома ва шартномахои басташудаи байни тарафхо хал карда мешаванд. Дар сурати мавчуд набудани чунин созишнома ва шартномахо, бахсхои сармоягузории байни иштирокчиёни фаъолияти сармоягузори аз руи имкон ба воситаи машварати байни тарафхо хал карда мешаванд.
  2.                 Дар сурати гайриимкон будани халли бахсхо мувофики созишнома ва шартномахои басташуда, бахсхо тибки конунгузории Чумхурии Точикистон ва санадхои хукукии байналмилалии эътирофнамудаи Точикистон дар судхои Чумхурии Точикистон, инчунин дар суди хаками, суди байналмилалии арбитражи ва арбитражи байналмилалии тичорати, ки бо розигии тарафхо мукаррар гардидааст, хал мегарданд. 

Моддаи 29. Чавобгари барои риоя накардани талаботи Конуни мазкур

Шахсони вокеи ва хукуки барои риоя накардани талаботи Конуни мазкур мутобики конунгузории Чумхурии Точикистон ба чавобгари кашида мешаванд. 

Моддаи 30. Дар бораи аз эътибор сокит донистани Конуни Чумхурии Точикистон    «Дар бораи сармоягузори»

Конуни Чумхурии Точикистон «Дар бораи сармоягузори» аз 12 майи соли 2007 (Ахбори Мачлиси Олии Чумхурии Точикистон, с.2007, №5, мод. 365) аз эътибор сокит дониста шавад.

Моддаи 31. Тартиби мавриди амал карор додани Конуни мазкур

Конуни мазкур пас аз интишори расми мавриди амал карор дода шавад.

           Президенти

Чумхурии Точикистон                                                                            Эмомали Рахмон

 

 

ш.Душанбе, 15 марти соли 2016, №1299

Инчунин кобед

Обро дар Душанбе кисман санахои 14, 15-ум октябр катъ мекунанд

Дар робита ба корхои таъмир дар кисматхои гуногуни Душанбе, обро бо навбат махкам мекунанд Шахрдори …