Главная / Илм / САРГИНИ ГОВ дар Канзи Шифо (Китоб)

САРГИНИ ГОВ дар Канзи Шифо (Китоб)

sargini_govСаргини гов — барои табобат хам хушкаш ва хам тарашро истифода мекунанд. Мизочаш дар дарачаи якум гарм ва дар дувум хушк аст. Хислатхои шифобахши он: инро гузошта банданд, варамхоро тахлил медихад; хислати ба худ кашандаги ва манъкунандаги дорад, хуни рафтаистодаро, агар чонварони захрнок газида бошанд, дардашро таскин медихад; агар ба чое аз бадан хор ё тир даромада бошад, кашида берун меоварад; барои шукуфахои пуст, гирдак-гирдак муйрехтаи сар ва риш даво мешавад.

Саргини нави гусолаи модаро фишурда, обашро дар бини чаконанд, хуни биниро манъ мекунад; ва агар онро бар пешони гузошта банданд ё сухтаи онро бо сирко хамир карда, ба пешони бимоланд, низ хамин асар дорад. Инчунин саргини говро сухта, онро ба воситаи найча дар бини пуф кунанд, хуни биниро катъ мегардонад. Онро дар равгани бодоми талх ва шароб хуб хал карда, дар гуш чаконанд, барои дарди сахт ва луккосзании он бисёр фоида мебахшад.

Саргини тари говро гармогарм гузошта банданд, варамеро, ки аз буридани корд ва теги дигар тасаммум (заражение) ёфта бошад, шифо мебахшад, агар аз он хун равон бувад, катъ месозад ва чарохатро сихат менамояд. Агар ин саргинро заноне, ки бачадонашон берун омада бошад, низ гузошта банданд, бачаданро ба чойи аслиаш мебарад; ба бугумхо ва иркуннасо (радикулит) гузошта банданд, дарди онхоро таскин медихад. Ва агар инро бо орди чав хамир карда, гузошта банданд, барои чушишхои пусти бадан ва бо сирко хамир созанд, барои варами гарм даво мебошад. Ва агар ба узве тир даромада, дар хамон чо монда бошад, гузошта банданд, берун меоварад; ба ханозер (хукгардан) ва варамхои сахт гузошта банданд, онхоро тахлил медихад; ба занбургазида бибанданд, дардашро таскин медихад ва намегузорад, ки варам оварад; ба зону бибанданд, варамашро мегардонад; ба озаххо гузошта банданд, онхоро хушк карда мерезонад. Агар инро бо асал сиришта гузошта банданд, варамхои сардро дафъ мекунад; бо гули бобуна ва гугирд даромехта гузошта банданд, истиско (водянка)-ро дору мешавад; бо заъфарон хамир сохта гузошта банданд, пучак, чиртак ва хамчунин решхоро мекафонад; бо орди бокило хамир карда бибанданд, варами пистонро тахлил медихад; бо оби пиёзи ансул — шукуфахои пуст, решхои сар ва гирдак-гирдак муйрехтаи сар ва ришро шифо мебахшад.

Саргини хар як навъи говро занони хомила ба зери ноф гузошта банданд, бачаи онхоро, ки мурда бошад, аз шикам меафтонад ва агар як муддат гузошта банданд, бачаи зиндаро хам дар шикам мекушад; ба зери ноф ва тихигох (холияки пахлу) гузошта банданд, иллати кулинчро, ки дард ва варами рудахои гафс аст, ба ибро меоварад, бигузор он агарчи аз чамъ шудани бод содир шуда бошад хам — дафъ мекунад; ба макъад бигузоранд, дард ва варами онро шифо мебахшад; бо равган хамир сохта гузошта банданд, никрисро, ки дард ва варами ангуштони дасту похо мебошад, дору мешавад. Саргини хушки говро сухта, занхои хомила дудашро ба миёни похои худ бигиранд, зоиданро осон мекунад.

Инчунин кобед

ma

Марги Мухаммад (с)

Вакте, ки Азроил (а) барои гирифтани чони хазрати Мухаммад (с) меояд пайгамбар мегуяд каме сабр …