Главная / Чамъият / САРЧАШМАИ ХУДШИНОСИИ МИЛЛИ

САРЧАШМАИ ХУДШИНОСИИ МИЛЛИ

Агар кас гузаштаи ачдоди худро надонад, инсони комил нест!

Ин хитобаи сода, вале дар айни замон чиддии бузургони илму адаби мо аз каъри асрхо ба гуш мерасад ва хушдор медихад, ки аз таърихи миллату сарзамин, расму русум ва дину оини худ мудом вокиф бошем. Вокеан, таърихро хотираи инсоният меноманд. Пас хар фард бе омузиши таърихи кишвари худ аслу насаб ва маърифати бумиву зотиашро пойдору бегазанд нигох дошта наметавонад, аз решаи хеш дур ё канда шуда, ба вартаи гумноми ё фано кадам менихад ва, ба таъбири имрузиён, «манкурт» мешавад. Яъне инсон таърихи гузаштаи худро фаро нагирад, табиист, ки аз зоти худ, рохи тайкарда, дастовардхои сиёсиву фарханги ва бурду бохти мардумаш ноогох монда, чун махлуке одамсурат, вале бепарво, бемасъулият, бенишон умр ба сар мебарад. Ин бадбахтии бузург аст. Охир ори аз хотираи гузашта, фориг аз гами фардо чи хел худро инсон мешумори?

dsc_6218-1-300x200Агар ин фочиа давлат, миллат ва кавмеро фаро гирад, чи мешавад?

Таърих гувох аст, ки аз руи чунин беэхтиёти ва вокиф набудан аз гузаштаи хеш кисме аз давлату миллатхои абаркудрат пора-пора шуда, аз забон ва расму оини хеш махрум гардидаанд. Дар ахди бостон чунин мисолхо фаровонанд.

Сарнавишти миллати точик дар тули асрхо баробари дигар мардуми эронинажод басо печида ва пуршебу фароз аст. Точик бо кору пайкор барои ноил шудан ба озоди, бо созандаги ва бунёдкори, бо аклу заковати фарзандони нобигааш дар арсаи илму адабу сиёсат, бо расидан ба даврони эхёи давлатдори ва чашидани захри шикаст, бо талошхо бахри худшиноси ва огохии миллат таърихи худро ганиву рангин сохтааст.

Таърихи саршор аз лахзахои пирузи, часпу талош барои ташаккули тафаккури милливу ривочу равнаки давлатдори, илму фарханг ва … гулгун аз хуни мардони муборизу фидокор … Аммо пушида нест, ки солхои тулони мо аз омузиши мероси таърихии халки худ як андоза дур мондем. Дар мактабу донишгоххо ба фарзандони мо ба чои таърихи халки точик бештар таърихи халкхои дигарро меомузонданд. Ва ин муносибати носолим рахнае гузошт дар таърихомузи ва таърихдонии мардуми мо. Шояд як сабаби аз асли хеш каме дур мондан ва паст рафтани маънавият, кохидани ахлоки чомеаи мо аз хамин иборат буд.

Ва, хушбахтона, ду фарзанди нобигаи миллати точик — устод Садриддин Айни ва академик Бобочон Гафуров хамин норасоиро эхсос карданд ва чиддан аз пайи ислохи он шуданд. Аллома Айни бо рисола ва маколоти зиёдаш дар хусуси зиндаги ва эчодиёти шахсиятхои илму фарханг ва сиёсату давлатдори мардумро бо гузаштаи пурифтихор ва фарзандони некноми миллат ошно сохт, онхоро бо таърихи ибратомузу пурифтихори худ пайваст. Мардум бо нигохи зиракона ва хирадмандонаи Айни аз барору нокомихои ниёгон дар набарди зиндаги огох шуданд.

bobojon_gafurov-192x300
Сурати Бобочон Гаффуров

Хамчунин Бобочон Гафуров бо хидояти ин пири хирад ба кори пуршарафе камар баст. Вай дар солхои басо мушкил ба тадкик ва таълифи китобе аз таърихи халки точик шуруъ намуд. Ковишу чустучуйхои пайвастаи у дар ин рох самараи дилхох доданд. Ва нахустин асари илмии Бобочон Гафуров «Таърихи мухтасари халки точик» панчох сол мукаддам — соли 1947 аз чоп баромад. Вай чун фарзанди дилсузи миллат баробари фаъолияти давлатдориву сиёси ин корро ба анчом расонд ва барои хамзабонону хаммиллатонаш равзане кушод аз олами таърих. Ин тачрибаи аввалини таърихнависии точик дар замони шурави буд ва онро мухаккикони намоён, шаркшиносони машхури дунё хуш пазируфтанд.

Хонандаи точик тавассути ин асар аз макоми худшиноси ба омухтани таърихи гузаштаи худ ру овард. Ва ба саволхои зиёди «Ачдоди мо кихо буданд? Аз кучо ба зиндаги шуруъ карданд? Чи тавр давлат сохтанду давлатдори карданд? Бо чи роху дастуре ба илму адабиёти оламшумул пой гузоштанд? Дар таърихи башарият чи макому поя доранд?»- посухи дакик ва муфассал ёфтанд.

Ман ин асари ачоиб ва пурмухтаворо хануз солхои донишчуи мутолиа карда, гохе аз хунари волои давлатдории гузаштагонамон меболидам, баъзан аз шикасти хукумат, чохталаби, чангу чидол ва чахолату хунрезии бародарон ба хотири тахту точ ва шухрату нафс, ки теша ба решаи давлат задааст, тохтутози вахшиёнаи ачнабиён, саросар нобуд шудани мардумони бегунох ва харобу валангор гаштани марказхои фарханги дилам реш мегашту ба андеша меафтодам. Пайваста фикр мекардам, миллате, ки як замон сохиби тамаддуни оли буд, имруз аз кохидани маънавияти чомеа меноладу азоб мекашад?!

Пушида нест, ки баъди инкилоб мардуми мо ба таври сунъи аз омухтани таърихи чандинхазорсолаи худ бенасиб гашт ва маънавияту ахлокаш аз нарасидани ин гизо кохид. Асари Бобочон Гафуров, ки чун обу хаво барои худогохи ва рушди тафаккури таърихии мардум зарур буд, дар тули панчох сол танхо як маротиба нашр шуд. Албатта, ин боиси таассуф аст. Аз руи инсоф мебоист ин асар борхо аз чоп мебаромад ва дастраси хар як фарди точик мегардид.

Агар мо аз рохи тайкардаи пур аз шебу фарози миллати худ огохии нисбатан пурра медоштем ва аз хатохои содирнамудаи ниёгонамон сабак мегирифтем, шояд туфони офатбори чанги граждани, ки мо ба он дучор омадем, чунин ранги фочиави намегирифт. Охир як сарчашмаи худшиносии милли махз ошнои бо мероси таърихи аст. То хотираи кавии таърихиро, ки дар осори фархангиву илмии бостон махфуз аст, чомеа аз худ накунад, аз хираду заковати гузаштагон бахраманд нашавад, дар тамоми риштахои зиндаги ба дастовардхои дилхох ноил шуда наметавонад.

Омухтани таърих танхо барои донистани гузашта нест, балки ин барои шукуфоии фардои хар як миллату давлат зарур аст. Яъне миллат бояд аз гузаштаи худ- хох дурахшон бошад, хох тира,- сабак бигирад ва дурнамои ояндаашро муайян бисозад.

Академик Бобочон Гафуров ба хамин хотир умри худро ба тахкик ва эчоди таърихи миллаташ бахшид ва, хушбахтона, ба мурод расид. Вай бо чопи шохасари бузурги худ – «Точикон» натанхо миллати точик, балки тамоми форсизабонони олам, мухлисону хаводорони тамаддуни Шарк ва сокинони Осиёи Марказиро бо як сарчашмаи нерубахшу пурбахо шодком сохт. Бояд таъкид бикунам, ки аллома Бобочон Гафуров дар эчоди ин асар, ба таъбири устод Айни, яке аз «…шартхои мухими таърихнависи — мухокимаронии бетарафона»-ро риоя кардааст.

Ин асар аввал ба забони руси дар Москва чоп шуд ва хамчунин аз чониби олимони машхури собик шурави ва хоричи бахои арзанда гирифт. Асар танхо ба омузиш ва тахкики таърихи точикон, сахми беназири онхо ба ганчинаи тамаддуни башари махдуд намешавад. Инчунин, дар он таърихи мардуми хамзабонамон ва халкхои дигари Осиёи Маркази мавриди тахкики хамачониба карор гирифтааст. Аз ин хотир баъди он ки «Точикон» ба хати русиасоси точики дар Душанбе ба табъ расид, дархол диккати муаррихони Афгонистонро чалб намуд. Ва дар ин кишвари дусту бародар асари мазкур бо хуруфи форси аз чоп баромад, сипас дар мамолики дигар низ пай дар пай чопи он сурат гирифт.

Кимати илмии «Точикон», алхак, бенихоят бузург аст. Бобочон Гафуров бо ин икдоми нек ва захмати пурбахояш натанхо сахифахои таърихи рангини миллати точик ва мардуми хамзабони мо, балки таърих ва рохи тайкардаи халкхои узбеку киргиз ва казоку туркманро то андозае ба хонанда ошно сохт. Ин хидмати рустамонаи Бобочон Гафуров шоистаи тахсин ва офарин аст, зеро осори пуркимати илмиаш чун бехтарин омузгор ба мо ва насли оянда сабак меомузад.

Имруз мардуми кишвар ба худшиноси ва баркарор кардани хотираи таърихии хеш беш аз пеш ниёз дорад. Мо бояд аз таърихи гузашта сабак бигирем ва барои вахдати комили милли корхои бузургеро ба анчом бирасонем. Дар ин рохи пуршараф чопи осори гаронбахои академик Бобочон Гафуров барои барафрухтани эхсоси ватандусти ва ифтихори милли мадад хохад расонд.

Инчунин кобед

Обро дар Душанбе кисман санахои 14, 15-ум октябр катъ мекунанд

Дар робита ба корхои таъмир дар кисматхои гуногуни Душанбе, обро бо навбат махкам мекунанд Шахрдори …