Главная / Маданият ва санъат / САНЪАТИ ОДАМОНИ ИБТИДОИ.

САНЪАТИ ОДАМОНИ ИБТИДОИ.

Бостоншиносон бисёр “асархо”-и санъати одамони асри сангро пайдо намудаанд. Кариб сад сол кабл аз ин асрори горе вокеъ дар Испанияи кунунй, ки дар замонхои хеле кадим одамон зиндаги мекарданд, бостоншиносони испаниро моту мабхут кард. Онхо дар деворхои гор суратхои бо ранг кашидашудаи хар гуна хайвонхоро кашф карданд, ки онхо амали одамони чамоаи ибтидои буданд.

Расми мамонт, гавазн ва хирс бо махорати баланд тасвир карда шудааст. Ин расмхо гувохи онанд, ки одами чамоаи ибтидои дорои кобилияти дарки зебои будааст. Олимон аз ин расмхо ба чунин хулоса омадаанд, ки санъат тахминан 30 хазор сол пеш аз ин дар чамоаи ибтидои пайдо шудааст.

sanati-od-ibtidoi

“Одами боакл” мушохидакор буд. У хайвонхоро хеле хуб омухта будааст, вагарна расмхою хайкалхоро ин кадар усто- корона офарида наметав онист. Ба санъат машгул шудани одами чамоаи ибтидоиро хамчун як чахиши бузург дар пайдоиш ва ташаккули минбаъдаи хаёти у хисобидан мумкин аст.

ОДАМИ ИБТИДОИ. Магар “одамони боакл” метавонистанд, ки дар назди ходисахои хавфноки табиат очизона cap хам намоянд? Албатта не. Онхо кушиш ба харч медоданд, ки сабабхои cap задани ходисахои табиатро ошкор созанд. Вале барои равшан дарк намудани сабаби ходисахои табиат дониши онхо хануз кофи набуд. Дар тасаввури одамони ибтидои ходисахои табиат гуё дар зери таъсири кадом як кувваи гайритабии сурат мегирифтанд. Ба хаёли онхо, агар он пуф кунад, дар замин ва бахру укёнусхо туфон ба амал меояд.

Хамин туна дар кашфи сирру асрори ходисахои табиат очизи кардани идрок боиси дар байни онхо пайдо шудани хар гуна эътикодхои дини гардид. Дар тасаввури ода­мони ибтидои оламро гуё куввахои пурзури гайритабии идора мекарда бошанд.

Барои  хамин хам, онхо ба ин куввахо хамчун ба руххо ва ходисахои пуриктидор эътикод пайдо менамуданд. Касбу кори одамон ба эътикодхои динии онхо таъсир мерасонад. Масалан, кишоварзон бовари доштанд, ки худохои ходисахои табиат офтоб ва абр мебошанд, зеро офтоб ба зироат гарми мебахшад, абр бошад, ба зироат об медихад. Одамони кадим худохоро ё дар шакли одам ва ё дар шакли хайвонхо тасаввур карда, мепарастиданд. Мувофики тасаввуроташон сурати худохоро аз чуб ва ё санг метарошиданд, ки мо онро бут меномем. Бутхоро
одамони кадим дар чойхои намоён гузошта, ба онхо ибодат мекарданд. Одамон гумон доштанд, ки ин бутхо, ки рамзи худоён буданд, дар парвариши зироат ва барори шикор ба онхо ёри мерасонанд. Барои он ки худохо талаби одамонро ичро кунанд, ба бутхо ибодат ва курбони мекарданд. Масалан, дар назди бутхо сабадхои пур аз мевачоту галладона ва чорвоёни кушташударо бурда мегузоштанд. Баъзан ба хотири эътикод ба бутхо хатто хамкавмхо ва асиронро хам курбони мекарданд. Чунин эътикоди динии одамони кадим аз насл ба насл гузашта, дар шуури онхо чой мегирифт.

Инчунин кобед

neft

Конун дар бораи нафту газ

Конуни Чумхури Tочикистон  “Дар бораи нафту газ” 18 марти соли 2015, №1190 кабул карда шудааст, …