Главная / Илм / САНГПУШТ ВА ХИСЛАТИ ТИББИИ ВАЙ

САНГПУШТ ВА ХИСЛАТИ ТИББИИ ВАЙ

Сангпушт чонварест маълум, ки дашти, бахри ва нахри мебошад. Мизочи сангпушти бахри ва нахрии он дар дарачаи дувум гарм ва дар якум тар, вале мизочи даштиаш гарм ва хушк аст. Хислатхои шифобахши он: ошомидани гушти он бох ва камарро кувват мебахшад. Агар гушти онро кабоб карда бихуранд, хайзро банд мекунад; бо хояи сагоби бихуранд, бодхои гализро тахлил медихад, чурраро (даббаро), ки нав аз даридани пардаи шикам ходис шуда бошад, ба хам оварда сихат мебахшад.

Хуни сангпушти даштиро бихуранд, саръ (припадка)-ро шифо мебахшад ва ба чингак шудани узвхо нафъ дорад. Чун хуни инро бо орди чав ва асал хамир сохта, он хамирро ба андозаи мурч хабхо баста, баъд хангоми субх як хаб ва вакти шом як хаб, инчунин пагохи дигар як хаб бихуранд, барои иллати саръ давои бемисл аст.

Хуни сангпушти даштиро ба дасту похо ба такрор бимоланд, барои дарди бугумхо ва никрис (подагра) даво мешавад. Хуни онро бо хояи сагоби даромехта, бо он хукна (клизма) кунанд, барои чингак шудани узвхо дору мешавад.

Захраашро бимоланд, варами халкро тахлил медихад ва решхои радии бадфиоли дахани кудаконро шифо мебахшад. Инро бар бинии беморе, ки ба иллати саръ гирифтор бошад, бимоланд ё дар биниаш бирезанд, барои саръ шифо мебахшад. Захраи хушкашро бо асал даромехта ба чашм кашанд, оби дар гавхарак фуромадаро дафъ мекунад, инчуннн гули чашм ва обравии онро ба ибро меоварад.

Чун шиками сангпушти даштиро шикофта, баъди куштан чизхои дарунаш бударо гирифта партоянду баъд онро то сафед гаштан сузонида, бо равгани гов соида, ба латтаи карбоси молида, ба саратони решгашта гузошта банданд, онро аз рим пок мекунад ва даханашро ба хам меоварад — дигар пайдо намешавад; инчунин барои захмхои дигар ва сухтагии оташ хам даво мешавад.

Тухми онро ба микдори донаи мурч бо харирахои форами мизоч бихуронанд, сурфаи кухнаи кудаконро шифо мебахшад. Тухмашро бо дахяк микдори он арпабодиён якчо карда бихуранд, барои варами хояхо давои бемисл аст. Агар тухми онро бо шири модараш ба тифл бихуронанд, дард ва боди хояи тифлонро дафъ мекунад, инчунин ин тухмро дар равган чушонида бимоланд, низ онро шифо мебахшад.

sangpusht
Сангпушт дар расм (сурат)

Равганашро бимоланд, чингак шудани аъзо ва кузозро (столбнякро) ба ибро меоварад. Сангпуштро дар об чушонида, дар он об даромада нишинанд ё захрашро дар об чуш дода, дар он об даромада нишинанд, чурраи (даббаи) кудаконро шифо мебахшад.

Гушти онро бихуранд, чингак шудани узвхо ва кузозро шифо мебахшад, пушт ва бох (пушти камар)-ро кави мегардонад, олати мардиро ба харакат меоварад ва маниро зиёда менамояд.

Косаи сангпуштро сухта, бо равгани гули сурх ва ё равгани тухми мург ё равгани кунчид хамир сохта гузошта банданд, муйро меруёнад.

Дар омади гап, гирифтани равгани тухми мург ин тавр аст. Тухми мургро дар об пухта, зардаи онро чудо карда, дар руи чумча ё тунукае ба оташ мегузоранд. Чумчаро андак качтар мемонанд, то ки равгани аз зардии тухм чудошуда ба як тараф резад. Вакте ки аз зардии тухм равган чудо шавад, боз бо ягон чиз омезанд, ки сафед гардад, баъд он бо равгани гов ва тар чудо гардад.

Хамаи кисмхои сангпуштро якчо ба дарачае бисузанд, ки сафед гардад, баъд онро бо равгани гов ва дигар равганхо сиришта бимоланд, барои саратони решгашта давои беназир аст; бо сафедии тухми мург даромехта бимоланд, барои кафидагии макъад ва дигар узвхо, хусусан кафидагии похо даво мешавад. Агар ин сухтаи онро бипошанд, захмхои илочаш душворро сихат мебахшад. Агар ба он хокистари сухтаи он дахяк мурч дохил карда, бо асал сиришта, пагохи ба дили нахор ва вакти шом як чумча, ки 14 грамм аст, биёшоманд, барои иллати лахс, ки аз шиддати машаккат гирифтагии нафас ва баромадани забон аст, инчунин барои сил ва дамкутахи даво мебошад.

Устухонашро махин соида, ё сухтаи онро чун сурма ба чашм хар кас, ки бикашад, бидуни дард кур мегардад. Хуни сангпушти бахриро биёшоманд, хамаи навъхои захрро аз бадан дафъ мекунад. Агар косаи таги шикамашро сухта, дудашро ба машом бикашанд, табро дафъ мекунад. Аз косаи пушташ об ба сар бирезанд, барои дафъ кардани куввати мубошарати занон багоят таъсирбахш аст.

Хурдани сангпушт ба рудахо зарар дорад — дар ин холат асал бихуранд, ислохи зарар менамояд. Микдори як бор дар як руз хурдан аз сухтаи он 3,5 грамм, аз тухмаш 0,2 грамм ва аз хунаш 0,6 грамм аст.

Инчунин кобед

ma

Марги Мухаммад (с)

Вакте, ки Азроил (а) барои гирифтани чони хазрати Мухаммад (с) меояд пайгамбар мегуяд каме сабр …