Главная / Маданият ва санъат / САМАНДАРХОЧАИ ТИРМИЗИ

САМАНДАРХОЧАИ ТИРМИЗИ

termiziДар он руз бини зи душман фарог,
Ки шаб дар мазораш фурузи чарог.

Номи аслии Самандархочаи Тирмизи Мухаммадбако буд, «Самандар» тахаллуси адабии у мебошад. Мувофики гуфтахои худаш дар китоби «Дастур-ул-мулук» ва маълумоти муаллифи тазкираи «Музаккируласхоб» Малехои Самарканди, зодгохаш Хонакох (нохияи Хисори хозираи Чумхурии Точикистон) будааст. Соли таваллуд ва вафоташ маълум нест. Хаёт ва фаъолияти у дар асри 17 гузаштааст. Самандархочаи Тирмизи аз адибону муаррихони номии давр ба шумор меравад. Самандархочаи Тирмизи сафар карданро дуст медошт ва бесабаб нест, ки давраи чавонии у факат дар сафар гузаштааст. Ба кавли муаррихон, у солхои 1685, 1693, 1695 дар чангхои Абдулазизхону Субхонкулихон ба мукобили хоразмихою саркардагони Балх иштирок кардааст. Муддате дар шахри Насаф зиндаги карда, ду маротиба раёсатпанохи Насаф тиъин шудааст. Солхои охири умри хешро у дар гушанишини гузаронидааст.

Аз руи гуфтаи худи Самандархочаи Тирмизи маълум мешавад, ки фаъолияти адабии у дар шахри Насаф огоз ёфтааст. Мачмуъи осори адаби ва таърихии Самандархочаи Тирмизи дар асари машхури у «Дастур-ул-мулук» чой гирифтааст. «Дастур-ул-мулук» асари пандуахлоки буда, вокеъахои таърихии солхои 1694-95 ро дарбар мегирад ва
тахминан гуфтан мумкин аст, ки то соли 1696 таълиф шудааст. «Дастур-ул-мулук» дорои 22 боб буда, бист боби аввал ва боби 22 ба масъалахои тарбиявию ахлоки, мисли панду насихат ба подшохон, усул ва шартхои мамлакатдори, мартабаи хунарманду донишманд, эътибори ахли фазлу дониш, мардонагию шучоат, зарурати сулху зарари чанг, макоми тарбия, одоби сухан, зарари газаб, ахамияти машварат, тавсифи хислатхои хамида ва мазаммати хулку атвори ношоиста бахшида шудааст.

Самандархочаи Тирмизи хостааст, ки ба воситаи хикоятхои пандомези ин китоб рафтору кирдори ношоистаи хукуматдорон ва нобаробарихои замонаро ислох кунад.

«Дастур-ул-мулк» ба адибону муаррихони баъдина таъсири зиёд расонидааст. Шоир ва тазкиранависи асри 17Малехои Самарканди дар таълифи тазкираи Музаккир-уласхоб» (соли таълифаш -1688-92), муаррихи асри 19-Мухаммадяъкуб дар навиштани «Гулшан-ул-мулук» ба «Дастурул-мулук» такя намуданд. «Дастур-ул-мулук» арзиши мухими адабию таърихи дорад. Холо чанд хикояро аз ин китоби хонданибоб пешкаши хонандагон менамоем.

Инчунин кобед

neft

Конун дар бораи нафту газ

Конуни Чумхури Tочикистон  “Дар бораи нафту газ” 18 марти соли 2015, №1190 кабул карда шудааст, …