Главная / Маданият ва санъат / САЙИДОИ НАСАФИ

САЙИДОИ НАСАФИ

Дар фикри дона мурчае буд даргузар,
Омад ба шеру гуфт, ки: Ай Рустами замон!
Аз иттифоки мурчагон гофили магар
В-арна чаро хакир шуморию нотавон?
(Сайидои Насафи)

Тарчумаи хол

saydoi-nasafiНасаф мулки ободе буд. Дар он диёр аз касбхои хунарманди пешаи бофандаги ривоч дошт. Бофандагон, ки барои мардум либосворихои арзонбахое тайёр мекарданд, дар он рузгор сохибиззат буданд. Касби бофандаги мехнати душворро талаб мекард. Бесабаб нест, ки халк бо дили пурдард дар бораи сахтию душворихои бофандаги сурудхо эчод кардааст:

Дилакам зардоб шуд аз чак-чаки бофандаги,

Чашмакам пуроб шуд аз риштахои кандаги.

Аз сахар то шом почак мезанам дар чах-чахак,

Коматам дар тоб шуд аз кору бори зиндаги.

Миробид Сайидои Насафи барои таъмини рузгори хеш пайваста нозукихои касби меросии бофандагиро меомузад ва дар баробари касбомузи Сайидо дар мактаб низ тахсил мекард. Ин буд, ки тадричан хату савод бароварда, эчодиёти пешиниёнро меомухт. Ашъори Саъди, Хусрави Дехлави, Хасан, Хофизу Камол ва бисёр дигаронро хифз мекард ва худ низ ахён-ахён шеър мегуфт. Мухаббат ба мероси маънавии гузаштагон, санъати волои суханвари, хунари нотакрори хар як эчодкор уро кайхо мафтун намуда буд. Хамин дилбастаги уро водор сохт, ки рохи Бухороро пеш гирад. У ба Бухоро омада, тахсили олии худро дар мадрасаи Лаби Хавзи Нодир – девонбеги пеши олимону донишмандони бузурги замон давом медихад.

Пас аз дарс Сайидо бештари вакти худро барои омухтани ашъори пешгузаштагону муосиронаш сарф намуда, нозукихои каломи бадеъ, сирри хунари эчодро меомухт. Илова бар ин, ба табакахои хунарманди чомеаи онрузаи Бухоро пайваста дар иртибот буд. Аз миёни тоифаи мазкур дустони зиёде пайдо мекунад ва он ёрону дустонаш дар мавридхои зарури ва Сайидо ёрии модди мерасонанд, то ки у тахсилашро давом бидихад. Чун вазъи зиндаги имконият дод, ки Сайидои Насафи тахсили мадрасаро бомуваффакият ба анчом расонад ва дар айни замон махорати суханварию нуктасанчии худро такмил дихад. Беш аз ин дар хаёти адабии шахр ширкат варзад.

Сонитар хаёти оилави Сайидои Насафиро мачбур месозад, ки дар рузгори чавони пешаи бофандагиро давом бидихад. У дар газали «Мекунам бофандаги» аз ночурихои ахди худ шикоят менамояд:

Дар бахор аз фока ранги заъфарон бошад маро,

Порахо бар душ аз барги хазон бошад маро.

Бахри рузи мекунам бофандаги чун анкабут,

Хона хамчун дорбоз аз ресмон бошад маро.

Гаштаам аз фока хамчун тири бепар гушагир,

Хонахои хушку холи чун камон бошад маро.

Чун фалак аз мехру мах бар суфра дорам нони кок,

Рузу шаб шармандаги аз обу нон бошад маро.

Сайидои Насафи бо максади рахоёби аз мушкилоти рузгор бо баъзе сохибмансабони замонааш Хочидодхох ва Рахимби Юз наздики пайдо мекунад. Шоир хатто бахшида ба хокимони давр Абдулазизхону Субхонкулихон ва Убайдуллоххон бо нияти дарёфти инъому эхсон чандин шеърхо менависад. Сайидои Насафи ашъори хадафноки мадехавии худро камарзиш дониста, ба ин восита аз миёни сарватмандону сохибмансабон дигар муттакочуиву мураббикоби намекунад, зеро ба у асрори дарбору дарбориён то андозае ошкор мегардад, ки зимомдорони давр камхираду бедонишанд. Аз ин ру, дур будан аз эшонро авлотар мехисобад. Ин аст, ки Сайидо мегуяд:

Дар ахди мо ривоч ба ахли хунар намонд,

Имруз обруй ба лаълу гухар намонд.

Аз хеч хонае набаромад садои чуд,

Дар рузгори мо зи каримон асар намонд.

Гардуни сифла бехунаронро ривоч дод,

Азбаски эътибор ба сохибхунар намонд.

Хол он ки ашъори Сайидо хануз дар замони худи у на танхо дар сарзамини Мовароуннахру Хуросон,хатто дар каламрави Эрону Хиндустон пахн гардида буд. Шоир ба ин маъни мегуяд:

Ба мулки Исфахону Хинд мехонанд ашъорам,

Зи Туркистонаму харгиз надорам эътибор ин чо.

Чун зимомдорон аз ахли шеъру адаб, илму фарханг кадршиноси намекарданд, бисёре аз фархангиёни замони шоир чалои диёр карда буданд ва бештари онхо ба сарзамини Хинд мерафтанд. Шоир ба холати мазкур чунин ишора менамояд:

Хамрахон рафтанду ман по дар ватан дорам хануз,

Такя чун сурат ба девори бадан дорам хануз.

Аз як тараф, заъфи пириву дурии рох ва аз тарафи дигар, бебизоатию тангдасти ба Сайидо имкони сафар карданро намедод, ки азми сафари Хиндро ихтиёр бикунад:

Аз тихидасти чу сарви бог поям дар гил аст,

Рахт мебандам, агар зоди сафар бошад маро.

Кушишу такопухои Сайидо бенатича поён ёфт ва ин холатхо шоирро рухан азият медод. Ин буд, ки шоир рахои аз ин холати пешомадаро дар гушанишини, канорачуи пайдо кардан хост ва ин рохро низ пеш гирифт. Муддате узлатшини намуд.

Гушанишини ахволи Сайидои Насафиро боз хам вазнинтар, холоти рухии уро заъифтар намуд. Чуноночи, шоир мегуяд:

Он ки мегиряд ба холам, чашми хунини ман аст
В-он ки бардорад Сарам аз хок, болини ман аст.

Ин буд, ки шоир аз руи эхтиёчоти рузгор боз ру ба миёни мардум меорад ва галати худро фахмида дар як муддати кутох ислох менамояд:

Хосил нашуд зи гушанишини муроди ман,

Худро зи хона бар сари бозор мекашам.

У на танхо азоби эчодиро аз сар мегузаронду токат менамуд, балки мехнати чисмони-бофандаги мекард ва дар ин рох худро ба Фарходи кухкан хамсангу монанд медонист. Ба ин маъни ишора намуда мегуяд:

Ба зури дасту бозу мехурам, ай Сайидо, рузи,

Маро чун кухкан хуни чигар бошад бех аз ширам.

Аз баъзе тасвирхои ичтимоии шоир бисёр лахзахои рузгори уро метавон пеши назар овард, ки барои баркарору пурра намудани зиндагиномаи Сайидо ёри мерасонад. Масалан, ба ин тасвири ичтимоии шоир агар таваччух карда шавад, ахволи ичтимоии адиб боз хам равшантар мегардад:

Видоаш карда мерафтам ба хона,

Таваччух зад кадам бар остона.

Даре дидам ба нокоми кушода,

Ба рохам дидаи во истода.

Фигон ногах зи куфли дар баромад,

Ки : «Имшаб турфа дузде бар сар омад.

Кавичангол гурге тезхашме,

Ба бозу филзуру тангчашме.

Сари уро зи дор андешае не,

Ба гайр аз дузди уро пешае не».

Ман он чо то сахар дар хоби рохат,

Кушода дузд ин чо дасти горат.

Даруни хонаам чуз бурё не,

Ба зери пой гайр аз накши по не.

Зи беасбобиям дар сина чок аст,

Матои хонаи ман обу хок аст.

Чи гуям ман ба руи хонаи худ,

Шудам шарманда аз кошонаи худ.

Шудаш торочи у кунчи фаромуш,

Зи дасти дузд гаштам хонабардуш.

Туро бод, ай фалак, даврон мусаллам,

Ба як шоди куни омода сад гам.

Дар ин чо асосан вазъи хонаводагии шоир, ахволи ичтимоии Сайидо руи тасвир омадааст. Зимни он норизоии шоир аз низоми давлатдории сохибдавлатону мансабдорони даврони худ хатто бо кавитарин охангхои эътирози мушохида карда мешавад. Хусусан, берхмию чафопешагии дуздон, ки онхо аз низоми сустии давлатдорон истифода бурдаанду заррае тарсу харос надоранд, хеле хуб ба тасвир гирифта шудааст.

Поёни умри Сайидои Насафи низ дар Бухоро гузаштааст ва у тахминан соли 1711 дар хамон чо вафот кардааст.

Мероси адабии Сайидо

Осори адабии Сайидои Насафи, ки «Куллиёт»-и уро фарохам овардааст, дорои 8500 байт мебошад. Дар осори махфузмондаи шоир чои аввалро газал ишгол менамояд, ки микдори он 4600 байт аст. Мухаммас бошад пас аз газал дар чои дуюм буда, 1050 байтро ташкил медихад. Эчоди онхо низ хеле хунармандона аст.

Инчунин, Миробид Сайидои Насафи ба хунармандон, намояндагони хунархои мухталиф як силсила шеърхо бахшидааст. Сайидо чанд маснавии дигар низ дорад, ки хачми онхо аз 16 то 68 байтро дар бар мегиранд. Яке аз чунин маснавихои у «Дар мазаммати дузде, ки хонаи шоирро горат кардааст»-ном дорад, хеле чолиб буда, дар баробари арзиши адаби – эстетики ахамияти ичтимоию шархихоли низ дорад.

Дигар аз асархои Сайидо, ки то ба хадде шухрати эчодии шоирро таъмин мекунад, «Шахрошуб»-и шоир аст, ки у ба эчоди ин асари худ, аз як тараф, анъанаи адабиро давом дода бошад, аз тарафи дигар, авзои хунару фарханги замони худ, ривочи касбу хунархо ва тарзи зиндагии муосирони хешро ба таври бадеи баён кардааст. Ин асари Сайидои Насафи оид ба хунару пешаи 212 нафар хамзамонони у ва чузъиёти хунарию хусусиятхои дигари фаъолияти мардуми мехнаткаш маълумот медихад. Аз чумла, доир ба намояндагони касбу корхои мухталифи давр: заргару бофанда, кулолу музадуз, деворзану кабобпаз ва гайра васфу тавсифхои рангин ба назар мерасад. Теъдоди ашъори мазкур низ басо чолиб буда аз як то се-чор байтро фаро мегирад.

Шеърхои ба хунармандон бахшидаи Миробид Сайидои Насафи аз нигохи истифодаи авзон низ гуногун буда, аз «Шахрошуб» бо он фарк мекунанд, ки дар ашъори ба ахли хунар ихтисосдода хачву хазв хеле малех дида мешавад.

Маснавии тамсилии Сайидо, ки «Бахориёт» ё «Хайвонотнома» ном доранд, шухрати шоирро дар эчоди ин навъи адаби таъмин менамояд.

Мавзуъ ва мунДаричаи газалиёти СайиДо

Газал дар осори адабии Сайидо макоми аввалиндача дорад. Мавзуи газалиёти у хамоно ишку ошики, дустдориву мухаббат, эхсосоти калби, шуру исёнхои ботинии инсонхо ва гайра буда, ин чанбаи анъанавии мундаричавии газалиёти шоир аст. Хунари Сайидо дар сурудани мавзуъхои ичтимои-ситёси, тарбияви-ахлоки, чамъияти-инсондусти, фарди-шархихоли ва монанди инхо низ хаст. Албатта, чанбаъхои мавзуи мазкур бо охангхои ичтимои – сиёси хануз аз Саъдии Шерози шуруъ шуда буд. Сайидо мавзуъхои хасбихол ва умуман адолати ичтимоиро ба баландтарин нукта расонида тавонист ва дар хамин замина тозакорихову навоварихо кард. Танкиди ноадолатихои замон, нобасомонихои давр, хориву бекадрии инсон, зикри нодорию бенавои, камбагаливу бечораги, химояи ахли мехнат ва фукарову дармондагон, танкиди ахли хусуд, золимон, сохибмансабони берахм, риёкорону чоплусон, зохидони зохирбин, тасвири ахволи бади хеш, мазаммати бухлу кинаварзи ва гайра низ асоси мундаричавии газалхои Сайидоро ташкил медиханд.

Сайидо хатто газалхое хам дорад, ки саропо арзиши шархихоли доранд:

Бо ки равшан созам ахволи дили афгори хеш,

То ба кай чун шамъ сузам бар сари бемори хеш?

Бахри осоиш гар аз гамхона сар берун кунам,

Менихам чун соя пахлу бар тахи девори хеш.

Юсуфи ман аз харидорон касоди мекашад,

Бар дукон оташ занам аз сардии бозори хеш.

Бар сари ман осиё гардад, тахаммул[1] мекунам,

Чун намебинам касеро зери гардун ёри хеш.

Бар бадан аз нолаи чонкох дорам рахнахо,

Бастаам чун най камар, умрест бар озори хеш.

Аз баланду пасти олам гашт сухон комёб,

Хасм[2] меболад ба худ аз вазъи нохамвори хеш.

Сайидо, бошад кудурат[3] рузии сохибхунар,

Шохи гул аз пой натвонад кашидан хори хеш.

Холати мазкур, яъне чанбаи тамоман вокеии тасвир бахшидан ба газал яке аз хизматхои Сайидо дар таърихи адабиёти точик аст.

Инъикоси замон, вазъияти сиёси – ичтимои Дар газалиёти СайиДо.

Оид ба мавзуи мазкур Сайидо асари чудогонаи худ – «Бахориёт» ё худ «Хайвонотнома»-ро навиштааст.

Гузориши масъалаи мазкур дар газалиёти шоир пурвусъаттар мебошад.

Яъне аз доираи мавзуъхои ишки ру овардан ба рузгори ичтимоии инсон ва чамъият яке аз хусусиятхои газалиёти шоир ба шумор меравад:

Нигахи масти ту хуни дили ахбоб хурад,

Теги бедоди ту аз фарки ачал об хурад.

Аз чахон гум шуда мехри падару фарзанди,

В-арна Рустам зи чи доде сари Сухроб хурд.

Катраи май сари Мансур баровард ба дор,

Вои он кас, ки хама умр майи ноб хурад.

Хар ки бо душмании халк равон аст чу бахр,

Зуд бошад, ки сари хеш чу гирбод хурад.

Сайидо, печиши он зулф ба он рух зи чи руст,

Муй бар шуълаи оташ чу фитад, тоб хурад.

Мавзуи газали мазкур асосан адолати ичтимои буда, шоир душманони халкро хушдор медихад, ки аз охи мазлумон хазар кунанд ва агар накунанд, онхоро марг интизор аст. Сайидо бесарусомонихои чамъиятро дар мансабталошиву чахонпарастии муосирон мебинад ва аз ин ру, ба химояи мардумони одди овоз баланд мекунад:

Дар талоши салтанат афтодаанд аз пой халк,

Точ агар ин аст, олам сарнагун хохад шудан.

Аз ин сабаб, у аз гами халк, аз холи мардумони одди дилхуну чигаркабоб аст ва фигону нолааш танхо бахри бехбудии рузгори бечорагону дармондагон мебошад:

Ашки ман гар инчунин, к-аз дил бурун хохад шудан,

Догхои синаам гирдоби хун хохад шудан,

Дар газалиёти Сайидо охангхои хеле амики фалсафи, бо мазмунхои ичтимои дар гояти хунариву чилои тозаи хаёлбофи руи кор омадаанд. Чунончи:

Нафси саркашро мусаххар акли пуртадбир кард,

Саг чу шуд девона, уро метавон занчир кард.

Бемурабби зери гардун муътабар натвон шудан,

Мохи навро рафта-рафта чарх оламгир кард.

Бо бузургони чахон густох будан хуб нест,

Охир ин беиззати бар Кухкан таъсир кард.

Беибо натвон ба базми тундхуён по ниход,

Бемухобо такя натвон бар дами шамшер кард.

То ба пои хум нарафтам согарам ёри надод,

Дастгири бо мани афтода рухи пир кард.

Мераванд ахли тамаъ дар базмхо девонавор,

Метавон дархои мехмонхонаро занчир кард.

Комати хилватшинон мекунад кори камон,

Метавон мисвоки зохидро нишони тир кард.

Водии девонаги чои фарогат будааст,

Хоби рохат пои мо дар хонаи зианчир кард.

Сайидо, музди хунарвар мерасад дар хурди кор,

Рузии Фарходро гардун зи чуи шир кард.

Газали зикршуда мохияти амики панду андарзи, насихати – тарбияви дошта, олами сабаб – олами инсонхо хеле нозуку хунармандона мавриди тасвир карор гирифтааст ва газал аз огоз то анчом (байт-байт) ирсоли масал аст.

Газал дорои кофияву радиф буда, кофияхои он бо харфи рави «р» ба итмом мерасад, ки шакли он мукайяд аст ва радифи газал содда мебошад.

Газал чун мухтавои ахлоки дорад, дар бахри Рамали мусаммани максур эчод шудааст ва афоъили он чунин аст:

– V – – / – V –        – / – V –      – /    – V ~

яъне: фоъилотун, фоъилотун, фаъилотун, фоъилон.

Ё худ газали дигари шоир, ки аз нигохи мазмуну мухтаво, мохияти кавитари ичтимои дошта, хасби холи шоир ва холати кахрамони лирики аз огоз то анчоми газал давом мекунад, ки аз тангии маиши ва бенавои ба сари шоир омадааст:

Мурги беболу паре дидам, дилам омад ба ёд,

Нолаи чугзе шунидам, манзилам омад ба ёд.

Аз фиребу ваъдахои у шудам рози ба марг,

Шаб хама шаб дасту теги котилам омад ба ёд.

Дар талоши бахр чун гирдоб саргардон шудам,

Хасрати лабхои хушки сохилам омад ба ёд.

Сар назад аз киштзори умри ман гайр аз сипанд,

Сухтам чун мазраи бехосилам омад ба ёд.

Сайидо, дидам ба хок афтода барги лоларо,

Теги нохак хурда сайди бисмилам омад баёд.

Яъне интихои максади адиб химояи адлу дод ва танкиди ноадолатихои замони шоир низ мебошад.

Газал хеле хунармандона буда, дорои кофияи мутлак ва радифи мураккаб аст. Яке аз вазифахои радиф дар ин газал таъкиди маъно низ хаст, ки бори гоявии онро дар ухда мегирад, зеро тангии маиши ба шоир умре ру ба ру будааст.

Аз нигохи вазн бошад, газали мазкур дар бахри рамали мусаммани максур эчод шудааст ва афоъили он чунин аст:

***********************************************

яъне: фоъилотун, фоъилотун, фоъилотун, фоъилон.

Чихати чолиби хунарии газали Сайидо он аст, ки охангхои ичтимои тору пуди газалро ташкил намуда, рамзи хеле баландро ба миён меоранд, ки дарки максад каме мушкил хам мешавад. Вале чихати дигари характерноки газалиёти ин суханвар боз дар он аст, ки сар то по газали у тасвирхои вокеи, чузъиёти хаётиву мушаххас, вожахои маъмули, хаёлбофихои рузгориву мушохидахои зиндагиро фаро мегиранд. Чунончи, далели казовати мазкур газали зерин аст:

Шамъаму пайваста дар рагхои чонам оташ аст,

Дар дахонам мавчи обу бар забонам оташ аст.

Золимон аз бекаси вайронаамро сухтанд,

Чугзам аз бехонумони, ошёнам оташ аст.

Булбулам, аммо макоми дилнишинам гулхан аст,

Сабзаам хокистар асту бустонам оташ аст.

Аз сари куи бутон рахти сафар то бастаам,

Махмили ман гирдбоду корвонам оташ аст.

Ай, ки бо мо мекуни савдо, ба худ андеша кун,

Дар бисотам дуди оху бар дуконам оташ аст.

Сухбати ман бемаю бемутриб имшаб дар гирифт,

Хона равшан мекунам, то мехмонам оташ аст.

Нест дилсузе ба мулки синаи ман гайри дог,

Сайидо, имруз ёри мехрубонам оташ аст.

Газалиёти Сайидо боз бо он характернок аст, ки аслан хачман калон нест, 6-7 ва 10-12 байтист. Сайидо газале дар хачми 27 байт низ дорад.

Истиклоли байтхо ахёнан манзур шаванд хам, аз доираи мавзуи маркази чудо нест. Яъне муносибати Сайидо ба сиёсатмадорон, хокимон, ахли мансаб, табакахои хунармандон, мехнаткашон, бозоргонон, олимон, широн, толибилмону мударрисон ва гайра ба мушохида мерасад. Дар газалиёти шоир кахрамони дирики – ошик ё фарди сохибтачриба, хирадманд, рузгори, мехнаткарин, сохибхунар аст, вале бенаво, бекадру манзалат, пурсабру пуртокат ва боз бештар аз ин росткавл, бовафо, адолатпараст, хакикатхох, дурандеш, покизазамиру софдил, самимиву некукор мебошад.

У дар газали зерин мегуяд:

Бувад мунъим азизи кишвару озод хор ин чо,

Зи сарви бог раънотар дарахти мевадор ин чо. Дар огози мухаббат ошик аз мурдан наяндешад,

Занад худро ба коми шер тифли найсавор ин чо.

Худочуро сархархези шавад афзунтар аз пири,

Дар айёми хазон гулдаста мебандад бахор ин чо.

Аламхои туро фардо гувохонанд дар махшар,

Макун озурда аз худ хотири лайлу нахор ин чо.

Зи захри чашм арбоби тамаъро нест андеша,

Кунанд ин кавм майли сурма аз мижгони мор ин чо.

Зи захри чашм арбоби тамаъро нест андеша,

Кунанд ин кавм майли сурма аз мижгони мор ин чо.

Саводи беди мачнун бехтар аз занчир Мачнунро,

Бувад аз дасти гиро нозанинтар раъшадор ин чо,

Ба беруи тавон аз ахли дунё бахрвар гаштан,

Зи тифлон шиквахо дорад дарахти мевадор ин чо,

Бувад кори ту, ё Раб, дар ду олам парда пушидан,

Макун махчуб он чову магардон шармсор ин чо,

Набошад рах ба базми хилвати мо харзагуёнро,

Сари Мансур сили мехурад аз пои дор ин чо,

Зи базми шеър набвад бахрае афсурдатабъонро,

Бувад килки суханпардоз чун шамъи мазор ин чо.

Ба мулки Исфахону Хинд мехонанд ашъорам,

Зи Туркистонаму харгиз надорам эътибор ин чо.

Набошад бо фашу мисвоки зохид хеч таъсире,

Наандешад касе аз кавкаби дунболадор ин чо,

Хату зулфаш камар барбастаанд аз бахри хуни ман,

Хазар кун, Сайидо, аз иттифоки муру мор ин чо.

Газали зикршуда низ оханги бисёр кавии ичтимои дошта, шоир шиква аз тангии маиши ва аз ноадолатихои даврони худ дорад. Умуман дар ин газал танкиду истехзо, мазаммату хичо, шикояту норизои, химояи адлу хакикат, ростиву садокат, дурандешиву поки, вафодориву росткавли, худотарсиву интихоби рохи рост ва гайраро васф менамояд. Ин чанбаъ низ яке аз хусусиятхои газалхои Сайидо ба шумор меравад. Яке аз масъаалхое, ки мисли хатти сурх аз миёни масъаалхои баёнгардида дар газали боло мегузорад, химояи ватан, дуст доштани он, дилбастагии сидки ба ватан, авло шуморидани обу хоки он аст. У хатто ватанро аз мафхуми зодгох васеътар маърифат мекунад ва Туркистонро дуст медорад ва макону диёреро бо он баробар намедонад ва аз ин ру, сарфи назар аз кадршиносихо, ки нисбат ба шоир раво дида мешуд, у хастадилу навмед намешавад.

Газали боло мукаввофу мураддаф буда, кофияи он мукайяд ва радифаш мураккаб мебошад. Аз нигохи вазн бошад, дар бахри Хазачи мусаммаи солим иншо шудааст, ки афоъили он чуни наст:

*********************************************

Яъне: мафоъилун, мафоъилун, мафоъилум, мафоъилун.

Сайидо дар эчоди газал, пеш аз хама, аз он чихат маком дорад, ки у ин навъи адабиро ба хаёти мардум, ба рузгору зиндаги басо карину наздик намудааст. Аз ин ру, дар газалхои у чанбаъхои ичтимои зиёдтар кувват гирифта, як андоза рухияи мардумии шеъри Сайидоро таъмин кардааст. Дар газали Сайидо то ба хадде авзои сиёси- таърихи ва ичтимоии замони у инъикос гардидааст. Аз тарафи дигар, чанбаи таълими, панду андарзи, насихатию мавъизати гирифтани газали шоир бурхони пойдории адаб ба суннат ва бахрабардори аз анъанахои кухантаърихии шеъру адаби точик мебошад.

[1]     Тахаммул – сабр

[2]     Хасм – душман

[3]     Кудурат – гам, андух

Инчунин кобед

neft

Конун дар бораи нафту газ

Конуни Чумхури Tочикистон  “Дар бораи нафту газ” 18 марти соли 2015, №1190 кабул карда шудааст, …