Главная / Чамъият / САЙЁХИИ ДОХИЛИ – КОНУНИ ЧТ

САЙЁХИИ ДОХИЛИ – КОНУНИ ЧТ

КОНУНИ ЧУМХУРИИ ТОЧИКИСТОН  ДАР БОРАИ САЙЁХИИ ДОХИЛИ

Конуни мазкур асосхои ташкили, хукуки, иктисоди ва ичтимоию фархангии фаъолиятро дар сохаи сайёхии дохили дар Чумхурии Точикистон муайян намуда, ба фарохам овардани шароити мусоид чихати ташаккул ва рушди сохаи мазкур равона шудааст.

БОБИ 1. МУКАРРАРОТИ УМУМИ

sayohat

Моддаи 1. Мафхумхои асоси

Дар Конуни мазкур мафхумхои асосии зерин истифода бурда мешаванд:

– сайёхии дохили – саёхати гуногунчабхаи шахрвандон дар худуди Чумхурии Точикистон ва ташкили хизматрасонии муносиб дар ин соха;

– сайёхи дохили – шахрвандони Чумхурии Точикистон ва дигар шахсони дар Чумхурии Точикистон истикомати доимидошта, ки берун аз чои сукунат ба дигар шахру нохияхои Чумхурии Точикистон бо максади саёхат сафар анчом медиханд;

– хизматрасонии сайёхи – фаъолияти максадноке, ки дар шакли хизматрасони, кор ва пешниходи махсулоти сайёхи тавассути субъектхои хизматрасонии сайёхи барои конеъгардонии дархост, талабот ва манфиатхои маънави, зехни ва чисмонии сайёхон ва ё шахрвандони майли сайру саёхат дошта дар дохили мамлакат амали гардонида мешавад;

– субъекти хизматрасонии сайёхи – шахсони вокеи, хукуки ва сохибкорони инфиродие, ки дар дохили мамлакат бо тартиби мукаррарнамудаи конунгузории Чумхурии Точикистон ба хизматрасонии сайёхи машгул мебошанд;

– инфрасохтори сайёхи – молу мулки манкул ва гайриманкуле, ки барои хизматрасонии сайёхи истифода бурда мешаванд;

– махсулоти сайёхи – мачмуи хизматрасони, мол ва кори батанзимовардашуда ва бо хам пайваста, ки барои конеъгардонии талабот ва манфиатхои сайёхон омода ва бо арзиши муайян амали гардонида мешаванд;

– бозори хизматрасонии сайёхи – раванди муносибатхое, ки иштироккунандагони он (истеъмолкунанда ё харидор, истехсолкунанда ё фурушанда) бо ният, максад ва шароитхои пешниход ё кабул кардани (фурухтан ё харидани) махсулоти сайёхи амалхои муайян (расми) ба анчом мерасонанд;

– субъекти хизматрасонии хонаги (хонаист) – шахсони вокеи, хукуки ё сохибкорони инфиродие, ки манзили истикомати дошта, ё ихтиёрдори хучра(хо)и муайяни манзили истикоматии шахси дигар мебошанд, он(хо)-ро чихати хизматрасони ба сайёхон пешниход менамоянд;

– захирахои сайёхи – мачмуи захирахо ва падидахои табиии иклими, истирохати, маърифати, маиши, техногени, объектхои табиию солимгардони ва мероси фархангию таърихи дар худуди Точикистон, ки таваччухи сайёхонро барои конеъ гардонидани мачмуи талабот ва манфиатхои шахси чалб месозанд;

– сайёхии ичтимои – намудхои гуногуни сайёхи, ки ба дастраси ва васеъ гардонидани имкониятхои субъектхои навташкили хизматрасонии сайёхи равона гардида, аз чониби давлат дар шакли мукаррар намудани имтиёзхои андозбанди, кумаки молияви ва маъмури дар доираи маблагхои бучетии барои эхтиёчоти ичтимои чудогардида, дастгири карда мешаванд;

– Фехристи давлатии субъектхои хизматрасонии сайёхи – махзани ягонаи давлатии маълумот, ки фарогири иттилоот оид ба захирахои сайёхи, субъектхои хизматрасонии сайёхи ва фаъолияти онхо, инфрасохтор ва мавзеъхои сайёхи, омор ва натичахои мониторинги захирахои сайёхи ва дигар падидаю чараёнхои алокоманд ба сайёхии дохили мебошад;

– мавзеи сайёхи – худуди муайяни дорои захирахои сайёхи, ки барои сайёхон чолиб ва барои сайру саёхат муносиб ва мувофик мебошад;

– иншооти сайёхи – мачмуи бино, толорхо ва иншооти мансуб ба хизматрасонии сайёхи;

– иттиходияхои чамъиятии сайёхи – шакли иттиходияи чамъиятие, ки бо тартиби мукаррарнамудаи конунгузории Чумхурии Точикистон ба кайди давлати гирифта шуда, аз руи як шакли фаъолияти сайёхи амал менамояд;

– чорабинихои хусусияти чумхуриявидошта – чорабинихое, ки бо фарогирии намояндагони беш аз 10 шахру нохия ва бо хамохангии бевоситаи макомоти ичроияи марказии хокимияти давлати дар самти сайёхии дохили баргузор мегарданд;

– чойи чамъияти – кисм ва ё чойхои махсуси иншоот ва мухити (майдони) барои саёхат муносиб, ки доимо ё муваккатан барои ташриф ва истифодаи озоди шахрвандон тибки даъват ва ё шартхои муайян пешниход шудаанд;

– рохбалади – намуди хизматрасоние, ки аз чониби шахси сохиби малакаи касби ва ё тахассуси дахлдор дар шакли рохнамои, маълумотноксози ва фахмондадихии сайёхон нисбат ба объекти муайян ба амал бароварда мешавад;

– ширкати сайёхи – шахси хукукие, ки бо тартиби мукаррарнамудаи конунгузории Чумхурии Точикистон ба кайд гирифта шуда, намуди асосии фаъолияти он хизматрасонии сайёхи мебошад.

Моддаи 2. Конунгузории Чумхурии Точикистон дар бораи сайёхии дохили

Конунгузории Чумхурии Точикистон дар бораи сайёхии дохили ба Конститутсияи Чумхурии Точикистон асос ёфта, аз Конуни мазкур, дигар санадхои меъёрии хукукии Чумхурии Точикистон, инчунин санадхои хукукии байналмилалие, ки Точикистон онхоро эътироф кардааст, иборат мебошад.

Моддаи 3. Вазифахои Конуни мазкур

Вазифахои Конуни мазкур иборатанд аз:

– муайян намудани принсипхои сиёсати давлати дар сохаи сайёхии дохили;

– ташаккули низоми сайёхии дохили;

– мукаррар намудани салохияти (ваколати) макомоти хокимияти давлати дар сохаи сайёхии дохили;

– амали гардонидани тадбирхо оид ба рушди сайёхии дохили;

– ташкили хизматрасонихо дар сохаи сайёхии дохили;

– муайян намудани хавасмандгардонихои мусоидаткунанда ба рушди сайёхии дохили;

– мукаррар намудани хукук ва ухдадорихои шахрвандон хангоми саёхат дар худуди мамлакат;

– мукаррар намудани хукук ва ухдадорихои субъектхои хизматрасонии сайёхи;

– таъмини бехатарии шахрвандон хангоми саёхат.

Моддаи 4. Сиёсати давлати дар сохаи сайёхии дохили

  1. Давлат ташкил ва рушди сохаи сайёхиро дар дохили мамлакат дастгири намуда, хифзи хукук, манфиатхои сайёхон ва субъектхои хизматрасонии сайёхи, бехатарии шахрвандон хангоми саёхат, истифодаи максаднок ва хифзу нигохдории мухити зист, захирахои сайёхи ва ёдгорихои фархангию таърихиро кафолат медихад.
  2. Сиёсати давлати дар сохаи сайёхии дохили тавассути тахия ва амали сохтани стратегияхо ва барномахои давлати ба рох монда мешавад.

Моддаи 5. Принсипхои сиёсати давлати дар сохаи сайёхии дохили

Сиёсати давлати дар сохаи сайёхии дохили ба принсипхои зерин асос меёбад:

– эътирофи сайёхии дохили хамчун яке аз сохахои афзалиятноки рушди иктисодиёти мамлакат;

– иштироки фаъоли макомоти давлати, макомоти худидоракунии шахрак ва дехот ва чомеаи шахрванди дар ташаккул ва рушди сайёхии дохили;

– таргиботи васеи сайёхии дохили ба сифати муаррификунанда ва посдорандаи фарханг, анъана, таърих ва тамаддуни милли;

– кафолати фаъолияти озоди иктисоди ва ичтимоию фархангии субъектхои хизматрасонии сайёхи;

– хифзу нигохдории мухити зист ва захирахои сайёхии мамлакат;

– таъмини истифодаи оммави, муносиб ва пурмахсули захирахои сайёхи;

– дастгирии рушди маданияти сайёхии шахрвандон;

– ба сифати мамлакати ракобатпазири сайёхи табдил додани Чумхурии Точикистон;

– дастгири ва хавасмандгардонии ташаббускори дар сохаи сайёхии дохили.

БОБИ 2. НИЗОМИ САЙЁХИИ ДОХИЛИ

Моддаи 6. Низоми сайёхии дохили

  1. Ба низоми сайёхии дохили дар Чумхурии Точикистон дохил мешаванд:

– субъектхои идоракунанда, хамохангсоз ва мониторинг;

– субъектхои хизматрасони;

– субъектхои истеъмоли;

– объектхои сайёхи.

  1. Субъектхои идоракунанда, хамохангсоз ва мониторинги сайёхии дохили, ки ба танзим ва рушди муносибатхои чамъияти дар ин соха масъул мебошанд, инхоянд:

– макомоти хокимияти давлати;

– шурохои хамохангсозии милли ва махаллии рушди сайёхии дохили;

– макомоти худидоракунии шахрак ва дехот;

– Маркази миллии бахисобгирии субъектхои хизматрасонии сайёхи ё Фехристи давлатии субъектхои хизматрасонии сайёхи;

– муассисахои илмии тадкикоти ва таълимию иттилооти;

– ассотсиатсияхои сайёхи;

– иттиходияхои чамъиятии сайёхи.

  1. Субъектхои истеъмоли, ки дар як вакт объекти сайёхии дохили мебошанд, инхоянд:

– шахрвандоне, ки ба субъектхои хизматрасонии сайёхи мурочиат намудаанд;

– шахрвандон (дар алохидаги ё бо гурух), ки бо мачмуи хизматрасонии сайёхи фаро гирифта шудаанд.

Моддаи 7. Талабот оид ба амали намудани хизматрасонии сайёхи

  1. Талаботи асоси нисбат ба субъектхои хизматрасонии сайёхи барои машгул гардидан ба шакли фаъолияти хизматрасони инхоянд:

– доштани хайати касби – як ё якчанд шахсони сохиби малакаи касби ва ё тахассуси сохаи сайёхи;

– озодона муошират карда тавонистани хайати мутахассисон бо забони давлати;

– мавчудияти макони доимии фаъолият бо назардошти шароити мусоиди хизматрасони (чойи муайяни кори ва хизматрасони);

– заминаи хукукии фаъолият (карори муассисон, мувофикаи расми бо макоми ваколатдор ё дигар хуччати расми);

– доштани хатсайри сайёхии дохили;

– доштани шаходатнома оид ба сатх ва сифати хизматрасонии сайёхи.

  1. Талаботи асоси нисбат ба субъектхои хизматрасонии сайёхи барои шакли фаъолияти пешниходи (истехсоли) мол ва махсулоти (маснуоти) сайёхи инхоянд:

– доштани хайати касби – як ё якчанд шахсони сохибтахассуси самти коркарди махсулоти сайёхи;

– озодона муошират карда тавонистани хайати мутахассисон бо забони давлати;

– мавчудияти макони доимии фаъолият бо назардошти шароити мусоиди хизматрасони ва истехсоли (чойи муайяни кори ва хизматрасони);

– мавчудияти китъаи замин ва ё дукони муайяни мувофикашудаи пешниходи махсулоти сайёхи;

– заминаи хукукии фаъолият (карори муассисон, мувофикаи расми бо макоми ваколатдор ё дигар хуччати расми);

– доштани шаходатнома оид ба сатх ва сифати хизматрасонии сайёхи.

  1. Талаботи асоси нисбат ба субъектхои хизматрасони сайёхи барои танзим ва таргиботи саёхати шахрвандон дар дохили мамлакат инхоянд:

– доштани хайати касби – зиёда аз ду шахсони сохиби тахассуси сохаи сайёхи;

– озодона муошират карда тавонистани хайати мутахассисон бо забони давлати ва доштани малакаи иттилоотонии омма;

– мавчудияти макони доимии фаъолият бо назардошти шароити мусоиди хизматрасони (чой муайяни кори ва хизматрасони).

  1. Дар доираи коидахои амали намудани хизматрасонии сайёхи мукаррароти дигар муайян карда мешаванд. Коидахои амали намудани хизматрасонии сайёхи аз чониби Хукумати Чумхурии Точикистон тахия ва тасдик карда мешаванд.
  2. Шахсони сохиби малакаи касби ва ё тахассуси сохаи сайёхи метавонанд хатмкардаи муассисахои таълимии тахсилоти касби ва иловаги (сохиби хуччати намунаи давлатии дахлдор) бошанд.

Моддаи 8. Тартиб ва коидахои стандартони ва сертификатсияи хизматрасонии сайёхи

  1. Тартиб ва коидахои стандартони ва сертификатсияи хизматрасонии сайёхи тибки Конуни мазкур, дигар санадхои конунгузории Чумхурии Точикистон ва коидахои амали намудани хизматрасонии сайёхи ба амал бароварда мешаванд.
  2. Стандартони ва ё сертификатсияи хизматрасонии сайёхи бо тартиби мукарраргардида аз руи намудхои зерини хизматрасони ба рох монда мешаванд:

– рохбалади;

– тарчумони;

– пешхизмати;

– мехмоннавози.

  1. Намуди дигари хизматрасони, ки бояд сертификатсия шавад, бо назардошти бозори хизматрасонии сохаи сайёхи аз чониби Хукумати Чумхурии Точикистон муайян карда мешавад.
  2. Стандартони ва ё сертификатсияи хизматрасонии сайёхи бо тарзхои зерин ба рох монда мешаванд:

– ба воситаи (зимни) мурочиат ва пешниходи махсулоти сайёхи аз чониби субъекти хизматрасонии сайёхи ба макомоти ваколатдори давлати ва дигар низоми дахлдор бо тартиби мукарраргардида, вале дар мухлати на зиёда аз 10 руз (пас аз кабули дархост);

– аз чониби макомоти дахлдори давлати ва дигар низоми дахлдор бевосита зимни мурочиат ва дархости (талаби) махсулоти сайёхи ба (аз) субъекти хизматрасонии сайёхи бо тартиби мукарраргардида, вале дар мухлати на зиёда аз 10 руз (пас аз дастрас гардидани махсулоти сайёхи).

  1. Тартиб ва коидахои стандартони ва сертификатсияи хизматрасонии сайёхи аз чониби Хукумати Чумхурии Точикистон муайян карда мешаванд.

Моддаи 9. Танзими низоми хизматрасони дар сохаи сайёхии дохили

  1. Барои танзими низоми хизматрасони дар сохаи сайёхии дохили Фехристи давлатии субъектхои хизматрасонии сайёхи (минбаъд – Фехристи давлати) бо тарики бахисобгири ташкил карда мешавад.

Бахисобгири дар Фехристи давлати дар ду шакл – мукаррари ва электрони (тарики шабакаи интернет) ба рох монда мешавад.

Аз рузи дар Фехристи давлати ба хисоб гирифта шудани (пайдо шудани ном ва дигар нишондихандахои зарурии) дархостдиханда (шахси вокеи ё хукуки, ё сохибкорони инфиродии барои фаъолият дар сохаи сайёхии дохили дархостдода) фаъолияти он хамчун субъекти хизматрасонии сайёхи расми хисобида мешавад.

Тартиби бахисобгири дар Фехристи давлати тибки мукаррароти Конуни мазкур аз чониби макоми ваколатдори давлати муайян карда мешавад.

Раванди бахисобгириро дар Фехристи давлати Маркази миллии бахисобгирии субъектхои хизматрасонии сайёхи таъмин менамояд.

  1. Чихати таъмини самаранокии фаъолият дар сохаи сайёхии дохили сатху сифати хизматрасонии сайёхи тибки Конуни мазкур бо тарики стандартони ва ё сертификатсияи хизматрасонии сайёхи ба танзим дароварда мешавад.
  2. Бо максади мониторинг ва бахогузории вазъи сайёхии дохили раванди фаъолияти субъектхои хизматрасонии сайёхи аз чониби субъектхои дахлдор мониторинг ва бахогузори карда мешавад.
  3. Шакл ва намудхои дигари танзими низоми хизматрасони дар сохаи сайёхии дохили тибки конунгузории Чумхурии Точикистон ба рох монда мешаванд.

Моддаи 10. Фаъолияти Маркази миллии бахисобгирии субъектхои хизматрасонии сайёхи

  1. Барои танзими раванди бахисобгири дар Фехристи давлати Маркази миллии бахисобгирии субъектхои хизматрасонии сайёхи (минбаъд – Маркази милли) ба сифати шахси хукуки таъсис дода мешавад.
  2. Вазифахои Маркази милли иборатанд аз:

– пешбурди фаъолияти Фехристи давлати;

– бахисобгирии фаъолияти субъектхои хизматрасонии сайёхи;

– сабт ва пахн намудани маълумоти дахлдор вобаста ба ташрифи гурухи сайёхон ба худуд, мавзеъ, минтака ва иншооти муайяни сайёхи;

– кабул ва бозравонии дархост ва эродхои субъектхои хизматрасонии сайёхи оид ба сатх ва сифати хизматрасонии макомоти дахлдори давлати;

– кабул ва бозравонии дархост ва эродхои шахрвандон оид ба сатх ва сифати хизматрасонии сайёхи;

– пахш намудани ахбор ва иттилоот оид ба раванди татбики хизматрасони дар сохаи сайёхии дохили дар мамлакат;

– вазифахои дигаре, ки аз чониби макоми ваколатдори давлати муайян карда мешаванд.

  1. Вазифахои Маркази милли дар сатхи махал ба марказхои хизматрасонии мачмуии сайёхи вобаста карда мешаванд.
  2. Фаъолияти хисоботии субъектхои хизматрасонии сайёхи тарики пешниходи маълумот ба Маркази милли ва воридсозии онхо дар Фехристи давлати ба рох монда мешавад.

Моддаи 11. Шакли фаъолияти субъектхои хизматрасонии сайёхи

  1. Субъектхои хизматрасонии сайёхи метавонанд дар шакли шахсони вокеи, хукуки ва сохибкорони инфироди, давлати ва гайридавлати, гурухи (корпоративи) ва фарди фаъолият намоянд.
  2. Субъектхои хизматрасонии сайёхи метавонанд аз руи шаклхо ва намудхои сайёхии дохили, ки тибки Конуни мазкур муайян шудаанд, фаъолият намоянд.
  3. Субъектхои хизматрасонии сайёхи бо талабот ва тартиби содаи барасмиятдарории фаъолият аз руи шакл ва намудхои муайяни сайёхии дохили хавасманд гардонида мешаванд.
  4. Субъектхои хизматрасонии сайёхи метавонанд бе ичозатнома, вале бо риояи мукаррароти Конуни мазкур ва дигар санадхои меъёрии хукукии Чумхурии Точикистон ба фаъолияти хизматрасони аз руи шакл ва намудхои сайёхии дохили машгул гарданд.

Моддаи 12. Шакл ва намудхои сайёхии дохили

  1. Сайёхии дохили аз шаклхои зерини фаъолият иборат мебошад:

– хизматрасони;

– пешниходи (истехсоли) мол ва махсулоти (маснуоти) сайёхи;

– танзим ва таргиботи саёхати шахрвандон дар дохили мамлакат.

  1. Сайёхии дохили дар Точикистон ба намудхои зерин чудо мешавад:

– фарханги ва маънавию маърифати (васеъ гардонидани чахонбинии маънави тавассути ташриф ба осорхонахо, театрхо, богхо ва дигар чойхои таърихи, мавзеъхо ва иншооти дини, инчунин ширкат дар чорабинихои гуногуни омузиши);

– варзиши (оби, зимистона, шикор ва мохидори);

– саргузаштдор (кухнаварди, хавонаварди, фуруд омадан тарики шаршара, аспсавори, дучархарони дар кухсор, мототсиклрони, гаввоси);

– кори ё хизмати (сафаре, ки аз 24 соат зиёд тул мекашад);

– намоишию тадкикоти (иштирок дар хамоишхои гуногуни маърифати, фарханги, илми ва амали);

– хавасмандгардонии гурухи (сайру саёхати гурухи шахрвандони касбу кор ва шугли ягона дошта);

– тандурусти (сайр (ташриф) чихати табобат ва баркароркунии чисмони ва рухи);

– дехоти (шиносои бо тарзи зист, анъанахо ва урфу одатхои махаллии дехот);

– экологи (сайр ба чойхои дурдаст, хифзи мухити зист);

– динию таърихи (ташриф ба мавзеъхо ва иншооти динию таърихи ва фарханги);

– мактаби (сайру саёхати муташаккилонаи таълимгирандагон ба мавзеъхо ва иншооти таърихи, фарханги ва муосир).

БОБИ 3. САЛОХИЯТ ВА ВАКОЛАТИ МАКОМОТИ ХОКИМИЯТИ ДАВЛАТИ

Моддаи 13. Салохияти Хукумати Чумхурии Точикистон дар сохаи сайёхии дохили

Салохияти Хукумати Чумхурии Точикистон дар сохаи сайёхии дохили инхоянд:

– пешбурди сиёсати давлати дар сохаи сайёхии дохили;

– тасдики стратегия ва барномахои давлатии рушди сохаи сайёхии дохили;

– тасдики коидахои амали намудани хизматрасонии сайёхи;

– тасдики Низомномаи Шурои хамохангсозии милли оид ба рушди сайёхии дохили;

– таъсиси чоизахо дар сохаи сайёхии дохили;

– амали намудани салохияти дигари пешбининамудаи конунгузории Чумхурии Точикистон.

Моддаи 14. Ваколатхои макоми ваколатдори давлати дар сохаи сайёхии дохили

Ваколатхои макоми ваколатдори давлати дар сохаи сайёхии дохили инхоянд:

– татбики сиёсати давлати дар сохаи сайёхии дохили;

– хамоханг сохтани фаъолияти субъектхои хизматрасони дар сохаи сайёхии дохили;

– тахлили вазъият, барраси ва пешниходи масъалахо ба Хукумати Чумхурии Точикистон оид ба рушди сохаи сайёхии дохили;

– тахия ва барои тасдик ба Хукумати Чумхурии Точикистон пешниход намудани лоихаи стратегия ва барномахои давлатии рушди сохаи сайёхии дохили;

– тахия ва барои тасдик ба Хукумати Чумхурии Точикистон пешниход намудани лоихаи коидахои амали намудани хизматрасонии сайёхи;

– тахия ва бо тартиби мукарраргардида тасдик намудани Тартиби фаъолияти амалию ташкили ва хукукии рохбалад ва тарчумон;

– тахлил ва муайян намудани талабот ба хатсайри сайёхии дохили;

– тахия ва тасдик намудани дигар санадхои меъёрии хукукии танзимкунандаи муносибатхо дар сохаи сайёхии дохили;

– тахлил ва пешниходи масъалахо ба Хукумати Чумхурии Точикистон чихати ба амал баровардани фармоиши ичтимоии давлати дар самти тадкик, тахлил, мониторинг ва тахкими равандхои ташкили сайёхии дохили;

– мониторинг ва бахогузории раванди фаъолияти субъектхои хизматрасонии сайёхи;

– ташкили Фехристи давлати;

– таъсиси Маркази милли;

– пешниходи таклифхо ба Хукумати Чумхурии Точикистон оид ба таъсиси чоизахо дар сохаи сайёхии дохили;

– амали намудани ваколатхои дигари пешбининамудаи конунгузории Чумхурии Точикистон.

Моддаи 15. Ваколатхои макомоти махаллии хокимияти давлати дар сохаи сайёхии дохили

Ваколатхои макомоти махаллии хокимияти давлати дар сохаи сайёхии дохили инхоянд:

– татбики сиёсати давлати дар сохаи сайёхии дохили дар махал;

– тасдики барномахои махаллии рушди сохаи сайёхии дохили;

– ба рох мондани фармоиши ичтимоии давлати дар сохаи тадкик, тахлил, мониторинг ва тахкими равандхои ташкили сайёхии дохили дар махал;

– тасдики Низомномаи Шурои хамохангсозии махаллии рушди сайёхии дохили;

– таъсиси чоизахо дар сохаи сайёхии дохили дар махал;

– назорати раванди фаъолияти субъектхои хизматрасонии сайёхи дар сохаи истифодаи самараноки захирахои махаллии сайёхи;

– амали намудани ваколатхои дигари пешбининамудаи конунгузории Чумхурии Точикистон.

Моддаи 16. Ваколатхои макомоти махаллии сохаи сайёхии дохили

Ваколатхои макомоти махаллии сохаи сайёхии дохили инхоянд:

– хамоханг сохтани фаъолияти субъектхои хизматрасонии сайёхи;

– тахлили вазъият, барраси ва пешниходи масъалахо ба макомоти махаллии хокимияти давлати оид ба татбики самараноки сиёсати давлати дар сохаи сайёхии дохили;

– тахия ва барои тасдик ба макомоти махаллии хокимияти давлати пешниход намудани лоихаи барномахои махаллии рушди сохаи сайёхии дохили;

– тахлил ва муайян намудани хатсайрхои махаллии сайёхии дохили;

– мусоидат ба ташкили субъектхои махаллии хизматрасонии сайёхи аз руи намудхои мувофики сайёхии дохили;

– тахлил ва пешниходи масъалахо ба макомоти махаллии хокимияти давлати чихати ба амал баровардани фармоиши ичтимоии давлати дар самти тадкик, тахлил, мониторинг ва тахкими равандхои ташкили сайёхии дохили;

– мониторинг ва бахогузории раванди фаъолияти субъектхои махаллии хизматрасонии сайёхи;

– пешниходи таклифхо ба макомоти махаллии хокимияти давлати оид ба таъсиси чоизахо дар сохаи сайёхии дохили;

– амали намудани ваколатхои дигари пешбининамудаи конунгузории Чумхурии Точикистон.

Моддаи 17. Ваколатхои макомоти худидоракунии шахрак ва дехот дар сохаи сайёхии дохили

Ваколатхои макомоти худидоракунии шахрак ва дехот дар сохаи сайёхии дохили инхоянд:

– татбики барномахои махаллии рушди сохаи сайёхии дохили;

– назорати раванди фаъолияти субъектхои хизматрасонии сайёхи дар самти истифодаи самараноки захирахои сайёхи дар худуди шахрак ва дехот;

– амали намудани ваколатхои дигари пешбининамудаи конунгузории Чумхурии Точикистон.

БОБИ 4. ДАСТГИРИИ ДАВЛАТИИ РУШДИ САЙЁХИИ ДОХИЛИ

Моддаи 18. Ташаккул ва рушди инфрасохтори сайёхи

  1. Барои рушди сайёхии дохили дар мамлакат инфрасохтори зерин ташкил карда мешавад:

– шурохои милли ва махаллии рушди сайёхии дохили;

– марказхои мачмуии хизматрасонии сайёхи;

– гушахои иттилоотии сайёхи;

– мехмонхонахои махсус (хурд);

– мехмонхонахо;

– мехмонхона барои сайёхон дар манзилхои (хонахои) истикомати – хизматрасонии хонаги (хонаист);

– марказхои хизматрасонии наклиёти;

– нуктахои хизматрасонии мачмуии сарирохи;

– дуконхои фуруши мол ва махсулоти сайёхи;

– марказхои фархангию фарогати ва дилхуши;

– истгоххои наклиёти ва дучарха;

– хадамоти табобатию истирохати;

– мавзеъхои фархангию таърихи ва дини (осорхонахо, китобхонахо, зиёратгоххо);

– минтакахои мохигири ва шикор;

– чойхо ва худудхои манъшуда барои сайру саёхат.

  1. Намуди (номгуи) дигари инфрасохтори сайёхи бо тартиби мукаррарнамудаи конунгузории Чумхурии Точикистон аз чониби макоми ваколатдори давлати муайян карда мешавад.

Моддаи 19. Ташкили фаъолияти шурохои хамохангсози оид ба рушди сайёхии дохили

  1. Барои хамохангсозии фаъолият, хамгироии имкониятхо ва хал намудани масъалахои алокаманд ба рушди сайёхии дохили дар назди Хукумати Чумхурии Точикистон ва макомоти ичроияи махаллии хокимияти давлати, дар асоси чамъияти, шурохои хамохангсозии милли ва махаллии рушди сайёхии дохили таъсис дода мешаванд.
  2. Низомномаи Шурои хамохангсозии милли оид ба рушди сайёхии дохили аз чониби Хукумати Чумхурии Точикистон, мувофикан низомномахои шурохои хамохангсозии махаллии рушди сайёхии дохили аз чониби макомоти ичроияи махаллии хокимияти давлати тасдик карда мешаванд.
  3. Барои аъзоги ба шурохои хамохангсозии милли ва махалли намояндагони макомоти дахлдори давлати, сохибкорон, ширкатхо, ассотсиатсияхои сайёхи ва иттиходияхои чамъияти чалб карда мешаванд.

Моддаи 20. Банакшагирии инфрасохтори сайёхи хангоми сохтмони иншооти калонхачми чамъияти

  1. Хангоми банакшагирии иншооте, ки на кам аз 500 метри мураббаъ масохат дорад, ба истиснои манзилхои истикомати (иншооти калонхачм), аз чониби макомоти дахлдори давлати дар он ташкили инфрасохтори сайёхи ба инобат гирифта мешавад.
  2. Инфрасохтори сайёхи дар иншооти калонхачм метавонад аз як ё якчанд номгуи (нуктаи) хизматрасони иборат бошад.
  3. Молики иншооти калонхачм барои ташкили фаъолияти пурсамари инфрасохтори сайёхи масъул мебошад.
  4. Шакл ва намуди хизматрасонии инфрасохтори сайёхи бояд ба шакл ва намуди фаъолият ва хизматрасонии иншоот мутобик бошад.
  5. Дар замина ва ё сохтори иншооти калонхачм инфрасохтори мувофики сайёхи ташкил карда мешавад.

Моддаи 21. Ба инобат гирифтани инфрасохтори сайёхи хангоми тахияи накшаи генералии махалли ахолинишин ва истифодаи китъахои замин

  1. Хангоми тахияи накшаи генералии махалли ахолинишин ва истифодаи китъахои замин аз чониби макомоти дахлдори давлати бунёди инфрасохтори сайёхи бо риояи талаботи Конуни мазкур ва дигар санадхои конунгузории Чумхурии Точикистон ба инобат гирифта мешавад.
  2. Дар китъахои замини фарогири иншооти калонхачм, ба истиснои манзилхои истикомати як ё якчанд инфрасохтори мувофики сайёхи ташкил карда мешавад.
  3. Шакли тархи инфрасохтори сайёхи бо мувофикаи якчояи макомоти ваколатдори давлатии сохахои дахлдор муайян карда мешавад.

Моддаи 22. Амалисозии фармоишхои ичтимоии давлати, грантхо ва субсидияхо дар сохаи сайёхии дохили

  1. Барои хал намудани мушкилот ва ташаккули заминаи илмию амали дар самти рушди сайёхии дохили фармоишхои ичтимоии давлати, грантхо ва субсидияхо ба амал бароварда мешаванд.
  2. Фармоишхои ичтимоии давлати, грантхо ва субсидияхо бо тартиби мукарраргардида аз хисоби маблагхои бучети давлати ва гайрибучети аз чониби макомоти дахлдори давлати муайян карда шуда, барои рушди намудхои зерини фаъолият дар сохаи сайёхии дохили равона карда мешаванд:

– ташкили корхои тахлили ва илмию тадкикоти;

– омодасозии касби, такмили ихтисос, малака ва тачрибаомузи;

– ташкили мониторинг ва баходихии раванди хизматрасонии сайёхи;

– бахисобгири, стандартони ва сертификатсияи фаъолияти субъектхои хизматрасонии сайёхи дар сохаи хизматрасони;

– таъминоти иттилооти ва таргиботи сайёхии дохили.

  1. Фармоишхои ичтимоии давлати, грантхо ва субсидияхо бо тарзи мустаким (махсус) ва тавассути барномахои давлатии рушди сайёхии дохили ташаккул дода мешаванд.
  2. Барои амалисозии фармоишхои ичтимоии давлати, грантхо ва субсидияхо субъектхои хизматрасон (ичрокунандагон) аз хисоби иттиходияхои чамъиятии сайёхи, муассисахои таълими, аз чумла илмию тадкикоти бо тартиби мукарраргардида чалб карда мешаванд.

Моддаи 23. Таъмини дастрасии иттилоот дар сохаи сайёхии дохили

  1. Бо максади таргиботи сайёхии дохили бо хамохангии макоми ваколатдори давлати сомонаи миллии интернети ташкил карда мешавад.
  2. Субъектхои хизматрасонии сайёхи вобаста ба фаъолияти худ сомонаи интернети ва ё сахифа(хо)и ичтимоии интернети ташкил намуда, мунтазам маълумоти дахлдорро дар он(хо) чойгир менамоянд.
  3. Шабакахои радио ва телевизиони давлати барномахои доимоамалкунандаи махсуси марбут ба рушди сайёхии дохилиро ташкил менамоянд ва эълони (таблиги) сайёхии ичтимоиро ройгон ба рох мемонанд.
  4. Матбуоти даври ва дигар воситахои ахбори омма бо назардошти имкониятхои мавчуда мунтазам таргиботи сайёхии дохилиро амали менамоянд.
  5. Маводи иттилооти хангоми мухолифат надоштани мазмуни он ба конунгузории Чумхурии Точикистон ва фарханги милли, озодона пахн карда мешавад.

Моддаи 24. Мониторинг ва баходихии сатхи истифодабари ва самаранокии инфрасохтори сайёхи

  1. Бо максади таъмини сатху сифати истифодабари ва самаранокии инфрасохтори сайёхи раванди хизматрасонии сайёхи мунтазам зимни мониторинг ва баходихи карор дода мешавад.
  2. Мониторинг ва баходихии раванди хизматрасонии сайёхи аз чониби субъектхои идоракунанда, хамохангсоз ва мониторинги сайёхии дохили амали гардонида мешавад.
  3. Мониторинг ва баходихи ба воситаи иттиходияхои чамъиятии сайёхи (ассотсиатсияхо) ва дигар субъектхои дахлдор бо тартиби мукаррарнамудаи Конуни мазкур ташкил карда мешавад.
  4. Натичаи амалиёти мониторинг ва баходихи дар шакли хатти (когази) ва ё электрони – маводи тахлилии иттилооти ва тавсияви тарики воситахои ахбори омма пешниходи чомеа гардонида мешавад.

Моддаи 25. Иштироки муассисахои таълими, фарханги ва таърихи дар рушди сайёхии дохили

  1. Муассисахои таълими, фарханги ва таърихи дар рушди сайёхии дохили иштироки фаъол менамоянд.
  2. Муассисахои таълими барои ташкили саёхати мутташакилонаи таълимгирандагон (бо мизони ташрифи (саёхати) як таълимгиранда дар як сол хадди акал ба ду мавзеи (макони) сайёхи) масъул мебошанд.
  3. Саёхати мутташакилонаи таълимгирандагон бо тартиби мукарраргардида бо чалби субъектхои хизматрасонии сайёхи ба рох монда мешавад.
  4. Дар муассисахои таълими гушаи сайёхи ташкил карда шуда, мавзуъхои гуногуни фарогири сиёсати давлати дар сохаи сайёхии дохили ва таргиботи захирахои сайёхии мамлакат ба таълимгирандагон омузонида мешавад.
  5. Муассисахои фархангию таърихи (осорхона, китобхона, театр) дар як сол на кам аз 10 руз рузхои дархои кушод барои ташрифи ройгони сайёхони дохили, аз чумла таълимгирандагон ташкил менамоянд.
  6. Хамкории муассисахои таълими, фарханги ва таърихи бо субъектхои хизматрасонии сайёхи бевосита ба рох монда мешавад.
  7. Барои дастрасии маълумоти мухтасар оид ба фаъолияти муассисахои таълими, фарханги ва таърихи аз чониби макомоти ичроияи махаллии хокимияти давлати махзани маълумот ташкил карда мешавад.
  8. Муассисахои таълими, фарханги ва таърихи ухдадор мегарданд, ки барои хамкори бо субъектхои хизматрасонии сайёхи шароит фарохам оваранд.

Моддаи 26. Рушди маърифатноки ва маданияти сайёхии шахрвандон

  1. Барои рушди сатхи маърифатноки ва маданияти сайёхии шахрвандон мунтазам тадбирхои омузиши, таълими ва маънавию таргиботи баргузор карда мешаванд.
  2. Субъектхои идоракунанда, хамохангсоз ва мониторинги сайёхии дохили аз руи махали фаъолият лоихахо ва барномахои гуногуни омузиши, таълими ва маънавию таргиботиро дар байни чомеа ва бо иштироки фаъоли вакилони чамоатхо тахия ва татбик менамоянд.
  3. Бо максади иттилоотонии мунтазами шахрвандон оид ба масъалахои марбут ба рушди сайёхии дохили тарики воситахои ахбори омма, аз чумла шабакахои радио ва телевизионии давлати тадбирхо андешида мешаванд.
  4. Дар сатхи субъектхои идоракунанда, хамохангсоз ва мониторинги сайёхии дохили аз руи имконот мачаллаи даври ё хафтанома ва ё сомонаи махсусгардонидашудаи интернети оид ба рушди сайёхии дохили ташкил карда мешавад.
  5. Дар низоми сохаи маориф барномахои дахлдори таълими бо назардошти чабхахои сайёхии дохили тартиб дода мешаванд.

Моддаи 27. Тадбирхо чихати мутобик гардонидани чойхои чамъияти ва шохроххо ба талаботи сайёхон ва меъёрхои сифати мухити зист

  1. Барои мутобик гардонидани чойхои чамъияти ва шохроххо ба талаботи сайёхон ва меъёрхои сифати мухити зист аз чониби макомоти дахлдори давлати бевосита ва ё ба воситаи сохибкорон ва дигар шахсони хохишманд тадбирхои зерин ба амал бароварда мешаванд:

– дар чойхои чамъияти, ки зиёда аз 100 нафарро дар як вакт фаро мегиранд, ташкил намудани фаъолияти нуктахои хизматрасонии тибби, хуроки умуми, таваккуфгохи автомобилхо, ташноб ва дигар ниёзхои аввали;

– дар шохроххо ташкил намудани фаъолияти доимии нуктахои тиббию тозаги (дастгоххои худфаъолияти фуруши дорувори, ташнобхо ва нуктахои дигар), хизматрасонии хуроки умуми, истгох ва таъмири автомобилхо, таъмини сузишвори ва дигар ниёзхои аввали;

– дар фосилаи хар 100 км худуди дахлдори шохроххо ташкил намудани мехмонхонаи хурд.

  1. Тадбирхои дигари мутобикгардонии чойхои чамъияти ва шохроххо ба талаботи сайёхон ва меъёрхои сифати мухити зист тибки конунгузории Чумхурии Точикистон амали гардонида мешаванд.

Моддаи 28. Фарохам овардани шароитхои муносиб чихати чалби сохибкорон ва сармоягузорон дар рушди сайёхии дохили

  1. Барои чалб ва иштироки фаъоли сохибкорон ва сармоягузорон дар амали гардонидани тадбирхо оид ба рушди сайёхии дохили шароитхои муносиб фарохам оварда мешаванд.
  2. Барои сохибкорон, ки фаъолиятро дар сохаи сайёхии дохили ба рох мемонанд, тибки мукаррароти Конуни мазкур имтиёзхо мукаррар карда мешаванд.
  3. Ташаббусхои сармоягузорон барои ташкил ва бунёди инфрасохтори сайёхи, маблаггузории барномахо ва лоихахои марбут ба рушди сайёхии дохили аз чониби давлат дастгири ва хавасманд гардонида мешаванд.
  4. Барои хавасмандгардонии сохибкорон ва сармоягузорон чихати сахмгузори дар рушди сайёхии дохили макомоти махаллии хокимияти давлати дар доираи ваколати худ ва Конуни мазкур имтиёзхо мукаррар менамояд.

Моддаи 29. Татбики барномахои махалли оид ба рушди сайёхии дохили

  1. Дар сатхи Вилояти Мухтори Кухистони Бадахшон, вилоятхо, шахри Душанбе, шахр ва нохияхо бо фарогирии нишондихандахои зерин барномахои махалли оид ба рушди сайёхии дохили татбик карда мешаванд:

– тахлили вазъияти иктисодию ичтимоии махал ва муайян намудани мушкилоти мубрами хаёти;

– мукаррар намудани вазифахои мушаххас, дурнамои махал ва мухлати татбики онхо;

– муайян намудани манбаъхои вокеии маблаггузории вазифахои интихобгардида;

– чалб намудани субъектхои идоракунанда, хамохангсоз ва мониторинг дар амалисозии вазифахои интихобгардида;

– ба инобат (руйхат) гирифтани захирахо ва имкониятхои (фарханги, таърихи, табии ва индустриали) чолиби сайёхии махал ва василахои хифз ва рушди онхо;

– мукаррар намудани фармоиши ичтимоии давлати барои амалисозии вазифахои мухими интихобгардидаи ичтимоию иктисоди;

– ба накша гирифтани мониторинги мунтазами раванди татбики вазифахои интихобгардида;

– мукаррар намудани нишондихандахои дигар аз чониби макомоти махаллии хокимияти давлати бо инъикос намудани зарурати онхо.

  1. Татбики барномахои махалли оид ба рушди сайёхии дохили барои таргиботи сайёхии дохили, омодасозии касби, таъмини иттилооти, мониторинг ва баходихии вазъият ва хамохангсозии фаъолият равона мегарданд.

Моддаи 30. Тадбирхо оид ба хифз ва нигохдории захирахои сайёхи

  1. Хифз ва нигохдории захирахои сайёхи аз чониби макоми ваколатдори давлати ва макомоти ичроияи махаллии хокимияти давлати бевосита таъмин карда мешавад.
  2. Барои хифз ва нигохдории захирахои сайёхи, аз чумла эмин будани онхо аз вайроншави, кухнашави, хурдашави, сармозани, нобудшави, горатшави, суиистеъмолшави ва поймолшави тадбирхои дахлдор амали гардонида мешаванд.
  3. Афзалиятноки, тартиб ва шароити хифз ва нигохдории захирахои сайёхи аз чониби макомоти ичроияи махаллии хокимияти давлати дар мувофика бо макоми ваколатдори давлати муайян карда мешаванд.
  4. Хангоми саёхат барои шахрвандон истифода ва ё тамошои захирахои сайёхи махдуд карда намешавад, ба истиснои холатхое, ки боиси вайроншави, кухнашави, хурдашави, сармозани, нобудшави, горатшави, суиистеъмолшави ва поймолшавии онхо мегарданд.

БОБИ 5. ТАШКИЛИ ХИЗМАТРАСОНИ ДАР СОХАИ САЙЁХИИ ДОХИЛИ

Моддаи 31. Фаъолияти марказхои мачмуии хизматрасонии сайёхи

  1. Марказхои мачмуии хизматрасонии сайёхи дар сатх ва худуди шахр ва ё нохия дар шакли шахси хукуки ташкил ёфта, ба хизматрасонии зерин машгул мегарданд:

– чамъоварии омор ва ташкили иттилоот оид ба раванди хизматрасонии сайёхи дар махал ва пешниходи он ба Маркази миллии бахисобгирии субъектхои хизматрасонии сайёхи ва макомоти махаллии сохаи сайёхи;

– кабул ва равона кардани сайёхон;

– таъмини иттилоот ва кумаки техники ба сайёхон ва шахрвандони майли сайру саёхат дошта;

– пешбурди махзани маълумот оид ба захирахои сайёхии махал;

– бо тартиби мукарраргардида ташкили даврахои (курсхои) гуногуни дахлдори омузиши дар самти омода намудани кадрхо, таълими (омузиши) малака, такмили ихтисос ва касби мутахассисони сохави, тачрибаомузи;

– ташаккул ва рушди фаъолияти волонтёрии хизматрасонии сайёхи;

– додани машварати ташкилию хукуки.

  1. Марказхои мачмуии хизматрасонии сайёхи метавонанд давлати ва гайридавлати бошанд.
  2. Тобеияти марказхои мачмуии хизматрасонии сайёхи мувофик ба шакли ташкилию хукукии фаъолият бо назардошти мукаррароти Конуни мазкур ва дигар санадхои меъёрии хукукии Чумхурии Точикистон муайян карда мешавад.
  3. Хамкори ва шарикии марказхои мачмуии хизматрасонии сайёхи бо макомоти ичроияи махаллии хокимияти давлати дар асоси созишномаи генерали ба рох монда мешавад.
  4. Намуди дигари фаъолияти марказхои мачмуии хизматрасонии сайёхи тибки конунгузории Чумхурии Точикистон муайян карда мешавад.

Моддаи 32. Хизматрасонии машваратию иттилооти, мехмоннавози, пешхизмати ва сайёхи

  1. Хизматрасонии машваратию иттилооти тибки конунгузории Чумхурии Точикистон дар шаклхои зерин амали гардонида мешавад:

– сухбати фарди ва гурухи;

– вохурихо ва мулокотхо;

– мурочиат ё дархости хатти ва электрони;

– муоширати мустаким ва фосилави;

– тахия ва пахн намудани маводи хатти, электрони, видеои ва аудиои;

– ташкили сомонахои махсуси интернети.

  1. Хизматрасонии машваратию иттилоотии касби аз чониби мутахассисони сохибтачриба ва шахсони сохибтахассус, ки на кам аз 2 сол тачриба дар ин соха доранд, ба амал бароварда мешавад.
  2. Хизматрасонии машваратию иттилоотии амали аз чониби субъектхои хизматрасонии сайёхи бо максади пешниходи махсулоти сайёхи ба рох монда мешавад.
  3. Барои хизматрасони ба мехмонон – сайёхон танхо ба шахсони сохибтачриба, сохибмалака ва ё сохибтахассус рухсат дода мешавад.
  4. Сатх ва сифати мехмоннавози ва пешхизмати дар доираи Конуни мазкур ва дигар санадхои меъёрии хукукии Чумхурии Точикистон мукаррар карда мешаванд.
  5. Барои шахсони мехмоннавоз ва пешхизмат нишондихандахои зерин хатми мебошанд:

– донистани забони давлати;

– доштани малакахои касби ва ё тахассуси муносиб;

– доштани либоси махсуси муносиб ба хизматрасони;

– хушмуомилаги ва рафтору кирдори ботахаммул хангоми хизматрасони.

  1. Бо максади таргиботи мунтазами имконият ва захирахои сайёхи макомоти ичроияи маркази ва махаллии хокимияти давлати, мувофикан дар соха ва худуди худ дар шаклхои зерин гушахои иттилоотии сайёхи ташкил менамоянд:

– лавхахои видеои ва тасвири дар марказхои шахру нохияхо ва назди ташкилоту муассисахо;

– дастгоххои компютерии доимоамалкунандаи беруни, ки ба шахсони хохишманд маълумоти заруриро таъмин намоянд (чунин дастгоххо бояд дар чойи чамъияти ва бехатар насб карда шаванд);

– гушахои дохилиидорави дар чойи чамъиятии ташкилоту муассисае, ки зиёда аз 200 нафар корманди доими ва ё ташрифоваранда доранд;

– гушахои мактаби дар сахни (чойи чамъиятии) муассисахои таълими бо назардошти вохидхои сохтории онхо.

Моддаи 33. Хизматрасонии хонаги (хонаист)

  1. Бо максади фарохам овардани шароити мусоид, бехтар гардонидани тарзи зист ва дастрасии сайёхон ба имкониятхои маиши дар минтакахои мамлакат хизматрасонии хонаги (хонаист) ба рох монда мешавад.
  2. Хизматрасонии хонаги (хонаист) ба таври озод бо максади бехтар гардонидани шароити иктисоди аз чониби субъекти хизматрасонии хонаги (хонаист) дар худуди манзилхои (хонахои) истикомати ташкил карда мешавад.
  3. Барои пешниход намудани хизматрасонии хонаги (хонаист) субъекти хизматрасонии хонаги (хонаист) талаботи зеринро амали мегардонад:

– дар манзилхои (хонахои) истикоматии хусуси хучраи алохида бо масохати зист дар хачми на кам аз 30 метри мураббаъ чудо (сохтмон) менамояд. Хучраи чудошуда бояд камаш аз се кисмат: чойи хоб, чойи хурок, ташноб ва чойи дастуруйшуи иборат бошад;

– барои сайёх, хангоми кабул кардан, бояд тартиби буду боши у фахмонида шуда, руйхати таомхо пешниход карда шавад.

  1. Талаботи дигари хизматрасони аз чониби макоми ваколатдори давлати дар доираи Конуни мазкур муайян карда мешаванд.
  2. Мурочиати (пешниходи) хаттии субъекти хизматрасонии хонаги (хонаист) оид ба анчом додани расмиёти дахлдор барои корхои сохтмони аз чониби макомоти дахлдор дар мухлати на зиёда аз 10 руз барраси гардида, хуччатхои дахлдор ба субъекти хизматрасонии хонаги (хонаист) таъмин карда мешаванд. Дар холатхои зарури ба субъекти хизматрасонии хонаги (хонаист) оид ба анчом додани расмиёти дахлдор ройгон машварати хукуки дода мешавад.
  3. Субъекти хизматрасонии хонаги (хонаист) метавонад дар шакли шахси вокеи, хукуки ё сохибкори инфироди фаъолияти худро ба рох монад.
  4. Доштани хатсайри сайёхии дохили ба субъекти хизматрасонии хонаги (хонаист) зарурат надорад.
  5. Фаъолияти пурсамари субъекти хизматрасонии хонаги (хонаист) аз чониби макомоти дахлдори хокимияти давлати бо тартиби мукарраргардида хавасманд гардонида мешавад.
  6. Хукумати Чумхурии Точикистон барои дастгири ва хавасмандгардонии субъекти хизматрасонии хонаги (хонаист) имтиёзхо пешбини менамояд.

Моддаи 34. Хизматрасони хангоми саёхати кишоварзи

  1. Барои таквият бахшидани фаъолияти кишоварзи ва баланд бардоштани сатхи маданияти кишоварзии шахрвандон дар мавзеъхо, иншоот ва заминхои (худудхои) ташкилоту корхонахои кишоварзи ва хочагихои дехкони (минбаъд – объекти кишоварзи) ташкили саёхати муташаккилона ба рох монда мешавад.
  2. Саёхати шахрвандон ба объекти кишоварзи тавассути субъектхои хизматрасонии сайёхи дар хамкории бевосита бо ташкилоту корхонахои кишоварзи ва хочагихои дехкони ба рох монда мешавад.
  3. Объекти кишоварзи дар холате объекти сайёхи пазируфта (интихоб карда) мешавад, агар:

– фаъолияти хуб ва намунавии истехсолию хосилноки дошта бошад;

– дар худуди на кам аз 2 га замин ва на кам аз 500 метри мураббаъ иншооти кишоварзи дошта бошад;

– сомонаи интернети ва ё сахифаи ичтимоии худро дар шабакаи интернети дошта бошад;

– кобилият ва ё имконияти муаррифи намудани дастовардхои кишоварзии худро дошта бошад.

  1. Талаботи дигар тибки конунгузории Чумхурии Точикистон аз чониби субъектхои хизматрасонии сайёхи мукаррар карда мешаванд.

Моддаи 35. Хизматрасонии техникию наклиёти

  1. Барои таъмини бехатари ва коршоямии воситахои наклиёт дар худуди мавзеъхои сайёхи хизматрасонии техникию наклиёти ба рох монда мешавад.
  2. Нуктахои хизматрасонии техникию наклиёти метавонанд дар шакли истгохи махсуси наклиёти (барои автомобил ва дучарха), нуктаи таъмири автомобил, нуктаи баркароркуни ва таъмири техникаи электрони, маркази ичораи автомобил, дучарха ва дигар воситаи техники ташкил карда шаванд.
  3. Барои саёхати шахрвандон ба воситаи наклиёт (автомобил ё дучарха) дар худуди мамлакат афзалият дода шуда, тибки конунгузории Чумхурии Точикистон имтиёзхо мукаррар карда мешаванд.

Моддаи 36. Хизматрасонии сарирохи ва таъмини тозаги

  1. Дар худуди тамоми мавзеъхои сайёхи хизматрасонии сарирохи дар шакли ошхона, нуктаи савдои маводи гизои ва махсулоти сайёхи, маркази ичораи воситахои савори, нуктаи суратгири ва наворгири ба рох монда мешаванд.
  2. Тозагии худуд ва дохили иншооти сайёхи хамаруза таъмин карда шуда, барои пешбурди он, вуруд ба намуди муайяни иншооти сайёхи метавонад бо тартиби мукарраргардида пулаки мукаррар карда шавад.
  3. Дар худуди мавзеъ ва иншооти сайёхи нуктахои хизматрасонии тибби ва дорухонаи сайёр, истгохи автомобил ва ташноб ташкил карда мешаванд.
  4. Талаботи дигари хизматрасонии сарирохи ва таъмини тозагиро макоми ваколатдори давлати бо тартиби мукарраргардида муайян менамояд.

Моддаи 37. Истехсол ва фуруши махсулоти сайёхи

  1. Барои рушди сохаи сайёхи дар мамлакат истехсол ва фуруши махсулоти сайёхи бо рохи пешбини намудани имтиёзхои дахлдор аз чониби давлат дастгири карда мешавад.
  2. Ташкилоту муассисахо, бахусус субъектхои хизматрасонии сайёхи тибки конунгузории Чумхурии Точикистон метавонанд ба истехсол ва фуруши махсулоти сайёхи машгул шаванд.
  3. Ба фуруши махсулоти сайёхи дар худуди мавзеъхо ва иншооти сайёхи афзалият дода мешавад.
  4. Фаъолияти субъектхои хизматрасонии сайёхи дар самти истехсоли махсулоти сайёхи аз чониби макомоти ичроияи махаллии хокимияти давлати дастгири карда шуда, бо рохи чудо намудани китъаи замин, ичора додани толор ва бинохо, ба анчом расонидани тадбирхои дигар тибки конунгузории Чумхурии Точикистон хавасманд гардонида мешаванд.

Моддаи 38. Чорабинихои фархангию фарогати ва дилхуши

  1. Бо максади хавасмандии шахрвандон ба саёхат, рушди маданияти сайёхи, тахкими андешаи милли ва човидонии анъанахо, урфу одатхои милли хангоми саёхати гурухи дар мавзеъхо ва иншооти сайёхи чорабинихои фархангию фарогати ва дилхуши ташкил карда мешаванд.
  2. Чорабинихои фархангию фарогати ва дилхуши бо назардошти муаррифии анъана ва урфу одатхои милли дар намудхои зерин ташкил карда мешаванд:

– барномахои консерти ва ракси;

– барномахои хачвнигори ва таклид;

– хониши шеъру газал;

– озмунхои хозирчавоби;

– намоишхои дастовардхо;

– намоишхои театри ва филм.

Моддаи 39. Хизматрасонии табобатию истирохати

  1. Хизматрасонии табобатию истирохати дар муассисахои махсусгардонидашуда бо чалби шахсони сохиби малакаи касби ва тахассуси дахлдор амали гардонида мешавад.
  2. Масъулияти дар сатхи зарури ичро нагардидани ухдадорихои хизмати, ки ба саломатии сайёх метавонад зиён расонад ба ухдаи субъекти хизматрасонии сайёхи (ташкилкунандаи саёхат) ва муассисаи хизматрасон вогузор мебошад.
  3. Сифати хизматрасонии табобатию истирохати дар доираи конунгузории Чумхурии Точикистон тахти санчиш карор дода мешавад.

Моддаи 40. Хизматрасонии рохбалади ва тарчумони

  1. Шахрванди Чумхурии Точикистон, ки малакаи касби ва ё тахассуси рохбалади ва тарчумониро дорад, метавонад ба фаъолияти намуди хизматрасонии рохбалади ва тарчумони машгул гардад.
  2. Донишчуёне, ки малакаи касби ва ё тахассуси рохбалади ва тарчумониро доранд, дар вактхои берун аз тахсил метавонанд ба фаъолияти намуди хизматрасонии рохбалади ва ё тарчумони ба сифати ихтиёри (волонтёр) ё хизматрасон машгул гарданд.
  3. Субъектхои хизматрасонии сайёхи бояд дар сохторхои идоракунии худ камаш як рохбалад ва як тарчумон дар шакли корманди доими ё муваккати (киро) ва ё ихтиёри (волонтёр) дошта бошанд.
  4. Тартиби фаъолияти амалию ташкили ва хукукии рохбалад ва тарчумон бо назардошти талаботи зерин аз чониби макомоти ваколатдори давлати тахия ва бо тартиби мукарраргардида тасдик карда мешавад:

Рохбалад бояд:

– сохиби малакаи касби ва ё тахассуси дахлдор бошад;

– дар бораи минтака ва худуд, таърих ва фарханг, урфу одат ва анъанахои объекти муайяни фаъолият маълумоти дакик ва дуруст дошта бошад;

– малакаи муоширатию ровиги дошта бошад;

– забони давлати ва таърихи халки точикро донад.

Тарчумон бояд:

– забони муайяни хоричиро донад ва дар ин хусус хуччати намунаи давлати дошта бошад;

– забони давлати ва таърихи халки точикро донад;

– малака ва махорати хатии тарчумони ва муоширатию ровиги бо забони муайяни хоричи дошта бошад.

Моддаи 41. Хизматрасонии намоишию таргиботи

  1. Бо максади фарохам овардани шароити мусоиду ракобатпазир ва таблиготи имкониятхо дар сохаи сайёхии дохили субъектхои хизматрасонии сайёхи метавонанд махсулот ва хизматрасонии намоишию таргиботии худро дар шаклхои зерин ба рох монанд:

– дар кучахо ташкил намудани фаъолияти лавхахои намоишию таргиботи;

– фармоиш ва амалисозии наворхои телевизиони ва сабтхои радиои;

– иштирок дар намоишгоххои махалли, чумхурияви ва пешниходи махсулоти сайёхи;

– ташкил намудани намоишгоххои махалли, чумхурияви ва пешниходи махсулоти сайёхи;

– тахия ва пахн намудани маводи иттилооти;

– тахия ва ба кор андохтани сомонахои интернетии намоишию таргиботи.

  1. Хизматрасонии намоишию таргиботи аз чониби субъектхои хизматрасонии сайёхи ва макомоти дахлдори давлати бо тартиби мукарраргардида дастгири карда мешавад.

Моддаи 42. Шикор ва мохигири

  1. Шикор ва мохигири тибки конунгузории Чумхурии Точикистон дар чойхо ва худудхои муайян ба рох монда мешаванд.
  2. Ба намуди хизматрасонии шикор ва мохигири субъектхои хизматрасонии сайёхи метавонанд машгул гарданд.
  3. Барои шахрванди (сайёхи) кобили мехнат мохигири озод мебошад.
  4. Барои шикор танхо шахрвандоне (сайёхоне) хукук доранд, ки бо тартиби мукарраргардида ичозатномаи шикорчи дошта бошанд.
  5. Тартиби ташкили хизматрасонии шикору мохигири ва руйхати мавзеъхои муносибро барои шикор ва мохигири макоми ваколатдори давлати дар мувофика бо макомоти дахлдори давлати муайян менамояд.

Моддаи 43. Чамъоварии растанихо, хосили растанихо ва нихолхои меваги аз чониби сайёхони дохили

  1. Чамъоварии растанихо, хосили растанихо ва нихолхои меваги аз чониби сайёхони дохили тибки конунгузории Чумхурии Точикистон дар чойхо ва худудхои муайяншуда ба рох монда мешаванд.
  2. Ба намуди хизматрасонии чамъоварии растанихо, хосили растанихо ва нихолхои меваги субъектхои хизматрасонии сайёхи метавонанд машгул гарданд.
  3. Барои шахрванди (сайёхи) кобили мехнат чамъоварии растанихо, хосили растанихо ва нихолхои меваги озод мебошад, агар тартиби дигареро конунгузории Чумхурии Точикистон муайян накарда бошад.
  4. Чамъоварии растанихо, хосили растанихо ва нихолхои мевагиро субъектхои хизматрасонии сайёхи метавонанд тарики ташкили гуруххои сайёхи ба рох монанд.
  5. Сайёхони дохилии кобили мехнат зимни як сафари сайёхи метавонанд дар хачми на зиёда аз 30 кг растанихо, хосили растанихо ва нихолхои мевагиро барои худ чамъовари намоянд.
  6. Тартиби ташкили хизматрасони оид ба чамъоварии растанихо, хосили растанихо ва нихолхои меваги аз чониби сайёхони дохилиро макоми ваколатдори давлати дар мувофика бо макомоти дахлдори давлати муайян менамояд.

БОБИ 6. ХАВАСМАНДГАРДОНИИ МУСОИДАТКУНАНДА БА РУШДИ САЙЁХИИ ДОХИЛИ

Моддаи 44. Ташкили минтакахои рушди сайёхи

  1. Бо максади хавасмандгардонии шахрвандон дар самти рушди сайёхи дар худуди мамлакат минтакахои рушди сайёхи ташкил карда мешаванд.
  2. Минтакахои сайёхи дар тамоми худуд ё кисми худуди шахр ё нохияхо дар доираи талаботи Конуни мазкур ва дигар санадхои меъёрии хукукии Чумхурии Точикистон ташкил карда мешаванд.
  3. Барои сохиб гардидан ба макоми минтакаи рушди сайёхи тамоми худуд ё кисми худуди шахр ё нохияхо бояд дорои нишондихандахои зерин бошанд:

– на кам аз 200 иншооти сайёхи дошта бошанд;

– на кам аз 50 субъекти хизматрасонии сайёхи дошта бошанд;

– дар як сол дар онхо ташрифи на кам аз 5000 нафар бо максади саёхат ба кайд гирифта шуда бошанд.

  1. Талаботи дигар зимни муайян намудани тартиби додани макоми минтакаи рушди сайёхи ба шахр ва нохияхо аз чониби макоми ваколатдори давлати дар мувофика бо макомоти давлатии сохахои илм, хифзи мухити зист ва фарханг мукаррар карда мешавад.
  2. Минтакаи рушди сайёхи дорои имтиёзхои зерин мебошад:

– барои такмили фаъолият ва рушди инфрасохтор дар сохаи сайёхи дар махал Барномаи давлати кабул карда мешавад;

– макомоти ичроияи махаллии хокимияти давлати ташаббусхои шахрвандон ва субъектхои хизматрасонии сайёхиро дар доираи ваколатхои худ дастгири менамояд;

– фаъолияти субъектхои хизматрасонии сайёхи тибки низоми содагардонидашудаи батанзимдарори, ки аз чониби Хукумати Чумхурии Точикистон муайян мегардад, ба рох монда мешавад.

Моддаи 45. Бахисобгирии мустакими субъектхои хизматрасонии сайёхи

  1. Бо максади дастгирии сохаи сайёхи ва рушди он расмикунонии фаъолияти субъектхои хизматрасонии сайёхи метавонад бо тартиби бахисобгирии мустаким ба рох монда шавад.
  2. Бахисобгирии мустакими фаъолияти субъектхои хизматрасонии сайёхи бо истифода аз шабакаи интернет (аз чониби шахсони вакеи ва ё хукукии хохишманд барои фаъолияти хизматрасонии сайёхи) тарики пур карда шудани пурсишномахои дахлдори Фехристи давлати бо назардошти мукаррароти Конуни мазкур ба рох монда мешавад.

Моддаи 46. Дастгирии ташаббусхои шахрвандон, шахсони хукуки ва сохибкорони инфироди дар ташкили хизматрасонии хонаги (хонаист) ва саёхати кишоварзи

  1. Ташаббусхои шахрвандон, шахсони хукуки ва сохибкорони инфироди дар ташкили хизматрасонии хонаги (хонаист) ва саёхати кишоварзи аз чониби макомоти дахлдори давлати бевосита дастгири карда мешаванд.
  2. Мурочиати (пешниходи) шахрвандон ва субъектхои хизматрасонии сайёхи оид ба амали гардонидани хизматрасонии хонаги (хонаист) ва саёхати кишоварзи аз чониби макомоти дахлдори махаллии хокимияти давлати дар мухлати на зиёда аз 10 руз барраси гардида, хуччатхои дахлдор ба онхо дастрас гардонида мешаванд.
  3. Омузонидани шахрвандон ва субъектхои хизматрасонии сайёхи, ки хохиши амали гардонидани хизматрасонии хонаги (хонаист) ва саёхати кишоварзи доранд, барои аз худ кардани малакахои касбии хизматрасони дар доираи барномахои давлатии махаллии рушди сайёхии дохили ройгон ба рох монда мешавад.
  4. Субъектхои хизматрасонии хонаги (хонаист) ва саёхати кишоварзи зимни намоиши дастовардхо, захирахо, имкониятхо ва махсулоти сайёхи хавасманд гардонида мешаванд.
  5. Эълони (таблиготи) дастовардхо, захирахо, имкониятхо ва махсулоти сайёхии субъектхои хизматрасонии хонаги (хонаист) ва саёхати кишоварзи тарики шабакахои телевизиони, радиои ва рузномахои даврии давлати ройгон амали гардонида мешавад.

Моддаи 47. Дастгирии сохтмони мехмонхонахои хурд ва нуктахои савдои махсулоти сайёхи бо рохи таъмини китъаи замин бо тартиби содагардонидашуда

  1. Дархосту ташаббусхои субъектхои хизматрасонии сайёхи ва сохибкорони ватаниву хоричи оид ба сохтмони мехмонхонахои хурд, нуктахои савдои махсулоти сайёхи ва ташкили дигар хизматрасонихои сайёхи дар доираи конунгузории Чумхурии Точикистон дастгири карда мешаванд.
  2. Барои сохтмони мехмонхонахои хурд, ташкили нуктахои савдои махсулоти сайёхи ва амали намудани дигар хизматрасонии сайёхи ба субъектхои хизматрасонии сайёхи ва сохибкорони ватаниву хоричи бо тартиби содагардонидашуда китъаи замин чудо карда мешавад.
  3. Тартиби содагардонидашудаи чудо намудани китъаи замин барои ташкили хизматрасонии сайёхи, аз чумла сохтмони мехмонхонахои хурд ва ташкили нуктахои савдои махсулоти сайёхи тибки конунгузории Чумхурии Точикистон бо назардошти талаботи зерин аз чониби макомоти дахлдори давлати муайян карда мешавад:

– дар мухлати то 10 руз барраси намудани дархости дахлдор;

– ташкил намудани Комиссияи доимоамалкунанда дар сатхи минтакахо аз хисоби намояндагони макомоти дахлдори махаллии хокимияти давлати оид ба барраси ва хуччатгузории (дастгирии) дархостхо. Фаъолияти Комиссия хангоми зарурат дар доираи барномахои дахлдори давлати маблаггузори мегардад;

– ба анчом расонидани корхои ташкилию банакшагири бо ташриф овардани хайати Комиссия ба махали (объекти) фаъолият.

  1. Кори Комиссия метавонад дар шакли анъанави бо иштироки хамаи аъзо дар як вакт ва дар чои муайян, ё пурсиш – баррасии фарди ва ё мустаким тарики шабакаи интернети ба рох монда шавад.

Моддаи 48. Имтиёзхо вобаста ба ташкили хизматрасонии сарирохи ва тозаги

  1. Макомоти ичроияи махаллии хокимияти давлати барои хизматрасонии сарирохи ва тозаги тибки конунгузории Чумхурии Точикистон китъахои махсуси замин чихати истифодаи оммави чудо менамояд.
  2. Китъахои махсуси замин барои истифодаи оммави дар худуди муайян ва дар фосилаи хар 100 км шохрох чудо карда мешаванд.
  3. Дар китъахои махсуси замини барои истифодаи оммави чудо кардашуда дар худуди на кам аз 50 метри мураббаъ сарой (сохтмони болопушида) ташкил карда мешавад.
  4. Хама намуди хизматрасони, бахусус савдои махсулоти маиши, хурок ва ташкили нуктахои тозаги дар ин китъахои (нуктахои) чудошуда (ташкилшуда) ба истифодаи озод, ройгон (бе ичора), вале максаднок ба субъектхои хизматрасонии сайёхи пешниход карда мешаванд.

Моддаи 49. Имтиёзхо барои субъектхои хизматрасон дар самти истехсоли махсулоти сайёхи

Барои ба рох мондани фаъолияти истехсоли, бахусус истехсоли махсулоти сайёхи ба шахсони хукуки ва сохибкорони инфироди имтиёзхои зерин пешниход карда мешаванд:

– бо тартиби содагардонидашудаи чудо намудани китъаи замин тибки конунгузории Чумхурии Точикистон чудо намудани китъаи дахлдори замин барои коркард ва ё сохтмони иншооти зарури;

– аз хисоби бинохои бекорхобида ва ё нолозим дар мухлати то ду сол ройгон таъмин намудани бино ва толорхои зарури;

– чудо намудани субсидия ва ё карзи бефоиз барои фаъолияти истехсоли ва такмили иктидори истехсоли;

– то се сол додани имтиёз барои фуруши махсулоти сайёхи;

– то панч соли аввали фаъолият аз санчиш озод намудан, ба истиснои холатхои ошкоршавии хукуквайронкунихо.

Моддаи 50. Дастгирии фаъолияти волонтёри ва тачрибаомузии донишчуён дар сохаи сайёхии дохили

  1. Фаъолияти волонтёри ва тачрибаомузии донишчуён дар сохаи сайёхии дохили бо максади тахкими имкониятхои сайёхии мамлакат тибки конунгузории Чумхурии Точикистон дастгири карда мешавад.
  2. Донишчуён бо максади таквияти махорат, малака ва дониш метавонанд ба фаъолияти волонтёри ва ё тачрибаомузи хангоми хизматрасонии сайёхи, тибки мукаррароти Конуни мазкур, машгул шаванд.
  3. Фаъолияти волонтёри ва тачрибаомузии донишчуён хангоми супоридани имтихонхои давлати ба инобат гирифта мешавад.
  4. Собикаи мехнатии волонтёрии донишчу (шахрванд) дар сохаи сайёхии дохили хангоми кабул шудан ба кори мувофик ба сохаи сайёхи ба инобат гирифта шуда, дар дафтарчаи мехнати ва дигар сабтхои собикаи мехнати дарч карда мешавад.

БОБИ 7. ХУКУК ВА УХДАДОРИХОИ ШАХРВАНДОН ХАНГОМИ САЁХАТ ДАР ХУДУДИ МАМЛАКАТ

Моддаи 51. Хукуки шахрвандон хангоми саёхат дар худуди мамлакат

Шахрвандон хангоми саёхат дар худуди мамлакат хукук доранд:

– бо субъекти хизматрасонии сайёхи шартнома ба имзо расонанд;

– дар доираи мукаррароти шартнома шароитхои муносиби хизматрасониро талаб намоянд;

– маълумоти дахлдорро оид ба хатсайри сайёхии дохили ва шароитхои саёхат талаб намоянд;

– хангоми гирифтани зарари модди ва ё маънави чуброни онро талаб намоянд, агар сабаби он ба амалхои худи онхо ва холатхои ба иродаи онхо вобастанабуда алокаманди надошта бошад;

– риояи хукукхои дигари худро, ки конунгузории Чумхурии Точикистон мукаррар намудааст, талаб намоянд.

Моддаи 52. Ухдадории шахрвандон хангоми саёхат дар худуди мамлакат

Шахрвандон хангоми саёхат дар худуди мамлакат ухдадоранд:

– талабот ва фармоишу дархостхои субъектхои хизматрасонии сайёхиро дар доираи шартномаи дахлдор ичро намоянд;

– захирахои сайёхиро максаднок истифода намоянд, ба чойхои манъшуда ворид нашаванд, рохрав ва чойхои чамъиятиро ифлос накунанд, ба ёдгорихои таърихию фарханги зарар нарасонанд, мухити зистро хифз намоянд;

– ба мавзеъхо ва иншооти хавфнок бе омодагии пешаки ворид нашаванд (набароянд);

– хуччатхои заруриро барои саёхат ва тартиб додани шартномаи дахлдор саривакт пешниход намоянд.

БОБИ 8. ХУКУК ВА УХДАДОРИХОИ СУБЪЕКТХОИ ХИЗМАТРАСОНИИ САЙЁХИ

Моддаи 53. Хукуки шахрвандон ба фаъолияти хизматрасонии сайёхи

  1. Шахрвандони Чумхурии Точикистон новобаста аз миллат, нажод, чинс, забон, эътикоди дини, мавкеи сиёси, вазъи ичтимои, тахсил ва молу мулк, ки ба синни 18 расидаанд ва кобили амал мебошанд, хукуки машгул шудан ба фаъолияти хизматрасонии сайёхиро доранд.
  2. Зимни ташкили фаъолияти хизматрасонии сайёхи шахрвандон хукук доранд ба гуруххо, иттиходияхои чамъияти ва ассотсиатсияхо муттахид шаванд.
  3. Ташкилоту муассисахо ва иттиходияхои чамъияти новобаста аз шакли фаъолияташон метавонанд ба фаъолияти хизматрасонии дахлдори (сохавии) сайёхи машгул шаванд.

Моддаи 54. Хукуки субъектхои хизматрасонии сайёхи

Субъектхои хизматрасонии сайёхи хукук доранд:

– аз имтиёзхои мукаррарнамудаи Конуни мазкур ва дигар санадхои меъёрии хукукии Чумхурии Точикистон истифода намоянд;

– фаъолияти худро дар шакли муносиби ташкилию хукуки ба рох монанд;

– бо дигар шахсони вокеи ва хукуки хамкори намоянд;

– бо чалби шахрвандони хохишманд ва зимни хамкори (шарики) бо шахсони вокеи ва хукуки гуруххои сайёхи ташкил намоянд;

– аз хизматрасонии дигар субъектхои хизматрасонии сайёхи истифода намоянд;

– дар татбики фармоишхои ичтимоии давлати, грантхо ва субсидияхо иштирок намоянд ва барои бехбуди фаъолият карз гиранд;

– ба хизматрасонии пулаки машгул гарданд;

– бо шахрвандон хамчун сайёх ва дигар субъектхо ба сифати хамкор ва шарик шартнома ба имзо расонанд;

– намуди дигари фаъолиятро, ки конунгузории Чумхурии Точикистон манъ накардааст, амали намоянд.

Моддаи 55. Ухдадорихои субъектхои хизматрасонии сайёхи

Субъектхои хизматрасонии сайёхи ухдадоранд:

– тибки Конуни мазкур расмиёти бахисобгириро дар Фехристи давлати ба анчом расонанд;

– махсулоти хизматрасонии худро ба меъёр дароранд ва бо сифати баланд пешниходи шахрвандон гардонанд;

– хатсайри сайёхии дохили бо фарогирии мавзеъхо, минтакахо ва иншооти муайян дошта бошанд;

– бо шахрвандони майли саёхат дошта шартнома ба имзо расонанд ва талаботи шартномаро фахмонанд;

– бехатарии шахрвандонро хангоми саёхат таъмин намоянд;

– ба шахрвандон (сайёхон) маълумоти заруриро аз руи хатсайри сайёхии дохили ва дигар холатхои хавфнок ва тасодуфи пеш аз сафар таъмин намоянд;

– шахрвандонро оид ба зарурати сугурта хангоми бемори ва сугуртаи хаёт огох созанд ва барои сугурта хангоми бемори ба онхо мусоидат намоянд;

– маълумоти заруриро оид ба гурухи сайёхон ба макомоти дахлдори хамохангсоз пешниход намоянд;

– зимни мурочиат хуччатхои дахлдорро ба макомоти идоракунанда, хамохангсоз ва мониторингии сайёхи пешниход намоянд;

– хангоми саёхат хифзи захирахои сайёхи ва табииро таъмин намоянд;

– дар холати фурухтани хатсайри сайёхии дохили ба дигар субъект маълумоти заруриро дар шартномаи иловаги ба шахрванд (сайёх) пешниход намоянд;

– ухдадорихои дигари пешбининамудаи Конуни мазкурро риоя намоянд.

Моддаи 56. Хатсайри сайёхии дохили

  1. Хатсайри сайёхии дохили чузъи асосии махсулоти сайёхи буда, самти чугрофии чойгиршавии сайёхон ва ташрифи онхоро ба объекти (мавзеъхо ва маконхои) сайёхи дар дохили мамлакат муайян менамояд.
  2. Хатсайри сайёхии дохили бояд аз маълумоти умуми, харита, расмхо, тарх (схема), дарачаи эхтимолии обу хаво ва дигар иттилооти тавсифдихандаи объекти интихобгардида иборат бошад.
  3. Хатсайри сайёхии дохили аз чониби субъекти хизматрасонии сайёхи дар доираи мукаррароти Конуни мазкур тартиб дода мешавад, вале бо ин иштироки дигар субъектхо дар раванди тартиб додани хатсайри сайёхии дохили махдуд намегардад.

Моддаи 57. Шартнома оид ба амалисозии хизматрасонии сайёхи

  1. Барои чалби шахрвандон ба саёхат байни субъекти хизматрасонии сайёхи ва шахрванд(он) шартнома ба имзо расонида мешавад.
  2. Сохтори шартнома оид ба амалисозии хизматрасонии сайёхи иборат аст, аз:

– нишонии тарафхо боназардошти ному насаб ва сурогаи вокеи;

– маълумоти асоси (мавзуъ) оид ба хизматрасонии сайёхи ва хатсайри сайёхии дохили;

– хукук ва ухдадорихои тарафхо;

– арзиши (харочоти) хизматрасони, ки аз чониби шахрванд пардохт карда мешавад;

– воситахои пардохти хакки хизматрасони;

– мухлати амали шартнома ва давраи (рузхои) ташкили саёхат;

– шумораи сайёхон барои ташкили гурух;

– воситахои ташкилии хизматрасони, ба монанди наклиёт, мехмонхона ва хурок;

– таъмини бехатарии шахрванд хангоми хизматрасони;

– талабот оид ба вазъи саломатии шахрванд, ки бо маълумотномаи тибби тасдик шудааст;

– масъулияти тарафхо, аз чумла барои расонидани зарари модди, молияви, асосхо ва тартиби тагйир додан ва катъ намудани  шартнома.

  1. Хангоми ба имзо расонидани шартнома субъекти хизматрасонии сайёхи ба шахрванд(он) (сайёхон) маълумоти зеринро пешниход менамояд:

– холатхое, ки сайёх наметавонад дар рафти саёхат иштирок намояд;

– чорахои бехатари хангоми саёхат;

– холатхое, ки субъекти хизматрасонии сайёхиро аз чавобгари озод менамояд;

– талаботи конунгузории Чумхурии Точикистон ва меъёрхои муайянгардида, ки риояи онхо хатми мебошад.

  1. Бекор намудани шартнома аз чониби хар ду тараф ва ё яке аз онхо бо огохонидани хаттии тарафи дигар дар мухлати то 10 руз пеш аз сафари сайёхи ба амал бароварда мешавад.
  2. Дар сурати ташкил нагардидани гурухи сайёхон бо теъдоди муайяншуда субъекти хизматрасонии сайёхи метавонад шартномаро катъ намояд.
  3. Дар холати катъ гардидани шартнома бо сабаби ташкил нагардидани гурух субъекти хизматрасонии сайёхи тамоми маблаги каблан чамъ овардашударо ба сайёх дар мухлати то 10 руз бар мегардонад.
  4. Дар холати аз чониби сайёх катъ гардидани шартнома субъекти хизматрасонии сайёхи маблаги каблан чамъ овардашударо бо нигох доштани кисми маблаги харочотшуда ба сайёх дар мухлати то 10 руз бар мегардонад.
  5. Пеш аз огози саёхат (сафар) сайёх метавонад хукук ва ухдадорихои шартномавии худро ба шахси сеюм супорад, зимнан субъекти хизматрасонии сайёхиро оид ба карори кабулгардида огох созад.
  6. Субъекти хизматрасонии сайёхи дар холатхои зерин метавонад шартномаро катъ намояд:

– бемории сирояти доштани сайёх;

– машгул будани сайёх ба фаъолият ё амале, ки тартиботи чамъиятиро халалдор месозад ва ё меъёрхои умумиахлокиро вайрон менамояд;

– машгул будани сайёх ба фаъолият ё амале, ки хукук ва манфиатхои сайёхонро поймол месозад;

– холатхои дигаре, ки тибки конунгузории Чумхурии Точикистон манъ карда шудаанд.

БОБИ 9. БЕХАТАРИИ САЁХАТИ ШАХРВАНДОН

Моддаи 58. Кафолатхои макомоти хокимияти давлати ва макомоти худидоракунии шахрак ва дехот оид ба таъмини бехатарии сайёхон

  1. Макомоти хокимияти давлати ва макомоти худидоракунии шахрак ва дехот оид ба таъмини бехатарии саёхати шахрвандон масъул мебошанд.
  2. Макомоти дахлдори маркази ва махаллии хокимияти давлати низоми огохонидани сайёхонро аз хавфу хатархои муайяншуда ва холатхои фавкулода ба рох мемонанд.
  3. Макомоти ваколатдори давлатии сохаи холатхои фавкулода барои таъмини бехатарии сайёхон бахши махсуси доимоамалкунандаи худро ташкил медиханд.
  4. Дар холати рух додани холатхои фавкулода ё садамави макомоти хокимияти давлати ва макомоти худидоракунии шахрак ва дехот дархол тибки мукаррароти конунгузории Чумхурии Точикистон амалиёти начотдихиро ба рох мемонанд.

Моддаи 59. Масъулияти субъектхои хизматрасонии сайёхи оид ба фарохам овардани шароити бехатари дар раванди ташкили саёхати шахрвандон

  1. Ба фарохам овардани шароити бехатари дар раванди ташкили саёхати шахрвандон субъектхои хизматрасонии сайёхи масъул мебошанд.
  2. Субъектхои хизматрасонии сайёхи ухдадоранд, ки санадхо ва меъёрхои таъминкунандаи бехатарии истехсоли ва зиддисухториро риоя намоянд.
  3. Субъектхои хизматрасонии сайёхи барои такмили дониш ва иттилоотнокии кормандон ва тачрибаомузони (волонтёрони) худ оид ба таъмини бехатари хангоми хизматрасони мунтазам даврахои (курсхои) омузиши ташкил менамоянд ва ё барои гузаштани омузишхои дахлдор онхоро равона месозанд.
  4. Субъектхои хизматрасонии сайёхи тартиби истифодаи объектхои сайёхи, амали гардонидани тадбирхои бехатари хангоми холатхои фавкулода, хизматрасони ба гуруххое, ки барои сайру саёхат имконияти махдуд доранд, расонидани кумаки аввалия зимни садама ва холатхои фавкулода ва дигар холатхоро ба кормандон ва тачрибаомузони (волонтёрони) худ меомузонанд.

Моддаи 60. Масъулияти шахрвандон оид ба риояи талаботи бехатари хангоми саёхат

  1. Шахрвандон хангоми саёхат ухдадоранд, ки санадхои меъёрии хукукии Чумхурии Точикистон ва меъёрхои таъминкунандаи бехатарии истехсоли ва зиддисухториро риоя кунанд ва аз руи ин масъалахо ба дастурхои субъекти хизматрасонии сайёхи итоат намоянд.
  2. Шахрвандон хангоми саёхат бояд тартиботи чамъиятиро риоя намуда, дар доираи мукаррароти хатсайри сайёхии дохили амал намоянд.
  3. Шахрвандон хангоми саёхат ба эхтироми урфу одатхо ва анъанахои махалли ва зарар нарасонидан ба захирахои сайёхии махал масъул мебошанд.

БОБИ 10. ХАМКОРИХОИ БАЙНАЛМИЛАЛИ ДАР СОХАИ САЙЁХИИ ДОХИЛИ

Моддаи 61. Хамкорихои байналмилали дар сохаи сайёхии дохили

Хамкорихои байналмилали дар сохаи сайёхии дохили бо тартиби мукаррарнамудаи конунгузории Чумхурии Точикистон ва санадхои хукукии байналмилалие, ки Точикистон онхоро эътироф намудааст, амали карда мешаванд.

Моддаи 62. Иштироки сармоягузорони хоричи дар ташкили инфрасохтори сайёхи

Шахсони вокеи ва хукукии хоричи, инчунин ташкилотхои байналмилали бо тартиби мукаррарнамудаи конунгузории Чумхурии Точикистон метавонанд дар ташкили инфрасохтори сайёхи иштирок намоянд.

Моддаи 63. Омузиши тачрибаи мамлакатхои хоричи дар сохаи сайёхии дохили

  1. Субъектхои хизматрасонии сайёхи барои такмили ихтисос, малака ва касб метавонанд кормандони худро барои тачрибаомузи ба мамлакатхои хоричии дар ин соха пешрафта равона созанд ва ё барои омодасозии мутахассисони сохави бо ташкилотхои дахлдори хоричи хамкори намоянд.
  2. Чихати омузонидан ва омода сохтани кадрхои ватани дар самти хизматрасонии сайёхии стандарти байналмилали аз хоричи мамлакат машваратчиён ва коршиносони сохаи сайёхи чалб карда мешаванд.

БОБИ 11. МУКАРРАРОТИ ХОТИМАВИ

Моддаи 64. Чавобгари барои риоя накардани талаботи Конуни мазкур

Шахсони вокеи ва хукуки барои риоя накардани талаботи Конуни мазкур бо тартиби мукаррарнамудаи конунгузории Чумхурии Точикистон ба чавобгари кашида мешаванд.

Моддаи 65. Тартиби мавриди амал карор додани Конуни мазкур

Конуни мазкур пас аз интишори расми мавриди амал карор дода шавад.

Президенти

Чумхурии Точикистон                                                                                           Эмомали РАХМОН

      ш. Душанбе,

18 июли соли 2017,

          № 1450

 

Инчунин кобед

Обро дар Душанбе кисман санахои 14, 15-ум октябр катъ мекунанд

Дар робита ба корхои таъмир дар кисматхои гуногуни Душанбе, обро бо навбат махкам мекунанд Шахрдори …