Главная / Гуногун / САХТТАРИН ЧАЗО

САХТТАРИН ЧАЗО

Боди дайду худро ба хар суй мезад ва хасу хошокро чошу пош медод. Вале одамон ба он заррае ахамият надода, маъюсу гамзада, интизор буданд. Интизори тул кашид. Гами онхо афзуд. Ба гирдоби андеша афтиданд. Гурроси мошин фикри онхоро чошу пош дод. Мошини чинояткоркаш омада, назди бинои суди нохия карор гирифт.

Ичозат дода шуд, ки одамон ба толор дароянд.

– Хезед, суд меояд!

Одамон чун як тан аз чо хестанд. Ба толор судя, зани хомфарбехи кадпасти миёнаумр, бо ду ёрдамчиаш ворид гашта, чойхояшонро ишгол карданд. Одамон хамоно чун мактаббачахо рост меистоданд. Судя як онхоро аз назар гузаронду:

– Шинед, – гуфт.

Пас аз ин одамон ба чойхои худ нишастанд.

Чинояткор, гуё вокеае руй надода бошад, оромона менишаст. Судя ба у дида духт. Ва у якбора аз чояш бархосту нидо намуд:

– О суди оли! Бигузор хакикат галаба кунад!

Судя чидди ба у гуфт:

– Шин!

Вале у нанишаст.

– Шин! – дуг зад судя.

Вай руй турш карда нишаст.

– Хуш-ш, – абру ба хам кашида, папкаашро кушод судя. Ва як ба когаз нигаристу боз ба у руй овард:

– Хез!

Шубхаомез ба у нигарста, дудила шуд.

– Хез, хез!

– Яке шин, яке хез, – норозиёна гур-гуркунон охиста бархост у аз чояш. – Шин… Хез…

– Шуд! – дуг зад судя ва сипас пурсид: – Худро гунахкор мешумори?

Чинояткор ба замин чашм духта, андаке хомуш монд. Баъд гулу тоза карда, нидо намуд:

– Не!

– Охир…

– Не, не ва боз хам не!

Судя ба додситон дида духт: яъне чилави сухан ба дасти ту. Додситон марди тоссари пакана, саросема нашуда, аз когази сап-сафеди охари “туфдон” сохта, дахонашро аз нос холи кард.

“Магзи сараш тоза шуд!” – хурсандона дар дил нидо намуд судя.

Додситон аз чояш хест. Аввал ба судя, баъд ба толор дида духт. Аз башараи бадхашмонаи у ба тани чанд кас мургак давид. Нигохи додситон ба чиноякор гечид. Теги нигохи у ба чинояткор заррае кора накард. Вай дам ба дарун гирифта, оромона менишаст. Нихоят додситон лаб ба сухан боз кард:

– У симои одамиро гум кардааст ва сазовори чазои сахттарин аст!

– Наход? – хайрон шуд судя. – Хайр, равшантар гап занед.

Додситон дигар чизе нагуфт, ба дахон об гирифт.

Чинояткор аз чояш бархост. Вай марди гандумгун, харобу кадбаланд, гушт ба руи устухон буд.

– Э, хой! Аз Бальзак хам гузарондед-ку. Бист том навиштед-а. Бас будагист. Тезтар хукматонро бароред. Дихед бисту панч сол. Аз интизори куки чашмам канд-ку?!

Чехраи судя гуё шукуфт. Охи сабуке кашид. Аз додситон пурсид:

– Хуш, мешавад?

– Чи “мешавад”?

– Бисту панч сол.

– Не, намешавад!

– Намешавад? Магар бисту панч сол чазои сахт нест?

– Не, ин чазо не, ин роххат ба курорт аст.

– Роххат ба курорт? – абру ба хам кашид судя. – Чи хел курорт?! Фахмотар гап занед!

– Мефахмонам, – гуфт додситон. – Агар уро кама кунем, сохиби кор, чои хоб, сару либос, се вакт хуроки бепул мешавад. Мешавад?

Судя харфе назад.

– Не, мешавад? – боисрор пурсид додситон.

– Ха, албатта, мешавад, – нихоят чавоб дод судя. – Охир ин хамаро давлат таъмин менамояд.

– Хо, бале! – гуфт додситон. – Давлат таъмин менамояд. Магар ин барои у курорт нест?!

Судя лахзае ба додситон нигох карда, ба андеша афтод. Баъд ба худ киёфаи чидди гирифта пурсид:

– Пас хукми катл?

– Чи? Катл? Ин чазо не, мукофот.

– Чи хел мукофот?

– Охир, бо як тир аз ин дунёи пургавгою пурчафо халос мешавад. На мебинаду на месузад.

Судя дасту по хурда, лахзае чи гуфтанашро надониста монд. Баъд ба худ омада, бо хайрат гуфт:

– О, аз хукми катл хам часои сахттар хаст?

– Хаст!

– Хаст? Чи?! Гуед!

– Озоди!

– Не-е…

– Ха! Аз ин ру таклиф мекунам, ки вай озод карда шавад.

– Чи?! Озод карда шавад?

– Ха, аз хамин чо, аз толри суд озод карда шавад!

Чавоби додситон чашми судяро аз колаб баровард. Вай лахзае аз забон монд.

Дар толор хомуши ба вукуъ омад.

Дар берун резаборон меборид.

Чинояткор безобита гашта, як хесту боз гашта нишаст.

Судя абру чин намуда, ранчишомез гуфт:

– Мазох мекунед?

– Хеч! – бо салобот нидо намуд додситон. – Чидди мегуям.

– Охир… охир… – забон хоид судя. – Ин чазо не-ку?

– Не, ин сахттарин чазо! – бо хамон оханг нидо намуд додситон. – Имруз аз ин сахттар чазо нест! Ха, нест!

– Наход? – хайрон шуд судя. – Хайр, фахмонед.

Толор ба чунбиш омад. Галогулаю садохои “Тавба!”, “Чи-и?”, “Ана ин чазо?!” ба гуш мерасид. Судя толорро ба хомуши даъват намуда, ба додситон руй овард:

– Фахмонед.

– Мефахмонам! – каноатмандона бовикор гуфт додситон. – Агар уро ба озоди сар дихем, на кор меёбаду на сарпанох, на хурокаю на либоса. Гурусна, овораю дар ба дар. Холаш аз саги дайду хам бадтар мешавад. Магар ин сахттарин чазо нест?!

Толорро сукути сангин ба асорати хеш даровард.

Дар берун резаборон ба сел табдил ёфт.

4 январи соли 1993

5 марти соли 2002

 

Инчунин кобед

кумитаи андози Точикистон

Кумитаи андози назди Хукумати Чумхурии Точикистон

Кумитаи андози назди Хукумати Чумхурии Точикистон (минбаъд – КА). Асоси Фаъолият – тибки Карори Хукумати …