Главная / Илм / ШАХРХОИ ОСИЁИ МИЁНА ДАР АСРХОИ ХI–ХII

ШАХРХОИ ОСИЁИ МИЁНА ДАР АСРХОИ ХI–ХII

Тараккиёти босуръати шахрхо, истехсолоти моли ва тичорати пули аз мухимтарин аломатхои давраест, ки мо ба тахкики он пардохтаем.

Шахрхои Осиёи Миёна калонтар ва ахолии онхо зиёдтар мегардид. Масалан, маркази хаёти шахри Самарканд хаволии он ба хисоб мерафт, ки дар он чо махалхои сершумори точирону пешаварон вокеъ гардида буданд. Аъёну ашроф, рухониён, савдогарони доро ва дигар табакахои давлатманд низ дар хамин чо маскан доштанд.[1]

Истехкомоти Бухоро низ аз нав сохта, масохати шахр васеътар карда шуд. Бисёр иморатхои нави мухташам бино ёфтанд.[2] Тирмизи асрхои ХI–ХII нисбат ба замони Сомониён хеле доман пахн кард. Дар асри ХI истехкомоти шахр кавитар гардида, калъаи он бо хишти пухта рукаш карда шуд. «Касри хокимони Тирмиз» хам дар хамин аср комат афрохт. Кисмати тичоратию пешаварии шахр, ки он чо дар атрофи бозорхо коргоххои зиёди косибон ба вучуд меомаданд, ахамияти махсус дошт.[3]

Яке аз калонтарин шахрхои Точикистони чануби пойтахти Хатлон — хулбук буд. Факат кисмати марказии он масохати кариб 70 гектарро фаро мегирифт. Дар ин чо калъае вучуд дошт, ки дар вакти хафриёт аз он бакияи касри пурзебу зинати хокимони Хатлон ёфт шуд. Дар шахр коргоххои гуногуни косиби, аз кабили кулоли, фулузи ва г. вучуд доштанд.

hulbuk

Тараккии босуръати шахр бештар дар хамин давра ба вукуъ пайваст: дар чойхое, ки пештар партовхонаи шахр ва ё замини кишт махсуб меёфтанд, бинохои икомати ба вучуд омаданд[4]. Аз руи мушохидахои археологию топографи дар асрхои ХI–ХII шахрхои хам хурд ва хам калони Туркманистони чануби: Марв, Дандонакон, Омул, Замм, Сарахс, Майхона, Абевард, Нисо, Язир, Дехистон ва гайра хеле равнак меёбанд[5].

Дар вохаи Чу махз дар давоми асрхои Х–ХII баъзе дехахо ба марказхои калони шахри мубаддал мегарданд[6]. хатто нохияхои кухистон (масалан, нохияи вокеъ дар вохаи Оби Нов, шохаи дарёи Панч ё худ нохияи Исфара) торафт бештар ба муомилоти молию пули кашида мешаванд.

Тараккиёти куввахои истехсолкунанда ва тадричан аз хочагии кишлок чудо шудани касбу хунар сабабгори асосии равнаки босуръат ва дар баъзе мавридхо хеле пуравчи хаёти шахрхо мегарданд. Омили дигари равнакёбии шахрхо кувват гирифтани тобеияти дехконон нисбат ба феодалон мебошад, ки боиси ба шахр фирор кардани оммаи дехконон гардида буд (ин дар баъзе шаклхои маданияти моддии шахр накши худро гузоштааст)[7]. хамин тарика, назарияи К.Маркс ва Ф.Энгелсро дар бобати ахамияти фирори дехконон дар таъсиси шахрхои асримиёнагии Европа[8] нисбат ба шахрхои асримиёнагии Осиёи Миёна низ татбик кардан мумкин аст.

[1] Массон М. Е., 1950, с. 164–165.

[2] Сухарева О. А., 1958, с. 31 ва мобаъд.

[3]Массон М. Е., 1938, с. 7–8.

[4]Литвинский Б. А. ва Давидович Е. А., 1954, с. 41 ва мобаъд.

[5]Пугаченкова Г. А., 1958, с. 190–199

[6]Кожемяко П. Н., 1959, с. 183

[7]Муфассалан ниг.: Литвинский Б. А., 1953 б, с. 55 ва мобаъд.

[8]К Маркс, Ф. Энгельс. Соч., т. 3, с. 14–15; 50–51; т. 4, с. 425.

Загрузка...

Дар борамон

Инчунин кобед

planet

ЗАМИН – САЙЁРАИ СИСТЕМАМ ОФТОБИ

Сабабхои тагйирёбии фаслхои сол. Аз курси табиатшиноси мо медонем, ки Офтоб ин маркази системаи офтобии мо …