Главная / Гуногун / САГИРАПАРВАР

САГИРАПАРВАР

Замони мактабхонии мо дар мактабхои Шурави расме буд, ки давлат соле як бор ба баччахои бесаробон са- рулибос медод. Шояд ин расми хуб бошад, вале рости хеле ба шеваи бад анчом мешуд. Як хамсинфи мо модар надошт, мегуфтанд, ки дар кудаки модараш аз дунё гузаштааст. Хар сол ба ана хамин хамсинфи мо як сарупо либосро ба синф оварда, уро ба назди тахта хонда, дар хузури хама мепушонданд. Бачаи бечора хар сол, вакти ин амал гиря мекард.

духтарони дехтиДар Панчруд кудакони бе падару модар мондаро «сагира» меноманд ва хама бо дилсузи бо онхо муносибат мекунанд, ки худи хамин муносибат ба он бачахо хеле сахт мерасид. Бовар дорам, худашон мехостанд, ки ба онхо низ хамчун ба хамсолони дигарашон муносибат карда шавад. Хамин сарулибоспушонии хориовар дар ин маросим хеле барчаста ва дар хузури хама ба намоиш гузошта мешуд. Ман ин маросимро хеле бад медидам, вале баъдан донистам, ки дар Шурави муносибати хеле бадтаре ба бачахо низ вучуд доштааст.

Дар Шурави ибораи «душмани халк» руи кор буд. Онро ба касоне мечаспонданд, ки ба баъзе гуноххои вазнин, аз чумла хиёнат ба Ватан айбдор мешуданд. Дар бораи он ки чи касоне душмани халк эълон мешуданд ва исботу додгохи онон чи гуна баргузор мешуд, бисёр навиштаанду гуфтаанд ва чои бахсаш ин чо нест.

Фарзандони ана хамин одамон низ «фарзанди душмани халк» дониста мешудаанд ва инро доим ба онхо ёдрас мекарда- анд. Масалан, дар мактаб пеш аз саршавии дарс он кудакро ба пеши катор бароварда, рубаруи ахли синф рост карда, «хайфи ту!» мегуфтаанд ва хама ба суяш туф мекардаанд. Хушбахтона, замони мактабхонии мо вакти ин кабил ахмакихо гузашта буд.

Боре дар филме дидам, ки муаллима бачахоро катор кар- да, аз байнашон талабаеро пеш хонд ва як торсаки ба руяш зада, галстуки пионериро аз гарданаш кашида гирифт ва «ту хам мисли падару модарат душмани халки!» гуфт ва сипас ба бачахо фармон дод:

– «Хайфи» ту! бигуед. Бачахо баробар бо овози баланд се бор «Хайфи ту!» гуфтанд ва пас аз он бо дастури муаллима ба руи он талаба туф карданд.

Худоё, инсон, он хам муаллим ва он хам зан (!) метавонад ин кадр берахм бошад?!

Такдири баъдии ин баччахо хеле талхтар будааст. Аксари онхо дар мактабу урдугоххои ГУЛАГ талаф шудаанд, онхое хам, ки аз он «дузах»-хои руи замин зинда баромадаанд, дигар хеч гох кобили эътимод дониста намешудаанд, доим зери шубха мемондаанд ва хар кадом парвандаи махсус доштаанд. Рости, дасти одам аз навиштани ин сатрхо меларзад. Охир он кудаки маъсум чи гунох дорад?! У, ки падару модар ва замону макони ба дунё омаданро интихоб накардааст!!!

Загрузка...

Дар борамон

Инчунин кобед

revolution-filippin

Инкилоби Филиппин

То мохи августи соли 1896 тайёри ба шуриши мусаллах хануз ба охир нарасида буд. “Катипунан” …