Главная / Илм / САГ дар Канзи Шифо (Китоб)

САГ дар Канзи Шифо (Китоб)

sag_haivon-660x330Саг хайвони хонагист ки мизочаш дар дарачаи дувум гарм ва хушк аст, вале мизочи бачаи биструзааш гарм ва тар мебошад. Хислатхои шифобахнш он: гушти сагро пухта, бо давохои хушбуй бихуранд, девонаги ва молихулиё (меланхолия)-ро ба зуди шифо мебахшад.

Шири аввалин мартабаи сагро чаконанд, гули чармро дафъ мекунад. Агар захраи онро бимоланд, муйи зоиди дар чашм руидаро манъ мекунад, агар онро канда, ба чойи он бимоланд.

Саргини сагеро, ки факат бо устухон парвариш карда бошанд, гузошта банданд, дарди гулу ва варамхои халкро шифо мебахшад. Чун саргини саги дастнигарро дар тобистон гирифта, дар соя хушк кунанду бо шароб ё бо об биёшоманд, ё бо шире, ки дар он сангреза чушонида шуда бошад, ё охани тафсонро дар он хунук карда бошанд, биёшоманд, исхоли хунинро даво мешавад.

Хуни хушккардаи сагро ба кадри 17,5 грамм бихураид, исхоли хунинро дафъ мекунад. Чун бачаи сагро, ки хануз чашм накушода бошад, ба тамом дар об ба дарачае бипазанд, ки бо об омехта гардад, баъд 400 грамм гандум дар он дохил карда, то хамаи обро ба худ макиданаш бичушонанд, ки хушк шавад. Он гандумро ба мурги яксола, ки дар торики баста бошанд, бихуронанд ва баъди хамаи он гандумро хурдани он, он мургро кабоб карда, зани назоянда тановул намояд, вале гизои дигар дар он омехта набошад, он зан ба хомила шудан кобила мегардад.

Чун сагбача пистони занеро, ки дар он шир шах шуда бошад, бимакад, он шир гудохта мегардад. Пешоби сагро занхо биёшоманд, хомила шуданро манъ мекунад. Шири сагеро, ки аввалин мартаба зоида бошад, дар сурохи закар чаконанд, сузокрю дафъ мекунад.

Чигари сагро кабоб намуда ё бирён карда бихуранд, саги девонагазидаро шифо мебахшад, хусусан, ки чигари хамон саги девонаи газидаро бихуранд,. таъсираш зиёдтар аст дар ин бобат. Хокистари чигарашро бо сирко сиришта, ба такрори амал гузошта банданд, саги девонагазидаро сихат мекунад. Инчунин, хуни онро биёшоманд, барои касони саги девона газида даво мебошад.

Шири сагеро, ки якумин маротиба зоида бошад, бинушанд, захрхои каттолро аз бадан дафъ мекунад. Гушти сагро дар об пухта, бо давохои хушбуй бихуранд, иллати махавро дафъ мекунад. Саргинашро бимоланд, варамхои сахтро тахлил медихад. Саргини хушкашро соида бипошанд, захмхои кухнаро шифо мебахшад, хатто хокистари онро гузошта банданд хам захмхои кухна, кафидани узвхо, бавосир ва хоришро ба ибро меоварад.

sag_haivon-300x150Пешоби сагро бимоланд, озаххоро хушк карда меафтонад. Равганашро бимоланд, ханозерро тахлил медихад. Чун бачаи хануз чашм накушодаи онро бо саргини гов бисузанду ба носур бипошанд, хушк мегардонад. (носур — ин захми бехнашаванда аст).

Чун пешоби саги модаро дар зарфе рехта бишуроранд, то чун чургот гафс гардад, баъд онро ба муй бимоланд, сиёх мегардонад — ранги хубест. Чун устухон ва асаби сагро ба устухони шикаста ва асаби кандашудаи инсон бимоланд ё гузошта банданд, онхоро пайваст мегардонад.

Дандони озахи сагро агар биёвезанд, дар шаб вакти хоб хуррок кашидан ва гап заданро манъ мекунад, зардпарвинро шифо мебахшад, вале агар инро ба тифл биёвезанд, дандонаш бе хеч гуна дарду офат мебарояд.

Дандони озахи саги девонаро дар пусти хамон саг хушру баста биёвезанд, агарчи саги девона бигазад, зарар намерасонад. Канаи сагро ба худ бидоранд, сагон ба он кас намеаканд ва фарёд намезананд, ба гайр аз худи он саги канадор.

Закари (кери) сагро хушк карда, бар рони худ биовезанд, шахватро ба харакат меоварад. Муйи саги сиёхи якрангро биёвезанд, саръро фоида дорад. Чун дорчиниро куфта, ба хамир печида, ба саг бихуронанд, саг ба тараб ва ракс меояд. Чун захраи сагобиро ба кадри донаи наск хар кас, ки бихурад, халок мешавад — илочи ин хурдани равгани гов бо дорчин аст.

Чун саги девона касеро бигазад, холаташ монанди саги девона мегардад, яъне тарсанда аз обу оташ ва дигар аломатхои молихулиё (меланхолия) руй медихад. Илочи ин он аст, ки михчама (шохи хунгири) ба он чо гузоранду бо куввати тамом бикашанд, то хуни бисёр аз он чо берун шавад. Баъд аз он мархамхои сузонанда ва хурандаи гушт ба он чо гузоранд, ки инхо сири (чесноки) куфта бо сирко ва равгани зайтун даромехта гузоштан; бо лаблабу, пиёз, индов пухта, бо равган ё сир ва намаки куфта, бо хокистари чуби ток сиришта, ба он чо гузоранд. Ин тадбир дар мархалаи аввали сирояти захри саги девона аст. Вале хангоми сироят кардани захри он ба тамоми бадан, бояд, ки дорухои поккунанда ва исхоловар хурда, баданро пок гардонанд, яъне бо давохои исхоловар дар иллати молихулиё ва бо хуроиидани давои саратон тадбир намоянд.

Загрузка...

Дар борамон

Инчунин кобед

planet

ЗАМИН – САЙЁРАИ СИСТЕМАМ ОФТОБИ

Сабабхои тагйирёбии фаслхои сол. Аз курси табиатшиноси мо медонем, ки Офтоб ин маркази системаи офтобии мо …