Главная / Гуногун / САДУ ШАШ БАРГ

САДУ ШАШ БАРГ

Руз то руз равобити сиёсию иктисодии Точикистон бо давлати овозадори Чин, ки аз шаш як хиссаи ахолии кураи замин дар он маскун аст, густариш меёбад. Чин кишвари фарханги бузургест, хам аз дидгохи фарханги мардумсолори, хам сиёси ва хам бо намунахои беназири хунари синамо, адабиёт, опера, мусики, ки хар яке ганчинахои нодири бадеиянд.

2105-750x0Аз ин ру мардуми чин бунёдкориро дар чои аввал гузоштаанд. Ин аст, ки дар китоби хамкорихои Точикистону Чин руз аз руз сахифахои нав ба нави дурахшон зам мешаванд. Рохи Кулоб-Дарвоз- Кулма кушода шуд, ки якчанд давлатро бо хам мепайвандад ва ба рушду таракиёти тичорат мусоидат мекунад. Дар авчи хамин талошу созандагихо ба хазинаи шеъри точик боз як дурдона ворид гардид. Сухан ин чо дар бораи мачмуаи шеъри шоир ва дипломати варзида – вазири корхои хоричии кишвари ба мо дуст ва хамсоя – Чин Ли Чжаосин меравад, ки “Саду шаш барг” ном дорад.

Мачмуаи ашъори арзишманди Ли Чжаосинро бори нахуст аз забони асл ба точики устодони сухан Гулназар, Сайидали Маъмур ва Низом Косим ба риштаи назм кашидаанд. Дар нашри китоб адиби намоёни точик Ато Хамдам хам сахми намоён гузоштааст. Хангоми мутолиаи шеърхо кас гумон намекунад, ки онхо тарчумаанд, гуё шоири точики-форси эчод карда бошад. Аз ин ру шавку шури хонандаро бармеангезад. Нависанда Истад Косимзода хам менависад: “Аз сатрхои аввалинаш ашъори тозаю самими диккатамро ба худ кашиданд. Ва беихтиёр (хануз сарсуханро нахонда) дар хошияи шеърхо нигоштам: “нагз”, “оли”.

Ахмад Навид хеле амик ва хакимона уро тавсиф карда: “Ли Чжаосин дар худ ду чанба, ду боли парвоз, ду хунари нафисаро мохирона тачассум намудааст”. Бахрабардориву хикматомузии шоирро муаллифи сарсухан Нарзуллохи Назар хеле мохирона ва назаррас тасвир кардааст: “Он рузхо ба муаллифи ин сатрхо муяссар гардид, ки Ли Чжаосанро хангоми тамошои чойхои дидани ва ёдгорихои Душанбешахр хамрохи кунад. Ба хуби эхсос мешуд, ки хайкали асосгузори давлати точикон Исмоили Сомони, рамзхои хафтгонаву шерхои тахамтани чун посбон пеши у истода, мучассамаи пири хирад Абуали ибни Сино чолиби диккати мехмони чини буданд. Бо нигохи шоирона ба рамзхову симохо нигариста, мекушид тафсир ва маънихои дар он нихонро дарёбад.

Чун донист, ки Ибни Сино на танхо файласуфи номдору табиби забардаст, балки шоир низ будааст ва аз рубоии машхури у бо хотимаи “Хар банд кушода шуд, магар банди ачал” ба худ маъние бардошт, баъдан хангоми зиёфати расми ба Талбак Назаров ру оварда, ба он ишораи зарифонае кард: “Ба ман гуфтанд, ки Ибни Сино бо вучуди мадади синоии худ натавонистааст инсонро аз банди марг рахои бахшад. Боке нест, агар ба такдири инсон калами тахрир чунин рафтааст, вале мо бо шумо имкон дорем бо талошхои муштарак дустии мардумони худро пояндаву човид созем”.

Ба олами шеър ру овардани Ли Чжаосин гувохи он аст, ки дипломати варзида ба адабиёт ва фарханг арзиши оли коил аст ва ба онхо чун василаи рахоии чомеа аз гирифторихои ахлоки менигарад. Ва Ли Чжаосин вокеан хам васлгаре хаст, ки ба чуз вахдат, осудагиву амони ва сарсабзии кишвархо чизи дигареро таманно надорад. Ва гуё бузургвор Шамсиддин Шохин бахри у суруда:

    “Лабат ба ханда фарохам шавад бад-он хуби,

    Ки барги лола ба барги дигар дихи пайванд”.

Ин дастагули шодоб аз шохахои гулафшони назми Ли Чжаосин дар ман сурур ва шодии махсус падид меоварад. Ва ман ба “олами тахайюлоту андешахои рангини марди фозиле аз кишвари хамсояи кухантаъриху асилфарханг” ворид мегардам.

Бале, ба дунёи рангини Ли Чжаосин ворид мегардам!

Китоб бо шеъре, ки муаллиф ба хонандаи точик такдим кардааст, шуруъ мешавад:

          “Дилхои мо зибаски бигаштанд хамсадо,

          Хамсояем бо хаму як умр хамсафар,

          Бодо миёни точику чини вафову мехр

          Дар руи дахр сабз бимонад чу шохи тар!”

Ин мисрахои маргуб дар фасли бахор аз дили шоир ба зухур омада, бо лахну оханги дилпуронаву суруромез руи когаз рехта. Ва дар онхо як чахон мухаббату самимият, шодию сурур нисбати халки точик нихон аст. Шеър дар шуури хонанда ангезаи ризоияту хамдилиро ба вучуд меорад. Дил дар кафаси сина ба шавк омада, сур мегирад.

Махорати Ли Чжаосин дар эхсоси армонхои башардустона, тантанаи сулху вахдат ва озодии бани одам кобили тахсину такдир аст.

Кабл аз хама шоир ба мохият ва зухуроти ходисахо фуру рафта мекушад, ки решаи худро дарёбад. Аз ин ру ба замини пир, осмони бекарон, дарёи хурушон, навгули бишкуфтаи хандону барги гул ру оварда, бо хама тазохури хасти бо эхтиром ва шавку завк мепурсад:

                    “…Киям ман?

                    Кист ачдодам?…”

Аммо онхо хомушанд, ба у чавобе намедиханд. Ва шоир ба умки чудоиву чарохатхои дируза, талабхо ва умеду орзухо меомезад. Ва дармеёбад:

                    “Зи нав дарёфтам тагрешаамро

                    Ки Чинам

                    Чин ман хастам!”

Бале, у бо лахну оханги дилпуронаи суруромез нидо мекунад, ки: “Чин ман хастам!”. Ин мисра бо ин холу хаво як нуктаи авч буда, вокеан бахри дарёфти рисолати шоир накши калиди дорад. Зеро равзанаеро аз дунёи шоир ба руи мо боз мекунад, то партави офтоби дунёи у ба руи мо битобад. Ва мо мебинем, ки шоир бо тору пуди мехру мухаббат Ватанро дар худ гунчонда, сохиби “Ман”-и хеш гардида. Дигар хама гаму дарду шодихои олам бо тамоми хасти дар фазои маънавии хамин “Ман” гунчоиш ёфта.

Вочиб ба тазаккур аст, ки сурудахои шоир бештар тахти таасуроти у аз сафархояш ба аксои гуногуни олам иншо шудаанд. Пас, моро лозим аст, ки шеъри шоирро мутобик бо холу хавои ирфони, иртиботи у бо мухит, чомеа, дарду ормонхои инсон тавзех дихем. Ин лахза мисрахои шоир Низом Косим ёд меояд:

      “Барг-барг чамъам кун, аз дигар китобам кун.

      Як чахон гунох дорам, чониби савобам кун”.

Ин мисрахо ба вазъи орифонаи Ли Чжаосин иртиботи бевосита дорад. Варо дигар андешаи суду зиён нест. Ба кавли Олими Бухори: “На тарси дузаху на хавои бихиштро дорад”. Танхо дар марзаи дилхо гулхои мехру мухаббату шафкатро шукуфонидан орзую омоли хамешагии уст. Ин чанбаи асосии фаъолияти шоир дар порчаи зер хеле чолиб ба тасвир омада:

      “Мекунам ман орзу бо эхтиром,

      То суруди дустиву сулх бошад бардавом”.

Хамин тугёни нияту орзу, марому матлаб дар шеъри “Баланду зебо”-и у, ки аз сафари аввалин ба пойтахти Боливия – Ла Паз тобистони соли 1996 гирифтааст, бас чолибу сехрангез ба чашм мерасад:

              “Волотарин максади хаёти ман

              Афзудани дуст аст

              Ва костани душман.

              Мепарам аз ин ру

              Миёни абрхои рангин

              Бо хаёли фатхи куллахо

              Чун дар шахри кухсори худ –

              Чунин”.

Тавлиди ин шеър махз дар кишвари Боливия тасодуфи нест, зеро Ла Паз ба испани маънои сулхро дорад.

Чи дар адои карзи шахрванди ва чи дар анчоми рисолати инсони расму ойин ва анъаноти шарки, ишки Ватан хамеша рахнамои Ли Чжаосин будааст.

      “Бори нахуст чун бигаштам берун аз Ватан

      Буд анъаноти шарки бехин рахнамои ман.

      Вакти гусели ман ки меояд дами сафар?

      Пурнур аз шеди сахар Девори Чин бишуд,

      Рагхои хунгузар шуда бар Вакти тори умр,

      Тори асабхои Ватан шуд Соате ба ман”.

Пас аз мутолиаи ин шеър мисрахои ба устод Мирзо Тусунзода бахшидаи устод Лоик ба ёдам омад:

     “Хар суруде дошт, бо номи Ватан огоз кард,

     Хар кучое рафт, бо оли Ватан парвоз кард.

     Дусти чусту вафо омухту озодаги,

     Шеъри худро дар кудуми сулх пояндоз кард”.

Бале, мехри Ватан, дустиву озоди ва сулху бародари маъмултарин ва мухимтарин мавзуъхои хама замон буд хаст ва хохад монд. Агар аз масири хамин меъёр ба эчодиёти Ли Чжаосин бингарем, шахсияти у хеле равшану барчаста намудор хохад шуд. Ва бархак муаллифи сарсухан Нарзуллохи Назар уро Мирзо Турсунзодаи чини номида, навиштааст: “Чи мехрест он мусаффо ва чи мухаббатест он беолоиш, ки инсон дар хар гушаву канори ин кайхони бекарон иртиботи худро ба Ватан ногусастани мебинад, чунон, ки устод Мирзо Тусунзода фармудаанд: “Хамеша бо Ватан будам, хамеша бо Ватан масрур”.

Бале, Ли Чжаосин хамеша бо Ватан аст!

Ва Ватан барои у аз дехи зодгох огоз мегардад, ки он дар шеъри “Орзу ба дехи зодгох” хеле равшан тачассум ёфтааст:

                    “Орзу дорам, ки бахрат

                    Катраи борон шавам.

                    Орзу дорам, ки гардам

                    Аз бароят ашки гам.

                    Орзу дорам

                    Ки ман дар парчамат

                    Як катра хун бошам.

                    Орзу дорам,

                    Ки ман як хушаи пурбор

                    Дар сахрои ту бошам.

                    Орзу дорам,

Ки бошам

                    Резасанги сохили дарёи ту.

                    Орзу дорам,

                    Ки бошам

                    Як гуле

                    Зери барфи файзбору пурчилои ту”.

Ва ба хар кучое ки сафар кардааст хамеша ёди Ватан бо у будааст. Ба ин гуфтахо мехохам шеъри “Сафар ба Африко”-и шоирро далел оварам, ки 31 марти соли 1996 дар фазои Мавритиус навишта шудааст:

                    “Дили шаб,

                    Тайёра

                    Аз болои укёнуси Хинд

                    Дар парвоз аст.

                    Ахтаристони бекарон

                    Дунёи рамзу роз аст.

                    Нав гул шукуфта

                    Дар сохили дарёи Зард,

                    Вале

                    Авчи пойиз аст дар Конго…

                    Хаёлу ёди Ватан

                    Мефишорад яке вучуди маро”.

Ё ки як шаби борони дилгир дар Аргентина дилаш ба ёди Ватан гум мезанад:

                    “Сина ба ёди Ватан –

                    Андухи хичрон чун кунад бояд?”

Хатто дар толори Созмони милали Муттахид, ки бахсхои гарму чушон меравад у ёди гулхои Ватанро мекунад. Ишки поки Ватанро дар шеъри “Операи Пекини дар Нинг Сиа” бо мехри бепоён ва самимияти тамом сурудааст:

                    “Савти пекини

                    Зи Пекин дур

                    Дар гушам дихад хуштар садо;

                    Шояд аз он ру,

                    Ки дорад

                    Дар хар ово

                    Ишки човиди ватанро”.

Хамин мехри мусаффо ва мухаббати беолоиш дар гурбат, дар кишвари Кения 6 апрели соли 1996 дар шеъри “Чин” равшану возех ба зухур омадааст. Хар сатри ин шеър парвардаи аклу дил аст, ки касро ба андешаву хиссиёти начиб хидоят мекунад:

                “Шохи хубони, ки точат нест,

                Балки ба пардоз эхтиёчат нест.

               Ту бо хусни табии зебои,

               Чаврни дилрабои.

               Кухсорат – сар бар осмон,

               Аз уфк то уфкат – фазои бекарон.

               Миёни баробархо

               Хамечуи бародархо…

               Дилчую дилнишини,

               Ту Чини!”

Ли Чжаосин дар офаридани шеърхо дар мавзуи Ватан таваччухи хоса дошта, табъу завки баланди эчодкори зохир намудааст. Ва мухим он аст, ки у дар шеърхои худ сухани тару тоза, тасвирхову таъбирхои тоза гуфта тавонистааст. Дар шеъри “Маънии Ватан” таъкид кардааст, ки агар дар бахри одами танхою бекас боши ва агар аз огуши Ватан дур монда бошию бо ёди Ватан боши, ту танхову бекас нести.

         “Харчанд бекаси,

         Худро ба лахзае танхо набишмири,

         Гар бар дили ту хаст ёди хуши Ватан”.

Ё бубинед, ки дар бораи гимни Чумхурии Мардумии Чин, ки чилу шаш сония давом мекунад, чи ручуи лирики анчом додааст:

                “Хуни даххо миллион одам

                Дар чилу шаш сония як дам,

                Мешавад дахчанд чушон,

                Бо садои калби хассон”.

Дар рохи хизмат ба Ватан Ли Чжаосин тану чонашро суда намудаст. Аз ин захмат бар чабинаш ожанг афтида, ки зи хар чуяи чин самари умраш аён аст. Бо вучуди ин дар вучуди у эхсоси нолиш дида намешавад. Хатто пас аз эхсоси дарди чашм ва хира шудани нури он 7 июни соли 1995 дар Мадрид мегуяд:

                   “Дар хар холат туи,

                   Туи, эй ватан,

                   Чашмони рушани ман”.

Бале, Ватан хастии Ли Чжаосин аст!

Шоирро асрори вакту фазо, маънии хаёт ва оламу табиат ором намегузорад ва ба андеша водор месозад. Ва у пайваста идроку андешахои худро ба риштаи назм мекашад. Бешубха ин захматест дандоншикан. Ва худи шоир хам икрор мешавад:

                   “Аз садхо тонна ину он

                   Хосил мешавад

                   Як дона марчон”.

Ин ранчи шоирро Ахмади Навид чун арзёби мекунад: “Тасвири хар манзара ё руйдоде аз дидгохи шоир пахлухои ба бинанда ноаёнро чилвагар сохта, мохияти офариниш ва муносибати инсонхоро ба масоили доими – маргу зист, некию бади бо завку хикмати хос, ки аз фалсафаи кадимаи чинихо сарчашма мегирад, шарх медихад”.

Ва басо рамзист, ки нахустшеъри мачмуа “Зиёрати оромгохи Карл Маркс дар Лондон” мебошад. Тимсоли марказии ин шеърро рисолати инсони ташкил медихад. Аслан зиёрати гуристон барои хар як одам бояд фарз бошад. Зеро танхо дар водии хомушон одам хоху нохох аз марг меандешад, ба кадри зиндаги мерасад ва хушёр мегардад. Ва бубинед, ки ин шеъри Ли Чжаосин саросар аз образхои муассир иборатанд:

        “…Танхо як ту

        Мондан дар руи заминро дори орзу,

        То бубини –

        Таърихи сарсафед

        Ба кучо расид.

        Умри човидонро накарди хавас,

        Зиндаи аммо дар дили хамаву хар кас.

        Хамсафаронат ба рохи охират

        Дар ин чо хам доранд савлат:

        Аз зархое, ки бо ситам андухта буданд,

        Зарринхарфое фармуданд

        Ва бар санги мазорхошон

        Катиба намуданд.

        Дилрастарин суханхо

        Дар кати баи гури туст аммо:

        “Захматкашони хамаи кишвархо, муттахид шавед!”

        Чун барк аст ин сатри рахшон,

        Ки рушан месозад рохи чахон”.

Ин шеърро шоири Чин дар мохи сентябри соли 1965 ба ифтихори 162-умин зодрузи Карл Маркс гуфтааст. Ли Чжаосин бори дуввум маркади Карл Марксро соли 2003 зиёрат мекунад. Яъне пас аз сиюхашт сол ва барои дер омаданаш хичолати худро изхор медорад. Дар баробари ин мехри бепоёни худро нисбати ин бузургмард пинхон намедорад:

        “Хамчунин барфи сафеди сари Алп

        Муйи ман гашта сафед.

        Натавон ёфт чу мехри дили ман дарёе,

        Ки занад бахри ту тугён”.

Ва боз бузургии Карл Марксро бори дигар ба калам медихад:

        “Куллаи кухи Химолойи фалаксой

        Ба баландии макоми ту нагардад хампой!”

Дар ин ду шеър фикри бикро баён кардааст: на хар марг давоми хаёт аст. Танхо марге, ки барои пойдор мондани инсофу адолат дар хаёт ба амал меояд, идомаи зиндаги шуда метавонад.

Бархак, бузургонро бузургон зинда медоранд!

Шеърхои Ли Чжаосин “чун донахои марворид ба риштаи назм кашида шудаанд, бо фалсафаи амик нисбат ба зиндаги, лутфи боназокату камоли маъни хонандаро” мафтун месозад. Дар шеъри  “Марчон” таъкид мекунад, ки зиндаги бехтарин эхдо аз чониби Худо аст ва як бор насиб мешавад:

        “Чун зиндаги хар касерост

        Аз чониби Худо

        Бехтарин эхдо,

        Ки насиб мешавад як бор

        Нотакрору пурасрор”.

Вале зиндаги осон нест ва ин мухтаворо дар пораи зер аз шеъри “Гушаи Аврупо” метавон равшан дид:

        “Дар паси кух, кухи дигар аст”,

        Хар ки медонад.

        Фатхи кулла валек осон аст?!”

Бале, осон нест!

Ва шоир хам мегуяд:

        “Рохи максуду умед осон нест,

        Хохад аз хурду калон курбони”.

Шоир дар шеъри “Даханаи Порто” таъкид мекунад, ки барои расидан ба максуд бояд хар он чизе Худо бар ту додааст истифода намои. Зеро, ки:

        “Чахон чун тахтаи шатранчбозист

        Ва “бозингар агар хуб аст, уро мушкиле нест”.

Шохрохи зиндагиро бе ишк тай кардан амрест мухол. Ва шоир асри навро асри ишк номидааст:

        “Асри нав асри ману мову шумост,

        Асри ишк асту суботу вафост”.

Ва боз таъкид кардааст, ки инсон бо ишк метавонад хушбахт бошад:

        “Хар кадар дар бахри ишк

        Гарк гардиву шино сози.

        Окибат хушбахт мегарди”.

Ва нихоят шоир фалсафаи зиндагиро дар фуроварди шеъри “Худоёни Юнони Кадим” чунин чамъбаст кардааст:

        “Худоёни Юнонзамин,

        Маълуманд бо дили юнонии худ:

        Гирянд барои Юнон.

        Ханданд барои Юнон,

        Миранд барои Юнон”.

Бале, барои зиндаги гиристан лозим, хандидан лозим ва мурдан!

Мавзуи неку бад хамеша дар маркази диккати Ли Чжаосин карор дорад. Дар эчодиёти шоир ин мавзуъ бо мухимтарин масъалахои чахони имруза пайвастааст. Аз чумла дар шеъри “Диалектикаи чавони” сухани шоир лахну оханги пандомез дорад:

        “Хастии инсон бубояд дарк кардан,

        К-он хама якранг мисли коинот аст.

        Хар рахи тайкардаи дирузу имруз

        Чун хакикат пойдор асту хаёт аст”.

Хамин мавзуъ дар шеъри “Дар васфи парасту” бо истифодаи фаровони рамзхо бенихоят чаззобу дилписанд ифода шудааст:

        “…Ту рисолатро шиноси,

        Аз хама болову шоён,

        З-ин сабаб ту рах кушоди

        Суйи манзилгохи инсон.

        Эй парасту,

        Мургаки зебопарасти ман!

        Хонахо гарчи шукухманд асту олист,

        Бе ту холист…”

Шоир моро ба хушёри ва адои корхои нек даъват менамояд. Ва таъкид мекунад, ки дар хама давру замонхо бадкору бадандешон мавчуд будаанд. Аз хамаи онхо хам эхтиёт шудан ва хам ба мукобили онхо мубориза бурдан лозим аст.

Акидаву пиндори шоир дар шеърхои “Гуфтугуйи хамкорихои Осиё дар Чианг Май”, “Дидор дар касри устухони” дар манзарахо ва шаклу усулхои гуногун талкин гардидааст. Онхо хеле таъсирбахш буда, касро ба хамдиливу хамсадои мехонанд. Чоиз аст ин чо аз шеърхои мазкур чанд намуна оварда шавад:

        “Оби Чианг Май, ки поку бегубор аст,

        Осмони сабзро ойинадор аст.

        Одами бояст аз рузи нахустин бовафо бошад,

        Аз азал бояст дилхои ману мо хамсадо бошад”.

        “Касрест базебу лек содда,

        Касре, ки ба рух латма орад,

        Хам фалсафаи хаёт ин аст,

        Хам харфи хамуши устухонхо:

        Неки куну бош некандеш

        Дар гармиву сардии замонахо!”

Дар шеъри “Дар зодгохи Мотсарт ва Гитлер” кадру манзалати инсон бо як оханги хам дардолу хам пандомез хам таассуфомез ва хам бо лобаву ниёиш тасвир шудааст.

        “Ин чо хамон як офтоб,

        Ин чо хамон як мохтоб

        Пайваста нурафшон бувад.

        Ду марди машхури чахон

        Зоданд ин чо – неку бад.

        Бо савти хуш гар он яке

        Бар дил бахорон оварад,

        Бо тиру тупаш он дигар

        Аз дахр

        Осори бахоронро барад…”

Дар шеър чамъбасти зерини шоир пандомез гуфта шуда, хар як хонандаро ба фику андеша кардан водор месозад ва ба сабакомузи аз гузаштаи талх хидоят менамояд:

        “…Гулзор гури он яке гар доимост,

        Гури дигарро

        Кас надонад дар кучост”.

Шоир ба кувваи неки бовари дорад, ояндаро дурахшон мебинад ва онро дар шеъри “Киргизистон – зодгохи Ли Баи” чунин иброз медорад:

        “…Сабз аст навбахорон, пурмева тирамохон,

        Ин аст харфи таърих з-ояндаи дурахшон”.

Бале, оянда дурахшон аст!

Харчанд “чанги сард” хотима ёфта бошад хам, бинои сулх хеле ва хеле нозуку нафис аст. Ва хар лахза хавфи вайрон кардани ин бино вучуд дорад. Ин мавзуъ дар бисёр шеърхои Ли Чжаосин бо охангхову замзамахои гуногун такрор ба такрор мавриди таваччух карор мегирад. Хавфи халалпазирии осмони бегубори сулх дар шеърхои “Дар богчаи СММ” ва “Як даста гули хамешасабз” хеле мутантан садо медихад:

        “Дар Бусниву Херзегувин замин сузон аст,

        Дар Сомали – осмон оташафшон,

        Дар Гаити ашки мардум резон аст,

        Дар Шурои амният – бахсхо гарму чушон…”

*       *       *

        “Абрхои дуди Матхеттен

        То хавои тозаи Пекин расиданд.

        Мавчхои сабзи Чунгнан Хай

        Гиряи дарёи Дунгхэро шуниданд”.

Шоир мардуми чинро чун руди шухоби кухи тасвир мекунад, ки дар хама чо аз худ нишони неки мемонад ва содики сулхи чахонанд. Ва дар шеъри “Пекин – интихоби дунё ва фардо” мегуяд:

        “Ахли Пекин хандаду гиряд,

        Чуяд аз чон сулхи подори чахонро.

        Мардуми чини ба гуфтору ба кирдор

        Пос дорад дустии човидонро”.

Ли Чжаосин барои сулх хеч чизро дарег намедорад. Хатто 14 сентябри соли 2003 хангоми бозгашт аз Женева ба Пекин аз тарики Порис, ки дар он чо бо иштироки панч аъзои доимии Шурои амнияти СММ масъалаи Ирокро мухокима карданд, чунин менависад:

        “Мон, вазирони умури хорича

        Касби худро лахзае дигар кунанд;

        Мон, ки баргарданд муштокони чанг аз рохи хеш;

        Мон, ки андозад танин овози одди дар чахон:

        “Мо – мардумем!”

Дар шеъри “Нигохе аз Хавана” тапиши дили шоир, диле, ки лабрези таманнохои олии башардустона, диле, ки моломоли эхсоси начиби сулху бародарист, шунида мешавад:

        “…Дидаму гашт чашму дил равшан,

        Ин суханхо баромад аз дили ман:

        Мон паногох сабзазор шавад,

        Мон, ба майдони харб руяд гул.

        Мисли бургу дихад завод садо

        Чои чавшан барояд аз он хишт”.

Дар фуроварди шеъри “Лахза” Ли Чжаосин хамчун фотехи майдони сиёсат, бо лахну оханги дипломати, вале дилпурона мегуяд:

        “Мекунам ман орзу бо эхтиром,

        То суруди дустиву сулх бошад бардавом”.

Бодо, ки чунин бодо!

Шоири муосири Чин ба шеъри тасвири низ ручуъ карда, тасвирхои ноб ва чаззобро офаридааст. Масалан, шеъри “Тарбуз”-ро гирем, ки он мохи августи соли 1981 хангоми сафари аввалини у ба Нинг Сиа навишта шудааст. дар ин сафар шоирро дар хонаи яке аз баскетболбозони дехаи У Рон бо тарбуз зиёфат мекунанд. Шоир аввал олучазори канори Зардрудро ба рухсорахои сурхи духтарони дех ташбех дода, майдонро чунин ба калам медихад:

        “…Гусолае масти чарост.

        Баррачае бас хушсадост…”.

Баъдтар у бозии баскетболбозонро тамошо мекунад. Довар хуштак мекашад ва духтараке ба руи гарами тарбуз меафтад. Ва Ли Чжаосин тарбузхои кафидаро чи чолиб тасвир мекунад:

        “Мешаванд намоён

        Дандонхои зумурради

        Дар дахони тарбузхои хандон”.

Ё ки шеъри “Дар рохи Сиен Сирг”-ро бигирем, ки дар он махорати тасвиркорихои Ли Чжаосин такмил ёфтааст:

        “Як шамоли тунд ояд аз шимол,

        Барф

        Чун мурги сафед

        Дар фазо бикшода бол”.

Аз шеър ба шеър тасвирхо равшану возехтар ва иборахо равшану пурбортар мегарданд. Бо чанд намуна аз шеърхои “Кули Лемон”, “Алатоги сарбаланд”, “Гули кирмизи Атланта” иктифо мекунем:

        “Чашм мехаранд хамушу бесадо

        Баргхои сабзи бекарор”

        “Барф пушида хати сархадро…

        Нукра пайваста заминро ба само…

        Кух чун духтари навбова ачаб ором аст,

        Кулла чун пири кухансол ачаб хомуш аст.

        Ашки гарм аст ду дарёи равон,

        Медихад савту суруди кухани ошикиро умри чавон”.

        “Гули кирмиз,

        Зи зардиву сафеди то ба сурхи

        Барои ту бувад рохи асолат”.

Бале, муйхои сафед ва ожингхои чабини Ли Чжаосин рохи асолати у мебошад!

Мусаллам аст, ки дар ин тархи мухтасар баёни хамаи пахлухои шеъри мачмуа аз имкони мо берун аст. Бинобари ин ба навиштаи худ нуктаи таммат мегузорам, аммо пеш аз он, ки ин корро ичро кунам, мехохам дар фарчоми сухан чанд нуктаро гушраси хонандаи арчманд намоям.

Аввалан ду мисраи Бедилро меорам:

     “Бедил, ба саркашони чахон чашми ибрат аст

     Сар то пой захми намоёни бурё”.

Дуввум банди охири сарсуханро: “Якин дорем, ки ин дастагули шодоб аз шохахои гулафшони назми Ли Чжаосин огозгари робитахои адабию фархангии боз хам наздиктар байни мардумони Точикистону Чин хохад гардид”.

Сеюм, бо эътимоди комил гуфта метавонам, ки дустдорони каломи бадеъ ва хаводорони шеъри тар аз шеъри ин шоири чахондидаву огах аз неку бади рузгор ганчи хикмат меёбанд.

Чорум, ин китоб дар хештаншиносиву худогохии мардуми харду кишвар самарахои неке ба бор хохад овард.

Бигзор мисрахои худи Ли Чжаосин анчомбахши гуфтори мо бошад:

       “…Сабз аст навбахорон, пурмева тирамохон,

       Ин аст харфи таърих з-ояндаи дурахшон”.

Бале, дустии мардуми Точикистону Чин пояндаву човид хохад буд!

1 октябри соли 2006

Загрузка...

Дар борамон

Инчунин кобед

obama

Агар яке аз номзадхо бохтро эътироф накунад, чи мешавад?

ИМА рузи 3 ноябр тасмим мегирад, ки Доналд Трамп дар Кохи Сафед бимонад. Номзад ба …