Главная / Маданият ва санъат / САДОНОКХОИ КУТОХ (ХАРАКАТХО) ДАР КОФИЯ

САДОНОКХОИ КУТОХ (ХАРАКАТХО) ДАР КОФИЯ

Дар системаи кофияи шеъри форси – точики мафхумхои харф,  харакат ва хичо макоми махсус доранд. Ин коида ба забоншиноси ва шеършиносии мо аз забони араби омадааст. Дар алифбои араби мафхуми харф ва мафхуми харакат аз хамдигар тафовут доранд. Харфхо навишта мешаванд ва шакли муайян доранд, аммо харакатхоро наменависанд, факат хангоми хондан талаффуз менамоянд.

Гохе харакатхоро дар мавриди зарури мегузоранд. Ин харакатхо бо номхои «забар» ё «фатха» (а), «зер» ё «касра» (и) ва «пеш» ё «замма» (у) маъмуланд. Дар забоншиносии имруза харакатхоро (яъне, а, и, у) садонокхои кутох меноманд.

Харфхо дар якчояги бо ин харкатхо, яъне садонокхои кутох хичоро ба вучуд меоранд.

kitob

Харфхои «алиф», «вов» ва «йо» дар алифбои арабиасоси точики овози садонокро медиханд ва онхоро барои фарк кардан аз харакатхо садоноки дароз мегуянд, ки «о», «у» («у») ва «и» мебошанд. Хамин тарик, дар илми кофия х а р ф х о (хамсадо ва садонокхои дароз) ва х а – р а к а т х о (садонокхои кутох) иштирок менамоянд.

Мо дар боло доир ба харфхои кофия маълумот додем ва барои хар кадоми онхо мисолхо овардем. Холо дар хусуси харакатхои кофия (садонокхои кутох), ном ва мавкеъи онхо дар р е ш а и к о ф и я маълумот медихем.

Дар илми кофия садонокхои кутохеро, ки дар сохтани решаи кофия иштирок менамоянд, х а р а к а т х о и к о ф и я меноманд. Аксари донишмандони илми кофия ба хар як харакат ном ниходаанд. Харакатхои кофия шаштоянд: р а с, и ш б о ъ, х а з в, т а в ч е х, м а ч р о, н а ф о з.

Абдуррахмони Чоми дар байте номи харакатхои кофияро чунин ба назм овардааст:

Расу ишбоъу хазву тавчех аст,
Боз мачрову баъд аз уст нафоз.

Аз ин харакатхо чортояш дар к о ф и я и м у к а й я д меояд (рас, ишбоъ, хазв ва тавчех) ва дутои дигараш (мачро ва нафоз) ба к о ф и я и м у т л а к тааллук дорад. Ба таври дигар гуем, харакатхои р а с , и ш – б о ъ, х а з в ва т а в ч е х пеш аз харфи рави, аммо харакатхои м а ч р о ва н а ф о з баъди рави меоянд. Насируддини Туси аз харфхои аввали номи харакатхои кофия ибораи «Рохати ман»-ро сохтааст, ки барои ба осони дар хотир нигох доштани номи харакатхо ба хонанда ёри мерасонад, яъне аз р а с харфи «р», аз ишбоъ харфи алиф (яъне, «о»), аз хазв харфи «х», аз тавчех харфи «т», аз мачро харфи «м» ва аз нафоз харфи «н».

Харакатхои кофия дар алифбои имруза шакли овози ва харфи надоранд, аз ин ру, аз аввал маънихои лугави ва истилохии онхоро шарх дода, сипас дар асоси мисолхои шеъри шакл ва мавкеъи онхоро дар решаи кофия нишон медихем.

  1. Рас калимаи арабист, маънои лугавиаш ибтидои чизе; чохи кухна буда, дар илми кофия харакати пеш аз т а ъ с и с ро гуянд. Рас садоноки кутохи «а» аст, ки дар решаи кофия пеш аз харфи «о», яъне таъсис дар назар дошта мешуд. Рас факат ба харфхои араби тааллук дошта, дар навишти имруза ифодаи харфи надорад.
  2. Ишбоъ калимаи арабист, маънои лугавиаш сер кардан, пур кардан буда, дар илми кофия харакати хамсадоест, ки дар кофия ба вазифаи д а х и л меояд, яъне садонокхои кутохи «а», «и» ва «у», ки дар байни д а х и л ва р а в и чой гирифтаанд.

Мисол:

Кофия дар асл як харф асту хашт онро табаъ,

Чор пешу чор пас, он нукта инхо дойира.

Харфи таъсису дахилу ридфу кайд, он гох равй,

Баъд аз он васлу хуруч асту мазиду нойира.

Дар ин китъа калимахои д о й и р а ва н о й и р а кофия, чузви             «-

ойира» решаи кофия буда, садоноки дарози «о» т а ъ с и с, харфи «й» д а х и л, садоноки кутохи «и» и ш б о ъ, харфи «р» р а в и и м у т л а к ва харфи «а» в а с л мебошад.

Дар калимахое, ки ба вазифаи кофия омадаанду дар таркибашон харакати ишбоъ доранд, хеле кам аст. Масалан:

Калимахои «мубораки»-ю «роваки» кофия, чузвхои «-ораки» ва «- оваки» решаи кофия буда, харфи «о» т а ъ с и с, харфи «р» (дар калимаи «роваки» харфи «в») д а х и л, садоноки кутохи «а» и ш б о ъ, харфи «к» р а в и ва харфи «и» васл аст.

  1. Хазв калимаи арабист, маънои лугавиаш баробар кардани ду чиз бошад. Дар илми кофия садоноки кутохеро (а, и, у) гуянд, ки пеш аз харфи кайд омада бошад. Мисол:

Набандад то сари нофи замин санг,

Намонад дона дар нофи замин танг. (Бозор Собир)

Дар ин байт (вазнаш-Хазачи мусаммани максур) калимахои «санг» ва «танг» кофия, чузви «-анг» решаи кофия буда, садоноки кутохи «а» х а з в, харфи «н» к а й д, харфи «г» равии мукайяд мебошад.

Аксари мухаккикони таърихи адабиёт дар ин акидаанд, ки такрори хазв дар кофияхои мукайяд (кофияхое, ки дар он харфи рави бо харфи в а с л начаспидааст) хатми, вале дар кофияхои мутлак (кофияхое, ки дар онхо харфи р а в и бо харфи в а с л часпидааст) шарт нест.

Мисол:

Барафканд, ай санам, абри бихиштй,

Заминро хилъати урдибихиштй.

Замин бар сони хунолуда зебо,

Хаво бар сони нилолуда муште. (Дакики)

Дар ин чор мисраъ (вазнаш-Хазачи мусаддаси махзуф) калимахои «бихишти», «урдибихишти» ва «муште» кофия, чузвхои «-ишти», ва «-уште» решаи кофия буда, харфи «ш» к а й д, харфи «т» равии мутлак, харфи «и»-и «бихишти»-ю «урдибихишти» ва «е»-и «муште» в а с л, садоноки кутохи «и»-и «-ишти»-ю «у»-и «-уште» хазв мебошанд. Азбаски кофияи ин абёт кофияи мутлак аст, яъне баъди харфи р а в и («т») харфи в а с л («и», дар калимаи «муште» «е» омадааст, харакати х а з в такрор нашудааст.

Дар рубоии Хабиб Юсуфи:

Боз о, ки дил аз омаданат маст шудаст,

Аз шавкати ту зуру забардаст шудаст.

Дил аз ту чи сарбаланд гаштаст, ки кух

Дар пеши баландии сараш паст шудаст.

Калимахои «маст», «забардаст» ва «паст» кофияи мукайяд, чузви «- аст»-и харсе калима р е ш а и к о ф и я буда, харфи «с» к а й д, харфи «т» равии мукайяд ва садоноки кутохи «а», ки пеш аз харфи кайд омадааст, х а з в мебошад. Азбаски кофияи ин байтхо мукайяд аст, х а з в такрор гардидааст.

Такрори х а з в дар кофия охангнокии шеърро зиёд мекунад, барои хамин, шоирони тавонои адабиёти гузашта ва имрузаи форс-точик дар кофияи мутлак низ хазвро такрор кардаанд.

  1. Тавчех калимаи араби буда, маънои лугавиаш ба суи чизе ру овардан, мурочиат кардан мебошад. Дар илми кофия яке аз харакатхои кофияи мукайядро гуянд. Тавчех садоноки кутохест (а, и, у), ки дар кофия пеш аз равии мукайяд омада бошад.

Мисол:

Точикистон, сари хар санги ту бар ман Ватан аст,

Бари хар буттаи хори ту бароям чаман аст. (Мирзо Турсунзода)

Дар байт (вазнаш – Рамали мусаммани махбуни максур) калимахои «Ватан» ва «чаман» кофия буда, харфи «н» равии мукайяд, садоноки кутохи «а», ки пеш аз равии мукайяд омадааст, тавчех мебошад.

Мухаккикони илми кофия дар ин акидаанд, ки такрори тавчех дар кофияхои мукайяд хатми, вале дар кофияхои мутлак шарт нест. Мисол: Аз паси тиреза духтар мегирист,

Навнихоли гунчаи тар мегирист.

Завки ночури мухаббат дар дилаш,

Дам ба дам бо сузи дигар мегирист. (Гулназар)

Дар ин шеъри Гулназар (вазнаш – Рамали мусаддаси максур) калимахои «духтар»-у «тар»-у «дигар» кофия, чузви «-ар»-и харсе калима решаи кофия буда, харфи «р» равии мукайяд ва садоноки кутохи «а», ки пеш аз равии мукайяд омадааст, тавчех мебошад. Чи тавре ки мебинед, дар ин се калима харакати тавчех такрор шудааст.

Мисоли дигар:

Дунё наарзад он ки парешон куни диле,

Зинхор бад макун, ки накардаст окиле.

Гар ман сухан дуруст бигуям, ту нашнави,

Бечахд аз ойина набарад занг сайкале.

Дар абёти боло (вазнаш – Музореъи мусаммани ахраби макфуфи махзуф) калимахои «диле»-ю «окиле»-ю «сайкале» кофия буда, харфи «и» (дар кофияи «сайкале» харфи «а»-и дуюм) т а в ч е х, харфи «л» р а в и и м у т л а к, харфи «е» васл мебошад. Чи тавре ки мебинед, дар ин се кофия харакати т а в ч е х такрор нашудааст, сабаб он аст, ки т а в ч е х бо равии мутлак омадааст. Азбаски такрори т а в ч е х охангнокии шеърро зиёд мекунад, аксари шоирони гузашта ва имрузаи адабиёти точик дар кофияи мутлак низ харакати тавчехро такрор кардаанд.

  1. Мачро калимаи арабист, маънои лугавиаш пушида, чои равон шудани об буда, ба маънои истилохи номи яке аз харакатхои кофияи мутлак аст. Дар асл мачро садоноки кутохи «а» мебошад, ки дар кофияи мутлак баъди р а в и омада, харфхоеро, ки ба вазифаи в а с л омадаанд, ба харфи рави пайваст менамояд.

Шояд дигар садонокхои кутох, яъне харакатхои и, у ба вазифаи мачро оянд, аммо аз мисолхое, ки то имруз дастраси мо шудааст, маълум гардид, ки кариб дар хама маврид факат садоноки «а» ба вазифаи мачро омадааст. Мисол:

Раъият ба зулми ту чун олиманд,

Зи зулми ту бар якдигар золиманд. (Чоми)

Дар ин байт (вазнаш – Мутакориби мусаммани максур) калимахои «олиманд»-у «золиманд» кофия буда, решаи харду кофия «-олиманд» аст, ки харфи «о» т а ъ с и с, харфи «л» д а х и л, садоноки «и» и ш б о ъ, харфи «м» р а в и и м у т л а к, садоноки кутохи «а» м а ч р о, харфи «н» в а с л ва харфи «д» х у р у ч мебошанд. Такрори мачро дар кофия хатмист.

Нафоз калимаи арабист, маънои лугавиаш гузаштани чизе ба чизе, берун шудани тир аз нишона, дар илми кофия номи яке аз харакатхои к о ф и я и м у т л а к ро гуянд. Нафоз садоноки кутохест (а, и, у), ки дар кофияи мутлак баъди васл омада бошад. Мисол:

Гар дил зи гами ёр напардохтанистеш,

Бо у хама вучух дарсохтанистеш. (аз «Ал-муъчам)

Дар ин байт (вазнаш – Хазачи мусаммани ахраби макфуфи максур) калимахои «напардохтанистеш» ва «дарсохтанистеш» кофия, чузви «-охтанистеш» решаи кофия буда, харфи «о» ридфи муфрад, харфи «х» р и д ф и м у р а к к а б, харфи «т» р а в и и м у т л а к, садоноки кутохи «а» м а ч р о, харфи «н» в а с л, садоноки кутохи «и» н а ф о з, харфи «с» х у р у ч, харфи «т» м а – з и д, харфхои «е» ва «ш» н о й и р а мебошанд. Садонокхои кутохеро, ки баъди х у р у ч ва м а з и д меоянд, низ нафоз меноманд. Мисол:

Ин дил, ки ба зулфи дилбаре бастемаш,

Хар чанд гусаст, боз пайвастемаш. (Котиб)

Дар ин байт (вазнаш – Хазачи мусаммани ахраби мусаммани макбузи абтар) калимахои «бастемаш» ва «пайвастемаш» кофия, чузви «- астемаш» решаи кофия буда, садоноки кутохи «а»-и аввал х а з в , харфи «с» кайд, харфи «т» р а- в и и м у т л а к, харфи «е» в а с л, хамсадои «м» х у р у ч, садоноки «а»-и дуюм н а ф о з ва харфи «ш» м а з и д мебошанд. Такрори нафоз дар кофияи мутлак хатмист. Кофияе, ки дар решаи он харакати нафоз омада бошад, хеле кам аст.

Мисолхо барои харакатхои кофия:

1.Мисол барои харакатхои ишбоъ, мачро ва нафоз:

Ёри махру мойиласташ, Харчи хохад, хосиласташ,

  1. Мисол барои харакати хазв:

Гар сузи дилам як нафас охиста шавад,

Аз дуди дилам рохи нафас баста шавад. (Камоли Исфахони)

  1. Мисол барои харакати тавчех:

Хадисе аз лабаш гуфтам, дахони гунча бо хам шуд,

Чу номи абруяш бурдам, аз ин пушти камон хам шуд.

(Котибии Туршезй)

  1. Мисол барои мачро:

Агар ба давлат ба Рудаки намемонам,

Ачаб макун сухан аз Рудаки на кам донам. (Абузироа)

  1. Мисол барои нафоз:

То кай ба хуни дидаву дил парваремашон,

Аз рах бурун раванду ба рох оваремашон.

(Чоми) Савол ва супоришхо:

  1. Дар илми кофия харф ва харакат аз хамдигар чи фарк доранд?
  2. Кадом харкатхо ба кофияи мукайяд тааллук доранд?
  3. Мисолхои шеъри оварда, харакатхои кофияи мукайядро нишон дихед.
  4. Кадом харакатхо баъди харфи рави меоянд?
  5. Дар хусуси харакатхои кофияи мутлак маълумот дихед.
  6. Дар байти зери Чоми:

Сабзахо навдамида ёр наёмад,

Тоза шуд богу он нигор наёмад.

Калимахои «ёр» ва «нигор» ба кадом навъи кофия дохил мешаванд?

  1. Харакатхои кофия бо кадом номхо машхуранд?
  2. Кадом харакатхо пеш аз харфи рави меоянд?
  3. Маънохои лугавию истилохии р а с с у и ш б о ъ у х а з в ро гуед.
  4. Харакате, ки пеш аз харфи к а й д меояд, чи ном дорад?
  5. Кадоме аз ин харакатхо дар шеъри форси-точики истифода намешаванд?
  6. Тафовути байни харакатхои и ш б о ъ у м а ч р о ро фахмонед.
  7. Харакати дахил чи ном дорад?
  8. Умумият ва тафовути харакатхои ишбо ъ ва м а ч р о ро фахмонед.
  9. Дар кофияхои «горат» ва «ишорат»-и ин байти Хофиз:

Биё, ки турки фалак хони руза горат кард,

Хилоли ид ба даври кадах ишорат кард.

садоноки кутохи «а» и ш б о ъ аст ё м а ч р о?

  1. Маънихои лугави ва истилохии х а з в ро гуед.
  2. Мисоли шеърие оред, ки дар он харакати тавчех омада бошад.
  3. Нафоз чист?
  4. Харакате, ки баъди харфхои хуручу мазид меояд, чи ном дорад?
  5. Ин байти Чомиро азёд кунед ва шарх дихед:

Расу ишбоъу хазву тавчех аст,
Боз мачрову баъд аз уст нафоз.

Инчунин кобед

neft

Конун дар бораи нафту газ

Конуни Чумхури Tочикистон  “Дар бораи нафту газ” 18 марти соли 2015, №1190 кабул карда шудааст, …