Главная / Гуногун / САДХОИ НОУСТУВОР

САДХОИ НОУСТУВОР

Кух ба кух намерасаду одам ба одам мерасад, гуфтаанд. Ман бо шиносам Тохир Баротов баъди панч сол тасодуфан вохурдем. Кош вонамехурдам. Вокеа ин тавр шуд:

…Дар яке аз рузхои бахор, ба заводи таъмири механики омадам. Хануз аз дур дидам, ки дарвоза калон кушода аст. Рости, каме хайрон шудам. Охир дар дарун анбори масолех, кисмхои эхтиёти ва дигар молхо буд. Аз дари боз ба дарун даромадам. Касе напурсид, ки ту кисти ва ба кучо равонаи?

Назди анбор бо Тохир ру ба ру шудам. Вай ба саволхоям кутах ва беракбат чавоб медод.

Аз сихати ва кору бораш пурсон шудам.

– Маошат чанд сум?

– Яксаду дах, – гуфт.

– О ту дар заводи мо яксаду хаштод сум мегирифти-ку.

У хандид.

– Содда! Зиндаги бе пул маъни надорад.

– Пас барои чи 180 сумро ба 110 сум иваз  карди?

– Инчо макзу чакз хаст.

Ана гап дар кучо. Мехри пули харом уро ба ин чо оварда будааст. Ман Тохирро насихат кардам, куломи нафс нашав гуфтам. Вале гуё ба девор гуфта бошам. У дандонхои тиллояшро намоиш дода, бо захрханд гуфт:

– Хуб содда будаи. Дунё ба ки вафо карда буд?

Кисса кутох дидам, ки суханони ман ба у асар надоранд, дар дил афсус хурдам.

Ва инак, ман худ ба худ меандешидам: наход хамин кадар сол ба даст наафтода бошад. Бо такозои кору вазифа бо чанд каси дигар вохурдам, ки мисли Тохир дар  андешаи калат буданд.

Рафтори онхо маро ба андешахои тулони водор кард. Баъзехо дузди мекунанд, баъзеи дигар пули халоли худро бо ду дасти адаб ба харомхурон медиханд.

Ин хама ба хаёлам аз бепарвои ва бепринсипи сар мезанад. Масалан, мудири магазини раками ёздахуми Чамъияти матлуботи посёлкаи Варзоб Н. Чобиров 8559 суму 84 тини давлатро аз худ кард ва ба максади рупуш кардани чиноят бо мудири магазини раками чоруми хамин чамъияти матлубот Х. Кассиров забон як кард: аз у молхои бехуччат кабул кард. Пас аз ин Чобиров бо рохи калат ва нияти азхуд кардани пули савдо ва мол боз 8064 суму 56 тинро дуздид. Бо максади рупуш кардани дуздиаш бо Кассиров гапро пазонда, магазинро оташ заданд ва 61 778 суму 23 тини давлатро ба бод доданд. Санчиши хуччатхои ин кори чинояти возех нишон медиханд, ки бемасъулияти, чурабози ба пинхон кардани ин чиноят мусоидат кардааст ва бадтинатонро ба чинояти нав, ба дакалона вайрон кардани конун хавасманд гардонидааст. Чун бо номаи аъмоли онхо ошно шудем, маълум гашт, ки Кассиров ва Чобиров умуман хукуки мудири магазин шудан надоштаанд, зеро маълумоти сохаи савдоро надоранд. Ин хам ба назари мо нишонаи беэътиноии шахсони чудогона аст.  Агар рохбарони чамъияти матлубот дар кори интихоби кадрхо дуруст рафтор мекарданд, чунин бандахои нафс дар сохаи савдо – хизмати мадани ба мардум рох намеёфтанд.

Органхои дахлдор соли 1986 дар корхонахои гуногуни Душанбе садхо одамонро дар сари дузди дастгир карда, бештар аз 50 хазор сумина махсулоти дуздиро ба фоидаи давлат гузарониданд.

Тааччуби мо аз он аст, ки бисёрихо ин бадрафторонро мебинанд, вале худро ба нодидаги мезананд. «Ин кори ман нест», –  мегуянд. Ронандаи мошинаи борбардори фабрикаи «Ширин» В. А. Шестаковро дар баромадгохи корхона бо моли дузди доштанд. Баъд чи? Бо карори суди рафикона аз у 10 сум чарима ситонданду халос. Баъди ду мох у боз ба маблаки 11 сумина кахваю шир дуздида баровардани шуд. Ин дафъа корхо ба суди халки расид. Суд карор кард, ки муддати як сол хар мох аз хисоби маошаш бист фоиз нигох дошта шавад. Хамин гуна карор дар хакки коргари дигари ин корхона Л. Алиева бароварда шудааст.

Агар одамон медонистанд, ки хамкоронашон гунохи дуздии онхоро намебахшанд, бовари дорам ба ин даст намезаданд.

Ба назарам ба мушкилоти зиндаги холисона назар бикунем, бехтар аст. Гохо шароит касро мачбур месозад, ки аз хизмати корчаллонхо истифода барад. Ба манфиати худ истифода бурдани наклиёти давлатиро мисол мегирем. Мо баъзан барои он пеши рохи мошинахои шахси ва даргузарро мегирем, ки он барои мо кулай ва камташвиш аст: навбат истода, таксиро мунтазир шудан ва ё андешаи он ки як халта сементро ба саробустон чи тавр барем, лозим нест.

Дар шахри мо – Душанбе хануз идорае нест, ки мисли прокат хар гох лозим шавад, ягон хели наклиётро бигиред. Масалан, рузи  дафн ё ягон маъракаи дигар ба шумо мошин лозим шуд, онро аз кучо меёбед? Ночор ё  мошинаи давлатиро истифода мебаред ва ё ба корчаллонхо мурочиат мекунед. Дигар чи илоч?

Илоч хаст: идораи дахлдори ягонаи давлатие зарур аст, ки талаботи афзояндаи сокинони шахрро конеъ гардонад.

Ё худ мушкилоти дигареро бубинем. Дар шахр на як бору дубор аз ину он шунидаем, ки чархи мошинаи сабукравро аз кароргохи назди хонахо дуздидаанд. Дуздхоро сафед кардан нашояд, лекин ин кори ношоями онхо сабаб дорад: агар хамаи хохишмандон имконияти харидани кисмхои эхтиёии мошинро медоштанд, онхо ба дузди даст намезаданд ва ба харидани кисмхои дузди аз дасти ину он зарурат намемонд. Вале азбаски аз магазинхо кисмхои заруриро пайдо кардан мушкил аст, дар корхонаи хизмати техники наклиёт хам, аз онхо танкиси мекашанд, баъзехо ба ин рох мераванд. Аксари  сохибони мошин, аксар мошинахои шахси пеши челонгарону таъмирчиён сарпарастанд.

Мушкилоти дигаре, ки имрузхо бисёрихоро ба ташвиш овардааст, сохтану обод кардани саробустонхои беруназшахри аст. Ёфтани масолехи бинокори чандон осон нест. Модоме, ки ёфт намешавад, баъзехо аз дузди даст мезананд ё аз моли дузди мехаранд. Агар ба таъбирхои сохаи корхонахо гуем, ки хама такмил додани механизми хочагидориро  такозо дорад. Вале алхол чи бояд кард?

Даст болои даст гузошта, нигох карда шинем, ки кай мехинизмро «такмил» медиханд?». Не, албатта. Вокеан, магар сабаби хамаи мушкилот дар хамин аст?  Мисоли мохиятан андаке дигарро меорам. Коргарони комбинати гушт аксаран пинхони ба хона гушт мебаранд. Чи, магар гушт хам дар магазин нест? Хаст. Вале бо вучуди ин дузди мекунанд-ку. Дар ин чо чи гунна механизмро бояд такмил дод? Ба назари мо мухимаш такмили худи одам аст. Гирифтани  пеши рохи бад. Ки бояд ин корро бикунад? Хамаи мо, хар як фарди чамъияти мо. Ва пеш аз хама онхое, ки дар пахлуи ин чашмгушнахо  зиндаги ва кор мекунанд. Мухите сохтан лозим, ки ба чунин рафторхо оштинопазир бошад, одамон ба харомхурону фиребгарон ва дуздон бо хисси нафрат нигаранд, он монеахоеро, ки ин одамонро аз рохи бад ва чиноят боз медоранд, бештар бикунанд. Масалан, як гурухи депутатхо, ки ман хам узви онхо хастам, ба мукобили «чойпули» муборизаи беамон эълон карданд. Ин «чойпули» хамон аст, ки ба туфайли онхо баъзе одамхои харомхур хар сол ба курорт мерафтанд, мошин мехариданд, бустонсаро месохтанд. Мо як-ду бор рейд гузаронида,  гунахкоронро фош намудем, рохи ислохашро ба онхо фахмондем.

Боре чумаки обрави ошхонаамон шикаст. Усторо даъват кардем, онро таъмир кардан   нахост. Дар магазинхо бошад, асбоби барои мо лозима пайдо нашуд. Вокеан, наваш чи лозим, модоме ки кухнаро таъмир кардан мумкин бошад? Лозим омад, ки ба чои кор бурда соз кунам. Ман хам гуё чизеро «ба хона кашондам»: кувваи электрро, вакти кориро. Шояд баъзехо хамин хам гап шуд гуянд. Не, кирои ташвиш хаст. Ман метавонистам  баъди кор пулашро дода, таъмир бикунам. Дар заводи «Шкода»-и Чехословакия коргар метавонад мошини худро таъмир кунад. Як микдор пулро ба хисоби завод мегузаронду аз  тачхизот ва асбобхои махсус истифода мебарад. Вакти кор чунон интихоб карда мешавад, ки тачхизот дар он соат озод бошад, яъне ба кори давлат халал нарасад. Дар баъзе аз корхонахои мо аз чунин усулхо  истифода кардан ба нафъи давлат ва корхонаву коргарон хохад буд.

Дар шахрхои дигар салонхои «Худат бисоз» кушода шудааст. Чаро дар шахри мо ин гуна салонхо нестанд? Албатта, барои ин давукеч лозим: бино ёфтан, тачхизот шинондан даркор. Лекин як рохи дигар хам хаст, бевосита дар корхонахо, дар он чое, ки хама чиз хаст. Ба воситаи бухгалтерия фурухтани талони хизмати мошинро мисол гирем. Пули мукарраршударо супору дар участкаи махсус  чудокардашуда аз асбобу тачхизот ва махсулоти зарури истифода кардан гир. Худат натавони, рафиконатро ба ёри даъват  кун. Дар ин кор ягон хел штату нозирони  дигаре лозим нест.

Ё ин ки ба як рафикат дар бустонсарояш мурват даркор шуд. Дар магазин онро  намефурушанд, дар салони хизмати маиши онро соз намекунанд. Вале он хел мурват дар куттии оханпораи корхонахо кух-кух хоб аст. Барои онро хона бурдан конун ичозат  намедихад. Дуздхо бошанд, дар назди магазин мурватхои нав мефурушанд. Дар як кунч мебини ки пораи кубур, дар гушаи дигар  дигар чиз истодааст. Бисёр мешавад, ки кубурпорахоро ба мошин ва вагонхои рохи охан бор карда ба ким-кучохо бурда аз нав мегудозанд ва боз бо мошину вагонхо бор карда меоранд. Бубинед барои давлат чи кадар гарон меафтад? Бехтар нест, ки ба одамон ичозат дихем, ки онхоро бихаранд?

Дар хуччатхои Съезди XXVII КПСС гуфта шудааст, ки ба корхонахо ва ташкилотхо  хукук дода шавад, махсулот, ашёи хом, масолех ва тачхизоти аз план зиёдро фурушанд.

Мутаассифона, бисёр рохбарони   корхонахо ба ин кори мухим диккат намедиханд. Хол он ки махз ба тавассути бехтар кардани хизматрасонии мехнаткашон ва пурзур намудани кори тарбияви аз дузду  харомхурхо халос шудан мумкин аст.

Ба кариби хисси кунчковиам маро боз ба суроки Тохир бурд.

– Бемор аст, – чавоб дод ба пурсишам марди шофбуруте.

– Хока, – гуфт дигаре. – Дар дачааш. Сезон-дия. Кор мекунад.

– Кор? Не-е! О, духтурхо варакаи бемори  додаанд-ку.

– Албатта, медиханд. Пул бошад варака  худаш омадан мегирад.

Ба саробустони Тохир рафтам. Гуфтанд, ки ба бозор рафтааст.

– Бачаи чакон аст, – гуфт хамсояаш нафакахур Сохиб Исломов. – Аз об каймок меруёнад, лекин дар деха падару модари пираш ба рохи у чоранд. Боре хам аз холи онхо хабар намегирад. Талвосаи пулу мол бекарораш кардааст. Пули муфт аклу хуш ва вичдони одамро медуздидааст.

12 апрели соли 1987

 

Инчунин кобед

кумитаи андози Точикистон

Кумитаи андози назди Хукумати Чумхурии Точикистон

Кумитаи андози назди Хукумати Чумхурии Точикистон (минбаъд – КА). Асоси Фаъолият – тибки Карори Хукумати …