Главная / Илм / САДАФ дар Канзи Шифо (Китоб)

САДАФ дар Канзи Шифо (Китоб)

sadaf-660x330Ин чонварест оби, ки дар даруни он марворид ба хам мерасад ё ба хам намерасад. Бехтарини садафхо дар оби ширин мезиянд. Мизочашро баъзехо гарм ва баъзехо сард донистаанд. Вале баъди сухтан мизочаш гарм ва латиф мегардад, хушки дар сухтаи он зиёда аз он, ки носухта бошад.

Хислатхои шифобахши он: агар инро бихуранд, моддахои гафсгаштаи баданро ракик (суюк) гардонида дафъ месозад, сатхи узвхои дохилиро аз моддахои часпак пок менамояд, исхолро мебандад, хун кай карданро манъ мекунад. Куфтаи онро бипошанд, хунравихоро боз медорад. Инро ос карда, ба дандонхо бимоланд, милки дандонро мустахкам мекунад, захмхои онро шифо мебахшад, решахои хурандаи милки дандонро ба ибро меоварад, дандонро аз чирк пок мегардонад.

Садафи сафедро (хусусан пусти дохилии онро) ос карда, бо найча ба даруни бини пуф кунанд, хуни биниро манъ мекунад. Садафи сафедро махин суда, чун сурма ба чашм кашанд, реши чашм ва шилпукиро шифо мебахшад, муйи зоиди дар милки он руидаро аз руидан манъ мекунад.

Садафи зардро сухта, бо катрон сиришта, ба пилкхои чашм бимоланд, муйи зоидро аз руидан манъ мекунад. Агар инро бо сирко сиришта, бар озаххо ва бавосир бигузоранд, онхоро дафъ менамояд. Садафи сухтаро бо намак даромехта, ба дандонхо бимоланд, дарди онхоро таскин медихад, милки суст гаштаи дандонхоро мустахкам мегардонад ва рутубати онро хушк мекунад ва бадбуии решхои даханро дур месозад. Ва агар инро ба истиско (водянка) гузошта банданд, фоида мебахшад, ба шарте ки аз бадан чудо нанамоянд ва бигузоранд, то он ки худ ба худ чудо гашта бирезад.

Садафро соида, бо сафедии тухми мург даромехта бимоланд, сухтагии оташро шифо мебахшад; бо оби гарм ва ё равгани гарм ё ки бо тухми куфтаи харбуза, ё сиёхдона хамрох карда гузошта банданд, догхои кунчидак ва доги сафеди пустро дафъ мекунад, башараро ба равнак мегардонад. Садафро бо сирко соида, бар баногуш бимоланд, дарди сари доимиро, ки аз назла бошад, дафъ мекунад.

Садафи сухтаро махин ос карда, ба чохои бадан, ки аз сарди ва тарии зиёд дард мекарда бошад, бимоланд, дардро таскин медихад ва сардию тарии ончоро дафъ мекунад. Хаким Чолинус гуфтааст, ки садафи сухтаи хиндиро соида гузошта банданд, бавосирро шифо мебахшад.

Гушти садафакро гузошта банданд, тири даромадаро ба берун мекашад. Агар инро бихуранд, хамаи бодхо ва хунукихоро аз бадан дафъ мегардонад. Ин гуштро ба зери ноф ва бар миён гузошта банданд, бохро (пушти камарро) кави мегардонад. Садафакхоро шурбо карда бихуранд, дарунро меронад.

Садафи бунафшро дар равган чушонида, он равганро бимоланд, муйро аз рехтан нигах медорад. Агар инро бо сирко биёшоманд, сипурзро ба дарачае пок мегардонад, ки ёфтани он мушкил мегардад.

Инчунин кобед

ma

Марги Мухаммад (с)

Вакте, ки Азроил (а) барои гирифтани чони хазрати Мухаммад (с) меояд пайгамбар мегуяд каме сабр …