Главная / Илм / САБЗИИ САХРОИ дар Канзи Шифо (Китоб)

САБЗИИ САХРОИ дар Канзи Шифо (Китоб)

sabzii_sahroi-660x330Сабзии сахрои — Бехрешаи ин дар гафси ба андозаи ангушти даст ва бориктар аз он низ мебошад. Мизочи тухмаш дар дарачаи севум гарм ва дар дувум хушк аст.

Хислатхои шифобахши он: хурдани тухми сабзии сахрои дар хама бобат кавитар аз сабзии бустони мебошад, барои сурфаи кухна дору мешавад, ахлоти нодаркорро аз узвхои даруни сина дафъ менамояд; узвхои хозима (меъда, чигар, рудахо ва сипурз) ва бохро кави мегардонад, маниро зиёда месозад, бодхоро тахлил медихад, моддахои гализи балгамиро пароканда мекунад, гиреххои баданро мекушоад, пешобро меронад, санги гурда ва хичакро майда карда мерезонад; хайзи бандшударо равон ва бачадонро пок месозад, инчунин барои хомила шудан кумак мерасонад, душвор зоиданро осон мекунад, бугумхои сустро мустахкам ва дарди онхоро дафъ мекунад, дарди рудахоро бархам медихад, харошида шудани рудахои кудаконро ба ибро меоварад; ба истискои боди, ки хангоми бо даст бар шикам задан садои табл шунида мешавад, шифо мебахшад, газидани каждум ва дигар чонварони захрнокро дармон мешавад.

Агар тухми сабзии сахроиро куфта, гузошта банданд, варамхои нармро тахлил медихад. Тухмашро дар об чушонида, он обро ба чойи каждумгазида бирезанд, нафъ дорад. Вале хурдани ин бинобар он, ки мизочаш гарм аст, барои бохи одамони гарммизоч зарар дорад. Дар ин холат шилми мисвокро бихуранд, ислохи зарар менамояд, ба хичак хам зиён дорад, дар ин маврид мустако хурдан даркор аст. Микдори як бор дар як руз хурдан аз тухми сабзии сахрои 3,5 грамм аст ва агар эхтиёч афтад, то 7 грамм ошомидан мумкин аст.

Сурат-расми Сабзии сахрои

sabzii_sahroi-2

Инчунин кобед

ma

Марги Мухаммад (с)

Вакте, ки Азроил (а) барои гирифтани чони хазрати Мухаммад (с) меояд пайгамбар мегуяд каме сабр …