САБАК

 

Осмон тира, хаво хунук. Зогу зогчахо кар-каркунон аз ин су ба он су мепаранд. Гуё аз хунукии дахшатнок хабар медиханд. Рохгузарон парешонхол, саросема. Марди миёнсоли чорпахлу дар катори дигарон, нихоят гамгин, сари хам гарки дарёи хаёлу андеша, вазнин-вазнин кадам монда мерафт. Ба назари у хеч чиз наметофт. Чавони газгуште, ки аз кафои у меомад, мардро шинохт ва хурсандона:

– Акои Мирзо! – гуфта овоз дод.

Мард истоду кафо гашт.

– Э!.. – гуфт у. – Ин туи, Азиз…

Аз ин вохури Азиз бехад хурсанд шуда, саросема саломалек кард, холу ахвол пурсид. Баъд маънидорона ба у нигариста, суол дод:

– Хуш, ба тарафхои мо кадом шамол паронд?

Мирзо сар ба зер афканд. Зохиран, ин пурсиш ба у хуш наомад.

– Акои Мирзо, ягон гап шуд?

Мирзо сар бардошта, ба руи Азиз нигарист. Чунин менамуд, ки аз чизе дар хичолат аст.

– Азиз, медони… Ман… ба кор даромаданиам…

Ва у боз сар ба зер афканд.

– Ба кор? Ба заводи мо? Чи, аз заводи яхдон рафтед магар? – тааччуб кард Азиз.

– Пеш карданд.

– Пеш карданд? Э не-е? Шухи накунед.

– Не, шухи не, – чидди рад кард Мирзо.

– Ки? – бетокат пурсид Азиз.

– Давлаткабул.

– Давлаткабул? – хайрон шуд Азиз.

– Ха, – чавоб дод у. – Чи нашунидаи магар?

– Ха-а, шунидам. Чанд корхона ба кабули давлатии махсулот гузаштааст. Мегуянд, ки кор бенихоят душвор шуда истодааст. Хело сахтгир аст.

– Ха, бо давлаткабул шухи нашояд…

Онхо маънидорона ба хам нигох карданд. Баъд руи харак барии якдигар нишастанд.

*      *      *

Коркуни давлаткабул Рахим Исломов ба кабинети сарвараш Барышников сари хам ворид гашт. Хушаш парешон, кавокаш гирифта. Барышников пеш уро дар ин хол надида буд. Тааччубомез ба чехраи у назарее андохту пурсид:

– Ман туро гамзада мебинам, Рахим. Ягон вокеа руй дод?

Рахим ба у нигох накард, посухе хам надод. Гуё суханони уро нашунид. Андешаманд ру-руи кабинет мегашт.

– Чи гап?!

– А?..  – Рахим беихтиёр чашмонашро мутаваччехи симои сардор сохт ва гаки андеша шуд.

– Боз хам ба фикр фуру рафти?

– Бале, хамин тавр аст.

– Хуб, чи фикр мекуни?

– Ман… худам хам хеч сарфах нарафта истодам…

Ва у аз шубхаи худ накл намуд. Хамон пагохи у ба кор омада дид, ки ба ду яхдон мухри давлаткабул задаги. Моту мабхут гашт. Охир онхоро дина напазируфта буд-ку? Нокиси доштанд. Ислох кунед гуфта буд. Хуб гуфта буданд. Дар холати ногувор монд. Чунин мухрро танхо у дорад. Ва инашро хам хуб дар хотир дорад, ки ин ду яхдонро кабул накарда буд.

– Шояд фаромуш карда боши? – гуфт сардор аз накли у шубха намуда.

– Алхол аз хотираам шикоят надорам, – ранчидахотир инкор намуд у.

– Бубахш, ман туро ранчонидани набудам…

– Ха, ана боз як детали ачиб. Одатан барои мухр задан ман когази кабудчатоб истифода мебарам. Дар ин ду яхдон бошад, когази сафед ширеш кардаги.

– Ачоиб,  – хайрон  мешавад сардор. – Аз ин мебарояд, ки касе мухри туро дуздидааст…

– Не, не, ин тамоман номумкин аст, – чидди гуфт у. – Мухр хамеша бо ман аст.

– Ба ягон кас надода буди?

– Не.

– Пас…

– Пас касе мухр дорад.

– О-о… О ин каллоби-ку!

– Бале!

– Аз акл берун!

Дар хакикат ба ин бовар кардан махол буд. Лекин далел далел аст. Чои чашмпуши нест.

Рахим охе кашиду чидди гуфт:

– Муйро аз хамир чудо кардан лозим аст.

– Бале, хатман! Охир ин барои хадамоти мо дог аст. Хмм… Ин кори ки бошад-а?.. Шояд?.. Не-не…

– «Дузд яктою гумонбар садто» гуфтаанд.

– Исто! Исто! Ба фикрам… Ёфтам! Ин кори Николай аст.

Рахим бо хайрат ба Барышников нигарист.

– Чаро хайрон мешави? Ёд дори, чанд бор у бо ту дастбагиребон шуда буд.

– Ёд дорам. Не, кори у не. У кинагир нест. Аз дасташ бади намеояд. Ин кори коргари баландихтисос аст.

– Аз кучо медони?

– Чунки чунин мухрро танхо усто тайёр карда метавонад.

– Фикрат дуруст, – андешманд гуфт Барышников ва гарки андеша шуд.

– Гусса нахуред, хатман ба даст меафтад. Давидани гусола то кахдон.

*      *      *

Кор чун хамеша чараён дошт. Рахим сир бой надод. Гуё вокеае нашуда бошад, яхдонхои нав пешниходшударо аз назар мегузаронад. Мирзо ба димоги чок ба васли яхдон пардохту захрханда карда, худ ба худ гурунгос зад:

– Холо бо собуни ман чома нашустаед!

Аз бист яхдони пешниходшуда давлаткабул чортояшро гардонд. Рахим камбудихои яхдонхоро як ба як гуфт.

– Фахмидед?

– Бале!

– Ислох кунед.

– Хуб!

*      *      *

Басти кори ба охир расид. Хамаи коргарон тараддуди хона рафтан доштанд. Танхо Мирзо чумбучул дошт.

– Акаи Мирзо, шуморо интизор шавем?

– Не, не, биравед, – чавоб дод у. – Ман боз камтар кор мекунам.

– Кандаша занад, гами истехсолота мехурад.

– Фидои аст…

Хама аз сех баромада рафтанд. Мирзо танхо монд. Ба чор тараф дуздида нигох кард. Кассе нест. Шод шуд. Фурсатро ганимат дониста мухрро баровард. Ба яхдони якум пахш намуд. Кадаме кафо гузошту ба мухр зехн монд.

– Оличаноб!

Курта-курта гушт гирифт. Мухрро ба яхдони дуюм зер кард.

– Э бале! Монда набоши?!

Аз ин овоз Мирзо як кад парид. Дилаш тах нишаст. Базур ба кафо нигарист. Директори корхона, сардори давлаткабул ва Рахимро дид.

– Ба давлаткабул ёри дода истодаам гуй?!

Мирзо моту мабхут шуд. Рангаш пахта барин канда, лабонаш пир-пир париданд. Мухр аз дасташ афтод.

– Ту аз дахон сакичро мезадаги шудаи, – гуфт директор. – Коил ман ба ту.

Мирзо ба монанди одами маст калавида-калавида берун рафт.

*      *      *

Мирзо нигохашро аз дуродур гундошт. Хомуш монд.

– Баъд чи шуд? – бетокат пурсид Азиз.

– Баъд? Чи мешуд? Аз корхона ронданд.

– Дах соли кор, хизмату хамин кадар мукофотхоро ба инобат нагирифтанд?

– Не.

– Ох-ха, ана гапу мана гап! – дар тааччуб монд Азиз. – Хо-о, берахмхое…

– Не-не, онхо берахм не.

– Чи хел берахм не?

– Замона  дигар шудаги Азиз, замона. Ха, давр даври халолкор!..

28 декабри соли 1987

 

Инчунин кобед

кумитаи андози Точикистон

Кумитаи андози назди Хукумати Чумхурии Точикистон

Кумитаи андози назди Хукумати Чумхурии Точикистон (минбаъд – КА). Асоси Фаъолият – тибки Карори Хукумати …