Главная / Чугрофия / ШАБАКАИ ДАРАЧАДОР (ШАБАКАИ ГРАДУСИ) ВА УНСУРХОИ ОН

ШАБАКАИ ДАРАЧАДОР (ШАБАКАИ ГРАДУСИ) ВА УНСУРХОИ ОН

Агар ба руи харига ва глобус нигарем, дар он хатхоеро мебинем, ки аз Шимол ба Чануб ва аз Гарб ба Шарк тул кашида, якдигарро буридаанд. Онхоро дар сатхи Замин барои муайян кардани координати (арз ва тули) объектхои географи истифода мебаранд. Ба ин максад меридиани асосй (ки кутби Шимоли ва Чанубиро пайваст мекунад) ва хати истифоро дар харитаи нимкурахо ва глобус бо дарачахо ишора кардаанд.

qlobusДар натича дар сатхи харитаи нимкурахо ва глобус шабака хосил шудааст, ки онро шабакаи дарачадор ё ки географи меноманд. Он аз унсурхои (кисмхои) зерин иборат аст: кутбхо, хати истиво, хатхои мувози ва меридианхо. Ин унсурхо нихоят заруранд. Дар заминаи онхо харитахои географи тартиб дода мешаванд.

Кутбхои географи. Ду нуктаи канории кураи Заминро, ки аз онхо мехвари тасаввурии Замин мегузарад, кутбхои географи меноманд. Онхоро кутбхои Шимоли ва Чануби мегуянд. Дар ин чо тарафхои уфукдида намешаванд.

Хати истиво. Хати истиво Заминро ба ду хиссаи баробар таксим мекунад: Нимкураи Шимоли ва Нимкураи Чануби.

Хатхои мувози. Хатхои мувози сатхи Заминро бо хати истиво ба таври мувози бурида мегузаранд. Азбаски Замин курашакл аст, дарозии хатхои мувози аз хати истиво ба Шимол ва ба Чануб тагйир меёбад. Кимати дарозии хатхои мувози дар ду тарафи хати истиво ва назди кутбхо як хел нест. Бинобар ин бузургии дарозии камонн 1° дар хатхои мувози як хел нестанд.

Меридианхо. Меридиан аз калимаи лотинии “меридианус” гирифта шуда, маънои он нисфирузи мебошад. Барои он ки самти хати меридиан ба самти сояи кутохи нисфирузии ашёи амуди мувофик меояд. Аз ин чо меридианро ”хати нисфирузи” меноманд. Он Кутби Шимолиро бо Кугби Чануби пайваст менамояд. Хати нисфирузиро аз хар як нуктаи сатхи Замин гузарондан мумкин аст. Аммо он хати нисфирузиеро, ки кураи Заминро ба нимкурахои Гарби ва Шарки чудо менамояд, хати меридиани ибтидои меноманд.

Бар хилофи хатхои мувози хатхои нисфирузи як хел дарози доранд. Дарозии хати нисфирузии кураи Замин такрибан ба 40 009 километр баробар аст. Дар ин сурат дарозии хиссаи хати нисфирузи ба дарозии камони Г баробар аст, ки он ба хисоби миёна 111,1 километрро ташкил менамояд (40009:360=111,1 км). Донистани ин бузургй ба мо имконият медихад, ки масофаро дар глобус ва харитаи нимкурахо бо микёс муайян намоем. Агар дарозии камони хати нисфирузи аз Кутби Шимоли то хати истиво ба 90° баробар бошад, масофаи камон 9999 километрро ташкил медихад (111.1×90=999,0 км).

Савол ва супоршп

  1. Шабакаи дарачадор (ё географи ) аз кадом унсурхо иборат аст?
  2. Барои чи хатхои мувози аз чихати дарози бо хам баробар нестанд?
  3. Дар руи глобус хатхои нисфирузи ва мувози ба кадом самтхо кашида шудаанд?
  4.  Бузургии 10 камони арз ба чанд километр баробар аст, хисоб кунед.

Инчунин кобед

zamin-1

КОМПЛЕКСХОИ ТАБИИИ МАХАЛ ВА ОНХОРО ТАГЙИРДОДАНИ ИНСОН

Шумо медонед, ки комплексхои табий дар натичаи робита ва таъсири мутакобилаи чинсхои кухй, хаво, об, …