Главная / Гуногун / Рузномаи Начот – РАВЗАНАЕ БА ДАРКИ ХАКИКАТ

Рузномаи Начот – РАВЗАНАЕ БА ДАРКИ ХАКИКАТ

РАВЗАНАЕ БА ДАРКИ ХАКИКАТ

Рузномаи «Начот», 6, 1999

Асрори азал… муаммои сарбаста боз ва боз чи тафсирхое дорад пайдоиши Олам ва Одам. Аз байни мухаккикони точик файласуфи маъруф Иброхим Умарзода бо чуръати бузург ба кашфи ин муаммо даст зад. Китоби у «Пайдоиши Олам ва Одам» (аз назари илми муосир) аввал ба забони руси соли 1997 ва баъдан ба забони точики соли чори (1999) аз чониби Нашриёти Оли Сомон ба чоп расид.

«Дах сол пеш, – мегуяд дар сарсухани китоб мусташрики варзида В.А. Козлов – дар шароити сохтори шурави, зухури чунин китоб гайриимкон, балки нисбати гояи хукмрони марксистию ленини як навъ тахкир буд. Чаро? Барои он ки китоб мохиятан табодули катъиеро дар чахоншиносии мо нисбати пайдоиши олам ифода менамояд».

Муаллиф дар асоси комёбихои илми муосир гояи иттиходи мустахками байни халку давлат ва илму динро ба миён мегузорад. Пажухишхои у дар такя ба кашфиётхои нучумшиносону насабшиносон ва инсоншиносон ба асрори пайдоиши Одам посуххои хаячонангезона ва дар навбати худ аз назари дин ва илм асосноку боварибахш медихад. Дар тахкик аз сарчашмахои ахди кадими динию илми, асотиру китобхои осмони – Таврот, Ахди Кадим, Куръон таълимотхои мухталиф меорад, ки тамоми инсоният ахиран аз як Модар пайдо шуда, хамаи инсонхо бародаранд.

Муаллиф пайдоиши равияхои соф зиддидини ва соф зиддиилмиро кушода, пайдо шудани садди касногузари байни илм ва динро фош месозад. Иттиходи дин ва илм аз руи хулосаи олим нахустбунёди дарки хакикат аст. Ин хулоса на суханбозии популистона, балки натичаи тахкики амики мухакик аст. Дар кисматхои «Огози кайхон», «Таркиши бузург», «Тирози чахон», «Обхезии умумичахони», «Пайдоиши табиат», аз боби «Пайдоиши одам» ва «Одам аз назари гузаштагон», «Окибати ногувори як фарзия», «Дарвиниён киро мечуянд», «Хамаи мо авлоди як модарем», «Момохаворо чи хел дарёфтанд», «Оё нажод модарзод аст», «Одам кай ба замин фуруд омад», «Нахустмодар дар кадом кораи замин пайдо шуд», «Пахншавии одам дар руи замин» аз боби фуруди Одам ба Замин, «Умумияти таърихии одамон», «Пайдоиши чомеа», «Масъалаи экулужи», аз боби Инсон ва чомеа зина ба зина ихтилоф ва ахамиятхои байни илм ва дин собит  мегардад. Дар тули таърихи башарият то он чо, ки дину илм дар хамчояги амал доранд, он ба пешрафти тамаддун мусоидат карда ва аз мавриде, ки байни ин ду мафхуми азали ихтилофхои шадид ба миён меояд, тамаддун низ ба инкироз ру меоварад.

Ба ин маъни таърихи пешрафт ва инкирози илму фарханги мардуми мо низ хело амику назаррас инъикос ёфтааст. Пас аз нашри русии китоб, ки он хело ба зуди пахн гашта, боиси бахсу мунозирахои доманадори зиёиёни гуногунпеша ва ахли маърифат гашт, муаллиф нашри точикии онро омодаи чоп намуд. Китоби точики нисбати нашри русии он мукаммалтар буда, дар он кисмати чудогона илова шуд, ки он натичаи нуфузи китоби аввала дар байни хонандагон аст. Ин кисмат зери унвони «Радди Парвардигор??!» омадааст.

Дар ин кисмат новеллаи фалсафи дар асоси мубохисаи нависанда Азизи Азиз ба мухокимаи хонандагон пешкаш шудааст. Нависанда ва файласуф сари он бахс доранд, ки оё «илми табиатшиноси тифли улуми илохиёт аст?» Дар ин бахси чолиб, ки таърихи афкори башариятро фаро мегирад, файласуф ба чордах далел ба таври катъи ба субут мерасонад, ки дин ва илм мутлако чудои надоранд.

Ба ин хотир аз таърихи адён бахусус макоми илм дар дини мубини Ислом басо возеху равшан инъикос ёфтааст. Макоми илм дар дини Ислом боиси Мурочиатномаи муаллиф ба тамоми мусалмонон ва ахли илми Осёи Маркази, Казокистон, Кафкоз ва Русия гардид, ки он аввал дар рузномаи «Чумхурият» (24 апрели соли 1999 №33) интишор шуда, баъдан ба шакли китобчаи чудогона ба чоп расид.

Дар Мурочиатнома чунон ки аз мазмуну мундаричаи китоби «Пайдоиши Олам ва Одам» бармеояд, кашфи хоса аст.

Аввалан муаллиф бар он аст, ки чахонбинии диниро комилан тагйир бояд дод. Дар натичаи пажухишхои мушикофона, мухакик ду таблитсаро пешниход менамояд: «Яке «Таркиби дини ислом аз хадисхои Хазрати Мухаммад(с), яъне Имом-ал-Бухори то шикасти давлати Сомониён» (Давраи инкишофу гул-гулшукуфоии тамаддуни исломи) ва «Таркиби дини Ислом аз замони Имом-ал-Газоли (асри ХI) то замони мо». Таблитсаи аввал аз назари муаллиф, барои пешрафти хамачонибаи илму дин мутобиктар аст. Ин масъалаи басо бахснокро дар китоб муаллиф бо далелу бурхонхои котеъ ба субут мерасонад.

Дуюм, ба кавли муаллиф «замоне фаро расидааст, ки аз чахонбинии хукмрони илмии худ даст бикашем». Илме, ки аз гояи соф материалисти саршор аст ва байни илму дин тафрика меандозад, он комилан ба махдудкунии хам чахонбинии илм ва хам чахонбинии дини оварда мерасонад. Ба ин маъни файласуф басо бомаврид аз «Шохнома»-и безаволи Хаким Фирдавси иктибос меоварад:

 

Туро донишу дин рахонад дуруст,

Рахи растагори бибояд-т чуст.

Агар дил нахохи, ки бошад нажанд,

Нахохи, ки доим буви мустаманд.

Ба гуфтори пайгамбарат рох чуй

Дил аз тирагихо бад-ин об шуй.

Хар як кисмату боби китоб шоистаи такризи тахлили чудогона аст. Бозёфту кашфиётхои аввали ин ё он сохаи илм боиси пешрафту дастовардхои бузург гашта, айни замон пажухишу дастовардхои нав хакикати ба субут расидаро такмил медихад. Конуни фалсафии инкишофи инсон ва хакикати нисби дар кушоиши мазмуну мундарича хело мохирона истифода шудааст.

Дар кушиши хар як мавзуъ муаллиф бо тахлилу баррасии амики мавзуъ мохияти масъаларо кушуда, часурона акида ва хулосахои худро пешкаш менамояд.

Мо ба мазмуну мундаричаи умумии китоб, ки барои огохии хонанда дар доираи як гузоришоти чарида иншо шуд, иктифо мекунем. Бовари аст, ки мутахассисони соха сари хар кисмату боби китоби Иброхим Умарзода андешахои хешро баён хоханд кард. Аз он чихат, ки хар як кисмати китоб мазмуну мундаричаи хосаи худро дошта, хонандаро ба фикру хулосахои комилан нав хидоят менамояд.

Китоби «Пайдоиши Олам ва Одам…» бо он ки ба мо шинохти Олам, Одам ва кайхон талкин менамояд, аз ин нигох дорои мохияти илми-инкилоби дар олами маърифат аст. Муаллиф сари он аст, ки дину дониш сарчашмаи чудонашавандаи дарёфти хакикат мебошад. Мантикан ин ду мафхум чудонашаванда буда, бе каробати онхо дониши мо, тасаввуроти мо дар бораи хаёти вокеи, хасти ва тафаккур, Олами кабир ва Олами сагир номукаммал мемонад. Ба тарзи дигар дин – илм ва илм – дин аст ва акл шамъест, ки аз ин сарчашмахо гизо гирифта, торикистонро рушан месозад. Китоб дар шакли публитсистикаи илми- оммави иншо гашта, дарки он барои аксари хонанда дастрас аст. Муаллиф дар нигоштани он аз усули академики ва истифодаи истилохоти соф илми даст кашида, онро бо забони соддаю барои хонанда фахмо пешкаш намудааст. Муаллиф, ки собикан рузноманигор буд, дар тарзи баёни оммафахм тачрибаи гани дорад. Очерку маколаю гузоришоту рисолаю китобхои дигари у низ дар пойдор шудани ин услуби баён пояи мустахкам аст. Дар тахлилу баррасии масъала муаллиф аз хикмат ва фалсафаи гании хазорсолаи точики-форси хело дакик, фаровон ва айни маврид истифода намудааст.

Дар тули таърихи башарият то он чо, ки дину илм дар хамчояги амал доранд, он ба пешрафти тамаддун мусоидат карда ва аз мавриде, ки байни ин ду мафхуми азали ихтилофхои шадид ба миён меояд, тамаддун низ ба инкироз ру меоварад.

Китоб ба доираи васеи хонандагон навишта шуда, барои дилгир нашудани хонанда, лахзахое аз хаёти бузургони гузашта оварда шудааст. Ин китоби чолиб дар таквияти маърифат макоми арзанда дошта, чу машъала хонандаро аз торикистони чахолат ба дарки вокеияту хакикат ва олами нуру сафо хидоят менамояд.

НОЁБШОИ ЗУРОБЕК

Инчунин кобед

кумитаи андози Точикистон

Кумитаи андози назди Хукумати Чумхурии Точикистон

Кумитаи андози назди Хукумати Чумхурии Точикистон (минбаъд – КА). Асоси Фаъолият – тибки Карори Хукумати …