Холо ки мо дар остонаи чашни мубора- ки миллиамон – Рузи Вахдати милли карор дорем, хамаи шуморо ба ифтихори ин са- наи таърихи самимона табрик мегуям. Ба шумо хонаи обод, саодати рузгор ва дар рохи тахкими сулху ороми ва вахдату хамдигарфахми, ки асоси хуш- бахтиии сокинони мамлакат ва пешрафти Ватани махбубамон ба хисоб меравад, барору комёби орзу менамоям.
Вахдати милли хамчун падидаи нодири даврони сохибистиклолии кишвар ба- рои сарчамъ намудани мил- лати дар холи парокандашави карордоштаи точик ва аз вартаи нести рахои бахшидани давлати навини точикон накши басо бу- зургеро ичро кард.
Музаффариятхои Точикистон дар даврони баъди баргу- зории Ичлосияи XVI Шурои Олии Чумхурии Точикистон то ба имруз бо номи Асосгу- зори сулху вахдати милли- Пешвои миллат, Президенти Чумхурии Точикистон мухтарам Эмомали Рахмон алокамандии ногусастани дорад. Бо тадбир ва талошхои пайгиронаи Пешвои миллат давлатдории миллати точик аз вартаи нобуди начот ёфт. Чахду талошхои Эмомали Рахмон, хамчун Рохбари давлат, боис гашт, ки тамомияти арзии Точикистон хамчун кишвари яго- наи мустакил хифз карда шавад.
Вобаста ба ин падидаи мухими таърихи Президенти Чумхурии Точикистон мухтарам Эмомали Рахмон чунин таъкид кардаанд: “Бо итминони комил ва бо ифтихор изхор медорам, ки Вахдати милли самараи талошхои ватандустонаи хурду бузурги давлати тозабунёдамон ва хизмати таърихии халки Точикистон мебошад ва махз ба хамин хотир мо вазифадорем, ки ин неъмати бебахоро мисли гавхараки чашм азизу гироми дорем ва хифзу нигахдори на- моем”.
Бояд махсус кайд намоям, ки махз бо шарофати сулху субот ва вахдату ягонаги мо тавонистем дар баробари эхёи давлатдории точикон ва таъми- ни рушди устувори иктисодиву ичтимои ва фарханги, нуфузу эъ- тибори Точикистонро дар арсаи байналмилали ба сатхи баланд бардорем. Вахдати милли ба василаи талошхои пайвастаи Хукумати мамлакатамон барои густариш ёфтани сиёсати дохи- ливу хоричи, рушди минбаъдаи кишвар ва таъмини амнияти давлату чомеа низ тахкурсии мустахкам ба вучуд овард.
Гузашти солхо собит намуд, ки музокироти сулх рохи асосита- рини рафъи ихтилофоти дохили ва асоси пешрафту ободии киш- вар мебошад. Бехуда нест, ки холо тачрибаи сулху оштии миллии мо мавриди омузишу истифодаи созмонхои бонуфу- зи байналмилали ва чомеаи башари карор дорад. Мо холо амик дарк кардем, ки Вахдати милли омили мухимтарини руш- ди чомеа, шарти асосии пеш- рафти иктисодиёту ичтимоиёт ва фарханги мардуми точик ба хисоб меравад. Махз ба хамин хотир, мо хифзи Истиклолият ва Вахдати миллиро аз чумлаи рисолатхои инсонии худ мешу- морем.
Макомоти андози Точикистон хам, ки зодаи дав- рони сохибистиклолии Ватани азизамон аст, дар шароити сулху субот, дар партави сиёсати хирадмандона ва рохнамоихои Асосгузори сулху вахдати милли- Пешвои миллат, Президенти Чумхурии Точикистон, мухтарам Эмомали Рахмон имруз ба яке аз сохторхои неруманди давлати табдил ёфтааст.
Бояд кайд намоям, ки гановати хазинаи мамлакат, мутаносибан, таъмини амни- яти чомеа ва рушди устувори минбаъдаи он аз бисёр чихат аз андозхо вобаста аст ва бо каноатманди метавон гуфт, ки аз чониби чомеаи шахрванди ва андозсупорандагон хар руз беш- тар дарк гардидани ин нуктахо мухимтарин омили таъмини нишондихандахои кисми да- ромади бучет махсуб мешавад.
Махз дар натичаи дуруст ба рох мондани сиёсати андо- зию бучети, таъмин гардида- ни рушди истехсолот, ба кор даромадани корхонахои нави истехсоли ва хизматрасони ва дар ин замина зиёд шудани чойхои нави кор, хамчунин, такмил додани конунгузори ва содатар намудани маъму- рикунонии андоз, гузаронида- ни корхои фахмондадихи бо андозсупорандагон ва бехтар кардани сифати хизматрасони ба онхо, такмил додани корхои назорати, тахия ва чори на- мудани модулхои компюте- рии барномаи Системаи муттахидаи иттилоотии идора- кунии андозхо чихати таъмини нишондихандахои конунхои Чумхурии Точикистон дар бораи кисми даромади Бучети давлати барои солхои дахлдори молияви мусоидат менамоянд.
Муваффакиятхои макомоти андоз дар солхои охир, асосан, ба чори гаштани технологияхои муосири иттилооти дар фаъо- лияти соха вобаста мебошад. Таъкид бояд кард, ки то соли 2019 дар фаъолияти макомоти андози мамлакат тавассути барномаи рушди маъмурику- нонии андоз 23 барномаи ком- пютерии Системаи иттилоотии андоз амал мекард. Дар соли 2019 бо дастгирии Хукумати Чумхурии Точикистон Системаи муттахидаи иттилоотии идора- кунии андоз мавриди истифода карор гирифт ва модулхои ком- пютерии он ба 36 адад расонида шуд ва дар соли чори низ тахияи модулхои компютерии нав идо- ма дорад.
Дар макомоти андози киш- вар, дар айни замон, тавассути модулхои компютерии Системаи муттахидаи иттилоотии идо- ракунии андозхо бакайдгирии давлатии субъектхои хочагидор, бахисобгири ва бо Раками мушаххаси андозсупоранда таъмин намудани шахсони вокеи, бахисобгирии андозхо аз шахсони хукукию вокеи ва сохибкорони инфироди, тахияи хисоботи тахлили, бакайдгирии супорандагони андоз аз ар- зиши иловашуда, коркарди маълумот, бахисобгири ва на- зорати андозхои субъектхои бархамхурда, бахисобгирии андозхои дар рафти назорати камерали хисобшуда, идоракуни ва мониторинги карзи андозхо, бакайдгири ва назорати ис- тифодаи мошинхои назорати- хазинави, назорати фаъолияти андозсупорандагони бемасъ- улият, тахлили хавфхо, кабули пардохтхо тавассути нуктахои хизматрасонии “Амонатбонк”, кабули пардохтхо аз Вазорати молия, назорат ва бахисобгирии муоинахои хронометражи ва гайрахо ба рох монда шудаанд.
Бо максади бехтар намуда- ни маъмурикунонии андоз аз арзиши иловашуда, дар баро- бари чори гардидани тахияи хисобнома-фактурахои андоз аз арзиши иловашуда дар шакли электрони, дар макомоти андоз барномаи компютерии “Анбори электрони” рохандози шудааст, ки тавассути он амалиёти андоз- супорандагон хангоми тахвили мол, ичрои кор ва хизматрасони аз руи номгуи молу махсулот назорат карда мешавад. Мав- риди амал карор гирифтани ин барнома имконият дод, ки бахисобгирии беасоси маблаги андоз аз арзиши иловашуда хангоми хариди мол, ичрои кор ва хизматрасонихо пешгири карда шавад.
Хамкорихои макомоти ан- дози Точикистон бо макомоти андози давлатхои иштирокчии ИДМ, инчунин, иштирок дар форумхои сатхи чахони имруз назаррастар гардида истодааст.
Мехохам ёдовар шавам, ки чихати бахогузории мустакили натичахои татбики Лоихаи руш- ди маъмурикунонии андоз мохи декабри соли 2019 ба Чумхурии Точикистон намояндагони таш- килоти байналмилалии “Воситаи ташхисии бахогузории макомоти андоз” (TADAT) ташриф овар- да, 9 нишондихандаи маъму- рикунонии андоз, аз чумла бакайдгирии сохибкори, идо- ракунии хавфхо, бахисобгири ва шаффофият, хизматрасони ба андозсупорандагон, самара- нокии идоракунии даромадхоро арзёби намуданд. Тибки хулосаи намояндагони ташкилоти маз- кур, ба чорабинихои дар доираи татбики Лоиха андешидашуда, дар мачмуъ, бахои мусби дода шуд.
Рушди бахши хусуси, аз чумла сохибкори яке аз самтхои асосии сиёсати иктисоди буда, то имруз доир ба дастгирии давлатии сохибкори, содагар- донии расмиёти бакайдгирии сохибкори ва танзими фаъоли- яти ичозатдихи корхои назаррас ба анчом расонида шудаанд.
Имруз Рохбари давлат ва Хукумати чумхури ба рушди бахши хусуси таваччухи зиёд зохир карда, заминаи ягонаи хукукиро барои хамаи ишти- рокчиёни фаъолияти иктисоди, сарфи назар аз шакли моликияти онхо, мухайё карда истодаанд. Вокеан, чихати химояву даст- гирии фаъолияти сохибкори ва чалби сармоя аз чониби Хукумати мамлакат дар се соли охир дар сохахои саноати сабук, кишоварзи, дорусози, парандапарвари, чорводори, сайёхи ва дигар бахшхои аф- залиятнок 30 намуди имтиёзу сабукихо чори карда шуд.
Танхо дар солхои 2015-2019 маблаги умумии имтиёзхои чоришуда беш аз 15 миллиард сомониро ташкил намудааст, ки ин сахми Хукумати киш- вар ба рушди сохибкори дар сохахои иктисодиву истехсоли мебошад. Илова бар ин, дар за- минаи ислохоти татбикнамудаи Хукумати чумхури дар се соли охир шумораи санчиши фаъоли- яти субъектхои хочагидор шаш баробар кам шудааст.
Тибки хисоботи Бонки Чахони “Пешбурди сохибкори-2020” Точикистон ба сафи 10 кишваре ворид шуд, ки дар масъалаи бехтар кардани мухити кори барои сохибкори ба пешравихои назаррас ноил гардидаанд. Ин, албатта, боиси ифтихори мо аст. Таъкид мекунам, ки махз дар натичаи ислохоти татбикшуда дар Точикистон мухити мусоиди кори барои сохибкорони хурд ва миёна ба вучуд омада, рох барои воридшавии инвестит- сия ва инноватсияхо, фарохам овардани чойхои нави кор ва ба таври устувор сафарбарсо- зии захирахои дохили кушода шудааст.
Минбаъд дар назди мо, кормандони макомоти андоз, вазифахои пурмасъул-ичрои нишондихандахои Конуни Чумхурии Точикистон “Дар бо- раи Бучети давлатии Чумхурии Точикистон барои соли 2020”, татбики “Барномаи рушди маъмурикунонии андоз барои солхои 2020-2025” истодаанд. Моро мебояд чихати бехтару самарабахштар намудани сатхи хизматрасони ба андозсупоран- дагон, хубтар ба рох мондани корхои фахмондадихи миё- ни шахрвандон, чори кардани технологияхои нави иттилооти ва таъмини риояи мукаррароти конунгузори дар бораи хизмати давлати чорахои чидди анде- шем. Танхо дар хамин сурат мо метавонем дар хама самтхои фаъолият ба дастовардхои нави мехнати ноил гардем.
Харгиз фаромуш набояд кард, ки танхо Вахдати милли ва Истиклолияти давлати асоси оромиву осудагии халк, кафола- ти инкишофи давлат ва рушди хамачонибаи чомеа мебошанд. Агар хар яки мо дар рушду тахкими Истиклолу Вахдат ва дигар арзишхои мукаддаси миллиамон сидкан сахм гузош- та, дар атрофи давлати милли муттахид шавем, он гох чун мил- лати ягона бо асолату фарханг ва симои хоси худ миёни давлатхои мутамаддину мутараккии чахон мавкеи сазоворро пайдо хохем кард.
Мухтарам хамдиёрон! Шуморо бори дигар бо рузи Вахдати милли табрик гуфта, ба хонадони хар кадоматон хушбахти орзу мекунам.
Иди Вахдати милли муборак, хамкорони азиз!