Главная / Гуногун / Истиклолияти Чумхурии Точикистон: 9-уми сентябр!

Истиклолияти Чумхурии Точикистон: 9-уми сентябр!

Рузи Истиклолияти Чумхурии Точикистон – 9 сентябри соли 1991 Чумхурии Точикистон аз ИЧШС (руси: СССР) сохибистиклол шуд. Хар сол дар Чумхурии Точикистон 9 сентябр — “Рузи истиклолияти давлатии Чумхурии Точикистон” чашн гирифта мешавад. Иди Истиклолият яке аз идхои асосии расмии давлати Точикистон аст.

Таърих

Дар нимаи дуюми солхои 80-уми асри XX баъд аз саршавии равандхои демократикунонии чомеа дар чумхурихои Иттиходи Шурави (руси: СССР) чунбишу созмонхои милли-демократи ба миён омаданд. Сиёсати ислохотхои демократи ва махсусан “ошкорбаёни”, ки аз чониби рохбарияти хизби коммунисти (руси: КПСС) ба миён оварда шуд имоконият фарохам овард, ки камбудихои сиёсати коммунистии замони шурави оид ба вазъи ичтимоиву сиёси, иктисоди, фарханги ва сиёсати милли дар чумхурихои миллии ИЧШС дар чомеа барраси ва мухокима карда шаванд. Чунбишу созмонхои милли-демократии дар охири солхои 80-ум ибтидои 90-ум Точикистон ташкилёфта камбудихои дар чомеи чумхури чойдоштаро ба элитаи рохбарикунандаи хизбию давлатии чумхури ва хизби коммунисти (бевосита, рохбарияти ХКИШ руси: КПСС) нисбат медоданд.

Душанбе

Дар охири солхои 80-ум муборизаи чунбишу созмонхои милли-демократии чумхури барои истиклолияти Точикистон сар шуд. 24 августи соли 1990 дар Ичлосияи дуюми Шурои Олии ЧШС Точикистон, бори аввал “Эъломияи истиклолияти Чумхурии Шуравии сотсиалистии Точикистон дар хайати Иттиходи Шурави” (ИЧШС) кабул шуда буд. Вале ин хуччат, истиклолияти комили мамлакатро пурра таъмин карда наметавонист.

Пас аз “табадуллот”-и бебарори Кумитаи давлатии вазъи фавкулода (КДВФ – руси: ГКЧП), ки коммунистони тундрав (КПСС) 19-21 августи соли 1991 дар ш. Москва ташкил намуданд,аз нав муборизаи чунбишу созмонхои милли-демократии Точикистон барои истиклолияти комили Точикистон аз Иттиходи Шурави авч гирифт. Гирдихамоихои серодам дар ш. Душанбе ва баъзе шахрхои чумхури баргузор мегардиданд, ва эълон намудани истиклолияти Чумхурии Точикистонро талаб мекарданд. Бо талаби тазохуркунандагони гирдихамоихо дар Душанбе Ичлосияи гайринавбатии Шурои Олии Чумхурии Точикистон даъват карда шуд.

9 сентябри соли 1991 вакилони Ичлосияи гайринавбатии Шурои Олии Чумхурии Точикистон, даъвати дувоздахум хуччати “Изхорот дар бораи Истиклолияти давлатии Чумхурии Точикистон”– ро кабул намуданд.[1][2] Хамин хуччати таърихи конунан Истиклолияти давлатии Чумхурии Точикистонро ба ахли башар эълон кард.

Баргузории ид

Тибки Конуни Чумхурии Точикистон “Дар бораи рузхои ид”, 9 сентябр — хамчун “Рузи истиклолияти давлатии Чумхурии Точикистон” дар Чумхурии Точикистон муайан гардид. 9 сентябр иди расмии давлати аст ва хар сол чашн гирифта мешавад.[3] Дар рузи ид мувофики Низомнома «Дар бораи Байраки давлатии Чумхурии Точикистон» Байраки давлатии Чумхурии Точикистон афрохта мешавад.

Ба муносибати рузи ид бо ташаббуси макомоти давлати, ташкилотхои чамъияти ва коллективхои мехнати чорахои чамъиятию сиёси андешида мешаванд.

Парадхои харби, салюти артиллери ва оташбози дар рузхои ид мувофики rонунгузории Чумхурии Точикистон ва бо тартиби муайянкардаи Вазорати мудофиаи Чумхурии Точикистон ба чо оварда мешаванд.

Точикистон марзубуми Оли Сомони ман аст,
Хоку покаш дар шабистони ман аст.
Точикам ман Точикистон кишварам,
Дар фазояш чун кабутар мепарам.

Инчунин кобед

кумитаи андози Точикистон

Кумитаи андози назди Хукумати Чумхурии Точикистон

Кумитаи андози назди Хукумати Чумхурии Точикистон (минбаъд – КА). Асоси Фаъолият – тибки Карори Хукумати …